¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |216|217|218|219|Интиҳо|

 

§51. РУС ДАР МУҚОБИЛИ МУҒУЛҲОИ ИСТИЛОГАР

 

ҲАМЛАИ АВВАЛИНИ МУҒУЛҲО. Соли 1207 Чингизхон заминҳои хавзаи дарёи Иртишро ишғол намуда, онро яке аз улуси Муғулистон табдил дода, сарварии онро ба писари калониаш Ҷӯҷӣ супорид. Муғулҳо то солҳои 30-юми асри XIII ба забти Чин ва Осиёи Марказӣ банд буданд. Онҳо барои забткории дар пеш истода, оид ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣи кишварҳои аврупоӣ маълумотҳои ҷосусӣ чамъ мекарданд.

Баҳори соли 1223 лашкари 30-ҳазорнафараи Муғулбо сарварни Чебе ва Субадаӣ ба тарафи Аврупои Шарқӣ раҳсипор

 

-216-

 

Расми 174. Ботухон.

шуд. Муғулҳо ба хонҳои қипчоқҳо шикаст доданд. Хонҳои кипчоқ аз князҳои рус ёрӣ хостанд.

31 маи соли 1223 дар наздикии дарёи Калка дастаҳои муттаҳидаи русу қипчоқҳо бо нерӯҳои асосии муғулҳо вохӯрданд. Князи Киев Мстислав Романович бо дастаи сарбазони худ аз дур шикастхӯрии чузъу томҳои лашкари Русро тамошо мекард. Дар рӯзи сеюми муҳориба князи Киев бо ҷанговаронаш силоҳи худро ба Замин гузошта, ба Субадай ваъда дод, ки ӯ бе ягон мамоният ба Рус хоҳад даромад. Сарфи назар аз ин рафтораш, князи Киев бо ҳамроҳии ҷанговарон аз тарафи муғулҳо ваҳшиёна ба қатл расонда шуд.

ҲУҶУМИ НАВИ МУҒУЛҲО. Соли 1235 муғулҳо дар қурултои худ, ки дар Қароқорум - пойтахти давлати Чингизхон баргузор гардида буд, қарор қабул карданд, ки барои забти кишварҳои Аврупо лашкар кашида шавад. Сарварии ин лашкаркаширо писари Ҷӯҷӣ - Ботухон ба ӯҳда дошт. Субадай мушовири ӯ буд.

Охири соли 1236 муғулҳо артиши Булғори Волгаро шикаст дода, баъд соли дигар қипчоқҳо ва мардуми қаламрави байни дарёи Волга ва Днепрро ба худ тобеъ карданд.

Ботухон дар муқобили Рус 120-140 ҳазор ҷанговарро истифода бурд, ки тахминан 40-50 ҳазорашро муғулҳо ташкил мекарданд.

ҲУҶУМИ БОТУХОН БА РУС. Зимистон Боту ба ҳудуди князигарии Рязан дохил гардид.

Баъди забти ин князигарӣ он ба тарафи князигарии Владимир харакат кард. Князи Рязан Юрий Всеволодич дар тӯли як моҳ, ки нерӯҳои ҳарбии худро дар Коломна ҷобаҷо кард. Дар наздикии Коломна қариб тамоми лашкари Владимир торумор карда шуда, бо ҳамин такдири шимолу шарқии Рус ҳал гардид. Москва, ки дар он давра шаҳр - қалъаи начандон калон буд, ба горатгарон муқобилат карда дода натавоннст. Баъди панҷ рӯз муғулҳо Москваро забт карда, онро хароб намуданд. Баъди Москва муғулҳо боз 14 шаҳри Рус, аз он ҷумла - Ростов, Суздал, Ярославл, Кострома, Углич, Димитров, Твер, Юрев, Владимирро забт ва ғорат карданд.

 

-217-

 

Расми 175. Баскакҳои муғул

 андоз меғундоранд.

 

Тирамоҳи соли 1240 Ботухон бо лашкари бузурги худ ба самти ҷануби Рус ҳаракат кард, аз Днепр гузашта, ба Киев наздик шуд.

Ба мудофиаи Киев княз Даниил Романович роҳбарӣ мекард. Муҳофизони шаҳр ҳашт рӯз мардонавор ҳуҷум муғулҳо пас гардонданд. Дар рӯзи нуҳум ба муғулҳо муяссар шуд, ки шаҳри Киевро ба даст дароранд.

Баҳори Соли 1241 лашкари Ботухон ба самти ғарбӣ ҳаракат кард. Ягон кишвари ғарбӣ натавонист. ки ба муғулҳо муқобилияти сазовор нишон диҳад. Аврупои дар ҳолати парокандагии феодалӣ қарордошта дар муқобили Ботухон нстода ҳам намставонисг. Лашкари Ботухон дар давоми як сол Лаҳистон, Маҷористон, Чехия ва кишварҳои нимҷазираи Балканро ба харобазор габдил дода, ба сарҳади Италия баромад. Дар маркази Аврупо шаҳри Венаи Австрия ва шаҳри Оломоутси Чехияро ба даст овард. Вале охири ҳамон сол, дар лаҳзаи ҳалкунандаи такдири Аврупои Ғарбӣ Ботухон лашкарашро ба Шарқ, ба даштҳои поёноби Волга бозпас хонд.

Расми 176. Дмитрий Донскоӣ.

ОЗОДШАВИИ РУС. Дар тӯли асрҳои ХШ-ХV князҳои Рус ба муқобили истилогарони Муғул мубориза мебурданд. Вале дар аввал дар ин мубориза на ҳамаи князиҳо фаъолона иштирок мекарданд. Ниҳоят, ташаббуси мубориза бар зидди муғулҳоро книзин Москва ба даст гирифг. Князи Москва Дмитрий Донскон ба хони Муғулҳо итоат намекард ва андоз ҳам намепардохт. Аз ин рӯ, Урдаи Тиллоӣ бар зидди ӯ лашкар кашид. Дмитрий Донской бо лашкари пурзӯри худ ба "пешвози" лашкари муғулҳо баромад ва 8 сентябри соли 1380 дар майдонн Куликово, ки дар соҳили дарси Дон воқеъ гардидааст, ба муғулҳо шикаст дод.

Дар ин муҳориба аз  ҳар ду то 30 ҳазор талаф ёфт. Вале соли 1382 муғулҳо аз нав ба

 

-218-

 

Расми 177. Ивани III.

Москва хуҷум намуда, онро ишғол ва талаю тороҷ карданд. Князи Москва ва князҳои дигари Рус мисли пештара ҳар сол аз халқ андоз ғундошта, ба хони муғулҳо месупориданд. Маълум буд, ки сарзамини Рус дар парокандагӣ аз зери зулми муғулҳо озод шуда наметавонад. Аксарияти князҳо эҳсос мекарданд, ки танҳо дар муттаҳидӣ озодӣ ба даст оварда метавонанд. Муттаҳидшавии князиҳои Рус дар атрофии  Москва, махсусан дар солҳои ҳукмронии Ивани III вусъат ёфт. Баъзе князҳо ихтиёран ба князи Москва ҳамроҳ мешуданд. Қисми дигари князҳо аз ин кор саркашӣ мекарданд. Бинобар ҳамин сабаб Ивани III онҳоро зӯран ба худ тобеъ мекард. Яке аз чунин князиҳо Новгороди Бузург буд. Ивани III ба Новгород лашкар кашида, онро таслим карда ва вечеро пароканда намуда, рамзи истиклолияти Новгороди Бузург - Зангӯларо ба Москва овард.

Дар натиҷаи ин князии Москва торафт пурзӯртар мешуд. Ивани III артиши муттаҳидаи Русро ташкил намуда, дигар ба хонҳои Урдаи Тиллоӣ андоз намесупорид. Саркашии Ивани III қаҳру ғазаби хони Муғул  Ахмадро ба вуҷуд овард. Ӯ талаб кард, ки Ивани III ба ӯ андози ҳарсоларо пардозад. Вале аз князи Москва ҷавоби рад гирифт. Барои ҳамин Аҳмадхон бар зидди ӯ лашкар кашад.

Тобистони соли 1480 лашкари 100-ҳазорнафараи Аҳмадхон ба шоҳоби дарёи Ока - Угра наздик шуда, дар муқобили лашкари Ивани III камин гирифт. Ҳарду тараф ҳам ба ҳуҷум намегузашганд. Аҳмадхон бо лашкараш дар ин ҷо то оғози зимистон истода, ба ҳуҷум ҷуръат накарда, ақиб баргашт. Бо ҳамин сарзамини Рус аз зулми Муғул, ки он қариб 240 сол давом кард, озод шуд.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.      Лашкаркашии муғулҳо ба сарзамини Рус кай оғоз ёфг?

2.      Задухӯрдҳои аввалини муғулҳо бо князҳои Рус кай рух доданд?

3.      Ботухон кай ба сарзамини Рус лашкар кашид?

4.      Қисмати шимолию шарқии Русро муғулҳо кай забт карданд?

5.      Дар Аврупо муғулҳо кадом давлатҳоро ишғол намуданд?

Забткориҳои МуғулРусро ба кадом ҳолат гирифтор кард?

 

-219-

Гузариш ба саҳифаи |216|217|218|219|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz