¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |236|237|238|240|241|242|Интиҳо|

 

§56. ИМПЕРИЯҲОИ ҲИНДИЁН

 

ИМПЕРИЯҲОИ ТАУАН ГИНСУЙО ВА АСТЕКҲО. Давлати астекҳо аз замони қадим боз вуҷуд дошт. Вале ои дар афҳои миёна боз ҳам васеътар шуда, қаламрави  иёлотн имрӯзаи Идалто, Велакрус, Мехико, Гереро, Морелос, Пузбло, Оахака, Табаско ва Чяпасро дар бар мегирифт. Дар ғарб қаламравн астекҳо то иёлати Мичигани ИМА, дар чанубу шарқӣ то заминҳои майягиҳои Юкатан ва Гватемала паҳн гардида буд. Сарфи назар аз бузургиаш империяи астекҳо ҳокимияти пурзӯри марказонидашуда надошт. Аз ин рӯ, баъзе шаҳр-давлатҳои он мустақилияти худро нигоҳ доштанд.

Испаниҳои истилогар шаҳрҳои астекҳоро ободу зебо дарёфтанд. Шаҳри Теночтитлан, ки аз тарафи испаниҳо забт карда шуд, дорои қариб 500 ҳазор нафар аҳолӣ буд. Дар ин шаҳр биноҳои мӯҳташами сершумори ибодатхонаҳо, мактабҳо ва идораҳои давлатӣ мавҷуд буданд. Девори дарозиаш зиёда аз 400 метр маркази шаҳрро, ки ҷои муқаддас ҳисобида мешуд, иҳота мекард.

Баъди ишғоли испаниҳо дар ҷои харобаҳои Теночтитлаа шаҳри нави Мехико бунёд карда шуд, ки он пойтахти Мексикая шоҳигарии Испания гардид. Дар шаҳри Мехико маҳаллаҳои косибони гуногун мавҷуд буданд. Аз болои тамоми халқи шаҳр Тлақатлекуатл, яъне шоҳ ҳукмфармоӣ мекард. Аҳли дарбори ӯ аз амалдорони давлатӣ, лашкаркашон ва роҳбарони динӣ иборат буд. Онҳо дорои имтиёзҳои махсус буданд. Масалан, ба хазина андоз намепардохтанд.

 

 

Расми 194. Аҳромҳои Моҳтоб ва Офтоб дар Теотиуакан.

 

-236-

 

Расми 195. Акрополи марказии Тикали.

 

ИМПЕРИЯИ ИНКҲО. Дар бораи пайдоиши империяи Инкҳо ривоятҳо бисёранд. Мувофиқи яке аз онҳо Манко Капак ном шахс ва хоҳари ӯ хоҳиш ва иродаи падарашон - Офтоб - Интиро ба ҷо оварда, аз кӯли Титикака берун баромаданд, то ки ваҳшиёнро ба роҳи инсонӣ ворид карда, империяи бузурги Инкро бунёд созанд. Онҳо гӯё, ки аз падари худ гурзи калони тиллоии сеҳрноке мерос гирифта буданд. Дар рӯи он ҷои бунёди пойтахти ояндаи давлати Инкҳо нишон дода шуда буд.

Манко Капак ҷои бунёди пойтахтро танҳо тавассути ҳамин гурз ёфта метавонист. Ӯ гурзро дар чандин ҷо санҷид, вале мурод хосил нашуд. Ва ниҳоят он бо хости худо дар ҷое бо осонӣ ғӯтида рафт. Ин маънои онро дошт, ки Маҳз дар ҳамин ҷо, дар наздикии деҳаи Пакари-Тамбои воқеъ дар доманаи теппаи Уанакаури, бояд пойтахти империяи оянда бунёд карда шавад.

Ривояти дигар он аст, ки гӯё инкҳо аз чор ҷуфт бародарон ва хоҳарон пайдо шудаанд. Онҳо нимкаҳрамону нимхудо будаанд. Манко Капак ва Модар Окло дар байни ин чор ҷуфти аҷдодони инкҳо асосӣ буданд. Мувофиқи ривояти сеюм гӯё ки Манко Капак аз Эквадор будааст. Ӯ барои иҷрои хости Худованд ба роҳ баромада, ба Куско меояд, то ки империяи Инкҳоро таъсис дихад.

Чи тавре ки дидед, дар хар се ривоят ҳам қаҳрамони асосӣ Манко Капак аст. Ҳамин тариқ, империяи Инк бунёд шуд. Номи ин давлат аввал Тауантинсуйю буд.

Оғози салтанати сулолаи Манко Капак дар Тауантинсуию тахминан ба асри VI рост меояд. Баъди вафоти Манко Капак дар ин давлат паи ҳам 12 зурсти ӯ ҳукмронӣ кардааст.

 

-237-

 

Дар бораи чӣ тавр идора кардани зурети аввали Манко Капак, ки дар асрҳои ХIIIIV зиндагӣ ва ҳукмронӣ кардаанд, маълумоте нест. Таърих танҳо номҳои онҳоро медонад: Синси, Роки, Лоқе, Юпанки, Инки, Роки ва Яуара Уакака. Таърихи ҳақиқии империя аз Виракочи-Инки оғоз мешавад, ки дар ниман дуюми асри XV ҳукмронӣ кардааст. Сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки ӯ барои аз таъқиби чанкoо наҷот ёфтан аз деҳаи Какиаи водии Шакишауана мегурезад. Ин воқеа ба он оварда расонд, ки писари ӯ - Киси Юпанки Пачакутек бар зидди аҷнабиёни истилогар бархоста, қаҳрамони муборизаи озодихоҳонаи инкҳо мегардад.

Тахмин меравад, ки империяи Инкoо кдриб 130 сол вуҷуд доштааст. Дар давраи салтанати До Виракочи Инкҳо дар вилояти начандон калон - дар атрофи Куско ҳукмронӣ мекар- дақд. Киси Юпанки, ки иттифоқчии шоҳнгарии Кол буд, бо роҳу воситаҳои гуногун, ҳатто ба иттифоқчиёни собиқи худ хиёнат карда, онҳоро ба худ тобеъ менамояд. Се насли ояндаи ӯ Империяи Инкро ба авҷи тараққиёт расонданд. Инҳо Пачакутек, писари ӯ Тупак Юпанки ва ҷиянаш Уайна Капак буданд. Дар замони ҳукмронии онҳо масоҳати империяи Инк 900 ҳазор километри мураббаъро ташкил карда, дар қад-қади соҳилҳои уқёнуси Ором ба масофаи 4800 км тӯл калгада буд.

Дар байни шоҳҳои империяи Инк Тупак Юпанки ва Уайне Капак машҳуранд. Таърихнигорон онҳоро ба Филиппи II, Искандари Мақдунӣ, Чингизхон ва Наполеон баробар медонанд. Тупак Юпанки ба тахти шоҳин Инк соҳиб шуда, дар зарфи камтар аз 20 сол ҳудудҳои империяро хеле васеъ кард. Вай

Расми 196. Ибодатгоҳ дар Чичен-Иса.

 

-238-

 

қаламрави ҳозираи Боливия, Аргентина, Чили, Эквадор ва соҳилҳои Перуро ба давлати худ муттаҳид намуд. Уайне Капак забткориҳои падари худро давом дода, ҳудудҳои империяи Инкро боз ҳам васеътар намуда, онро то ба Колумбия бурда расонд. Пеш аз марги худ ӯ империяро дар байни ҳамсар ва писаронаш тақсим кард. Мубориза дар байни онҳо фоҷиаро ба бор овард. Ҷанги дохилӣ оғоз ёфта, ба таназзули империяи Тауантинсуйю (Инк) сабаб шуд. Дар чунин ҳолат испаниҳо онро бо осонӣ ишғол намуданд. Бо ҳамин ин империя аз байн рафт.

ИМПЕРИЯҲОИ УАРӢ ВА ТИАУАНАКО. Империяи Тиауанако аввал Уари ном дошт. То охирҳои ҳазорсолаи I қаламрави он кулли Титикака ва минтақаи шарқтари водии Ла - Пасро дар бар мегирифт. Вале баъд шоҳҳои ин давлат ҳудудҳои зери итоати худро васеъ намуданд. Ба он заминҳои внлоятҳои Ла-Пас, Кочабаибару ва Птосии Боливияи кунунӣ дохил шуданд. Баъдтар Тиауанако дар тамоми ҷануби Перу ҳукмрон шуд, аз он ҷумла, Куско, соҳилҳои баҳрии то Калехонле Уайлас ва биёбони Атаками воқеъ дар Чилии имрӯзаро ишғол кард.

Номи Империяи Тиаунақо аз номи шаҳри ҳамномаш бармеояд. Он дар оғози асрҳои миёна дастовардҳои қадими Инкро нигоҳ дошта буд. Вале баъд рӯ ба таназзул ниҳод. Дар қаламрави  ин давлат марказҳои дигари ободу зебои дорои маданияти баланд бунёд ёфта буданд. Яке аз онҳо Уарии воқеъ дар водии дарёи Мантарои музофоти Уанта буд. Иншоотҳон бинокории ин шаҳр масоҳати бузургро ташкил мекард. Сарфи назар аз ин, Уари аз ҷиҳати сатҳи меъморӣ ва муҷассамасозӣ аз

Расми 197. Харобаҳои бузурги шаҳри Тулуми Юкапшн.

 

-239-

 

Тиауанако пасттар буд. Олимон Уариро шакли империи давлатдории Перуи қабл аз мустамликашавӣ номидаанд. Заминҳои ин империя аз Кахимарки ва Ламбаске то Куско ва Аракипро доман паҳн карда, пойтахташ шаҳри Уари буд.

Гуфтаҳои болоиро ҷамъбаст карда, ба хулоса меоем, ки дар байни солҳои 500 ва 900 дар ҷои империяи Инкҳо ду империя вуҷул дошт, ки марказҳои онҳо Уари ва Тиауанако буданд. Империяи аввал дар шимол тамоми соҳилҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ аз Чиками то Каҳамарки, дар ҷануб Оконӣ ва Сикуаниро дар бар мегирифт. Империяи дуюм дар заминҳои ҷануби водии Махас ва Арекип ва соҳилҳои шимолию навоҳии кӯҳии Чилии имрӯза воқеъ буда ҳукмрон буд. Деҳкадаҳои Пачекамак. Виста-Алегра ва Каҳамаркилии Уари ба шаҳрҳои калони ободу зебо табдил ёфтанд. Вале дар асри VIII ин империя рӯ ба таназзул ниҳода, пароканда мешавад. Империяи Тиаунако муддате то таъсвси империяи Инк арзи вуҷуд допгг.

 

 

 

 

 

Расми 198. Қасри

Кесаштаяотг

Теотиуакан.

 

-240-

ИМПЕРИЯИ ГОЛТЕКҲО. Дар оғози асри X ба водии Мехико барбариҳо ҳамла карданд. Пешвои онҳо Мишкоатл буд. Дар ин ҷо истилогарон бо мардуми дорои маданияти маҳаллии Теотиуакан омезиш ёфта, номи толтеқатлро гирифтанд, ки маънояш "устоҳо", "мусаввирҳо" мебошад. Барбариҳо маданияти сокинони Теотиуаканро қабул карданд. Бо мурури замон дар бораи давлати Толтекҳо ривоятҳои бисёр ба вуҷуд омадаанд.

Мувофиқи онҳо Мишкоатл пойтахти давлати худро дар Кулхуакан асос гузошта, баъд ба ишғоли водиҳои гирду атроф шурӯъ мекунад. Тахминан ҳамин вақт ҳамсараш Чималман
писар - Се-Ақатл Топилсииро таваллуд мекунад. Вале дере нагузашта, Мишкоатлро қотиле кушта, ба ҳокимияти Теотиуакан соҳиб мешавад. Писари Мишкоатл дар оилаи модараш тарбия ёфта, роҳиби олии худо Кесалкоатл мешавад ва бо тақозои урфу одат номи Се-Ақатл Топилсинро қабул мекунад.

Вақте ки Се-Ақатл Топилсии ба воя мерасад, ба Кудхуакан рафта, қотили падарашро таслим кард. Баъд аз ин ҳукмрони олии Толтек шуд. Шоҳи нав ба пойтахти нави империяи Толтекҳо асос гузошт, ки он Тулу Шикокотитлан ном гирифт. Шоҳии Се-Ақатл Топилсин Кесалкоатл дар империяи Толтекҳо 19 сол давом кард.

ШОҲИГАРИИ КИТО. Дар бораи ин шоҳигарии ҳиндуҳо Хуан Веласко ном шахси марбути мазҳаби иезуити масеҳӣ, ки шоҳи Испания Карли 11 ӯро барои ақидааш аз Перу ронда буд, дар китоби Таърихи шоҳигарии Кито нақл мекунад. Ӯ менависад, ки аз замони "обхезии ҷаҳонӣ" дар ноҳияи Кито то соли 700 ва ё 1000 халқе зиндагӣ мекард, ки ба он кара ном қабилае ҳамла намудааст. Он дар зери роҳбарии доҳӣ - Шири ба ҷануби мамлакат ҳамла меорад ва ағбаи Андро фатҳ карда, қабилаҳои кайомби, стенвало, уака, фурса, латакунга ва амбаторо ба худ тобеъ мекунад.

Давлати Кито музофотҳои Каняр, АсуАлӣ ва Эл-Ороро дар бар мегирифт. Дар ин давлат аз ҳамин вақт сар карда, сулолаи шоҳҳои Шири ҳукмронӣ мекард. Давлати Кито дар замони ҳукмронии Ширии XII ба авҷи тараққиёти худ мерасад. Оқибат дар давраи салтанати Ширии XVI, ки зане буд бо номи Пакча барҳам мехӯрад. Вале Пакча худи истилогар - Инку Уайя Капакаро мафтун карда, онҳо издивоҷ мекунанд. Аз никоҳи онҳо писаре таваллуд мешавад, ки ӯро Атауалпа меноманд. Ҳамин тариқ, шоҳигарии Кито бо Инк тобеъ мешавад.

Дар Америкаи асрҳои миёна шоҳигарию империяҳои дигар ҳам вуҷуд доштанд. Вале ягонтои онҳо ба он дараҷа пурзӯр набуд, ки ба истилогарони аврупоӣ истодагарӣ карда, то ба охир истиқлолияти худро ҳимоя карда тавонад.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.        Империяи Астекҳо куҷоҳоро дар бар мегирифт?

2.        Шаҳри Теночтитпанро тавсиф кунед.

3.        Дар бораи шаҳри Мехико чиҳо медонед?

4.        Дар бораи пайдоиши империяи Инкҳо кадом ривоятҳо вуҷуд доранд?

 

-241-


 

5.        Манко Капак кӣ буд?

6.        Дар замони ҳукмронии кадоме аз ворисони Киси Юпанки империяи Инкҳо ба авҷи таракққиёти худ расид?

7.        Дар бораи империяҳои Уари вя Тиауаиако нақл кунад

8.        Мишкоатл кӣ буд?

9.        Дар бораи шоҳии Кито чиҳоро медонед?

 

-242-

Гузариш ба саҳифаи |236|237|238|240|241|242|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz