¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |74|75|76|77|78|79|Интиҳо|

 

§16. МАДАНИЯТИ ХИЛОФАТИ АРАБ

 

Дар рушду нумӯъи маданияти Хилофат забони арабӣ хизмати бузург кардааст. Ин забон натанҳо забони дини ислом, балки забони илму фарҳанги Хилофат ҳам буда, маданияти халқҳои сокини онро баланд бардошт. Маданияти бои Хилофати Араб дар натиҷаи таъсири маданияти халқҳои тамоми музофотҳои он ташаккул ёфтааст. Яъне, дар маданияти ин шоҳаншоҳӣ унсурҳои маданияти Сурия. Эрон, Осиёи Марказӣ, Ҳиндусгон, Мағриб, Андалус. Қафқоз ва Византия, аз як тараф ва маданияти нимҷазираи Арабистон, аз тарафи дигар, таҷассум ёфтааст.

ХАТИ АРАБИ. Дар пешрафти илму фарҳанги Хилофати Араб хуруфоти арабӣ яке аз унсурхои асосӣ буд. Дар баробари зуҳури дини нслом дар сар то сари Хилофати Араб ҳуруфоти ягонаи арабӣ низ ҷорӣ карда шуд. Бо ин хат ҳам китобҳои муқаддаси дини ислом, ҳам асарҳои илмӣ, ҳам адабӣ иншо шуда, коргузории давлатӣ низ тавассути он сурат мегирифт.

Хати арабӣ мураккаб буда, аз тарафи рост ба чап навиштаю хонда мешавад. Яке аз сабабҳои зуд пахн шудани ҳуруфоти арабӣ дар тамоми Хилофати Араб он буд, ки "Қуръон" ва китобҳои дигари дини ислом бо ҳамин хат навишта шудаанд.


Расми 39. Номи маҷмӯаи афсонаҳои "Ҳазору як шаб"

дар яке аз дастнависҳои аҳди мамлукҳо.

 

-74-

 

Хондани хати арабӣ меҳнати зиёд ва истеъдоди баландро тақозо мекард. Талабагони мактабу мадрасаҳо матнҳои китобҳои динӣ ва адабию илмиро азёд мекарданд.

МАКТАБ. Таълими насли наврас дар мактабу мадрасаҳо сурат мегирифт. Дар масҷидҳо мактабҳои ибтидоӣ фаъолият мекарданд. Дар ҷойҳои сераҳолӣ ва шаҳрҳо мадрасаҳои сершумор кушода мешуданд. Мадрасаҳо маълумоти миёна ва олӣ медоданд.

Агар дар мактабҳои ибтидоӣ асосан хондану навиштан ва зарурати дини исломро ёд медода бошанд, пас дар мадрасаҳо илмхои фиқҳ, фалсафа, мантиқ, адабиёт, таърих, ҷуғрофия, табииёт, риёзӣ, ҳандаса, нуҷум ва илмҳои дигарро таълим медоданд. Хатмкунанлагони мадрасаҳо дониши баланд доштанд. Як қисми онҳо ба зудӣ ба қатори мударрисҳо,  олимон ва шоиру нависандагон дохил шуда, дар пешрафти илму фарҳанги Хилофати Араб саҳми калон мегузоштанд.

МАСҶИД. Масҷид ҷои тоату ибодати мардуми мусулмон ва тарбияи ахлоқии ҷавонону калонсолон мебошад. Дар ҳама ҷойҳое, ки мусулмонон сукунат доштанд. масҷидҳо сохта шуда буданд. Масҷид манораи баланд дошт, ки он барои азон гуфтан, яъне ба намоз даъват карданн мусулмонҳо хнзмат мекард. Шахси ба намоз даъваткунандаро муаззин меноманд.

Ҳангоми намозгузорӣ бояд рӯй ба тарафи меҳроб нигаронида шуда бошад. Он дар хати байни намозгузорон ва самти Каъба сохта шудааст. Меҳроб минбар ҳам дорад.

Мусулмонон дар як шабонарӯз 5 маротиба намоз мехонанд. Намоз аз фарз ва суннат иборат аст. Он мусулмонҳое, ки дар мазҳаби шиъа ҳастанд, танҳо намози фарзро адо мекунанд.

Расми  40. "Ҷангали сутумҳо" дар масҷиди Қурдоб,

Испания. Асри X.


 

-75-

 

Ба намозгузорӣ муллоимом роҳбарӣ мекунад. Ҳангоми иҷрои вазифаи худ ӯ аз дигар намозгузорон каме пештар меистад. Шахсони вазифаи муллоимомро иҷро мекардагӣ дар дини ислом ба мартабаи баланд соҳиб буда, ахлоқи поки исломию инсонӣ доранд. Оиҳо баъди намозгузорни ҷамоа одатан аз минбар оят мехонанд, аз шариату ахлоқи исломӣ вазъ мегӯянд ва ё амри маъруф мекунанд. Намозгузорӣ мазмун ва ғояҳои шариату ахлоқӣ исломиро ифода карда, яке аз аркони ин дин аст.

Мардуми мусулмон намозро имрӯз ҳам ҳамон тавр мегузоранд, ки пайғамбари Аллоҳ Муҳаммад (с) фармудааст.

ИЛМ. Дар вақташ византиягиҳо давомдиҳандагони маданияти юнониҳо буданд. Арабҳо низ бо ҳамин роҳ рафтанд. Олимони Хилофат асарҳои олимони Юнони кадимро ба забони арабӣ мегардонданд. Барои ин кор онҳо забони юнониро хуб аз худ карда буданд.

Тарҷумонҳои Хилофат асарҳои Арастуро пеш аз аврупоиҳо тарҷума карда, ба хонандагон пешкаш намудаанд. Аҷибаш он аст, ки тарҷумонҳои аврупоӣ асарҳои Арастуро на аз юнонӣ, балки аз забони арабӣ ба лотинӣ тарҷума кардаанд. Ин маънии онро дорад, ки арабҳо дар омӯзиши илми аврупоиҳо аз худи онҳо пеш гузашта буданд.

Баъд аз он ки дар Хилофат "Байт-ул-ҳикматн ("Хонаи Ҳикмат") таъсис ёфт, дар он ҷо асарҳои сершумор оид ба илмҳои гуногун ба забонн арабӣ боз ҳам бештар тарҷума ва дар Хилофат паҳн карда мешуданд, аз ҷумла, асарҳои муаллифони юнонӣ, ҳинду, эронӣ, суриягӣ, яхудӣ.

Расми 41. Китобхонаи масҷид. Минётурии асри XIII.

 

-76-

 

Расми 42. Харитаи арабии асри X.

Дар Хилофати Араб, аз он ҷумла, дар Макка, Бағдод, Ҳирот, Димишқ, Бухоро, Самарқанд. Гуранч, Марв, Балх, Қурдоб ва иахрҳои дигар марказҳои калони илмӣ мавҷуд буданд. Дар ин Шаҳрҳо ва баъзе Шаҳрҳои дигари Хилофат олимони забардаст ба камол расидаанд. Яке аз Онҳо Абӯ Алӣ ибни Сино (980-1037) мебошад. Ӯ дар деҳаи Афшанаи наздикии Шаҳри Бухоро таваллуд шуда, насабаш тоҷик аст. Мо аз ин аҷдоди бузургу ҳамадони оламшумули миллати худ фахр мекунем.

Абӯ Алӣ ибни Сино аз овони кӯдакиаш меҳнатдӯст ва толибилм буд. Қуръонро бо тезӣ азёд кард. Баъд ба омӯхтани илмҳои гуногуни замони худ пардохт ва ҳанӯз ҳангоми ҷавонӣ табиби номдор шуд.

Боре барои табобати амири Бухоро Абӯалии ҷавонро даъват намуданд. Ӯ касалии амирро ташхис намуда, баъд ба табобати ӯ шурӯъ кард. Дере нагузашта, амир шифо ёфта, ба АбӯАлӣ пулу мол ҳадя кард. Вале ӯ ин тӯҳфахоро рад карда, гуфт, ки амир ба ӯ иҷозат бидиҳад, то ки аз китобхонаи машҳури Сомониён истифода барад. Ин барои Абӯ Алӣ мукофоти бузургтарин буд.

АбӯАлӣ ибни Сино тамоми илмҳои замони худро омӯхта, донишманди ҳамадон (энсиклопедист) шуд. Махсусан дар илми тиб ба ӯ ягон олим баробар шуда натавонист. Сино тамоми донишҳои тиббии замонҳои гузашта ва замони худро омӯхта, ба ин илм дигаргуниҳон бузург дохил кард. АбӯАлӣ ибни Сино донишманди бузург буд, ки аҳли илму фарҳанги он замон ӯро шайхурраис, яъне сарвари ҳамаи олимон мешумориданд. Ӯ дар бораи худ чунин мегӯяд:

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилопш гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Асари машҳуртарини АбӯАлӣ ибни Сино "Ал-Қонун    фи-т-тиб" - "Қонун  и тиб" мебошад. Чи тавре ки худи аврупоиҳо эътироф

 

-77-


 

мекунанд, ин асар то асри XVII китоби болоимизии табибону олимони ин китъа будааст. Аз "Қонун  и тиб" табибони олам имрӯз ҳам фаровон истифода мебаранд.

Яке аз олимони бузурги дигари Хилофат, ки низ тоҷик буд, дар равнақи илми кимиё саҳми бузург гузоштааст, Ҷобир ибни Хайён мебошад. Ин олим дар шаҳри Тӯси Хуросон таваллуд шуда, ҳамчун олим дар ҳамон шаҳр ба воя расидааст. Ибни Хайёнро дар Ғарб Габер меномиданд. Хайён дар илмҳои зиёд асарҳо офаридааст, вале асарҳои оид ба кимиё офаридаи ӯ боиси таваҷҷӯҳи бузург аст.

Расми 43. Гӯшае аз мақбара-масҷиди Имом Ризо дар Машҳад

Оид ба илмҳои гуногун даҳҳо олимони намоёни дигарро ҳам номбар кардан мумкин аст, ки кашфиётҳои бузург карда, дар хазинаи илми ҷаҳонӣ саҳифаҳои дурахшон навиштаанд. Дар байни онҳо Ибни Қутайба, Абӯбакр Ҷаъфари Наршахӣ, Абӯҷаъфари Табарӣ. Закариёи Розӣ. Ибни Рушд (Аверроэс), Абӯзайди Балхӣ. Насри Ҷайҳонӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммад ал- Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ ҳастанд, ки як қисми онҳо ниёгони халқи тоҷик мебошанд. Дар бораи баъзеашон дар мавзӯи "Маданняти давлати Сомониён" маълумот дода мешавад.

САНЪАТИ ХИЛОФАТ. Аз байни намудҳои гуногуни санъати араб меъморию тасвирӣ бештар рушду нумӯъ карда буданд. Меъморони Хилофат аз худ ёдгориҳои бинокории бузург боқӣ

гузоштаанд. Онҳо масҷидҳо, қасрҳо, мақбараҳо, ҳаммомҳо, қалъаҳо ва биноҳои дигари мӯҳташаму зебои ҷамъиятӣ сохтаанд. Аз ёдгориҳои аввалини меъморни Хилофати Араб масҷиде дар Байтулмуқаддас боқӣ мондааст, ки онро Масҷиди Умар меноманд. Ин масҷид дар замони ҳукмронии  Уммавиён соли 686 сохта шуда, ҳашткунҷаи дорои гумбази баланду мӯҳташам мебошад.

 

-78-

 

Шукӯҳи санъати меъморӣ ва тасвирии хилофат бештар дар бинохои масҷидҳою қасрҳо ва мадрасаҳо ифода ёфта буд. Ин қабил биноҳо аз нақшу нигор, тасвири гулу баргҳои растанӣ иборат буда, бо хати махсуси арабӣ оро дода мешуданд.
Ёдгори
ҳои санъати Хилофати Арабро дар тамоми музофотҳои он вохӯрдан мумкин буд. Мо онҳоро, махсусан дар шаҳрҳои Бухоро, Самарканд, Хева ва Қӯканд, ки дар Осиёи Марказӣ мебошанд, бештар дида метавонем. Ин иншоотҳои меъморӣ натанҳо зебою дилкаш ва ҷозибанок, балки мустаҳкам ҳам сохта шудаанд. Аз замони сохта шудани баъзеи онҳо зиёда аз 1000 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол ҳусну тароват ва бузургии худро гум накардаанд. Чунин ёдгориҳои меъморию рассомиро шумо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистони имрӯза ҳам дида метавонед. Як силсилаи он дар ноҳияи Ҳисор воқеъ буда, аз калъа, мақбара ва мадрасаҳо иборат аст. Онҳо гарчанде Баъди қариб 500 соли барҳам хӯрдани Хилофати Араб сохта шудаанд, вале ҳам шакл ва ҳам мазмуни меъмории Хилофати Арабро ифода намуда, имрӯз ҳам назаррабоянд.

АДАБИЁТ. Адабиёти Хилофат ҳам дастовардҳои беназнр дорад. Яке аз намунаҳои баландтарини он адабиёти форсу тоҷик мебошад. Дар бораи он дар мавзӯъҳои оянда маълумоти муфассалтар дода мешавад.

ЛУҒАТ

Фиқҳ - илм оид ба шариати ислом.

Фалсафа - илм дар бораи қонуниятҳои инкишофи табиат, ҷомеа ва тафаккур.

Мантиқ - илм дар бораи қонуну қоидаҳои суханронӣ.

Ҳандаса - илм дар бораи ченкунӣ.

Нуҷум - илм дар бораи ситораҳо, ё худ илми ситорашиносӣ.

Байт-ул-ҳикмат - муассисаи калони илмӣ, ки ба Академияи илмҳо монанд буд.

Зуҳал - номи яке аз ситораҳои силсилаи офтобӣ,

"Ал-қонун   фи-т-тиб" - "Қонуни тиб".

 САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.    Мақоми забони арабиро дар Хилофат шарҳ диҳед.

2.    Чаро хоҳишмандони омӯхтани хати арабӣ дар Хилофати Араб бисёр буданд?

3.    Дар бораи мактабу мадрасаҳои Хилофат маълумот диҳед.

4.    Дар бораи намозгузории мусулмонҳо нақл кунед.

5.    Чаро тарҷумонҳои араб китобҳои муаллифони хориҷиро ба арабӣ тарҷума мекарданд?

6.    "Байт-ул-ҳикмат" чӣ ғуна муассиса буд?

7.    Ба далели он, ки аврупоиҳо асарҳои Арастуро аз забони арабӣ ба лотинӣ тарҷума мекарданд, чӣ хел баҳо медиҳед?

8.    Дар бораи рушду нумӯъи илми Хилофати Араб далелҳо биёред.

9.    Дар бораи муваффақиятҳои санъати меъморӣ ва тасвирт хилофат маълумот диҳед.

10.    Оё дар байни олимони забардасти Хилофати Араб тоҷикон ҳам буданд?

 

-79-

Гузариш ба саҳифаи |74|75|76|77|78|79|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz