¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

Гузариш ба саҳифаи |35|36|37|38|39|40|Интиҳо|

 

§8. ИМПЕРИЯИ ТАН

 

ТАЪСИСЁБИИ ИМПЕРИЯИ ТАН. Империяи Тан соли 618 таъсис ёфта, асосгузори он Ли Юан аз сулолаи Тан буд. Аз ин рӯ, ин империя номи Танро гирифтааст. Пойтахти империя шаҳри Чанъан (ҳоло Сиан) ном дошт ва ниҳоят калон буда, дар асри VIII аллакай дорои 1 миллион нафар аҳолӣ будааст. Пойтахти дуюми империяи Тан шаҳри Лоян буд.

Империяи Тан тахминан 300 сол умр дидааст. Императори нисбатан пурзӯри сулолаи Тан Ли Ши-мин (626-649) буд, ки ӯро Тайсзун ҳам меномиданд. Дар натиҷаи якчанд ҷанги

 

-35-

 

 бомуваффақият ба Ли Ши-мин муяссар гардид, ки ҳудуди империяи худро васеъ кунад. Қаламрави империяи Тан дар шимол то дарёи Амур ва Хинган, дар ҷануб то Ҳиндустон ва Сиам, дар шарқ то Корея ва дар ғарб то сарҳадҳои Осиёи Марказиро дар бар мегирифт.

Империяи Тан дар аҳди ворисони Тайсзун давлати калонтарини Осиё ба шумор мерафт. Махсусан, дар аҳди малика V Тсзэ-тян (656-705), ки ӯро Ухсу ҳам ном мебурданд, пурқувват гардид. Ӯ пуштибони дини буддоия буд.

ИДОРАИ ИМПЕРИЯИ ТАН. Империяи бузурги Тан дар аҳди Ли Ши-мин тавассути амалдорони сершумори император идора карда мешуд. Ин император барои амалдорони давлатӣ унвонҳои махсус таъсис дод. Ҳамаи амалдорон ба нӯҳ дараҷа тақсим карда шуда буданд. Ҳар кадоми онҳо мувофиқи дараҷаи унвонашон дорои қитъаи муайяни замин буданд, ки ба онҳо ба ивази хизмат дода мешуд. Яъне, ҳар қадаре ки дараҷаи унвони амалдор баландтар бошад, ба ӯ ҳамон қадар зиёдтар замин дода мешуд.

Дарбори император ҳамагӣ  6 идора дошт. Онҳо вазифаҳои вазоратҳои зеринро иҷро мекарданд: вазорати унвонҳо, вазорати андозҳо, вазорати ҳарбӣ, вазорати додгоҳи ҷиноӣ, вазорати корҳои ҷамъиятӣ ва вазорати расму оинҳо. Ҳар кадоми онҳо дар мамлакат мувофиқи номашон вазифаҳои муайянро иҷро мекарданд. Вазорати андозҳо ба ҷамъоварии андоз ва ворид кардани он ба хазинаи давлатӣ машғул буд; вазорати ҳарбӣ ҳамаи он корҳоеро, ки ба дифоъи мамлакат, аскару афсар ва артиш марбут буд, ба ӯҳда дошт; вазорати унвонҳо ба амалдорон ва ашхоси дигар унвон медод ва ё номзадии онҳоро ба император ва ё амалдори дигари ҳокимияти марказӣ пешниҳод мекард; вазорати урфу одатҳо иҷро иши мурофиаҳои динию миллиро назорат ва танзим менамуд; вазорати додгоҳи ҷиноӣ ҳамаи масъалаҳои тафтиши ҷиноятҳо, мурофиаи судӣ ва иҷрои ҳукми додхоҳҳоро иҷро мекард ва вазорати корҳои ҷамъиятӣ бошад, ба сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ, ҷӯйборҳо, роҳҳо, устохонаҳои косибии давлатӣ ва корҳои дигари таъиноти маҳаллӣ ва ё умумидавлатӣ махсус гардонида шуда буд.

Барои роҳбарӣ ба музофоту вилоятҳо император ҳокимонро таъин мекард, ки салоҳияти онҳо ба губернатор баробар буд. Ҳар як вилоят ба музофотҳо, музофотҳо ба уездҳо, уездҳо ба волостҳо ва волостҳо ба деҳаҳо тақсим карда шуда буданд. Гурӯҳҳои аз ҳама поёни ҷомеаи деҳаҳо иттиҳоди ҳавлиҳо буданд, ки ҳар

 

-36-


кадом пан
ҷ ҳавлиро дар бар мегирифт. Дар сурати андозҳоро пардохта натавонистани яке аз ҳавлиҳо аъзоёии дигари ин иттиҳод қарзи якҷоя мепардохтанд. Ин усули рӯёнидани андозро "дастгирии ҳамдигарӣ" меномиданд.

КИШОВАРЗӢ. Дар замони ҳукмронии сулолаи Тан дар Чин низоми ташаккули мулкҳои давлатии заминҳо пурра анҷом ёфт. Амалдорони давлатӣ ҳамаи заминҳои мамлакатро ба ҳисоб гирифтанд, то ки бо ин роҳ заминҳои давлатӣ зиёд карда шаванд. Дар ин заминҳо кишоварзони давлатӣ кор мекарданд. Онҳо ба давлат андози калон мепардохтанд, инчунин дар як сол аз 20 то 30 рӯз корҳои давлатиро бепул иҷро мекарданд. Бо мурури замон қисми зиёди заминҳо ба ихтиёри амалдорон гузашт. Деҳконон камзамин ва безамин мешуданд.

ИМПЕРИЯИ ТАН ДАР АСРҲОИ VIII—IX. Дар асри VIII маҷмӯаи қонун  ҳои империяи Тан тартиб дода шуд, ки он аз 6 маҷмӯаи алоҳидаи ифодакунандаи тарафҳои гуногуни ҳаёти давлати Тан иборат буданд. Қонун  ҳои дар ин маҷмӯаҳо инъикосёфта имконият медоданд, ки империяи Тан тараққӣ кунад ва ҳам ҳуқукуҳои ҳалқ хифз карда шаванд.

Расми 17. Киштукори кишаварзони Чин.

Дар ин давра Чин бо давлатҳои зиёди Осиё робитаҳои хуби тиҷоратӣ дошт, аз он ҷумла, бо Хилофати Араб, Ҳиндустон, Сиам ва Ветнам. "Роҳи абрешим", ки аз Чанъан ба ҷониби Осиёи Марказӣ тӯл мекашид, Чинро бо мамлакатҳои Осиёи Шимолӣ, Ғарбӣ ва Ҷанубӣ мепайваст. Чин роҳи баҳрӣ ҳам дошт, ки он қад - қади соҳилҳои шарқии Чинро ба мамлакатҳои Осиёи Ҷанубию Шарқӣ ва Ҳиндустон мепайваст. Тоҷирони Чин абрешим, чиниворӣ ва молҳои дигарро дар бозорҳои ин мамлакатҳо фу рӯхта, даромади калон ба даст медароварданд.

Вале ин ҳама муваффакиятҳои Чин то солҳои 70 - уми асри VIII буд. Баъди ин империяи Тан рӯ ба таназзул ниҳод. Ин вақт хароҷоти давлатӣ аз ҳад зиёд шуд. Барои ҳамин императорҳо ба кишоварзон андозҳои нав ба нав бор мекарданд.

 

-37-

 

 

Ба замми мушкилоти андоз ҳазорон кишоварзон ба касалии вабо гирифтор шуда, талаф меёфтанд. Ин буд, ки шумораи кишоварзони давлатӣ сол то сол кам шуда, аз ҷониби онҳо ба хазинаи давлатӣ маблағи ночиз ворид мегардид. Дар чунин шароит кишоварзон ба соҳибони замин торафт бештар тобеъ мешуданд. Заминдорон аз меҳнати ин кишоварзон даромади калон ба даст медароварданд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки соли 780 ҳукумати Тан дар низоми андозситонии мамлакат ислоҳот гузаронид. Аз рӯи қонун  и нав, ки онро Ян Ян ном шахс таҳия карда буд, андозҳо натанҳо аз деҳқононе, ки порчаи хурди замин доштанд, ситонида мешуданд, балки аз онҳое ҳам ситонида мешуданд, ки заминдори калон буда, заминҳои давлатиро ҳам муваққатан дар ихтиёри худ доштанд. Муҳиммии ин қонун   аз он иборат буд, ки заминдорон маҷбур буданд андози деҳконони дар заминҳои онҳо кор мекардагиро ҳам пардозанд. Ин ислоҳот аҳволи кишоварзони Чинро каме беҳтар кард.

Расми 18. Деҳаи Чии.

Дар охирҳои асри VIII вазъи сулолаи Тан ва ҳокимияти марказии он рӯ ба таназзул ниҳод. Аз ин аҳвол ҳокимону лашкаркашон хуб истифода бурда, мехостанд, ки истиқлолият ба даст дароранд. Ин қабил амалдорон дигар аз император наметарсидагӣ шуданд. Дар натиҷа соли 785 фармондеҳи артиш Ан Лу-шан ба муқобили император шӯриш бардошт. Дар ин шӯриши зиддиҳукуматӣ лашкари 120-ҳазорнафара иштирок кард. Соли 786 ба Ан Лу-шан муяссар гардид, ки ҳар ду пойтахти империя - шаҳрҳои Чанъан ва Лоянро ишғол намояд. Император маҷбур шуд, ки фирор кунад. Вале ӯ соли дигар ба пойтахт баргашта, шӯриши Ан Лу-шанро бо ёрии қабилаҳои бодиянишини зархарид, ки дар байни онҳо теъдоди ӯйғурҳо бештар буданд, пахш кард. Сипас, дар ҷануби мамлакат ҳам шӯришҳо ба амал омаданд, вале, мисли шӯриши Ан Лу-шан шикаст хӯрданд.
 

-38-

 

ШӮРИШИ ХУАН ЧАО. Баъди қариб 100 соли шӯриши Ан Лу- шан солҳои 875-884 дар Чин бо сабаби қашшоқию беадолатӣ шӯриши калонтарини деҳқонон ба амал омад, ки сарвари он дӯкондори намакфурӯш Хуан Чао буд. Шӯриши мазкур аввал дар музофотҳои Шандун ва Хэбей сар зада, баъд ба Чини Марказӣ ва музофоти Хэнан роҳ меёбад. Соли аввали шӯриш сафҳои он то 100 ҳазор нафарро ташкил мекард. Баъд шумораи шӯришчиён афзуда, соли 880 ба 250-300 ҳазор нафар расид.

Расми 19. Императори охирини сулолаи Ли Ши-мин.

Баъд аз забти Чанъан Хуан Чао худро "императори деҳконон"-и Чин эълон кард. Ба анъанаи чиниҳо пайравӣ карда, Хуан Чао тахаллуси императории "Да Тси"-ро қабул кард. Ӯ эълон дошт, ки "император ғайр аз пуштибонӣ карданн халқи оддӣ кори дигар нахоҳад кард".

Хуан Чао, ки қароргоҳаш дар Чанъан буд, вазифаи императорни Чинро ҳамагӣ ду сол иҷро кард. Соли 884 императори сулолаи Тан бо ҳамроҳии анбӯҳи бузурги уйғурҳо, тангутҳо ва қабилаҳои дигари бодиянишини шимолу ғарб ба пойтахт баргашта, шӯриши Хуан Чаоро бераҳмона пахш кард. Роҳбари шӯриш Хуан Чао аз Чанъан фирор карда, ба Хунан рафт ва дар он ҷо худкушӣ намуд.

БАРҲАМ ХӮРДАНИ ИМПЕРИЯИ ТАН. Сарфи назар аз ин ки сулолаи Тан шӯриши дехқононро торумор кард, империяи таназзул ёфтан ин сулола дигар ба худ омада натавонист. Императорони Тан баъд аз шӯриши деҳқонон дар Чин боз чандин соли дигар ҳукмронӣ карда бошанд ҳам, ҳокимияти онҳо тамоми Чинро фаро нагирифт. Дар ибтидои асри X дар шимол давлати бузурги кидониён ташкил шуд. Давлати нав, ки Ляо ва пойтахташ Янтсзин ном дошт, қаламрави бузургро дар бар мегирифт. Императорони Ляо Манҷурия, қисми Муғулистон ва як қисми шимоли Чинро ишғол карда буданд.

Империяи Тан соли 907 барҳам хӯрдааст. Баъди барҳамхӯрии империяи Тан Чин дар тӯли даҳсолаҳои зиёд дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт.

 

-39-

 

ЛУҒАТ

Унвонҳо - рутбае аст, ки ба соҳибаш ҳуқуқ ва имтиёзҳои махсус медиҳад.

Мулкҳои давлатӣ - заминҳое, ки ба давлат тааллуқ доштанд ва онҳо асосан дар ихтиёри император буданд.

"Роҳи бузурги абрешим" - бо ин роҳ тоҷирони чинӣ ба мамлакатҳои ғарбии Осиё, Африқо ва Авруло молҳои абрешимӣ бурда мефурӯхтанд. Аз ин роҳ тоҷирони мамлакатҳои дигар низ истифода мебурданд.

Губернатор - амалдоре, ки император барои идораи музофот ва ё вилоятҳои Чин таъин мекард.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.      Империяи Тан кай ва чӣ тавр таъсис ёфтааст?

2.      Дар бораи шаҳри Чанъан чиҳо гуфта метавонед?

3.      Дар бораи империяи Танро идора кардани Ли Ши-мин наҳл кунед.

4.      Кадом вазоратҳои империяи Танро медонед?

5.      Чаро Ли Ши-мин 9 дараҷаи унвонҳоро таъсис намуд?

6.      Губернатор кадом вазифаро иҷро мекард?

7.      Иттиҳоди панҷ ҳавлӣ чист? Он барои чӣ гаъсис дода мешуд?

8.      Шӯриши Ан Лу-шанро шарҳ диҳед.

9.      Дар бораи шӯриши деҳқонон дар зери роҳбарии Хуан Чао ба ҳамдигар савол диҳед.

10.  "Императори деҳқонон" чӣ ном дошт?

11.  Империяи Тан кай ва чӣ тавр барҳам хӯрд?

 

-40-

Гузариш ба саҳифаи |35|36|37|38|39|40|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz