¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |123|124|125|Интиҳо|

 

§26. ДАВЛАТИ ФРАНКҲО

 

ХЛОДВИГ АСОГГУЧОРИ ИМПЕРИЯИ ФРАНК. Қабилаҳои Франк то давраи муҳоҷиршавӣ дар поёноби дарёи Райн сокин шуданд. Фармондеҳони ҳарбӣ сарварии иттифоқи қабиларо ба

 

-123-


ӯҳда доштанд. Дар охири асри V сарвари қабила
ҳои франкҳо шахси маккору зирак ва золим аз авлоди Моравия – Хлодвиг буд. Франкҳо дар поёноби дарси Рейн зиндагӣ кунанд ҳам, диққати онҳоро бештар водиҳои хосилхези Галлияи дарҳамсоягибуда ҷалб намуданд. Ҳукмронӣ бар қисмати шимолии Галлия баъди парокандашавии Империяи Ғарбии Рим ба яке аз ҳокимони римӣ гузашт. Вале сарвари қабилаҳои Франк - Хлодвиг бо сарварони қабилаҳои дигар иттифоқҳои баста, ба Галлия лашкар кашид. Соли 486 франкҳо дар назди шаҳри Сауссона лашкари римиҳоро мағлуб сохта, қисмати шимолии Галлияро ба давлати худ тобеъ карданд. Хлодвиг баъди ин ғалаба ба кишвари вестготҳо ҳуҷум намуда, қисмати ҷанубии онро забт кард. Ба франкҳо муяссар шуд, ки қабилаҳои  дигари олмонии шарқи дарёи Рейнро ба худ тобеъ кунанд.

Дар кишварҳои забткардаи Хлодвиг бештар аз 100 ҳазор франкҳо сокин шуданд. Франкҳо дар ибтидо заминҳои ишғолкардаро дар байни худ тақсим карданд. Ба Хлодвиг заминҳои ба императори Рим тааллукдошта гузаштанд.

Расми 88. Намуди умумии қалъаи ашрофи Франк.

ШОҲ ХЛОДВИГ. Хлодвиг тахминан соли 500 ба давлати Франкҳо асос гузоштааст. Ҳокимияти Хлодвиг бевосита ба саркардагони ҳарбӣ такя мекард. Ӯ афсарони худро, ки ҳамроҳ сарзамини Галлияро забт карда буданд, кушт. Ҳамзамон ба нобуд сохтани хешу наздикони худ ҳам даст зад. Тибқи сарчашмае Хлодвиг ин кирдорашро чунин рӯйпӯш кардааст: "Аламовар он аст, ки ман хешу табори наздик надорам, то ки дар лаҳзаҳои мушкил ва хатарнок ба ман мадад расонанд".

Ба Хлодвиг акнун на як қабила, балки аҳолии кишварҳои дигар ҳам итоат мекарданд. Ҳокимияти шоҳии Хлодвиг меросӣ эълон карда шуд. Агар касе зидди ӯ мебаромад, ба қатл ҳукм мешуд. Дигар дар Гаплия маҷлиси халқӣ даъват карда намешуд, худи шоҳ қарорҳоро худаш қабул мекард.
 

-124-

 

 Баъзан бо ашрофон маслиҳат мекард, фармону қарорҳои ӯ баҳори ҳар сол ба мардум дар маъракаи азназаргузаронии ҳарбиён эълон карда мешуд. Дар давлати Франк баъзан ҳангоми сар задани ҷанг лашкар аз ҳисоби франкҳои озод ҷамъ карда мешуд. Инчунин дастаҳои ҷанговароне низ буданд, ки аз ҳисоби андоз ва ғаниматҳои ҷангӣ таъмин карда мешуданд.

Хлодвиг ба музофотҳои мамлакат одамони наздиктарини худро таъин мекард. Онҳоро граф меномиданд. Графҳо ҳуқуқи ғундоштани андоз, сарварии суд ва фармондеҳии дастаҳои низомӣ доштанд.

Дар давлати Франкҳо шоҳ суди олӣ дониста мешуд. Мансабдорону сарватмандон ҳангоми қабули ҳукми суд овози ҳалкунанда доштанд. Дар замони шоҳигарии Хлодвиг қонунҳои франкӣ ба шакл даромаданд.

Дар меъёрҳои ҳукуқи ҷамоаи давлати Франк бештар ҷарима ба назар мерасид, аз он ҷумла, барои дуздии ғуломон, сӯзонидани анбору оғилхонаҳо, ки бисёр рух медоданд.

АФЗУДАНИ МУЛКҲОИ АШРОФОН. Хлодвиг барои мустаҳкам кардани ҳокимияти худ заминҳои шоҳиро аз рӯи хизмат ба наздикону сарбозонаш тӯҳфа мекард. Онҳо ба заминдорони калон табдил ёфтанд. Қувваи асосии кориро дар заминҳо ғуломон ва иҷоракорон ташкил медоданд. Ашрофон бошанд, ба монанди шоҳ дастаҳои ҷанговаронро созмон дода, дар ивази хизматашон ба онҳо замин тӯҳфа мекарданд. Шоҳ ба ашрофон ҳуқуқҳои ҷамъ кардани андозро дод.                

Хлодвиг пеш аз вафоташ давлати Франкҳоро дар байнн чор писараш тақсим кард. Вале зиддияти байниҳамдигарии ворисон барои ҳукмрони ягона шудан боиси нооромӣ ва заифшавии давлати Франк гардид.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Шоҳигарии Франкҳо чӣ тавр таъсис ёфт?

  2. Сарватмандони римӣ ва галлӣ ҳокимияти Хлодвигро чӣ тавр пазируфтанд?

  3. Ҳокимияти шоҳӣ аз ҳокимияти саркардагони ҳарбӣ чӣ фарқ дошт?

  4. Афзоиши мулкҳои ашрофон чӣ тавр сурат гирифт?

  5. Мардуми мулкҳои забткардашуда ба ашрофон чӣ тавр тобеъ шуданд?
     

-125-

Гузариш ба саҳифаи |123|124|125|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz