¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |135|136|137|138|139|140|141|142|143|Интиҳо|

 

§30-31. ЛАШКАРКАШИҲОИ САЛИБИ

 

МАҚОМИ КАЛИСО. Дар миёнаи асри XI дар Аврупо дини масеҳӣ роҳбари ягона надошт. Аврупои Ғарбӣ дар зери раёсати Папаи Рим ва дар Византия Усқуфони Бузурги Константинопол дини масеҳиро сарварӣ мекард. Миёни онҳо фарқ дар он буд, ки Усқуфони Бузург зери итоати императори Византия амал мекард. Папаи Рим мекӯшид, ки калисои Византияро ба зери тасарруфи худ дароварда, роҳбари ягона бошад. Ин амал боиси низои Папаи Рим ва Усқуфони Бузург гардида, якдигарро таҳқир мекарданд. Дар натиҷа соли 1054 дини масеҳй ба ду шоҳаи бузург - калисои гарбии католикӣ (ба маънии "умумиҷаҳонӣ") ва шарқии православӣ (яъне "дини ҳақиқӣ") ҷудо гардид. Ҳар ду шоха аз ҳамдигар мустақил зълон карда шуданд.

Расми 97. Усқуф ва рӯҳонӣ – хизмат-горони калисо.

Дар Италия давлати Папаи Рим бо номи "Вилояти Папа" вуҷуд дошт. Қасру кушкҳои мӯҳташам ва молу мулку сарватҳои фаровони он дар ихтиёри Папа буд. Қариб аксар сарварони давлатҳои Аврупои Ғарбӣ ва калисои масеҳӣ мувофиқи амри Папаи Рим фаъолият мекарданд. Папаи Рим ҳамеша мекӯшид, ки сарварони кишварҳои Аврупоро пурра ба худ тобеъ кунад. Аммо баъзе шоҳҳо мехостанд, ки дар амалӣ сохтани ҳокимияти динӣ низ сарвари мутлақ бошанд. Масалан, зиддияти шоҳи Олмон Генрихи IV бо Папаи Рим Григории VII маҳз бо ҳамин сабаб ба миён омада буд. Дар натиҷаи ин зиддият дар охири асри XI эътибори Папаи Рим боз ҳам болотар рафта, ҳукумати императорҳои олмонӣ бар рӯҳониён заифтар шуд.

Папа Григории VII ҳуқуқҳои Папаро чунин муайян карда буд: "Ӯ (яъне Папа) императорҳоро вожгун карда метавонад, ягон қарор, ягон китоб бе иҷозати ӯ эътибор надорад, касе қарори ӯро дигар карда наметавонад, ҳеҷ кас барои ӯ додрас нест, калисои Рим ҳеҷ гоҳ гумроҳ нашуда буд ва

 

-135-

 

Расми 98. Роҳиб.

намешавад. Ӯ метавонад тобеъонро аз савгандхурӣ ба шоҳони ноӯҳдабаро озод кунад".

Ҳукумати Папаҳо махсусан дар давраи Инокентии III хеле пурзӯр шуд. Ӯ таъкид мекард, ки Папа дар рӯи замин сояи худо аст. Вай мегуфт: "Мо Папаҳо вазифадор ҳастем, ки бар мардум ва шоҳҳо ҳукмрон бошем! Дар маҷлисҳои тантанавӣ ҳам бояд ҳама дар назди пои Папа сар фуруд оварда, кафши ӯро мебӯсиданд. Ин манзалату эҳтиром дар Аврупо ба ягон шоҳе насиб нагардида буд. Папа Инокентии III дахолатро ба корҳои дохилӣ ва муносибатҳои  байнидавлатии кишварҳои Аврупо боз ҳам зиёдтар намуда, Королҳои Англия, Лаҳистон, Шветсия ва аз ҳукми ӯ тарсида, худро ба ӯ тобеъ эълон карданд.

Молу мулк ва сарвати калисо ҳадду канор надошт. Қариб аз се як ҳиссаи заминҳои ҳосилхези Аврупои Ғарбӣ ба калисои католикӣ тааллуқ дошт. Усқуф ва дайрҳо дар ихтиёри худ деҳқонони зиёди мутеъ доштанд. Баъзе роҳҳои муҳимми тиҷоратӣ низ дар ихтиёри дайрҳо буданд. Калисои католикӣ дар Аврупо бузургтарин заминдор ва истисморгар буд.

Расми 99. Лашкаркашиҳои салибӣ. Муҳориба бо салҷуқиён.

Ҳирси бойшавӣ ва чизпарастии каписо, ки бар зарари мардум буд, боиси норозигии пайравони дини масеҳӣ гардид. Бисёриҳо аз калисо рӯй гардонданд. Калисо ин қабил одамонро «мулҳидон», яъне ("аз дин баргаштагон") эълон кард. Мулҳидон иброз доштанд,ки калисо "вайрон шудааст". Папа худо не, балки вакили шайтон аст. Мардуми зиёде пайрави "мулхидон" шуданд.

Калисо барои бо "мулҳидон" мубориза бурдан бо номи "инквизитсия" додгоҳи махсуси худро таъсис дод. Инквизитсия "гунаҳгорон"-ро ба зиндон партофта, бераҳмона азоб медод, то ки онҳо гуноҳро ба дӯш гиранд.

 

-136-

 

Расми 100. Ритсар.

Азбаски заминдороии калон тибки қонун  моликияти худро танҳо ба фарзанди калонӣ мерос мегузоштанд, писарони хурдии бе молу мулкмонда барои ба даст овардани замину сарват ба Шарқ раҳсипор мешуданд. Илова бар ин, бисёр ритсарҳо аз заминдорон қарздор буданд. Онҳо илоҷи пардохти қарзро дар ғорат кардани мамлакатҳои Шарқ медиданд.

Шоҳону шоҳзодагон ва феодалҳои бузург мехостанд, ки аз ҳисоби забти заминҳои нав доираи нуфузи худро зиёд кунанд. Шаҳрҳо низ дар лашкаркашиҳо ба Шарқ манфиатдор буданд. Дар байни шаҳрҳои Аврупо аз ҳама пештар шаҳрҳои Генуя, Пиза ва Венетсия даст заданд. Мақсади онҳо соҳиб шудан ба мавқеи хубтари тиҷоратӣ буд, зеро дар тиҷорати байни давлатҳои  Шарқу Ғарб туркҳои салҷуқӣ ва Византия ба шаҳрҳои Италия халал мерасонданд. Шаҳрҳои Италия салибдоронро аз. яроқу аслиҳа таъмин намуда, кашондани борхои ҳарбӣро низ ба ӯҳда гирифта буданд.

Вале ҷангҳои салибӣ аввал бо иштироқи оммавии деҳқонон шурӯъ шуд. Сабабаш он буд, ки тобеъу беҳонумоншавии деҳқонони мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ авҷ гирифт. Наҷоти худро онҳо дар ишғоли заминҳои Шарқ медиданд.

Роҳбари маънавии ҷангҳои салибӣ калисо буда, он дар ин иқдом мавқеи халқунанда дошт. Калисо ва алалхусус Папаи Рим роҳбарии лашкаркаширо ба Шарқ қариб пурра ба ихтиёри худ

 

Расми 101. Ба киштиҳо саворишвии салибдорон.

 

-137-

 

Расми 102. Ҷанговари

давраи лашкаркаши-ҳои салибӣ

гирифт. Папаи Рим мехост, ки шӯҳрати худро ба воситаи ин забткориҳо боз ҳам баланд бардорад ва дар олами масеҳӣ ҳокими мутлақ шавад.

ЛАШКАРКАШИИ ЯКУМИ САЛИБӢ. Папаи Рим Григории VII нияти ба кишвари туркҳо лашкар кашиданро дошт, вале мухолифати доимии ӯ бо императори Олмон Генрихи IV имкони ҳамларо намедод. Баъд аз марги Папа Григории VII Папаи нави Рим Урбани II ташвикқоти "ҷанги муқаддас"-ро дубора оғоз кард. Соли 1095 дар шаҳри Клермони Фаронса иҷрои маросими динӣ бо иштирок ва суханронии Папаи Рим гузашт. Ӯ мардумро даъват намуд, ки ҳама мусаллаҳ шуда, ба шаҳри Байтулмуқаддас - Иерусалим, ки қадимтарин макони марқади Исои Масеҳ хуҷум кунанд ва онро аз зери тасарруфи мусулмонон озод намоянд. Ба "озодкунандагон" ғаниматҳои фаровон ваъда дода шуд.

Як қисми мардум барои исботи садоқат ба Папа дар назди Калисои ҷомеъ аз матои сурх салиб дӯхта, онро ба либосашон часпонда, бо ин восита ҳозир будани худро ба ҷанги "муқаддас"  нишон медоданд. Азбаски иштирокчиён дар либоси худ сурати салибро часпонда буданд, онҳоро салибдорон ва амалиёти ҳарбиашонро "лашкаркашии салибӣ" номидаанд.


Расми 103. Ишғоли Баӣтулмуқаддас (Иерусалим).

 

-138-

 

Расми 104. Ритсари аспсавор.

Калисо бошад, барои салибдорон имтиёзҳои зиёде муқаррар кард. Аз он ҷумла, дар вақти набуданашон хонаҳояшон дар паноҳи калисо хоҳад буд, салибдор хангоми дар "ҷанги муқаддас" будан аз адои қарзҳо озод ва деҳқонони тобеъ бошанд аз соҳибони худ озод мешуданд.

Бо дастури Папа ба тамоми кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ташвиқгарони "ҷанги муқаддас" фиристода шуданд. Мардуми зиёд хоҳиш карданд, ки дар ин лашкаркашӣ иштирок менамоянд. Иштирокчиёни асосии лашкаркашии якуми салибӣ камбағалон буданд. Соли 1096 оммаи деҳқонон, ки аз Фаронсаи Миёнаву Шимолӣ ва Олмони Ғарбӣ гирд омада буданд, ба тартиби низомӣ ба сӯи Байтулмуқаддас равон шуданд. Онҳо хуб мусаллаҳ набуданд. Ба ҷанг бе тайёрии зарурӣ раҳсипор буданд. Чи тавре ки тавонистанд ҳамон хел мусаллаҳ шуданд. Захираи озуқаи қазоӣ надоштанд, Аз ин рӯ маҷбур буданд, ки аз маҳалҳои забткардаашон бо зӯрӣ маводи ғизо ба даст дароранд.

Салибдорон аз дарёҳои Рейну Дунай гузашта, ба сӯйи Константинопол ҳаракат карданд. Онҳо дуздӣ ва қатлу ғоратгариҳои худро ҳанӯз аз шаҳрҳои аврупоии Лотарингияву Прага оғоз намуданд. Дар қаламрави  заминҳои Маҷористону Булғористон ба муқобилияти мардуми маҳаллӣ дучор шуданд. Дар ин вазъият қисме аз салибдорон кушта ва қисми дигари онҳо роҳи гурезро пеш гирифта, то ба Константинопол расиданд.

 

Расми 105. Ба Конститинопол зада даромадани салибдорон.

 

-139-

Расми 106. Қалъаи салибдорон дар Сурия. Асри XII.

Дар охири соли 1096 дастаҳои мусаллаҳи феодалҳо ба сӯи Шарқ роҳ пеш гирифтанд. Аз паси феодалҳо ва ритсарҳои мусаллаҳ деҳқонони сершумор ва гурӯҳҳои таъминкунандаи озуқа аз Фаронса, Олмон ва Италия чун абри сиёҳ ба сӯи Константинопол ҳаракат карда, баҳори соли 1097 ба он ҷо расиданд. Дар Константинопол дар байни салибдорон ва юнониён зиддият ба вуҷуд омад. Салибдорон ба аҳолии маҳаллӣ ваҳшиёна рафтор намуда, хонаҳои онҳоро ғорат мекарданд. Императори Византия Алексей аз мақсади ниҳоии салибдорон, ки дуздиву ғоратгарӣ буд, огоҳ гардида, онҳоро ба зудӣ ба Осиёи Хурд равон сохт.

Расми 107.    Ритсари саяибдор.

Яке аз сарварони салибдорон, ки Балдуин ном дошт, шаҳри Эдессаро тасарруф намуда, дар он ҷо ҳокимияти худро барпо намуд. Салибдорон қариб як сол Антиохияро муҳосира карданд ва баъди хиёнати яке аз сарварони қалъаи Антиохня онро ишғол намуданд. Азбаски аҳолии шаҳр мусулмонон буданд, ҳамаи онро ваҳшиёна қатли ом карданд.

Мақсади салибдорон, ки "озод кардани марқади Исои Масеҳ" буд, амалашон аз доираи иқрошавии ин мақсад берун баромада, ба истилогарӣ машғул шуданд. Салибдорон соли 1099 ба Байтулмуқаддас расиданд.

Баъди ҷангҳои шадид Байтулмуқаддасро ишғол намуданд. Дар ин ҷо низ мардуми мусулмонро қатли ом карданд. Баъди ишғоли Байтулмуқаддас салибдо Қисми зиёди соҳилҳои шарқии дарёи Мадитаронаро зери тасарруф дароварда,

 

-140-

 

Расми 108. Намуди Копстантинопол.

 

дар он ҷо якчанд давлати салибӣ ташкил доданд, ки калонтаринашон шоҳигарии Байтулмуқаддас буд. Ба ҳайати  он Фаластин ва қисмати ҷануби Сурия ҳам дохил буд. Низоми давлатдории Онҳо ба низоми давлатҳои феодалии Аврупои Ғарбӣ монандӣ дошг.

Кишварҳои исломӣ ва аҳолии минтақаҳои тобеи салибдорон муборизаро бар зидди онҳо қатъ накардаид. Ин мубориза боиси заиф шудани давлатҳои салибӣ гардид.

ЛАШКАРКАШИИ ДУЮМИ САЛИБӢ. Соли 1147 лашкар- кашии дуюми салибӣ оғоз гардид. Сарварони ин лашкаркашӣ Короли Фаронса Людовики XII ва императори Олмон Конради III буданд. Ин дафъа ғоратгарии онҳо чунон авҷ гирифт, ки ҳатто императори Византия ба онҳо муқобил баромад. Дар роҳ кулли деҳқонони ҳамроҳашономада талаф шуданд. Салибдорон хостанд Димишқро ишғол кунанд, вале аз тарафи шоҳигарии салибии Байтулмуқаддас дастгирӣ наёфта, нокому шармандавор ба Аврупо баргаштанд.

 

Расми 109. Саюҳиддин саяиби муқаддасро аз дасти

Шоҳи Иерусалим кашида мегирад.

 

-141-


 

Расми 110. Аз ҷониби салибдорон муҳосира карда шудани қалъаи мусулмонҳо.

ЛAШКАРКЛШИИ СЕЮМИ САЛИБИ. Шоҳи Миср Салоҳуддии соли 1187 Байтулмуқаддасро ишғол намуд, ки ин баҳона ва сабаби асосии лашкаркашии сеюми салибӣ буд, ки он соли 1189 оғоз ёфт. Сарварони ин лашкаркашӣ императори Олмон Фридрихи I Барбаросса, короли Фаронса Филиппи II Август ва короли Англия Ричарди Шердил буданд. Ин лашкаркашӣ ҳам барои салибдорон натиҷаҳои дилхоҳ надод. Фақат короли Англия ҷазираи Кипрро аз Византия кашида гирифта, дар он ҷо музофоти Кипрро таъсис дод.

Аз соли 1202-1270 лашкаркашиҳои 4, 5, 6, 7, 8-уми салибӣ бо амри Папаи Рим Инокентии III ба хотири таъсиси давлати ҷаҳонӣ оғоз шуд. Ҷангҳои шадиди салибдорон бо Византия ба таъсиси империяи лотинӣ сабаб шуд.

Ягонтаи Онҳо ба ташкилкунандагон натиҷаи дилхоҳе надоданд. Гузашта аз ин, салибдорон то охири асри XIII ҳамаи мулкҳои дар мамлакатҳои мусулмонӣ доштаашонро аз даст доданд.

Лашкаркашиҳои салибӣ аз чиҳати зарурати илму фарҳанг ба сарварони давлатҳои Аврупои Ғарбӣ натиҷаҳои хуб доданд. Онҳо ба техника ва тамаддуни Шарқ шинос шуданд. Техникаи Шарқ ба саноати бофандагӣ ва маъданкоркунии мамлакатҳои Ғарб таъсири мусбат расонид. Якчанд намуди матоъҳое, ки бофтани онҳо дар Ғарб шурӯъ шуд, ба худ номҳои шарқии "димишқ", "муслим" ва амсоли инҳоро гирифтанд. Саноати бофандагии мамлакатҳои Ғарб ба молҳои аз Шарқ содиршаванда вобаста шуд. Баъзе аз намудҳои силоҳҳои ҷангии Шарқӣ дар Ғарб мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар Аврупои Ғарбӣ расму оинҳои мардуми мусулмон, аз қабили шустани даст қабл аз хӯрдани ғизо, риш мондан, ҳаммом кардан ва ғайрахо паҳн гардиданд.

ЛУҒАТ

Усқуф - епископ.

Мулҳидон - аз дин рӯтофтагон.

Инкивизитсия - суди калисои католикӣ, ки ба мулҳидон ҷазо медод.

 

-142-

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.    Сабабҳои ба ду калисо ҷудо шудани дини масеҳиро баён кунед.

2.Дар давраи Папагарии Инокентии III кадом тағйирот ба амал омад?

3.Оё сабабҳои лашкаркашиҳои салибиро медонед?

4.Дар бораи лашкаркашии якуми салибӣ маълумот диҳед.

5.    Дар бораи лашкаркашии дуюми салибӣ чиҳо медонед?

6.  Лашкаркашиҳои салибӣ чанд маротиба ба амал омадаанд?

7.Лашкаркашиҳои аввалини аҳли салиб кай оғоз гардид?

8.Оқибатҳои лашкаркашиҳои салибиро баён кунед.

 

-143-

 

Гузариш ба саҳифаи |135|136|137|138|139|140|141|142|143|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz