¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |225|226|227|Интиҳо|

 

Боби V. ҲАРАКАТИ ИСЛОҲОТХОҲИ

ДАР АВРУПО

§53. ИСЛОҲОТ ДАР ОЛМОН

 

ФУРӮШИ АВФНОМАҲО. Дар Олмон норозигии омма аз калисои масеҳӣ сол то сол меафзуд. Баҳонае лозим буд, ки ин норозигӣ ба муборизаи ошкоро табдил ёбад. Чунин баҳона фурӯши авфномаҳо буд. Солиоманависони давр хабар медиҳанд, ки дар бозорҳои шаҳрҳои Олмон фарёдзаним роҳибон ба гӯш мерасид: "Пулро бароред! Хешовандону наздиконатонро наҷот диҳед! Ҳамин, ки тангаатон ба таги халтаи ман афтида, ҷарангос зад, рӯҳи гунаҳгор дар бихишт пайдо мешавад".

Авфномафурӯшӣ боиси норозигӣ ва эътирози мардуми оддӣ ва шахсони бомаърифат гардид. Соли 1415 роҳиб, олим ва профессори илми фиқҳи масеҳии донишгоҳи шаҳри Виттенберг Мартин Лютер ба муқобили авфномафурӯшии рӯҳониён эътироз намуда, "95 тезис"-и худро ба дарҳои калисо овехт. Мартин Лютер дар гезисҳояш авфномафурӯширб маҳкум сохт. Инчунин шахсонеро, ки ба фикри ӯ розӣ набуданд, ба мубоҳиса даъват намуд.

Даъватҳои Мартин Лютер тамоми Олмонро ба ларза овард. Ба ақидаи Лютер калисо миёнарави байни худо ва одамон шуда наметавонад.

Расми 182. Калисои ростқавл (аз чап) ва калисои дуррғин (аз рост),

 

-225-

 

Калисо метавонад бе Папа вуҷуд дошта бошад. Ӯ пешннҳод намуд, ки дигар ба Папаи Рим пул дода нашавад ва даъват намуд, ки ба муқобили Папаи Рим муборизаи қатъ бурда шавад.

Папаи Рим дар ҷавоб Лютерро "роҳиби шаккоки витенбергғӣ номида, ба мулҳидӣ гунаҳгор дониста, лаънат хонд. Номаи Папаро дар бораи гунаҳкории Лютер дар ҳеҷ ҷо қабул накарданд. Мардум Мартин Лютерро дастгирӣ мекарданд. Лютер аз ин истифода бурда, худи Папаи Римро ба мулҳидӣ гунаҳгор намуд. Номаи Папаро дар ҳузури донишҷӯён ба гулхан партофт.

Папаро танҳо император дастгирӣ кард. Ба ин хотир Лютерро анҷумани князҳо, намояндагони ритсарҳо ва шаҳриён ба шаҳри Вермс даъват кард. Дар анҷуман аз Мартин Лютер талаб карда шуд, ки аз ақидаҳояш даст кашад.

Вале ӯ дар ҷавоб кагъиян изҳор намуд, ки: "Ақидаи ман ҳамин аст ва ман аз он даст намекашам". Бо фармони император Лютер бояд ба ҳабс гирифта мешуд. Вале ритсарҳо ба ҳимояи ӯ бар хостанд ва князе Лютерро дар қалъаи худ пинҳон кард.

Ақидаҳои зидди калисо ва зиддипапагии Мартин Лютер оғози дар Олмон гузаронидани ислоҳот гардида, мардуми табақаҳои гуногун - ритсарҳо, деҳқонон, ҳунармандон ва князҳоро фаро гирифт.

Расми 183. Томас Мюнсер.

ИСЛОҲОТИ КАЛИСО. Маросимҳои пурдабдаба ва идҳои сершумори калисои масеҳӣ, ки бо харҷи зиёд мегузашт, боиси норозигии ашрофони шаҳрӣ гардид. Шаҳриён талаб намуданд, ки андозҳои барои таъмини рӯҳониён муқарраргардида кам карда вадайрҳо пӯшида шаванд. Онҳо "калисои арзон"-ро талаб карданд.

Феодалҳои зиёде низ тарафдори ислоҳоти калисо буданд. Ритсарҳо бошанд, аз норозигии мардум исти- фода бурда, заминҳои калисоро кашида гирифтанӣ буданд. Калисое, ки дар мулки княз вуҷуд дошт, бояд ба княз итоат кунад, на ба Папа. Чунин буд талаби князҳо. Ин иқдом яке аз роҳҳе буд, ки князҳо ҳукумронии худро аз болои мулкҳои зердасташон устувор мегардонданд.

 

-226-

 

ТОМАС МЮНСЕР. Томас Мюнсер дар ҳаракати ислоҳотхоҳӣ дар Олмон мавқеи муҳимро ишғол карда буд. Ӯ аз илмҳои замон хуб бохабар буд. Томас Мюнсер роҳиб буда, дар ҳаракати ислоҳотхоҳӣ Мартин Лютерро дастгирӣ намуд.

Томас Мюнсер мардуми оддиро ба муборизаи мусаллаҳона даъват намуд.

Даъватҳои Мюнсер князҳою аҳли калисоро ҳам ба воҳима ва ҳам ба хашму ғазаб оварданд. Ӯ маҳбуби мардуми оддӣ буд. Боре душманонаш Томас Мюнсерро ҳабс карданӣ шуданд, вале ҷонибдоронаш бо калтаку зоғнӯл ва бел мусаллаҳ гардида, ӯро муҳофизат карданд.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.        Авфномаҳо барои чӣ фурӯхта мешуданд?

2.        Мавқеи Папаи Римро нисбат ба авфномаҳо чӣ тавр дарёфтед?

3.        Мартин Лютер кӣ буд ва чӣ мехост?

4.        Оё ислоҳоти калисо зарур буд?

5.        Томас Мюнсер чӣ мақсад дошт?

6.        Ба даъватҳои Томас Мюнсер баҳо дихед.


 

-227-

Гузариш ба саҳифаи |225|226|227|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz