|
|||||||||||
Боби II. АВРУПО ДАР АСРҲОИ V-ХII
Асрҳои миёна дар Аврупо бо "муҳоҷирати азими халқҳо" оғоз мегардад. Дар асрҳои IV-VI аввалин шуда, қабилаҳои олмони ба ҳудуди империяи Рим муҳоҷир шуда, ба бунёди давлати худ асос гузоштанд. МАСКУНШАВӢ ВА МАШҒУЛИЯТИ ҚАБИЛАҲОИ ОЛМОНӢ. Қабилаҳои олмонӣ дар асри I қаламрави байни дарёҳои Рейну Одер ва қисман нимҷазираи Скандинавияро ишғол карданд. Ин сарзамин аз бешаю ботлоқҳои касногузар иборат буда, аҳолиаш бештар дар водии дарёҳои калон ва соҳилҳои баҳри Балтика умр ба сар мебурд. Олмониҳо барои муҳофизат аз тохтутози душманон маҳали зисти худро бо қӯрғонҳо печонида мегирифтанд. Қабилаҳои олмонӣ асосан ба чорводорӣ машғул буданд. Муаллифи Рими қадим Татсит чунин менависад: "Олмониҳо ҳайвоноти гуногунро дӯст медоштанд ва ин боигарии ягонаю муҳимтарини онҳо дониста мешуд". Онҳо аз чорво - гов, гӯсфанд, хук ва аз паррандаҳо мурғу мурғобӣ парвариш мекарданд. Олмонихо заминро бо омоч шудгор карда, то беқувват шуданаш мавриди истифода қарор медоданд. Ба ғайр аз чорводорӣ ва истифодаи замин олмониҳо ба шикору моҳигирӣ ва ҷамъоварии ҳосили дарахтони худрӯй, сабзавот, чормағз ва дигар меваҳои ҷангал машғул будаанд. Олмониҳо баъди кашфи оҳан олоти меҳнат ва ҷангию косиби худро аз он месохтанд.
Расми 80. Деҳаи олмонӣ.
-120-
Аз давраҳои қадим сар карда, дар байни римиҳо ва олмониҳо муносибатҳои тиҷоратӣ вуҷуд доштанд. Олмониҳо аз римиҳо ҳар гуна асбобҳои мисин, шишагӣ, яроқ, матоъҳои гаронбаҳо ва аспу шарбат харидорн карда, ба онҳо ғулом, ҳайвонот, пӯсту пашм ва каҳрабо мефурӯхтанд. ЗИНДАГИИ ҚАБИЛАҲОИ ОЛМОНӢ. Дар натиҷаи муттаҳид гардидани якчанд авлод қабила ба вуҷуд омада, аз гурӯҳи қабилаҳо иттифоқи қабилаҳои олмонӣ ташкил меёфтанд. То ташаккули иттифоқи қабилаҳо олмониҳо дар хонаҳои дарозрӯя, ки бомашон бо пахолу беда пӯшонида шуда буданд, зиндагонӣ мекарданд. Дар чунин хонаҳо оилаҳои калони хешу табор умр ба сар мебурданд. Вале дар хонаҳои оилаҳои сарватманд бошад, ғайр аз аҳли оила ғуломон ва шахсони озод низ зиндагӣ мекарданд.
Оилаҳои олмонӣ урфу одатҳои хоса доштанд. Масалан, ҳангоми куштори яке аз аъзоёни оила пайвандонашон бояд ҳатман одати интиқоми хунинро иҷро мекарданд. Ин одат аз насл ба насл мегузашт. Дар ҳолате, ки қассоси хуни иҷро карда нашавад, гуё ки доғи шармандагӣ дар авлод мемонадааст. Вале дар мавриди пардохти ҷаримаи калон интиқоми хунӣ иҷро карда намешуд. Қабилаҳои олмониро маҷлиси халқӣ идора мекард. Чунин расм гардида буд, ки ҳамаи мардони калонсоли озод бо даъвати оксақол дар маргзор гирд меомаданд. Маҷлиси халқӣ дорои чунин ҳуқукҳо буд: ҷанг ва сулҳ эълон мекард, пешвоёни ҳарбиро интихоб менамуд ва
-121-
ҳар гуна низоъҳои дохилиавлодиро ҳаллу фасл мекард. Дар маҷлиси халқӣ одатҳои меросгузорни падар ба писар низ баррасӣ мешуданд. Одамоне, ки аз майдони ҷанг мегурехтанд, маҷлиси халқӣ онҳоро ба қатл ҳукм мекард.Суханронии сарварон дар маҷлиси халқӣ аз тарафи аъзоёни қатории қабилахо ба тариқибаровардани садои баланд тасдиқ ва рад карда мешуд. Ашрофони олмонӣ ба тариқи ба онҳо хос, бо карру фар зиндагӣ мекарданд. Ҳавлиҳои боҳашамати онҳо бо деворҳои баланд иҳота карда шуда буданд. Шумораи зиёди
чорво ва заминҳоро дар ихтиёр доштанд. Инчунин ҳиссаи зиёди маблағи хазинаи қабиларо соҳибӣ мекарданд. Ҳангоми сар задани ҷанг мардҳо лашкари халқӣ созмон медоданд. Сардорони дастаҳои ҳарбӣ бо шуҷоати худ аз дигарон фарқ мекарданд. Фармонҳои сардори даста аз тарафи сарбозон бе чуну чаро иҷро мегардиданд. Сардорони дастаҳо бо ҷанговарони қаторӣ якҷоя хӯрок мехӯрданл. Ғаниматҳои ҷангӣ дар байни сарбозон тақсим карда мешуданд. Агар дар муҳориба фармондеҳ ҳалок мегардид, ин воқеа барои сарбозон шармандагӣ дониста мешуд. МУХОҶИРАТИ АЗИМ. Дар асри IV империяи Рим бо як гурӯҳи қабилаҳои олмонӣ муносибатҳои дӯстӣ ва бо гурӯҳи дигар дар ҳолати ҷанг қарор дошт.
Гурӯҳи сеюми қабилаҳо бо даъваи императори Рим дар сархад интизори ҳуҷуми бегонагон буданд. Олмониҳо забт кардани заминҳои ҳосилхезро мақсади асосии худ қарор медоданд. Дар сафи пеш мардони ҷанговар ва аз қафои занон, кӯдакон ва аробаҳои пур аз ҷиҳози хона ва пешопеши онҳо рамаи чорво ҳаракат мекард.
-122-
Сабаби асосии муҳоҷират аз тарафи Осиё сар даровардани қабилаҳои кӯчманчии ғуннҳо буд. Аз тарси онҳо заминдорон аз макони худ мегурехтанд. Дар натиҷаи ҳуҷуми ғуннҳо қабилаҳои готӣ аз қисмати шимоли баҳри Сиёҳ ба сӯи нимҷазираи Балкан ҳаракат карданд. Дар миёнаҳои асри V Аттил ном шахсе ба ҷанговарони ғуннҳо роҳбарӣ мекард. Соли 451 ӯ ба сӯи Галлия харакат намуд, вале аз римиҳо ва иттифоқчиёни онҳо дар наздикии шаҳри Труа шикаст хӯрд. Бо ҳамин иттифоқи ғуннҳо барҳам хӯрд.
Империяи Рим заиф шуда буд, аз ҳамин сабаб ба ҳуҷуми барбарҳо истодагарӣ карда наметавонист. Дар натнҷаи ҳуҷуми барбарҳо шаҳрҳои Рим талаву тороҷ гардиданд, ҳунармандӣ ва тиҷорат рӯ ба таназзул ниҳод. Бандару роҳҳо низ хароб гардиданд. Ибтидои асри VI қабилаҳои олмонӣ дар ҳудуди империяи Ғарбии Рим паҳн гардиданд: Вандалҳо - дар шимоли Африқо, вестготҳо (гогҳои ғарбй) - дар Испания, остготҳо (готҳои шарқӣ) - дар Италия, франкҳо - дар Галлия, англосаксҳо - дар Британия. Олмониҳо империяи Ғарбии Римро пароканда сохта, давлати худро таъсис доданд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО 1. Маскуншавии қабилаҳои олмонӣ кай оғоз гардид? 2. Дар бораи машғулияти олмониҳо маълумот диҳед. 3. Зиндагӣ ва идораи қабилаҳои олмониро шарҳ диҳед. 4. Маҷлиси халқӣ чист? 5. Муҳоҷирати "азими халқҳо" чӣ натиҷа дод?
-123- |
|||||||||||
Гузариш ба банди (§) |
|
|
|||||||||
ФХДТТ ©2010 |