¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |190|191|192|193|194|Интиҳо|

 

§44. ДАВЛАТИ САФАВИЁНИ ЭРОН

 

СУЛОЛАИ САФАВИЁН. Чунин ном гирифтани ин сулола аз номи шайх Сафиддин (1254-1334) пайдо шудааст. Ин шахс дар асри XVI дар Озарбойҷон ба тоифаи мусулмоние роҳбарӣ мекард, ки он "Сафавӣ" ном дошт. Сафавиҳо пайравони мазҳаби исломии шиъа буданд. Ин мазҳаб дар Эрон ҳанӯз дар замони ҳукмронии халифаҳои Араб васеъ паҳн шуда буд.

Дар нимаи дуюмн асри XV шайхҳои Ардабили сулолаи Сафавиён пурзӯр шуда, дар Озарбойҷон бар зидди хонҳои туркман барои хокимият ба мубориза бархостанд. Барои ин кор Сафавиён заминдорони миёна ва хурди эрониро дар атрофи худ муттаҳид сохта, аз баъзе қабилаҳои бодиянишини туркман, тоҷирон, кишоварзон ва косибони аз ҳукумат норозӣ ҳам кӯмак хостанд. Қабилаҳои  бодиянишини турк лашкари савораи Сафавиҳоро ташкил намуданд,

ТАЪСИСЁБИИ ДАВЛАТИ САФАВИЁН. Соли 1499 Исмоили Сафавӣ шайхи Ардабил ва қабилахои ҳамсояи турк шуд. Ӯ тамоми Озарбойҷони Ҷанубӣ, аз ҷумла Шаҳри Табрезро ишғол карда, соли 1502 худро шоҳи Эрон эълон кард. Исмоил давлати Сафавиёнро аз пойтахташ - шаҳри Табрез то соли 1524 идора кард. Дар ин давра Арманистон, Курдистон, Байнаннаҳрайн ва аз ҷумла, шаҳри Бағдодро ишғол намуд. Дар замонн ҳукмронии  Исмонл дар байни давлати Сафавиён ва Туркия ҷанг оғоз ёфта, қариб сад сол давом кард ва танхо дар Солҳои 30-юми асри XVII катъ гардид.

 

-190-


 

Расми 143. Ғуломи эавлонабанд.

Оғози ин ҷанг ба фоидаи Сафавнён набуд. Соли 1514 туркҳо дар ҷанги зидди Сафавиён нисбатан бартарият доштанд. Туркҳо ҳам дар ин марҳала шаҳри Табрезро ишғол намуданд, вале баъд горди яничарҳо бар зидди хӯҷаинҳои ҳуд шӯриш бардоштанд. Дар натиҷаи ин шӯриш артиши Туркия суст шуда, аз лашкари Сафавиён шикаст хӯрд. Ҷанги байни онҳо бо ҳамин ба охир нарасид.

Муқовимати давлати Сафавиён ва Туркия сабабҳои мазҳабӣ ҳам дошт.

Дар охирҳои салтанати худ Исмоил тавонист, ки Гурҷистон ва хонигарии Шервонро, ки дар шимоли Озарбойҷон воқеъ гардида буд, ба давлати худ тобеъ ку- нонад. Ҳамин тариқ Исмоил дар мӯхлатҳои кӯтоҳтарин давлати бузурги Сафавиёнро таъсис дод.

ДАВЛАТИ САФАВИЁН ДАР АҲДИ АВБОСИ КАБИР. Солҳои ҳукмронии Аббоси I ё худ Аббоси Кабир давраи пурзӯртарин ва гул-гулшукуфии давлати Сафавиён буд. Ба ӯ муяссар шуд, ки ҳокимияти  марказии шоҳро пурзӯр кунад. Аббоси Кабир мустақилияти пешвоёни қабилаи калонтарини туркмании маскуни Озарбойҷонро барҳам зад.

Аббоси I ба вазъи лашкар диққати махсус медод. Барои муборизаи бомуваффақият бар зидди Туркия ӯ артиши мунтазам ташкил намуд, ки он дар аввал аз 12 ҳазор нафар аскари пиёда ва 10 ҳазор аскари савора иборат буд. Аббос бо ёрии мушовирони

 

 

Расми 144. Милош Обилич ҳангоми қатли султон.

 

-191-

 

Расми 145. Яничар.

англис истифодаи силохи оташфишон ва артиллерияро ба аскару афсарҳои арти- ши Эрон омӯзонид. Ба лашкар қабилаҳои кӯчманчиро низ сафарбар кард. Ҳамии тариқ, артиши 120-ҳазорнафара ташкил намуда, соли 1602 бар зидди султони Туркия ҷанг оғоз кард. Ин ҷанг 10 сол давом карда, бо ғалабаи Сафавиён анҷом ёфт. Дар натиҷаи ин ғалаба Аббоси Кабир Гурҷистон, Арманистон, Ширвон, вилоятҳои Озарбойҷони Ҷанубӣ, Курдистон ва Бағдодро бо ҳамроҳии Байнаннаҳрайн. ки дар яке аз ҷангҳо аз даст

қисм Хуросонро, ки кайҳо боз Темуриёни Ҳинд ишғол карда буданд, пас гардонда, ба Эрон ҳамроҳ намуд.

ТИҶОРАТ ВА ХОЧАГИИ ДАВЛАТИ САФАВИЁН. Дар охирҳои асри XVI - аввали асри XVII хоҷагӣ ва тиҷорати давлати Сафавиён рӯ ба тараққӣ ниҳод. Сабабаш он буд, ки ба амнияти давлати Сафавиён дигар нерӯҳои дохилӣ ва хориҷӣ халал расонда наметавонистанд. Дар ин давра Эрон бо Португалия, Голландия, Англия, Русия, Чин, Ҳиндустон, Ҳиндучин ва давлатҳои дигар муносибатҳои тиҷоратӣ дошт. Аббоси I барои боз ҳам васеътар кардани робитаҳои тиҷоратӣ ба давлатҳои пешқадами Аврупо ва Осиё сафирҳо мефиристонд. Аз он мамлакатҳо ҳам ба Исфаҳон сафирон меомаданд.

Бо амри шоҳ роҳҳои тиҷоратӣ таъмин ва дар қад-қади роҳҳо корвонсаройҳо сохта мешуданд. Исфаҳон дар замони ҳукмронии Аббоси I ба шаҳри калони дорои 500 ҳазор нафар аҳолӣ табдил ёфт. Дар ин шаҳр қасрҳо, масҷидҳо, пулҳо ва иншоотҳои дигар сохта шуданд, ки ба пойтахти нави Сафавиён зебогӣ ва хашамати хосе мебахшнданд. Дар Исфаҳон, Табрез ва шаҳрҳои дигари Эрон ҳунармандӣ ривоҷу равнақ ёфт. Ҳазорон косибон маснуоти гуногуни баландсифат истеҳсол мекарданд, ки онҳоро тоҷирон ба бозорҳои дохилию хориҷӣ бароварда мефурӯхтанд. Маҳсулоти абрешимӣ, моҳут, пахтагӣ, қолин, чармин, кулолӣ ва филизӣ барин молҳои косибону ҳунармандони эронӣ берун аз ҳудудҳои давлати Сафавиён маълуму машҳур буданд.

 

-192-

 

Расми 146. Сарбози аспсавори турк.

Дар Эрон ин вақт устохонаҳои нисбатан калон низ сохта шуданд, ки ба онҳо шахсони интихобӣ роҳбарӣ мекарданд. Бо фармони шоҳ дар Исфаҳон ва шаҳрҳои дигар корхонаҳои давлатӣ ҳам сохта шуданд. Дар ин корхонаҳо то 150 нафар ва аз ин ҳам зиёдтар коргарон кор мекарданд. Корхонаҳои эронӣ ба мануфактураҳои аврупоӣ хеле монанд буданд.

ТАНАЗЗУЛИ ДАВЛАТИ САФАВИЁН. Давлати дорои мустамликаҳои зиёду масоҳати бузург муддати дуру дароз вуҷуд дошта наметавонист. Ин гуфтаҳо ба давлати Сафавиён ҳам дахл доранд. Аббоси Кабир аксарияти мулкҳои аз марказ дурро дар ҳайати давлати худ бо қувваи силоҳ нигоҳ медошт. Вале замоне фаро расид, ки дар дохили Эрон ҳам нерӯҳои ҷудоихоҳ ва муқобили салтанати Сафавиён зиёд шуданд.

Расми 147. Роҳзнии турк. Мусаввараи асри XVI.

Аз ин рӯ, Сафавиён маҷбур буданд, ки таъсири ҳокимияти худро дар музофотҳо суст карда, таваҷҷӯҳ ва қувваи бештарро ба дохили Эрон равон кунанд. Ғайри чашмдошти Сафавиён дар Осиёи Ғарбӣ барои Эрон вазъияти хеле хатарнок фаро расид. Туркияи султонӣ мехост, ки аз давлати Сафавиён кассос гирад ва ният дошт, ки Қафқоз ва Байнаннаҳрайнро аз нав ба зери итоати худ дарорад.

Сефии I аз ҳудудҳои Эрон аллакай қисми зиёди мулкҳои Сафавиёнро аз даст дода буд. Аз ҷониби ғарб лашкаркашии худро оғоз намуда, туркҳо якчанд музофоти Сафавиёнро ишғол карданд. Соли 1639 Сафавиён ноилоҷ ба ихтиёри Туркия гузаштани Байнаннаҳрайнро эътироф карданд. Баъдтар Туркия Арманистонро низ ба даст даровард. Дар шарқи мамлакат бошад, бар зидди Сафавиён хонҳои сулолаи Ҷониҳо мубориза мебурданд. ҳокимияти  марказии Сафавиён сол то сол заифтар мешуд.

 

-193-

 

Расми 148. Ҳарбу зарби флоти Туркия ва Испаиия.

 

Аз ҳамин сабаб Афғонистон ҳам аз зери ҳокимияти Эрон баромад.

Дар нимаи дуюми асри XVII ваэъияти давлати Сафавиён ташвишовар буд. Дар дохили мамлакат дар банни гурӯҳҳои гуногун ва дарбори шоҳи Сафавиён мухолифату задухӯрдҳо оғоз ёфтанд. Сафавиёни охирин - Аббоси II. Сулаймон, Султонҳусейн, Таҳмоспи II ва Аббоси III аслан ба бозичаҳои гурӯҳҳои иртиҷоии мамлакат мубаддал гардида буданд.

ЛУҒАТ

Шайх - яке аз мартабаҳои баланди дини ислом.

Яничар - сарбози туркӣ; туркҳо бачаҳоро аз оилаҳои аҳолии ғайритуркӣ ҷудо карда. ба воя мерасониданд, то ки онҳоро ба яничар табдил диҳанд. Яничарҳо аскарони яккачини туркӣ буданд.

Корвонсарой - ҷоест, барои истиқомати муваққатии тоҷирон ва нигоҳ доштани молу корвони онҳо.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.     Дар бораи сулолаи Сафавиён маълумот диҳед.

2.     Давлати Сафавиёни Эрон кай таъсис дода шудааст?

3.     Дар бораи даалати Сафавиёнро идора кардани Исмоил ва Аббоси Кабир нақл кунед.

4.     Оё шумо дар фаъолияти Аббоси Кабир ягон унсури хубро шарҳ дода метавонед?

5.     Давлати Сафавиён бо кадом давлатҳои ҷаҳон робитаҳои тиҷоратӣ дошт?

6.     Дар бораи устохонаҳои Исфаҳон чиҳоро медонед?

7.     Тоҷирони эронии замони Сафзвиён ба хориҷи кишвар кадом молҳоро мебароварданд?

8.  Рӯ ба таназзул ниҳодани давлати Сафавиёнро шарҳ диҳед

 

-194-

Гузариш ба саҳифаи |190|191|192|193|194|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz