¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |242|243|244|245|246|247|248|Интиҳо|

 

§57. АМЕРИКАРО ИСТИЛО КАРДАНИ АВРУПОИЁН

 

Расми 199. Харитаи баҳрии сояи 1500.

РӮ БА ТАРАФИ ҒАРБ. Дар замони қадим ҳангоми сафар шамолҳои сахт киштиҳои бахрнавардони Фаронса, финикиҳо, этрускҳо, юнониҳо ва римиҳоро ба уқёнуси кушоди Атлантика мебурд. Шикастапораҳои ин киштнҳоро ҳиндуёни Америка борҳо дар соҳилҳои Атлантика вохӯрдаанд.

Дар оғози асрҳои миёна дар ин уқёнус киштиҳои келтҳо, баскҳо ва скандинавиҳо пайдо мешаванд. Давлатҳои алоҳидаи Аврупо зкспедитсия ташкил карда, кӯшиш ба харҷ медоданд, ки Атлантикаи Шимолиро омӯзанд ва заминҳои навро кашф кунанд. Ин буд, ки дар асрҳои VII-XV ҷазираҳои Бранданаи Муқаддас, Антилия, Стокафикс ва Бразил кашф карда шуданд. Оид ба заминҳои Ғарб қиссаҳо ҳам бофта мешуданд. Мувофиқи як киссаи ирландӣ дар Ғарб мамлакати гул-гулшукуфони абадзинда Маг-Мелд воқеъ гардидааст. Дар як қатор қиссаҳо сафари Гонд- ла, Майл-Дуна ва Брина ном баҳрнавардони афсонавӣ ситоиш карда мешуданд. Мувофиқи як ривояти галлҳо писари Аэддак-Гафран барои ҷустуҷӯи ҷазираҳо ба Ғарб раҳсипор шуда, дигар барнагаштааст.

Кашфиётҳои ондавраинаи аврупоиҳо дар харитаҳои тартибдодаи

 

-242-


 

Мартин Бехайм (с. 1492), Пичигани (с. 1367), Андреа Бианки (с. 1436) ва харитаи китобхонан Веймар (с. 1424) инъикос ёфтаанд.

Аниқ маълум аст, ки бахранавардони ирландӣ соли 795 дар ҷазираи Исландия лангар партофтаанд. Соли 861 киштии викингҳои норвегиро бо сардории Наддод ба ин ҷазира бурда буд. Соли 920 исландне, ки Гумбрён ном дошт, ба тарафи Ғарб шино карда, соҳилҳои Гренландияро кашф кард. Соли 983 Эйрики Зард дар Гренландия мустамликаи худро ташкил намуд.

Баҳрнавардони скандинавию гренландӣ тадқиқи Ғарбро идома дода, ба ин самт экспедитсияҳои сершумор ташкил менамуданд. Соли 1003 бо сардории Торфин Карлсефни аз Гренландия экспедитсияи иборат аз се киштй раҳсипор шуд, ки дар ҳайати он 140 нафар баҳрнавард буд. Онҳо зимистон дар чазираи Страумей монда, аввалин шуда ба сокинони маҳаллй - скерлингхо вохӯрданд. Ҳангоми бозгашт дар Маркленд скандинавиҳо панҷ аборигенро дастгир карда, ба Гренландия бурданд ва ба Онҳо забони исландиро омӯзонданд.

Чӣ тавре, ки мушоҳида кардед, аз Аврупо ба Ғарб барои кашфи заминҳои нав экспедитсияхои сершумор рафтуо мекарданд. Вале экспедитсияҳои Христофор Колумб ва Америго Веспуччи муҳимтарини онҳо буданд. Соли 1492 Христофор Колумб ҷазирахои Куба ва Гаитиро кашф карда, он ҷоро Ҳиндустон пиндошт.

Расми 200. Сокинони нави Америка - сафедпӯст ва зангӣ.

Соли 1506 Америго Веспуччи, ки Америкаи Шимолӣ ва ҳавзаи баҳри Қарибро тадқиқ мекард, эълон дошт, ки X. Колумб замини то ҳол номаълумро кашф кардааст. Қитъаи нав номи Америгоро гирифт, ки он баъдтар ба Америка табдил ёфт.

Баъд аз он ки Америго Веспуччи оид ба қитъаи нав ба аврупоиён хабар расонд, ҳукумати Испания ба Амери- ка паси ҳам экспедитсия равон кардан мегирад. Акнун дар назди ин экспедиятсияҳо вазифаҳои нав гузошта шуда буданд. Аз он ҷо бояд тилло пайдо намоянд ва ҳиндуёнро ба ғуломй табдил диҳанд. Бинобар ҳамин сабаб ба ҳайати экспедиятсияҳои нави ис-

 

-243-

 

Расми 201. Кӯдаки аз марди испанию зани квартиронӣ ба дунёомадаро испанй меҳисобиданд.

паниҳо дастаҳои хуб мусаллаҳбудаи аскарон низ шомил буданд.

ЗАБТИ МЕКСИКА. Бо мақсади забткунӣ соли 1519 бо тахти сарварии дворянини испанӣ Кортес дастаи хуб мусаллаҳшудаи 400-нафара ба соҳилҳои Мексика фуруд меояд. Ин вақт дар байни қабилаҳои ҳиндуён ягонагӣ набуд.

Қабилаҳои маҳаллӣ аз тарафи астекҳо тобеъ карда шуда буданд. Аз ин рӯ, испаниҳоро ҳамчун озодкунандагони худ пиндошта, ба Онҳо ёрӣ ҳам мерасонданд. Як қисми ҳиндуҳо ҳатто ба дастаи мусаллаҳи испаниҳо ҳамроҳ шуда, дар натнҷаи ин нерӯҳои ҳарбни нстилогаронро афзун намуданд. Чунин қувва ба Кортес имконият дод, ки забткории худро дар Мексика идома бидиҳад. Ӯ дастаи худро ба ҷониби шаҳри Теночтитлан бурд. Испаниҳо ин шаҳрро ишғол карда, ба он Мехико ном гузоштанд.

Ин вақт ҳиндуён аз силоҳи оташфишон бехабар буданд. Аз ин рӯ, дар баробари аз тӯпҳо оташ кушодани испанихо ҳиндуён ба даҳшат меомаданд. Ба ин силоҳ чизеро муқобил гузошта натавониста, шикаст хӯрданд. Ҳокими астекҳо маҷбур шуд, ки ба истилогарон муросо карда, ба онҳо иҷозат диҳад, ки ба шаҳр дароянд.

Вале Кортес ба нн муваффақияти худ каноат накарда, бо найранг ҳокими астекҳоро зиндонӣ карда, мамлакати астекро аз номи ӯ идора кардан мегирад. Ӯ ба гардани мардум андози вазнин бор кард, ки он бояд бо тилло пардохта мешуд. Кортес ҳиндуёнро маҷбур сохт, ки ҳокимияти короли Испанияро эътироф кунанд. Испаниҳо дар қасри ҳокими астекҳо хазинаи ашёҳои тиллоию сангҳои қимматбаҳоро ёфта, онро ба яғмо бурданд. Ин боигарии бузург дар байни Кортес, короли Испания ва сарбозон тақсим карда шуд.

Баъди чанде астекҳо бар зидци испаниҳо шӯриш бардошта, Кортесро маҷбур сохтанд, ки фирор кунад. Баъд аз Куба ба ёрии ӯ дастаи хуб мусаллаҳбудаи испаниҳо омад, ки дар ҳайати он

 

-244-


 

Расми 202. Эрнан Кортес.

ҳиндуён ҳам буданд, Кортес шаҳри Мехикоро муҳосира кард. Шаҳр аз оби нӯшокию хӯрокворӣ махрум шуда, қариб ҳамаи аҳолии сокини он ҳалок гардид. Ҳамга тариқ, нспаниҳо ба шаҳри Мехикои беодам ворид шуда, дар он чо ҳокимияти худро аз нав барқарор карданд.

ЗАБТИ ПЕРУ. Дар ҳамин давра истилогари днгари испанӣ Писаррои бесавод, вале золиму хеле боғайрат бо дастаи 200-нафараи худ ба Перу - давлати Инк ҳамла карда, онро ишғол намуд.

Писарро низ барои асорати ҳокими Инк аз фиребу найранг истифода бурда, ӯро ба музокирот даъват намуд ва аҳдшиканона ба мақсад расид. Сипас Писарро аз инкҳо талаб кард, ки барои озод кардани ҳокими худ маблағи  калон бидиҳанд, яъне хонаеро пур аз тилло кунанд. Ҳиндуён ин талабро иҷро  намуданд. Испаниҳо баъди гирифтани ин қадар боигарӣ бандии худро ба қатл ҳукм карданд.

Расми 203. Фратиско Писарро.

Шоҳи инкҳоро нест карда, испаниҳо ибодатхонаҳои қадимаи инкҳоро талаю тороҷ намуданд, ёдгориҳои беҳамтои ҳиндуёнро несту нобуд карданд. Маснуоти дорои қиммати баланди маданиро, ки асосан тиллою нуқра буданд, гудохта, дар байни худ тақсим намуданд. Ҳамин тариқ, испаниҳо маданияти бою нотакрори ҳиндуёни Америкаро несту нобуд карданд.

ЗАБТКОРИҲОИ ПОРТУГАЛИҲО. Португалиҳо забткориҳои худро аввал дар Осиё оғоз намуданд. Шоҳи Португалия паси ҳам ба ҷониби Ҳин- дустон корвонҳои киштиҳоро равон мскард. Боре дастаи калони ин киш- тиҳо дар уқёнуси Атлантика роҳгум зада, ба соҳилҳои шарқии Америкаи Ҷанубӣ рафта расид. Португалиҳо тасодуфан Ҳамин қисмати Америкаи

 

-245-


 

Расми 204. Конкистадор Эрнандо де Сато.

Ҷанубиро аз они худ карданд, ки он Бразилия имрӯза буд. Қисматхои дигари ин ҷоро Испания ишғол кард. Ҳамин тариқ, Бразилия мустамликаи Португалия шуд.

ОҚИБАТҲОИ ЗАБТКУНИҲОИ АВРУ-ПОИЁН. Бо ҳамроҳии исти» логарони мусаллаҳи испанию португалӣ ба Америка рӯҳониёну роҳибон ҳам рафта, бо фиребу най- ранг ва бо зӯрӣ ҳиндуёнро ба дини масеҳй мегардонданд. Онҳоеро, ки ба аврупоиҳо сар намефуроварданд, азобу шиканҷа медоданд ва ҳатто қатл мекарданд. Испаниҳою порту- галнҳо золимии худро нисбат ба ҳиндуён сафед карда мегуфтанд, ки Онҳо бешуур ва ваҳшианд. Калисои масеҳй ба истилогарон дар забти Америка харҷониба ёрӣ мсрасонд.

Аврупоиҳо дар баъзе минтақаҳои Америка хнндуёнро қариб пурра қир карданд. Масалан, то миёнаҳои асри XVI аҳолии маҳаллии ҷазираи Куба ва сокинони ҷазираҳои дигари баҳри Қарибро несту нобуд карданд.

Дар натиҷаи истилогарихои аврупоиҳо савдои ғуломон дар Америка авҷ гирифт. Ғулоион ба ин ҷо бештар аз Африқо оварда, фурӯхта мешуданд. Мустамликадорон қисми зиёди ҳиндуёнро низ ба ғуломй мефурӯхтанд.

Забткориҳои аврупоихо ба васеъшавии тиҷорат дар Америка ва Аврупо мусоидат намуданд. Аврупоиҳое, ки ба Америка муҳо- ҷир шуда меомаданд, бо худ молхои зиёди саноатиро меоварданд.

Забткорихои мустамликавй дар Америка боиси пайдоиши марказҳои ҷахонии тиҷорат мешаванд. Ин марказхо дар бандархои Португалия, Нидерландия, Италия ва Англия бунёд гардиданд. Шаҳри Антверпени Нидерландия маркази асосии тиҷоратн ҷаҳонй шуд. Ба бандархои бузурги он ҳар рӯз аз 200 то 300 киштй бор мефуровард. Ин шаҳр дарвозаи Аврупо ҳам буд. Ба он корвонҳои мол аз Америка низ ворид мегардиданд.

Испаниҳою португалихо дар баробари ба Аврупо овардани молу сарвартҳои гуногун, инчунин ба ин ҷо ҷуворимакка,

 

-246-


 

тамоку, помидор, карам. картошка, батат ва зироатҳои дигарро оварда, киштукор ва парвариш мекарданд.

Вале натиҷаи асосии забткориҳои аврупоиён дар Олами Нав ба мустамликаи онҳо табдил дода шудани қитъаи Америка мебошад.

 

ТАСАВВУРОТИ МУСАВВИР

Дар Аврупо ииз аз кашфиётҳои америкоии худ ба ваҷд меомаданд. Карли V дар шаҳрҳои гуногуни импсрияи ҳуд тӯҳфаҳои тиллоӣ, нукрагй, сангҳои қимматбаҳо, газворҳои нодир ва ашёҳои аз пари парранда тайеркардашударо, ки Кортес ба ӯ ҳамчун тӯҳфа фиристода буд, ба намоиш мегузошт. Яке аз нн намоишгоҳдоро мусаввнри немнс А. Дюрар тамошо карда, таасуроти худро чунин баён доштааст:

"Инчунин ашёҳои тиллогини аз мамлакати дигар овардаи шоҳро дидам - офтоби... тиллои хоса, моҳтобн Ҳамин қадар калони нухрагин, ороиши ҳарбӣи аз се филиз сохташуда. Ду хонаи калони аз ҳар ғуна аслюй, сипар. сурнайҳои ҳарбӣ, силоҳи аҷоиби мудофиавй, сару либоси ноёб... ва шумораи беҳисоби ашёхои таъиноти гуногуни дорои сифати баландтарини нест андар ҷаҳон пур буд. Арзиши ҳамаи нн ашёҳои бузург ба 100 хазор флоран баробар дониста шудааст.

Дар умрам то хол чизеро надида будам, ки маро ин кадар ба ҳаяҷон оварда бошад, чуноне, ки ин ашёҳо ба ваҷд оварданд. Дар байни онҳо асарҳои оличаноби санъатро дидам, ки ба мак фавқулистеъдоди эҷодни ин ҳама мӯъҷизаро кушо^а доданд..."

Аз китоби Мануэп Гвпич "История доколумбовых цивилизаций',

М.: Мыспь, 1990, сaҳ. 101-103.

 

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО                                                              

1.        Кадом хапкҳои Аврупо ба омӯзиши уқёнуси Атлантик оғоз намуда буданд?

2.        Христофор Колумб кай ва кадом ҷазираҳои баҳри Қарибро кашф кард?

3.        Америго Веспуччи кадом хатои Колумбро ислоҳ кард?

4.        Номи Америка аз куҷо пайдо шудааст?

5.        Дар бораи аз тарафи Кортеси испанӣ забт карда шудани Мексика маълумот диҳед.

 

-247-

 

6.        Оё астекҳо бар зидди истилогарон мубориэа мебурданд?

7.        Аз ҷониби Писарро ишғол карданм давлати Инк (Перу) кай ва чӣ тавр сурат гирифт?

8.        Португалиҳо чӣ тавр Бразилияро ишғол намуданд?

9.        Забткориҳои аврупоиён дар Америка барои ҳиндуиён ва истило- гарон чӣ оҳибатҳо доштанд?

10.    Натиҷаи асосии ин забткориҳоро эаён кунед.

11.    Сарчашмаро омӯхта. бо ҳамсинфэнатон муҳокима кунед.

 

-248-

Гузариш ба саҳифаи |242|243|244|245|246|247|248|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz