¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

Гузариш ба саҳифаи |12|13|14|15|16|17|Интиҳо|

 

§3. ДАВЛАТИ ҲАЙТОЛИЁН

 

ҚАБИЛАҲОИ ҲАЙТОЛӢ. Дар бораи пайдоишн ҳайтолиён дар илми таърих то ҳол фикри ягона вуҷуд надорад. Як гурӯҳ олимон онҳоро "шарқиэронӣ", гурӯҳи дигар "йӯҷиҳо", гурӯхи сеюм "гуннҳо" ва гурӯхи чорум "туркҳо" хаёл мекунад. Вале олимоне, ки хат ва забони ҳайтолиёнро хуб омӯхтаанд, бар он ақидаанд, ки ҳайтолиён ба гурӯхи мардуми шарқиэронӣ тааллуқ доштаанд.

Дар маъхазе гуфта мешавад, ки ҳайтолиҳо қариб сад ҳазор нафар мебошанд. Дар ватани онҳо шаҳрҳо набуда, дар ҷойҳои серобу алаф ва дар кулбаҳои намадин зиндагӣ мекунанд. Аз рӯи маъхази дигар муқаррар карда шудааст, ки ҳайтолиҳо аз ду гурӯҳ - кӯчманчӣ ва муқимӣ иборат будаанд. Ба мо маълум аст, ки аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ ҳайтолиён ду хел, як қисми онхо "сафедрӯй" ва кисми дигарашон "сурхрӯй" будаанд.

Ҳайтолиён ба Осиёи Марказӣ аз хориҷи он омада, сокин шудаанд. Дар ин ҷо он вақт шаҳрҳои сершумор мавҷуд будаанд. Қабилаҳои ҳайтолӣ дар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба зиндагии муқимӣ тезтар одат кардаанд.

Дар маъхазе гуфта мешавад, ки ҳайтолиҳо золим, боҷуръат ва дар майдони набард қобилитияти фавқулодда доранд.

Расми 4.ТангаиҲайтолиён.

 

-12-

 

Дар бораи урфу одатҳои ҳайтолиён маълумоти аҷоиб ба даст оварда шудаанд, ки аксарияти онҳо барои мо ғайримуқаррарӣ менамоянд. Масалан, бародарон якҷоя як зан доштанд. Зане, ки як шавҳар дорад, каллапӯши якгӯша дошт. Зане, ки якчанд шавҳар дошт, шумораи гӯшаҳои каллапӯш ва ё шаддаҳои мӯҳраҳои гарданаш ба шумораи шавҳарҳояш баробар буд. Фарзандонро на аз рӯи падари онҳо, балки аз рӯи модарашон муайян мекарданд. Дар ин мамлакат ароба набудааст. Барои ҳамин мардум дар кору зиндагиашон аз замбар истифода мебурдаанд. Ҳайтолиён асп ва уштури зиёд доштаанд. Ашрофонро дар тобутҳои сангини сарпӯшдор мегӯрондаанд. Камбағалонро бошад, ҳамин тавр, хоксорона бе тобут мегӯронданд. Бо ҳамроҳии мардум дар гӯр сару либоси онҳоро низ мегузоштаанд, то ки ба онҳо дар он дунё ба кор оянд.

ТАЪСИСЁБИИ ДАВЛАТИ ҲАЙТОЛИЁН. Дар Осиёи Марказии асри IV ва то миёнаҳои асри V се давлат ташкил меёбад: Кидориён, Хиёниён ва Ҳайтолиён. Дар байни онҳо Ҳайтолиён калонтару пурзӯртар буда, дар аввал қисмати шарқии Осиёи Марказӣ ва аз он ҷумла, Помирро ҳам дар бар мегирифт. Ҳайтолиён аз тарафи як подшоҳ идора карда мешуданд. Лекнн баъзе ҳокимони маҳаллӣ мустақилияти худро нигоҳ дошта буданд. Тахту тоҷи подшоҳӣ меросӣ буд. Вазифаи шоҳиро вориси аз ҳама қобилиятноки шоҳ ишгол мекард.

То миёнаҳои асри V давлати Ҳайтолиён дар Осиёи Марказӣ макоми ҳукмронро ба даст даровард. Дар ин давра ҳудудҳои он васеъ шуданд. Шоҳҳои Ҳайтолиён Суғд ва Тахористонро ҳам забт карданд. Давлати Ҳайтолиён дар замони ҳукмронии Хушнавоз - солҳои 50-ум ва 70-уми асри V боз ҳам васеътару пуриқтидортар гардид.

Дар муқобили давлати Ҳайтолиён ду давлати пурзӯр меистод, ки яке Сосониён ва дигаре Хоқонии Турк буд.

Далели марказиятнок будани давлати Ҳайтолиён пойтахти ягона доштани он мебошад. Пойтахти давлати Ҳайтолиён шаҳри Бомиён буд, ки ҳоло дар Афғонистони Шимолии имрӯза воқеъ аст.

 

 Расми 5. Табақи нуқрагин

 

-13-  

 

ҶАНГҲОИ ҲАЙТОЛИЁН БО ДАВЛАТИ СОСОНИЁН. То ба давлати марказиятнок табдил ёфтани давлати Ҳайтолиён дар Эрон давлати пурзӯри Сосониён вуҷуд дошт, ки ба мавҷудияти давлати Ҳайтолиён таҳдид мекард. Барои ҳамин шоҳҳои Ҳайтолиён қариб дар тамоми давраи ҳукмрониашон худро аз ҳамлаҳои лашкари давлати Сосониён ҳимоя мекарданд. Вале дар миёнаҳои асри V давлати Ҳайтолнён чунон пурзӯр шуд, ки бар зидди ҳамлаҳои харобиовари давлати Сосониён истодагарӣ карда ҳатто бар он ғалаба ҳам карда метавонист.

Ҳайтолиҳо баъди қаламрави Тоҷикистони Ҷанубии имрӯзаро ишғол кардан мавқеи худро хуб мустаҳкам намуда, ба сарҳадҳои шарқии давлати Сосониён наздик шуданд. Вале ташаббускори оғози ҷанг шоҳ Пирӯз гардид, ки навакак дар Эрон ба тахти подшоҳӣ нишаста буд. Ҳамин тариқ, соли 457 ҷанги Пирӯз бар зидди Ҳайтолиён, ки шоҳашон Шаҳнавоз буд, оғоз гардид. Дар ин ҷанг тарафи муҳофизаткунанда ҳайтолиҳо буданд. Ҳайтолиҳо ҳамлаи лашкари Сосониёнро "хуб пешвоз" гирифтанд.

Дар ҷанги пешина Ҳайтолиҳо бар Эрони Сосонӣ ғолиб баромада, дар созишномаи сулҳ сарҳадҳои байни ин давлатҳоро муқаррар карда буданд. Кӯшиши Сосониён барои васеъ кардани ҳудудҳои давлати худ маънии вайрон кардани шартҳои ҳамин созишномаро дошт. Аз маъхази зерин шумо мебинед, ки шоҳи Сосониён бо ҳиллаю найранг чӣ тавр аҳдшиканӣ кардааст:

Расми 6. Сару либоси мардуми Осиёи Марказии  замони Ҳайтолиён.

 

-14-  

 

"Пирӯз бо лашкари худ то таги ҳамон бурҷе расид, ки Баҳроми Гӯр сохта буд... Пирӯз илоҷе ёфта, ваъдахилоф набудани худро нишон доданӣ шудааст (гап аз он ваъдае меравад, ки Пирӯз ба подшоҳи Ҳайтолиён Хушнавоз дода буд ва мувофиқи он бояд аз сарҳади Ҳайтолиён намегузашт). Маълум, ки сарҳади Ҳайтолиён ҳамон бурҷ буд ва инак, Пирӯз ба таги он бурҷ расиду фармуд, ки 50 фил ва 300 паҳлавонро бар он банданд ва филону паҳлавонон бурҷро пеш мекашиданду Пирӯз аз паси онҳо меомад ва бо ҳамин ҳилла ваъдаро, ки ба Хушнавоз дода буд, гӯё вайрон намекард. Дар ин муҳорибаи зидди Ҳайтолиён Пирӯз ва бисёре аз лашкари вай ба ҳандакҳое, ки махсус дар сари роҳ канда шуда, рӯи онҳоро пӯшонда, ноаён карда буданд, афтиданду кушта шуданд".

Дар ин ҷанг ҳам шоҳи Эрон аз артиши давлати Ҳайтолиён сахт шикаст хӯрдааст, дар назди шоҳи Ҳайтолиён Шаҳнавоз ӯхдадор шуд, ки дигар ба ҳудуди давлати ӯ қадам намегузорад. Барои эътимод Пирӯз вориси тоҷу тахти шоҳии Сосониён - писари худро дар назди шохи Ҳайтолиён гаравгон гузошта, маблағи калон товони ҷанг низ дод. Вале Пирӯз ба ваъдаи худ вафо накарда, баъди чанде бар зидди Ҳайтолиён аз нав ҳамла кард, ки он ҳам ба шоҳи Сосониён ғолибият наовард. Баъди ин Пирӯз бори дигар бар зидди давлати Ҳайтолиён лашкар кашид. Лекин лашкарҳои Сосониён ва худи Пирӯз аз нав ба доми Ҳайтолиён афтиданд.

Ин дафъа Ҳайтолиён усули ҷанги мудофиавии худро каме тағйир дода, дар пеши роҳи лашкарҳои Сосониён чоҳҳои зиёде кофта, рӯи онҳоро бо хасу шохаҳо пӯшонида ноаён карданд. Дар натиҷаи ҳуҷуми саросемавори Сосониён аксари лашкари онҳо, аз он ҷумла, худи Пирӯз ҳам ба ин "чоҳҳои гургқапӣ" афтиданд.

ВАСЕЪШАВИИ ДАВЛАТИ ҲАЙТОЛИЁН. Дар охирҳои асри V ва оғози асри VI давлати Ҳайтолиён боз ҳам васеътар шуд. Ҳайтолиён Қандаҳор, Урумчӣ, Қошгар ва Хутанро низ забт карданд. Баъди забти Ҳиндустони Шимолӣ ҳудуди давлати Ҳайтолиён аз империяи Кушониёни Бузург ҳам калонтар шуд. Дар асри VI ба давлати Ҳайтолиён лозим омад, ки худро аз ҳамлаҳои истилогарони лашкари ду давлат - Хоқонии Турк ва Сосониён мухофизат кунад.

 

-15-  

 

 

 

...Ҳуруфоти Ҳайтолиён идомаи бевоситаи ҳуруфоти кушонӣ (бохтарӣ) буда, вале нисбат ба ҳуруфоти кушониён андак моилтар навишта мешавад. Маҳз дар бораи ҳуруфоти ҳайтолиён Сюандзан (муаррихи Чини қадим. - Шарҳи Т. Зиёев) навиштааст: "Забони онҳо аз забони дигар мамлакатҳо андак фарқ дорад. Шумораи ҳуруфоти онҳо бисту панчто ва онҳо ин ҳарфҳоро тартиб дода, ҳама гуна мафҳумотро ифода мекунанд. Аз чап ба рост менависанду мехонанд...

...Дар шимолу ғарби Покистон дар водии дарёи Тоҷи се катибае ёфт шуд, ки дар санг канда шудаанд: дар санги якум матни арабию санскрит, дар санги дуюм матни бохтарию санскрит ва дар санги сеюм, ки аз ду пора иборат аст, матни бохтарӣ ва ду сатри хати арабӣ ҳаст. Хати бохтарӣ бо усули шикастаи моил сабт гардидааст...

...Дар Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи осори бадастомадаи хати ҳайтолӣ катибаи рӯи сафолпораест, ки дар Зангтеппа ёфт шуд ва дар он ҳамагӣ як қисми шаш сатр бокӣ мондааст. Осори дигари хати ҳайтолӣ катибаи графитии Қаротеппа ва инчунин ду сатри хати шикастаи моили бохтарии Афросиёб мебошад, ки мувофиқи далолати катибаи суғдии паҳлӯи он намунаи хатти расмии ҳайтолӣ будааст. Боз як асари хати ҳайтолӣ катибаи сурати девори димнаи Кофирқалъаи Колхозобод мебошад, ки дуруст маҳфуз мондааст..."

Аз Тоҷикон..' Б. Ғафуров - Саҳ. 276-277.

 

 

ЛУҒАТ

Давлати марказиятнок - чунин давлат ҳокимияти пурзӯр дошта, ҳамаи вилоят ва мулкҳои он ба ҳокимияти марказӣ тобоваранд.

Империя - давлате, ки ниҳоят калон буда. онро император ва ё шоҳаншоҳ идора мекунад.

Катиба,  китобат – навиштаҷоте, ки дар болои санг, сафол ва ё ашёи дигар кандакорӣ ва ё навишта шудааст.

Кӯчманчиён – мардуме, ки дар як ҷои муқимӣ сукунат надоранд, ҷои зиндагиашонро тез-тез иваз мекунанд. Онҳо асосан бо чорводорӣ машғуланд.

Маъхаз - сарчашмаи хаттие, ки дар бораи ягон масъала маълумот медиҳад.

Санскрит - забон ва хати ҳадими ҳиндӣ.

Товони ҷанг - маблағест, ки давлати дар ҷанг ғолибомада аз давлати шикастхӯрда мерӯёнид.

 

-16-  

 

        САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Олимон кадом қабилаҳоро "ҳаӣтолӣ" меноманд?

  2. Дар бораи урфу одатҳои ҳайтолиён нақл кунед.

  3. Давлати Ҳайтолиён кай ва чӣ тавр таъсис ёфтааст?

  4. Давлати Ҳайтолиён кай пуриқтидор шудааст? Дар ин бора далелҳо биёред.

  5. Дар бораи аҳдшикании Пирӯз - шоҳи Сосониён фикри худро иброз доред

  6. Барои ба лашкари Сосониён шикаст додани шоҳи Ҳаӣтолиён Шаҳнавоз аз кадом ҳилла истифода бурд?

  7. Дар асри VI давлати Ҳайтолиён куҷоҳоро дар бар мегирифт?

  8. Маъхазҳоро мутолиа карда, аз онҳо хулоса бароред.

 

-17-

Гузариш ба саҳифаи |12|13|14|15|16|17|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz