¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

Гузариш ба саҳифаи |40|41|42|43|44|Интиҳо|

 

§9. ИМПЕРИЯИ СУН

 

 ТАЪСИСЁБИИ ИМПЕРИЯИ СУН. Тахминан баъди 50 соли барҳамхӯрии империяи Тан Чин дар ҳолати таназзул ва парокандагӣ қарор дошт. Хоҷагии он ақиб рафт. Аз парокандагии Чин махсусан, соҳаи кишоварзӣ зарари калон дид. Вале дар миёнаҳои асри X ҳунармандию кишоварзӣ ва тиҷорати мамлакат пеш рафт. Чандин ҳокими вилоятҳо ва лашкаркашон кӯшиш ба харҷ доданд, ки ҳокимияти кидониёнро барҳам зада, Чинро ба зери ҳокимияти худ дароранд. Яке аз чунин шахсҳо лашкаркаши Чини Шимолӣ Чжао Куан - ин - асосгузори сулолаи Сун буда, дар якчанд муҳориба кидониёнро мағлуб карда, империяи Сунро таъсис дод. Пойтахти империя аввал шаҳри Биян буд, ки ҳоло Кайфон ном дорад. Вале дар охирҳои мавҷудияташ пойтахти Сун ба шаҳри Ханчжоу кӯчонида шуд.

 

-40-

 

ИҚТИДОРИ ИМПЕРИЯИ СУН. Шоҳҳои сулолаи Сун бар зидди ҳокимони саркаши Чин муддати дуру дароз мубориза бурданд, вале ба онҳо муяссар нашуд, ки тамоми вилояту музофотҳои Чинро ба зери ҳокимияти  худ дароранд. Ҳокимони вилоятҳо ҳокимияти  сулолаи Сунро эътироф накарда, оҳиста- оҳиста давлатҳои  мустақили худро ташкил мекарданд. Қабилаҳои  турк, муғулин  ва уйғурҳо ҳам ба императори Сун итоат намекарданд. Вале оқибат ба ӯ муяссар шуд, ки ба худ ҳатто натанҳо, уигурхо ва кидониён, инчунии қаламрави Аннамро тобеъ кунанд. Ҳукумати сулолаи Мун бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Сиам ва Корея муносибатҳои тиҷоратӣ дошт.

Ба ҳар ҳол империяи Сун нисбат ба империяи Тан заифтар буд. Он ба мамлакати пурзӯри марказиятнок табдил наёфт.

Расми 20. Ҳарфдони барои чоп ҳуруф чинишуда.

ИСЛОҲОТИ ВАН АН-ШИ. Ван Ан-ши (1021-1086) шахсан дар яке аз музофотҳои Чин ба сифати амалдор кор карда, шоҳиди қашшоқию бенавоии гӯшношуниди аҳолӣ ва бедодгарии ашрофони заминдор ва судхӯрони маҳаллӣ шуд. Ван Ан-ши дар он ҷо вазифаи худро хуб иҷро карда, оҳиста-оҳиста сазовори вазифаҳои баландтар, мешавад. Ҳамин тариқ, то ба вазифаи сарвазири император сабзида мерасад. Дар ин вазифа кор карда, Ван Ан-ши баҳри пешрафти ҳунармандӣ, кишоварзӣ, тиҷорат, молия ва некӯаҳволии халқи Чин чандин кори шоёни таърифро ба ҷо меорад. Бо ташаббус ва сардории ӯ, аз он ҷумла, заминҳои мамлакат аз нав ба рӯйхат гирифта шуданд. Акиун андозҳо бо дарназардошти Ҳамин рӯйхат аз нав дида баромада шуданд. Ин кор, пеш аз ҳама, ба кишоварзон фоидаовар буд. Минбаъд аз ашрофи заминдор, ки ин вақт қариб тамоман андоз намепардохтанд, мувофиқи қонун  и нав андоз рӯёнида мешуд. Ӯҳдадориҳои коркардадиҳӣ бошанд, бо андози пулӣ иваз карда шуданд. Кишоварзон имконият пайдо намуданд, ки соли дароз дар заминҳои ба онҳо додашуда меҳнат кунанд.

 

-41-

 

Кишоварзон акиун ҳуқуқ доштанд, ки андози заминро қисман тавассути маҳсулот ва қисман тавассути пул адо кунанд.
 

Ислоҳоти Ван Ан-ши барои ёрӣ ба мардуми камбизоату қашшоқ хизмат мекард. Ӯ дар анборҳои давлатӣ барои ин қабил мардум ғалла и эҳтиётӣ захира кард, то ки дар сурати хушксолӣ ё гуруснагӣ ба ин мардуми эхтиёҷманд тақсим кунад. Ван Ан-ши хазинаи махсус таъсис намуд, то ки кишоварзон аз он қарз гирифта, хоҷагии худро пеш бурда тавонанд.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми ислоҳоти Ван Ан-ши он буд, ки давлат маҳсулоти изофаи кишоварзонро харида гирифта, баъд онро дар бозорҳо мефурӯхт. Ҳамин тавр ҳам мешуд, ки давлат аз ин кор зарар медид. Вале бо вуҷуди ин, ба кишоварзон бо ҳамин роҳ ёрӣ мерасонд.

Ван Ан-ши дар соҳаи ҳарбӣ низ ислоҳот гузаронд. Артшш давлатиро, ки дар он сарбозон хизмати маҷбуриро адо мекарданд, ба аскарони ихтиёрии маошхӯр иваз кард.

Вале ба Ван Ан-ши муяссар нагардид, ки ислоҳоти худро ба пуррагӣ амалӣ кунад. Ба ҳар ҳол қисми он дар амал татбиқ гардида, натиҷаҳои хуб дод. Мутаассифоиа, душманони ислоҳот ба аз вазифааш сабукдӯш кардани Ван Ан-шн муваффақ шуданд. Гӯё ки ислоҳоти ӯ ба империяи Сун хавфу хатар оварда бошад.

АНҶОМИ ҲУКМРОНИИ  СУЛОЛАИ СУН. Агар ислоҳоти пешниҳод кардан Ван Ан-ши дар Чин пурра татбик мешуд, шояд империяи Сун умри зиёдтар медид. Дар оғози асри XII хатари аз тарафи қабилаҳои шимол забт кардани Чин ба миён омад. Барои наҷоти ҳокимияти худ императорони Сун маҷбур шуданд, ки соли 1126 пойтахти мамлакатро ба Ханчжоу кӯчонанд.

Расми 21. Чиниҳо ҳангоми кор. Асри XV.


 

-42-

 

Дере нагузашта сулолуи Сун аз заминҳои Чини Шимолӣ маҳрум шуд. Ин минтақа ба ҳайати  давлати наве дохил гардид, ки он номи Тсзннро гирифт. Ба Тсзин қаламрави давлати Кидониён низ дохил гардид.

Мавқеи ҳукмронии сулолаи Сун ба куллӣ таанг карда шуд. Дар қаламрави  хурди Чини Ҷанубӣ империяи Сун то соли 1279 вуҷуд дошт. Ҳамон сол империяи Сунро набераи Чингизхон Хубилай забт карда, бо номи Юан давлати худро таъсис дода, ба сулолаи нави императорони муғулии ин Чин асос гузошт.

 

 

ИСЛОҲОТИ ВАН АН-ШИ СОЛҲОИ 1069-1085

Қонун дар бораи қарз

Рӯзи 4 моҳи 9-уми соли 2-юми замони ҳукмронии Синин Идораи таҳияи низомнома барои 3 муассиса (ба император) маърӯза (бо мазмуни зерин) пешниҳод намуд:

"Амалдорон ба император дар бораи аз анборҳо фурӯхтани ғалла  ва аз тариқи  қарз расонидани ёрӣ (ба кишоварзон) чандин маротиба арз кардааид.

Имрӯз дар бораи ҳамаи ин мо маълумоти пурра медиҳем.

...Алҳол пул ва ғаллаи анборҳои тамоми музофотҳои Чампунгуайхуэй тахминан  ба маблағи  зиёда аз 15000000 халта танга баробар аст, лекин бо сабаби он ки ҳангомн харида, тақсим кардани  хӯрокворӣ анборҳо вазифаҳои худро иҷро  намекунанд, на ҳама аз ин фоида бардошта метавонанд..

Мувофиқи мақсад мебуд, агар хӯроквории дар анборҳо буда дар сурати боло рафтани нарху наво арзон фурӯхта ва дар сурати поён рафтани нархҳо (аз халқ) бо нархи қимат харида, гирифта шавад...

Бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки идораи дар музофотҳо кори молияро иҷро  мекардагӣ бояд андоз аз замин ва хӯроквориро қабул карда, онро бо пул иваз намоянд.

Зарур аст, мисли пештара қарзи ба ивази гарави давҳои сабз (ҳосили нав дар назар дошта шудааст. - Шарҳи Т. Зиёев), ки дар Шенси истифода шудааст, пулҳои нақдро истифода баранд, ки алҳол дар анборҳо нигоҳ дошта мешаванд. Ин маблағҳоро ба халқи эҳтиёҷманд дода, амр карда шавад, ки онҳо қарзро бо ҳамроҳии пардохти андоз баргардонанд.

Ба онҳое, ки (андозро) дар шакли аслӣ пардохтаннанд ва ба онҳое, ки (ин ӯҳдадориро) аз тариқи пул пардохтанианд, бо сабаби баланд будани нархҳо иҷозат дода шавад, ки бо салоҳдиди худ рафтор кунанд. Дар сурати пайдоиши ҳолатҳои фавкулоддаи табиӣ иҷозат дода шавад, ки пардохти қарз аз ҳосили оянда мавқуф гузошта шавад.

Бо ёрии ин чораҳо халқ мушкилотро натанҳо дар замони камҳосилӣ паси сар мекунад, балки қарз гирифта, ҳангоми кишти замин барои аз хӯрокворӣ таъмин кардани худ ташвиш намекашад.

Зарур аст, чунин кормандоне хоста гирифта шаванд, ки халқро (барои гирифтани қарз) ҳавасманд карда тавонанд..."

 

 

-43-

 

ЛУҒАТ

Кидониён - халқ ва бо ҳамин ном давлате, ки дар шимолу ғарбии Чин воқеъ буд.

Муносибатҳои тиҷоратӣ – робитаҳое, ки дар байни тарафҳои савдокунанда - харидор ва фурӯшанда ба амал меоянд.

Ӯҳдадории кор кардадиҳӣ - дар давоми сол бе музд адо намудани кор, теъдоди рӯзҳои чунин ӯҳдадорӣ маъмулан барои як сол муҳаррар карда мешуд. Аскарони ихтиёрӣ - онҳое, ки дар артиш хизмат карда, маош мегиранд. Аскарони ихтиёриро "зархарид" ҳам меноманд.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.      Империяи Сун кай таъсис ёфтааст?

2.      Асосгузори империяи Сун кӣ буд?

3.      Императорони сулолаи Сун ба давлати худ кадом музофотҳоро муттаҳид намуданд?

4.      Кидониён кӣ буданд?

5.      Дар бораи иқтидори империяи Сун маълумот диҳед.

6.      Оид ба ислоҳоти Ван Ан-ши далелҳо биёред.

7.      Империяи Сун чаро ва кай барҳам хӯрд?

8.      Кадом сулолаҳои императорони Чини асрҳои IV—ХМ-ро номбар карда метавонед?

9.      Сарчашмаҳоро омӯхта. ба ҳамдигар саволу ҷавоб кунед.

 

-44-

Гузариш ба саҳифаи |40|41|42|43|44|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz