¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |212|213|214|215|216|Интиҳо|

 

§50. ҲАРАКАТИ ГУСИЁН ДАР ЧЕХИЯ

 

ОҒОЗИ ҲАРАКАТИ ГУГИЁН. Дар миёнаҳои асри XIV короли Чехия Карли I императори Рими Муқаддас интихоб гардид. Чехия бошад, яке аз музофотҳои пуриқтидори империя ҳисобида мешуд. Маҳз аз ҳамин сабаб Чехия ҳуқуқи ба мансаби императорӣ интихоб шуданро дошт. Ҳокимони дигар музофотҳо бошанд, чунин ҳукуқ надоштанд.

Дар асри XIV дар Чехия соҳаи кишоварзӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар истеҳсоли нуқра Чехия дар Аврупо ҷойи аввалро ишғол менамуд. Аз он танга сикка зада мешуд. Дар шаҳрҳои Чехия бештар аз 200 намудн ҳунармандӣ, аз он ҷумла моҳутбофӣ ва истеҳсоли зарфҳои шишаги ба роҳ монда шуда буд. Аз Чехия роҳи муҳимми тиҷоратӣ мегузашт. Дар шаҳри Прага дар як сол ду маротиба ярмарка доир гардонида мсшуд, ки дар он тоҷирон аз Лаҳистон. Олмон, Италия ва мамлакатҳои дигар ишгирок мекарданд.

Дар давраи императории Карли I шаҳри  Прага маркази империя гардид. Аҳолии он зиёда аз 40 хазор нафарро ташкил медод. Дар ин ҷо пули машҳури Карл ва масҷиди ҷомеъ бунёд карда шуданд.

Феодалҳои калон - танҳо зиндагии бо карру фар доштанд. Дар деҳот ӯҳдадориҳои феодалии баршина ва андозн пулию молӣ вуҷуд дошганд. Аз вазнинии нн ӯҳдадориҳо деҳқонон норозигӣ баён мекарданд. Дар шаҳрҳои Чехия ҳунармандон ва тоҷирони олмонӣ сокин шуда буданд. То миёнаҳои асри XIV дар шӯрои шаҳри Прага ягон нафар чех набуд. Инчунин конҳо низ дар дасти олмониҳо буданд. Ҳунармандон ва тоҷирони чех кӯшиш мекарданд, ки дар идоракунии шаҳр ширкат варзанд.

Расми 16. Шаҳри Прага. Асри XV.

 

-212-

 

Расми 168. Нишони Чехия.

Дар Чехия калисои католикӣ заминдори калон ба ҳисоб мерафт. Он аз се як ҳиссаи заминҳои ҳосилхезро ихтиёрдорӣ мекард. Ба усқуфони Прага 14 шаҳру 900 деҳа тааллуқ дошт. Дайрҳо сарватманд гардида буданд.

Ҳокимони шаҳрхо низ намехостанд, ки ба рӯҳониён тобеъ бошанд. Деҳқонон ва камбағалони шаҳр муқобили калисо баромада, инчунин барои заиф гардондани зулми феодалӣ мубориза мебурданд.

ЯН ГУС. Дар ибтидои асри XV дар яке аз калисоҳои на он қадар калони шаҳри Прага мардуми зиёд ҷамъ омада, суханронии профессори Донишгохи Прага Ян Гусро гӯш мекарданд. Ӯ мансабдорони калисои Римро барои мансабфурӯшӣ ва хиллаю найрангашон танқид мекард.

Ян Гус баъд аз танқиди рӯҳониён ислоҳоти калисоро талаб кард. Аз калисою усқуфон ва дайрҳо кашида гирифтани сарват ва заминҳоро тақозо намуд. Дар Чехия бояд калисо на ба Папа, балки ба корол тобеъ бошад. Ба андешаи Ян Гус ба муқобили Папа бояд қувва истифода бурд. Ӯ талаб кард, ки пардохти маблағ барои расму оинҳо бекор карда шавад. Худшиносии мардуми чех бояд дар заминаи таълими забони модарӣ сурат гирад. Ян Гус грамматикаи забони чехиро шахсан кор карда баромад.

Ян Гус Ватану халқи худро аз самими дил дӯст медошт. Ӯ ба мардуми чех муроҷиат карда мегуфт, ки чехҳо бояд сарвар бошанд, на аз қафои фарансавиҳою немисҳо раванд. Ян Гус ҳаёти 

 Расми 164. Ян Гус дар маҷлиси суд.

 

-213-

 

Расми 170. Аслиҳа ва аробаи гусиён,

қашшоқонаи деҳкононро ноадолатӣ мешуморид. Усқуфони Прага Ян Гусро барои ташвиқу тарғиб аз калисо маҳрум сохт. Ян Гус Прагаро тарк карда, ду сол дар ҷануби Чехия умр ба сар бурда, дар байни деҳқонон бар зидди беадолатии калисо ва Папаи Рим баромад мекард.

Папаи Рим Ян Гусро ба анҷумани олии рӯҳониён даъват намуд, ки он дар шаҳри Констансаи ҷануби Олмон доир гардид Император ба Ян Гус ваколатномаи муҳофизаткунандаро супорида, ба ӯ бехатариро ваъда кард, то ки ба Констанса рафта, ақидаи худро муҳофизат намояд. Вале Ян Гус ҳис кард, ки ба вай марг таҳдид карда истодааст. Аз ин рӯ, пеш аз рафтанаш васиятнома навишт.

Дар Констанса Гусро занҷирбанд карда, ним сол дар таҳхонаи намноку хунук нигоҳ доштанд. Баъд парвандаи ӯ ба мурофиаи додгоҳи калисо баррасӣ карда шуд. Додраси калисои католикӣ Ян Гусро бидъат эълон намуда, талаб кард. ки аз ақидаҳои худ даст кашад. Ян Гус гуфт, ки: «Виҷдони худро тағйир дода наметавонам. Агар аз ҳақиқат даст кашам, пас чӣ тавр ба чашмони халқ нигоҳ мекунам? Охир ман ҳақгӯию хақталабиро талқин менамудам.»

Соли 1415 Ян Гусро дар оташ сӯзонданд.

 

Расми 171. Лашкаркашии артшии гусиён.

 

-214-

 

ҶАНГҲОИ ГУСИЁН. Дар оташ сӯзондани Ян Гус боиси ғазабу изтироби мардуми чех гардид. Шумораи зиёди деҳқонон аз суханрониҳои Ян Гус илҳом гирифта, худро пайравони ӯ,

Расми 172. Ян Жижка.

яъне «гусиён» номиданд. Баъди қатли Ян Гус ҷонибдорони ӯ аз мубориза даст накашиданд.

Соли 1419 дар Прага шӯриш ба амал омад. Ҳунармандону камбағалон ба шаҳрдорӣ даромада, аз тирезаҳои он ҳокимони бадкинро берун мепартофтанд. Ба шӯришгарон муяссар гардид, ки дар марказ муддате ҳокимиятро ба даст оранд. Онҳо аз шаҳр бойҳою ашрофони немисро пеш карданд. Шӯришчиён дайрҳоро ғорат намуда, хизматгорони калисоро мекуштанд ва ё аз шаҳр меронданд. Аз ин ҳолат танҳо истифода бурда, заминҳои калисоро забт карданд.

Лашкари гусиён аз пиёдагардон иборат буда, асосан бозанҷир, табар, чӯб ва ханҷар мусаллаҳ буд. Роҳбарии ҳаракати гусиёнро собиқ ритсар Ян Жижка ба ӯҳда дошт. Ӯ дар яке аз ҷангҳо аз сараш захм бардошта, дар натиҷа кӯр мешавад. Баъди фавти Ян Жижка ба лашкари гусиён лашкаркаши дигар роҳбарӣ кард.

Фарқияти мақсад ва роҳу усулҳои мубориза эътидолиҳо ва табориҳоро душмани якдигар карданд.

Гусиён маҷлиси халқӣ ташкил намуданд. Ҷои дӯстдоштаи маҷлиси халқӣ кӯҳи Табор, ки он дар ҷануби Чехия воқеъ буд, ба шумор мерафт. Мардуми зиёде ба ин ҷо омада, шаҳри Табори ба кӯхи ҳамномро бунёд карданд. Дар ҳаракати Гусиён ду ҷараён вуҷуд дошт - табориҳо ва эътидолиҳо.

 

Расми 173. Бошишгоҳи муспюҳками гусиён.

 

-215-

 

Қисми асосии гусчиёнро табориҳо ташкил медоданд. Онҳо аз деҳқонон, ҳунармандон ва камбағалони шаҳр иборат буданд. Шахсоне, ки ба Табор меомаданд, пулҳои худро ба сандуқи
хайрияи махсус, ки дар кӯча гузошта шуда буд, мепартофтанд. Маблағи  ҷамъгардида барои мусаллаҳшавии шӯришчиё
н ва ёрӣ ба камбағалон истифода мешуд. Дар Табор қама баробарҳуқуқ буда, якдигарро дӯсту бародар ва апаю хоҳар мешумориданд.

Гурӯҳҳои дигари гусчиён эътидолчиён номида мешуданд, ки ба онҳо аз ҳунармандон, тоҷирон ва феодалони чех иборат буданд. Эътидолиён аз ҳунармандон, тоҷирон ва як қисми феодалҳо иборат буданд. Эътидолиён мекӯшиданд, ки таъсири калисои католикиро заифтар кунанд ва мулку заминҳояшро кашида гиранд.

Дар рафти ҷанг байни табориҳо ва эътидолиҳо задухӯрдҳои шадид ба амал омаданд. Соли 1434 дар шаҳрчаи Лилана, ки дар қисмати шарқии Прага ҷойгир аст, эътидолиён ба табориҳо дарафтоданд. Ин муҳориба бо шикасти табориҳо анҷом ёфт.

Натиҷаи муборизаи гусчиён ба он оварда расонид, ки аҳолии бисёр шаҳрҳои Чехия аз чехҳо иборат гардид.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.        Карли I барои пешрафти Чехия кадом тадбирҳоро амалӣ намуд?

2.        Калисои католикӣ дар Чехия чӣ мақом дошт?

3.        Чаро номи Ян Гус машҳур аст?

4.        Сабабҳои ҷанги гусчиён дар Чехияро баён кунед.

5.        Табориҳо ва эътидолиҳо аз ҳамдигар чӣ фарқият доштанд?

6.        Шахсияти Ян Жижкаро муайян кунед.

7.        Чаро дар эътидолиҳо ва табориҳо низоъ сар зад ва он бо чӣ анҷом ёфт?

8.        Ҷангҳои гусчиён чӣ натиҷа доданд?


 

-216-

Гузариш ба саҳифаи |212|213|214|215|216|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz