|
||||||||
§45-46. СУЛТОНИИ ТУРКҲОИ УСМОНИ
БАРҲАМХӮРИИ СУЛТОНИИ РИМ. Қабилаҳои салҷукӣ ба ғайр аз Эрон дар Осиёи Хурд ҳам сокин шуда, султонин Румро ташкил намуданд. Давраи нисбатан пурзӯртарини ин давлат ба асри XII рост омадааст. Султони Рим ба зарбаҳои пасиҳами лашкаркашиҳои салибӣ тоб оварда натавоннсга, тахминан дар оғози асри XIII барҳам хӯрд ва дар ҳудудҳои он 10 аморат таъсис ёфт. Баъди барҳамхӯрии Султони Рим ҳар кадоми ин аморатҳо аз лашкаркашиҳои салибдорон худро мустақилона муҳофизат мекарданд. Дар нимаи дуюми асри XIII лашкаркашиҳои салибӣ ба Шарқ хотима ёфтанд. Баъди ин давлатҳои мусулмонии салҷуқӣ дар Осиёи Хурд ва Шарқи Наздик мулкҳои салибдоронро ба даст дароварданд. ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ УСМОНИЁН. Дар асри XIII аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Хурд Қабилаҳои дигари туркӣ - оғузхо кӯчида омада, сокин шуданд. Рафти ташкилёбии Султонии Усмониён дар ҷараёни омезиши ин ду қабилаи туркӣ дар нимаи дуюми асри XIII оғоз ёфта, дар нимаи аввали асри XIV анҷом пазируфтааст. Дар таъсиси Султонии Усмониён оғузҳои бодиянишин мақоми бештар доштанд. Онҳо сарчамътар сукунат доштанд. сершумор ва аз ҷихати тайёрии ҳарбӣ муташаккилтар буданд. Аввал пешвои оғузҳо Эртогрул буд. Ӯ дар водии дарёи Сакари - дар ҳамсоягии империяи Византия мулки начандон калоне дошт. Писари Эртогрул - Усмон, ки солҳои 1282-1326 ҳукмрони кардааст, лашкари пурзӯре ташкил намуда, бар зидди
Расми 149. Намуди ш. Константнопол.
-195-
Византия ҷанг оғоз кард ва дар Осиёи Хурд аксарияти мулкҳои он, аз он ҷумла, Бурсуро ҳам ишғол намуда, онро пойтахти даалати худ эълон кард. Дар баробари ҷанг бар зидди империяи Византия Усмон ба муқобили аморатҳои дигари собиқ Султонии Рим мубориза бурда, онҳоро ҳам ба давлати ташкилкардааш ҳамроҳ намуд. Обрӯю эътибори Усмон чунон баланд шуд, ки акиун тамоми туркҳоро "усмониён" ном мебурданд. "Туркҳо" ва "усмониён" як маъниро пайдо намуданд, яъне туркҳо усмонӣ ҳастанд ва усмониҳо турканд. ЛАШКАРИ УСМОНИЁН. Лашкари туркҳо дар рафти ҷангҳои сершумор таҷрибаи калон андӯхта, бар рақибони худ мунтазам ғалаба мекард. Дар воқеъ, ин вақт давлате вуҷуд надошт, ки бар лашкари муташаккили Туркҳои Усмонӣ ғолиб омада тавонад. Лашкари Усмониён махсусан дар давраи ҳукмронии Урхон - солҳои 1326-1359, ки вориси Усмон буд, боз ҳам пурзӯртар шуд. Ин вақт лашкари туркҳо аз яничарҳо ва сипоҳиён иборат буд. Яничарҳо он аскароне буданд, ки аз ҳисоби асирон ба ҷавонони маҷбуран ба дини ислом гардонадашуда ташкил шуда буданд. Туркҳо кӯдаконро аз падару модарашон ҷудо карда, баъд ба қатори яничарҳо дохил мекунонданд. Яничарҳо яккачин буда, сипоҳиён бошанд, ҷузъу томҳои савораи артиши туркҳоро ташкил менамуданд. Лашкари сипоҳиён касбӣ буда, барои хизмат дар артиш маош ва пораи замин, яъне иқта мегирифтанд. Туркҳои Усмонӣ ба усулҳои ишғоли қалъаю қасрҳо ва шаҳрҳои истеҳкомдор диққати махсус медоданд. Дар ин кор яничарҳо ва сипоҳиён аз манҷаниқу манораҳои ишғолкунӣ васеъ истифода мебурданд. Дар охирҳои асри XIV артиши Усмониён аллакай дар ҷангҳо аз аслиҳаи оташфишон ҳам истифода мебурданд. ИСТИЛОГАРИҲОИ УСМОНИЁН ДАР АСРИ XIV. Дар асри XIV империяи Византия давраи рӯ ба таназзули худро аз сар мегузаронид. Ғайраз Византия дар Балкан давлатҳои дигарн дар ҳолати парокандагй қарордошта бисёр буданд. Аз ин рӯ, султонҳои Туркҳои Усмонӣ баъди дар Осиёи Хурд боз ҳам васеътар кунонидани ҳудудҳои давлаташон ба нимҷазираи Балкан низ лашкар кашиданд. Давлатҳои заифи Балкан бар зидди артиши туркҳо муқобилияти сахт нишон дода
-196-
Туркҳо лашкаркашии худро дар нимчазираи Балкан давом доданд. Муҳорибаи калонтарин дар ин ҷо 15 июни соли 1389 дар майдони Косовои Сербияи Ҷанубӣ ба амал омад. Фармондеҳи лашкари Туркия Муроди I бо лашкари 80-ҳазорнафараи шоҳи Сербия - Лазар рӯ ба рӯ шуд. Як ватандӯсти серб ба хаймаи султони туркҳо роҳ ёфта, Муроди 1-ро қатл мекунад. Вале ин сӯиқасд аҳволи лашкари сербҳоро беҳтар накард. Писари Муроди I - Боязиди ҷавон султони нави Туркхои Усмонӣ шуд. Боязид ба лашкарҳои Лазар шикаст дода, худи ӯро барои кушта шудани падараш ҳамчун қассос қатл кард. Дар натиҷаи ин ғалаба қисми зиёди Сербия ба Туркия ҳамроҳ карда шуд. СУЛТОНИИ ТУРКИЯ ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XV. Ба васеъшавии ҳудудҳои Султонии Туркҳои Усмонӣ Темур халал расонд. Ӯ дар Осиёи Марказӣ давлати бузург ташкил намуда ва баъд ба Эрону давлатҳои Шарқи Наздик лашкар кашида, онҳоро забт кард. Темур бо артиши қудратманди худ ба Осиёи Хурд зада даромад. Аз ҷиҳати шумораи лашкар ва таҷрибаи ҷангӣ султони Туркия Боязид аз Темур ҳеҷ монданӣ надошт. Лашкари Боязид 120-ҳазор нафарро ташкил медод. Дар арафаи муҳориба як қисми амирҳои Осиёи Хурд ба султон хиёнат карда, ба тарафи Темур гузаштанд. Муҳорибаи ҳалкунандаи лашкари Темур ва Боязид 28 июли соли 1402 дар наздикии Анқара ба амал омад, ки дар он туркҳо торумор карда шуда, худи Боязид асир афтод. Бо фармони Темур ӯро ба қафаси оҳанин андохтанд. Баъди чанде Султон Боязид дар асорати Темур вафот кард. Вале Темур Султонии Туркҳои Усмониро барҳам надод. Бо самти Ғарб лашкаркашии худро давом ҳам надода, ба Самарқанд баргашт.
-197-
Баъд аз шикаст дар Анкара мубориза барои тоҷу тахти Султонии Туркия тезу туид шуда, ба залухӯрдхои мусаллахона табднл ёфт. Аз ҳамин сабаб дар Султонии Туркхои Усмонй нн мудцати дуру дароз ҳокимияти ягонаи марказӣ вуҷуд надоигг. Яке аз Усмониён, ки Муроди II ном дошт, ниҳоят рақибони худро мағлуб карда, ба тахти Султонии Туркия менишинад. Ӯ ҳамон лаҳза ҷанги зидди Византияро оғоз карда, Солунро аз Византия кашида мегирад. Баъд аз ин ҳудудҳои Византия танҳо аз шаҳри Константинопол ва маҳалҳои гирду атрофи он иборат буд. Барои расониданн ёрӣ ба императори Византия калисои ғарбӣ (католикӣ) ва шарқӣ (православӣ)-и дини масеҳӣ дар зери роҳбарии Папаи Рим иттифоқҳои (уния) бастанд. Соли 1444 ин иттифоқ бар зидди туркҳо лашкаркашии нави салибдоронро оғоз намуд. Дар муҳорибаи назди Варнай 10 ноябри ҳамон сол салибдорон сахт шикаст хӯрда, ақиб баргаштанд. ИШҒОЛИ ҚУСТАНТАИИЯ. Императори охирини Византия Константини XI буд. Фармондеҳи лашкари туркҳо шоҳи нав Султон Муҳаммад ё Маҳмади II барои ишғоли Константинопол камар баст. Таносуби қувваҳо ба куллӣ ба фоидаи султон буд. Византиягихо ҳамагӣ 10 ҳазор нафар ва туркҳо бештар аз 200 ҳазор нафар аскар доштанд, ки 15 ҳаэор нафари онҳо яничарҳои яккачин буданд. Шаҳри Константинопол ҳаматарафа мустаҳкам карда шуда буд. Византиятиҳо пеши роҳн флоти туркҳоро занҷирбанд карда буданд. Аз ин рӯ, туркҳо барои ба шаҳри Константинопол ворид шудан танҳо як илоҷдоштанд. Онҳо аз тариқи хушкӣ "роҳ"-ро ба воситаи равғанмолӣ лағжонак карда, аз болои он киштиҳоро кашида бурда, ба об сар дода метавонистанд. Ин корро туркҳо бомуваффақият иҷро карда, киштиҳои худро вориди шоҳи Тиллоӣ карданд. Ҳамин тариқ, артиш ва флоти туркҳо шаҳри Константинополро муҳосира кард, ки он ду моҳ идома ёфт. Византиягиҳо тамоми имкониятҳояшонро истифода бурданд, вале шаҳри худро аз муҳосираи лашкарҳои туркҳо наҷот дода
-198-
Расми 152. Роҳибони ибодатгоҳи Симони Муқаддасро лату кӯб кардаии туркҳо.
натавонистанд ва ночор 29 маи соли 1453 таслим шуданд. Бисер ҷойҳои шаҳри Константинопол аз тарафи голибон талаю тороҷ карда шуданд. Вале Муҳаммади II нагузошт, ки аскарҳояш биноҳои шаҳрро ба хок яксон кунанд. Ибодатгоҳи машҳури масеҳии Софияи Муқаддас аз вайронкор эмин монд. Бо амри Муҳаммади II ин калисо бо номи "Оя Суфия" ба масҷиди асосии ҷомеъи султонӣ табдил дода шуд. Шаҳри Константинопол номи Истамбулро гирифт. Акнун султонҳои Усмониён Султонии Туркиярю аз пойтахти нав - Истамбул идора мекарданд. СУЛТОНИИ ТУРКИЯИ УСМОНӢ ДАР АСРИ XVI. Забткориҳои туркҳо дар замони ҳукмронии набераи Муҳаммади II - Салими I аз нав оғоз ёфтанд. Баъди ҷанги фотеҳонаи зидди Эрон Салими I Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Доғистон ва Курдистонро ба даст даровард. Аз ҳамин вақт сар карда Салими I сохиби унвони халифаи тамоми мусулмонон мегардад. Давраи нисбатан пуриқтидортарнни Султонии Туркияи Усмонӣ ба замони ҳукмронии Сулаймони I рост омадааст. Ӯ чун усмонҳои дигар борхо ба давлатҳои гуногун лашкар кашидааст. Вале бармегардем ба лашкаркашиҳои зафармандонаи Салими I. Ӯ Белград ва Родосро ишғол намуда, баъд дар Монач лашкарҳои мутгаҳидаи Чехияю Маҷористонро торумор кард. Дар натиҷаи ин қисми зиёди Маҷористон, Валахия ва Молдавия тобеъи хукумати Туркия шуданд.
-199-
Сулаймони I кӯшиши гирифтани Венаро кард, вале аз ӯҳдаи ин кор баромада натавонист. Баъд аз ин самти лашкаркашиашро тағйир дода, Байнаннаҳрайнро ишғол намуда, ба забти Африқои Шимолӣ оғоз кард. Дере нагузашта Трилоли ва Алҷазоирро ба даст даровард. Дар замони ҳукмронии Сулаймони I Арабистон ҳам ба ҳудудҳои Султонии Туркияи Усмонӣ дохил карда шуд. Дар асри XVI Султонии Туркияи Усмонӣ қариб ҳамаи мулкҳои собиқи Византия ва Хилофати Арабро дар бар мегирифт.
-200- ЛУҒАТ Византия - номи собиқ Империяи Шарқии Рим, ки аслан аз номи шаҳри Византия бармеояд. Аслиҳаи оташфишон - милтиқ, тӯп ва аслиҳаи дигар, ки дар онҳо борут ва тирҳои филизй истифода мешавад. Амир - сардори давлати исломӣ. Константинопол - пойтахти империяи Византия, номи қадимаи ин шаҳр Византия мебошад. Калисо - ҷои ибодати пайравони равияи православии дини масеҳӣ. Папаи Рим - сарвари кулли калисои католикӣ.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО 1. Султонии Рим кай ва чӣ тавр барҳам хӯрд? 2. Дар бораи қабилаҳои оғузиҳо чиҳо медонед? 3. Султонии Туркҳои Усмонй кай таъсис ёфтааст? 4. Дар бораи артиши Усмониҳо маълумот диҳед. 5. Муҳорибаи Косоворо шарҳ диҳед. 6. Дар бораи Султон Боязид ва ҷанги ӯ бар зидди артиши Темур ҳикоя кунед. 7. Султонии Туркҳои Усмонӣ баъд аз марги Боязид дар кадом ҳолат қарор дошт? 8. Чаро ҳар ду калисои масеҳй дар зери роҳбарии Палаи Рим бар зидди Усмониён лашкар кашиданд? 9. Артиши туркҳо чӣ тавр шаҳри Константинополро ишғол намуда. империяи Византияро барҳам дод?
-201- |
||||||||
Гузариш ба банди (§) |
|
|
||||||
ФХДТТ ©2010 |