¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |186|187|188|189|190|Интиҳо|

 

§43. ИМПЕРИЯИ ТЕМУРИЁНИ ҲИНД

 

ТАЪСИСИ ИМПЕРИЯ. Ба Бобур ва зуриётҳои ӯ лозим омад, ки дар нимҷазираи Ҳиндустон ва дар масофаи садҳо километр дуртар аз он, давлати худро васеъ кунанд. Ҳудудҳои империяи Темуриёни Ҳинд Афғонистоии Шарқӣ, Синд, Кашмир ва дар Ҳиндустони Ҷанубӣ то дарёи Гадаври тӯл кашида буд. Сабаби ин қаламрави  бузургро ишғол кардани Темуриёни Ҳинд он аст, ки дар асри XVI Султонии Деҳлӣ дигар ҳудудҳояшро муҳофизат карда наметавонист.

ИСЛОҲОТИ АКБАР. Империяи Темуриёни Ҳинд дар замони ҳукмронии набераи Бобур - Акбар, ки Солҳои 1556-1605-ро дарбар гирифтааст, давраи гул-гулшукуфии худро аз сар мегузаронид. Дар нн солҳо ҳудудҳои он дар натиҷаи ишғоли музофотҳои Ҳиндустони Шарқӣ - Бангола, Орнс, Гуҷарат, Кашмир, султонии Хандна ва Аҳмаднагар боз ҳам васеътар шуд. Акбар яке аз марказҳои калонтарини тиҷорат дар Шарқ - шаҳри Қандаҳорро ҳам аз Эрон кашида гирифт.

Акбар шоҳи дурандеш ва одил буд. Ба сари ҳокимият омада, ӯ дар мамлакат ислоҳот гузаронад. Ислоҳот қариб ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакатро дар бар мегирифт. Дар рафти амалӣ намудани ислоҳот ӯ аҳолии маҳаллии хиндуро ба назари эътибор нагирифта наметавонист. Шоҳи нав баъзе ашрофони ҳиндуро ба вазифаҳои калон таъйин кард. Пуштибонии тоҷирони ҳиндунаслро шахсан ба ӯҳда гирифт. Дар мамлакат таъқиботи онҳое, ки пайравони дини ҳиндуия буданд, катъ карда шуд. Аҳолии ҳинду аз андози ҷизя озод карда шуд. Акбар соли 1593 дар бораи иҷозат ба фаъолияти ҳамаи динҳо амри махсус баровард. Мувофиқи ин амр ҳиндуёнро зӯран ба дини ислом гардонидан манъ эълон карда шуд. Ҳиндухои маҷбуран мусулмон кардашуда ҳатто метавонистанд ба дини пештараи худ баргарданд.

Низомн андозситонӣ тагйир дода шуд. Дар мамлакат воҳиди ягонаи ченкунии замин ҷорӣ гардид. Мувофиқи ин ченак заминҳои мамлакат аз иав чен карда, масохати умумии онҳо муайян карда шуд.

 

-186-

 

Акиун ҳангоми муқаррар кардани андоз сифати замин, яъне ҳосилнокии хок ба назар гирифта мешуд. Мардуми кишоварз мувофиқи сифати замин сеяки ҳосилро бо дарназардошга нархҳои миёнаи 20 соли охир ба хазинаи давлат андози пулӣ мепардохтанд.

Ислоҳоти Акбар идораи давлатиро низ дар бар гирифт. Мамлакат ба 15 музофот тақсим карда шуд, ки онҳоро волиёни шоҳ идора мекарданд. Вазоратҳои Империяи Темуриёни Ҳиндро чун дар давлати Сомониён девонҳо меномиданд. Сарвари девонҳо нахуствазир буд. Оид ба соҳаҳои гуногуни мамлакат чуши дехвонҳо мавҷуд буданд. Масалан, девонҳои молия, андоз, ҷагир, дарбор, корҳои сохтмон, лашкар, устохонаҳо, вақф ва ғайра.

ИМПЕРИЯИ ТЕМУРИЁНИ ҲИНД ДАР АСРИ XVII. Ба Акбар муяссар шуд, ки империяи Темуриёни Ҳиндро дар оромию рушду нумӯъ нигоҳ дорад. Писари Акбар - Чаҳонгир соли 1605 ба тахти подшоҳӣ нишаста, ӯ ҳам ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, ки империяи Темуриёни Ҳинд боз ҳам тараққӣ кунад.

Дар замони ҳукмронии набераи Акбар - Шоҳиҷаҳон ҳудудҳои давлати Темуриёни Ҳинд дар Ҳиндустон боз ҳам васеътар шуданд. Аҳмаднагар, Голканд ва Биҷапур низ тобеияти худро аз Шоҳиҷахон эътироф карданд. Сарзамини Марахаштра ҳам чандин муддат ба ҳайати  давлати Темуриёни Ҳинд дохил гардид.

Рaсми 142. Маҷмааи ибодатгоҳ дар Ангкор. Асрҳои IX-XII.

 

-187-

 

Расми 142. Сафири давлати хориҷиро қабул кардани Бобур.

Дар замони ҳукмроиии Шоҳи ҷаҳон империяи Темуриёни Ҳинд камтар пеш рафт. Ҷагир - дорони калон ҳаракат мекарданд, ки мустақил бошанд. Ҷангҳои сершумори Шоҳиҷаҳон хароҷоти калонро такозо мекарданд. Барои пайдо кардани маблағи  зарурӣ авлодони Акбар, аз он ҷумла, Шоҳиҷаҳон иҷораи заминро аз нав ҷорӣ намуданд. Акнун ҷагирдорҳо худашон андозғундор шуданд. Дар натиҷаи ин ҷагирдорҳо сарватманд ва ҳокимияти онҳо аз болои кишоварзон боз ҳам пурзӯртар шуд. Ин ҳолат ба обрӯю эътибори ҳокимияти шоҳ таъсири манфӣ расонид.

Ғайр аз ин, зиндагии бо карру фарри шоҳҳои Темуриёни Хинд, дарбориён, ҷагирдорҳои бузургтарини мусулмон ва ҳокимони маҳаллии ҳинду ҳадду канор надошт. Фарқи сатҳи зиндагӣ дар байни табақаҳои ҳукмрон ва аҳли заҳмат торафт бештар мешуд. Бо вуҷуди ин, дар замонн ҳукмронии Шоҳиҷаҳон ва Аврангзеб, Империяи Темуриёни Ҳинд мавқеи пешқадами худро аз даст надода буд. Дар солҳои ҳукмронии Аврангзеб ҳудудҳои Бачапур ва Голкондаро ииз дарбар гнрнфт. Ба ӯ муяссар шуд, ки хуҷуми артиши ишркати англисии "Ост-Индия"-ро бартараф намуда, ба он товони ҷанг бор кунад.

Аврангзеб бар хилофи аҷдодони худ фармуд, ки аз мардуми ғайримусулмон андози ҷизя ситонида шавад. Ӯ кӯшиш ба харҷ медод, ки мамлахатро мувофиқи меъёрҳои шариати ислом идора кунад. Ҷавобан ба зулму таъқиботи Аврангзеб дар зери роҳбарии пешвои худ Шаваҷи маратҳо шӯриш бардошта, соли 1674 давлати соҳибихтиёри Махараштраро таъсис намуданд. Дар ин давра рачпутҳо низ бар зидди Темуриёни Ҳинд баромаданд. Ин якчанд мисол шаҳодати он аст, ки Империяи Темуриёни Ҳинд дар нимаи аввали асри XVII пурқувват бошад ҳам, дар нимаи дуюми он то андозае рӯ ба таназзул ниҳода будааст.

 

-188-

 

МАДАНИЯТИ ИМПЕРИЯИ ТЕМУРИЁНИ ҲИНД. Маданияти Ҳиндустон дар замони ҳукмронии Темуриёни Ҳинд ба комёбиҳои калон соҳиб шуд. Ин комёбиҳо алалхусус ба адабиёти ва санъати меъморӣ дахл доранд.

Аз ҷумлаи адибони машҳури Темуриёни Ҳинд Абулфазл буд. Ӯ асарҳои худро бо забони тоҷикӣ менавшнт. Дар байни шоирони сершумор бародари Абулфазл - Файзл аз усулҳои шеърнависии форсӣ васеъ истнфода мебурд. Тулси Дас аз ҷумлаи шоирони маъруфи шшузабон буд. Бедил, Зебуниссо, Калим, Хусрави Деҳлавӣ низ шоирони машҳури баъдинаи форсигӯи Ҳиндустон буданд.

Санъати меъморӣ комёбиҳои боз ҳам бузургтар дошт. Қасри Акбаршоҳ дар Деҳлӣ аз ҷумлаи бузургтарин иншооти меъморил ин давлат буда, деворҳои он 20 метр баланд ва аз санги тарошида сохта шудааст. Қасри дигари Акбаршоҳ дар дашти наздикии шаҳри Агра мебошад.

Яке аз осори бузургтарини меъмории мусулмонии Темуриёни Ҳинд мақбараи Тоҷмаҳал дар Агра ба шумор меравад. Тоҷмаҳал аз мармари сафед сохта шуда, дорои гумбази сафед ва манораи сернакшу нигор мебошад ва аз ҷумлаи яке аз ҳафт мӯъҷизаи олам ба шумор меравад.

Иншооти дигари бузурги бинокорӣ "Масҷиди мӯъҷиза" ном дорад, ки дар шаҳри Деҳлӣ сохта шудааст. Дар ин масҷид дар юс вақт то 100 ҳазор нафар мусулмонҳо намози ҷумъа гузопгга метавонистанд.

Шоҳҳои Темуриёни Ҳинд биноҳои зиёди бохашамати ҷамъиятии дигар низ сохта буданд, аз он ҷумла, онҳое, ки барои девонҳо муқаррар шуда буданд.

Яке аз сабабҳои асосии пешравии адабиёт ва меъмории давлати Темуриёни Ҳинд он аст, ки шоҳҳои он ва алалхусус Акбар ва Шоҳиҷаҳон адибон ва меъморонро шахсан сарпарастӣ мекарданд.

ЛУҒАТ

Ҷизя – онҳое, ки пайрави дини ислом набуданд, чунин андоз мепардохтанд.

Ҷагирдор - заминдорони калоне, ки заминҳои худро ба деҳқонон ба иҷора медоданд.

"Ост-Имдия" - ширкати Англия буда, дар ихтиёри худ лашкар дошта, ба Ҳиндустон ҳамла карда буд.

 

-189-

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.         Империяи Темуриёни Ҳинд аз тарафи Бобур кай ва дар куҷо таъсис ёфтааст?

2.         Кадом ҷиҳатҳои ислоҳоти Акбар ба шумо маъқул шуд?

3.         Ҷаҳонгир ва Шоҳи Ҷаҳон империяи Темуриёни Ҳиндро чӣ тавр идора мекарданд?

4.         Фарҳи идоракунии давлати Темуриёни Ҳиндро аз ҷониби Аврангзеб ва Ҷаҳонгир муайян кунед.

5.         Кадом шоиру нависандагони Ҳиндустони замони Империяи Темуриёни Ҳиндро медонед?

6.         Иншоотҳои бузурги меъмории Империяи Темуриёни Ҳиндро тавсиф кунед.

 

-190-

Гузариш ба саҳифаи |186|187|188|189|190|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz