¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

Гузариш ба саҳифаи |45|46|47|48|49|Интиҳо|

 

§10. ҶОПОНИ САМУРАЙҲО ВА СЁГУН

 

СОХТИ АВЛОДӢ. Ҷопон дар асрҳои III-VII аз ҷамоаи ибтидоӣ ба сохти авлодӣ гузашт. Ин вақт иттифоқҳои қабилаҳо ҳам ташкил ёфтанд. Сардори авлоди аз ҳама пурқувваттарин унвони "сумэраги", яъне номи императорро мегирифт. Пешвоёни қабилаҳо низ бо ҳамин унвон мушарраф гардонида мешуданд. Сумэраги дар як вақт ҳам пешвои қабила, ҳам фармондеҳи олии артиш, ҳам сардодхоҳ ва ҳам саркоҳини динӣ буд.

Ашрофони авлодию қабилавӣ ба давлати марказиятнок ва император эҳтиёҷ доштанд. Вале дини сантоия нмконият намедод, ки ин давлат бо роҳи зӯрӣ ба вуҷуд биёяд. Барои ташкили давлати ягонаи Ҷопон зӯриро кор фармудан лозим буд. Лекин ин дин зидди зӯроварӣ мебаромад. Бинобар ҳамин сабаб онҳое, ки мехостанд давлати марказиятноки Ҷопонро ташкил бидиҳанд, пайравони ҳамин дин шуданд.

ҲОКИМИЯТИ  СОГА. Дар охирҳои асри VI авлоди Сога, ки пайрави дини буддоия буд, бар авлоду Қабилаҳои  дигари пурзӯр ғалаба карда, давлати марказиятноки Ҷопонро таъсис намуд. Оғози асри VII шоҳзода Сётоку-тайсн (572-621), ки аз авлоди Сога буд, "Ҷадвали 12 рутба" ва "Қонун  и 17 модда"-ро эълон кард. Ин санадҳо аз нишондодҳои буддоию таълимоти Конфутсий (файласуфи қадими Чин) дар бораи номаҳдуд будани ҳокимияти мутлақ сарчашма мегирифтанд. Ҳамин тариқ, авлоди Сога дар Ҷопон ба ҳокимияти мутлақ асос гузошт. Шоҳзода Сётоку-тайси ва ҷойгирони ӯ давлати Ҷопонро мутобиқи ҷадвали Қонун  и номбурда идора мекарданд.

Дар миёнаҳои асри VII авлоди Сога мақоми роҳбарикунандаи худро аз даст дод. Соли 645 дар натиҷаи табаддулот аксарияти

Расми 22. Ибодатгоҳи шаҳри Нораи Ҷопон.

 

-45-


аъзоёни ин авлодро авлоди дигар нест кард. Ба тахту тоҷи авлоди Согаи барҳамхӯрда Кару ном намояндаи Сумэраги соҳиб шуда, бо номи Котоку ба тахти ҳокимият иишаст. Замони ҳукмронии ӯро "Пайка" меномиданд, ки ин сабаб дорад. Табаддулоте, ки Котокуро ба сари ҳокимнят овард, "табаддулоти Пайка" ном гирифтааст.

Баъди табаддулоти Пайка Ҷопон ба давраи нави таърихи худ дохил шуд. Шоҳҳои Сумэраги ба Корея тақлид карда, дар мамлакат ислоҳот гузарониданд. Сардори давлатро "император" меномидагӣ шуданд. Ӯ унвони дигар ҳам дошт - "Писари Осмон". Дар назди ӯ барои идора кардани мамлакат шӯрои давлатӣ ташкил карда шуд, ки ба он сардори Идора роҳбарӣ мекард. Ҷопон ба вилоятҳо тақсим карда шуд. Онҳоро ҳокимон идора мекарданд. Вилоятҳо аз уездҳо иборат буданд.

КИШОВАРЗӢ. Дар замони ҳукмронии Котоку заминҳо давлатӣ эълон гардида, ба кишоварзон ва ашхоси дигар ба иҷора дода шуданд. Баъди ҳар 6 сол ин заминҳо аз нав тақсим карда мешуданд.

Дарбори император як қисми заминҳои калони давлатиро бо ҳамроҳии деҳқонони ба онҳо тобеъкардашуда ба дайрҳои буддоӣ ва ибодатгоҳҳои дини сантоӣ дод. Ин заминҳо аз андоз озод буданд.

АВЛОДИ ФУДЗИВАРА. Ҳокимияти авлодии Сумэраги ҳам мунтазам суст шуд. Мубориза барои ҳокимият дар байни авлодҳои аз музофотҳои гуногуни Ҷопон авҷ гирифт. Дар ин мубориза авлоди Фудзивара дастболо шуд. Аз ҳамин сабаб дар ҳукумати марказӣ мансабҳои муҳимми давлатӣ ба аъзоённ ҳамин хонадон тааллуқ доштанд. Ҳамин тариқ, дар мамлакат авлоди Фудзивара ҳукмрон гардид. Хонадони император дар амал аз корҳои давлатӣ дар канор монд.

Дар асрҳои IХ-ХI заминҳои давлатӣ ба заминҳои мулкии хурд мубаддал гардиданд. Азнав тақсимкунии анъанавии онҳо қатъ гардид. Заминҳои хусусию ибодатгоҳҳо зиёд шуданд. Хариду фурӯши замин васеъ ва парвариши шолӣ паҳн гардид. Шолӣ ба Ҷопон аз Корея оварда шуда буд.

Бо мурури замон мулкҳои бузурги хусусӣ ба вуҷуд омаданд. Дар байни мулкдорони калони хусусӣ мубориза барои ба даст овардани заминҳои мулкдорони дигар аз нав авҷ гирифт. Баъзе соҳибони мулкҳои калон мехостанд. ки аз зери ҳокимияти

 

-46-

 

марказӣ баромала, давлати мустақили худро таъсис намоянд. Ҳокимияти марказии Ҷопон дигар қудрат надошт, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гирифта тавонад.

САМУРАЙҲО. Заминдорони Ҷопон ба чанд гурӯҳ тақсим мешуданд. Заминдорони калон "хонкэ" ном доштанд. Онҳое, ки дорои мулки хурдтар буданд, "реке" номида шудаанд. Ин заминдорон тобеи заминдорони калон буданд. Заминдорон сарбозони худро доштанд, ки онҳоро "самурайҳо" мегуфтанд. Заминдорон ба самурайҳо ба ивази хизмат қитъаҳои замин медоданд.

Як қисми самурайҳо ба ашрофи дорои мулкҳои начандон калон табдил меёфтанд. Вале қисми дигари Онҳо ҳамин тавр сарбозони касбӣ мондан гирифтанд. Ин самурайҳо замин надошта, аз ҳисоби хӯҷаин ва ғаниматҳои аз ҷанг бадастовардаашон зиндагӣ мекарданд.

Қонун  и ахлоқии самурайҳо, ки "бусидо" ном дорад, ба арзишҳои ахлоқии дини буддоия ва таълимоти Конфутсий асос ёфтааст. Ин ахлоқ тамоми чиҳату тарафхои ҳаёти самурайҳоро муқаррар намудааст. Мувофиқи "бусидо" самурайи дорои унвони пасттар ба самурайи дар зинан баландтари ҷомеа қарордошта пурра тобеъ аст. Хизмати ҳарбӣ машғулияти асосӣ ва пурифтихорн самурайҳо ба ҳисоб мерафт. Барои шикастани "бусидо", яъне шикастани қонун   ба самурайҳо ҷазои сахт дода мешуд. Самурае, ки қонун  ро шикастааст, бояд худро "харакири" кунад, ки маънояш "чок кардани шикам" аст.

Самурайҳо барои ба ҳокимият соҳиб шудани хӯҷаинҳои худ мубориза мебурданд.


 

СЁГУН. Дар асри XII ҳокимияти марказии Ҷопон муқаррар гардид, ки онро "микадо" меномиданд. Микадо соҳиби олии замин эълон карда шуд. Дар натиҷаи ҷангҳои байниҳамдигарии мулкдорони калон дар нимаи дуюми асри XII ҳокимияти  император ягон қудрате надошт. Ҳокимияти дунявӣ ба дасти ашрофони пурзӯр - "сёгун", ҳокими олии Ҷопон гузашт. Ин ҳокимият дар мамлакат соли 1192 барпо шудааст. Асосгузори ҳокимияти сёгун Миномото Еритомо ном ашрофи шимолии Ҷопон мебошад. Ӯ бо ёрии самурайҳо ашрофи дигар мамлакат, аз он ҷумла, рақиби пурзӯри худ Тайро Киёмориро мағлуб карда, пойтахти император - шаҳри Киоторо ишғол намуд. Ҳамин тариқ, дар Ҷопон ду сулола дар як вақт ҳукмрон шуд - сулолаи

 

-47-

 

"микадо" (император) ва сулолаи "сёгун" (Миномото), ки ҳокими олӣ буд. Ӯ императорро дар дарбораш - шаҳри Киото гузошта, худаш ба қалъаи Кимакура рафта, давлатро аз номи император идора мекард.

Миномото Ёритомо асосгузори сёгуни аввалиии Ҷопон буд.

 

 

 

ОДАТҲОИ САМУРАЙҲО

Харакири

Шоҳзода пурсид: "Худро чӣ тавр куштан мумкин аст?" Ёсиаки оби дидаи ҷӯшзадаи худро базӯр нигоҳ дошта гуфт: "Ана ҳамин тавр..." Ва суханашро ба охир нарасонда, шамшерро кашида гирифта, онро ба тарафи худ гардонда ва ба паҳлӯи чапаш халонда, якчанд қабурғаи паҳлӯи рости худро бурид. Баъд шамшерро кашида гирифта, онро дар назди шоҳзода гузошт ва ба замин афтида, ҷон дод. Шоҳзода ҳамон лаҳза шамшерро гирифта, ба он нигоҳ кард. Бо сабаби он ки шамшер хунолуд буд, онро бо остинаш тоза карда, тани чун барф сафедашро бараҳна кард ва шамшерро ба наздики дили худ халонда, ба ҳамон ҷое афтид, ки Ёснаки афтида буд.

Ҳамаи ҳамроҳони шоҳзода - Тоно Тайбу Юкифуса, Сатоми Ойноска Токиёси, Такэда Ёити, Кан-но Ясабуро дайю Удзихару, Ота Сотсу-но Хонэн ва дигарон дод заданд: "Мо ҳам аз ақиби шоҳзодаем!" Бо як овоз ба буддоҳо дуо карданд ва ҳама якбора худро харакири карданд. Онҳоро дида, аскарони зиёда аз сесад нафари дар айвонбуда низ ба дили ҳамдигар ханҷар зада, синаашон ба замин афтиданд.

 

ЛУҒАТ

Иттифоқи қабилаҳо - аз якчанд қабила иборат аст.

Дини сантоия - дини ҷопониҳои қадим ва имрӯза.

"Пайка" - номи табаддулот.

Писари Осмон - мувофиқи анъанаҳои динии чиниҳои қадим император исари Осмон шуморида мешавад.

Ҳокимияти дунявӣ - ҳокимияте, ки дар он унсурҳои диниӣ нест, давлат танҳо дар асоси қонун  ҳои дунявӣ идора карда мешавад.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.      Сохти авлодии асрҳои III-VII Ҷопонро чӣ хел дарёфтед?

2.      "Сумэраги" чӣ маънӣ дорад?

 

-48-

 

3.      Чаро ашрофон ба даалати марказиятнок ва император эҳтиёҷ доштанд?

4.      Дар бораи авлоди Сумэрагӣ нақл кунед.

5.      Дар бораи шоҳзода Сётоку-тайси чиро медонед?

6.      Дар Ҷопон "Писари Осмон" гуфта, киро меномиданд?

7.      Дар замони ҳукмронии Котоку масъалаи замин чӣ тавр ҳал карда шуд?

8.      Дар бораи авлоди Фудзивара маълумот диҳед.

9.      "Самурайҳо" кистанд?

10.  Моҳияти "сёгун"-ро шарҳу эзоҳ диҳед.

 

 -49-

Гузариш ба саҳифаи |45|46|47|48|49|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz