¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

МУҚАДДИМА

 

Ба хонандагони синфи 6

 

Хонандагони азиз!

Шумо дар синфн 5 таърихи дунёи қадимро омӯхта, дар бораи халқу давлатҳои он замон маълумоти пурқимат ба даст овардед.

Ин донишҳо ба шумо барои фаҳмидани таърихи асрҳои миёна, ки омӯзиши онро оғоз менамоед, кӯмак мерасонанд.

Китоби дарсии таърихи асрҳои миёна, ки Шумо дар даст доред, аз оғози асри III то оғози асри ХVI-ро дар бар гирифта, яке аз марҳалаҳои муҳимтарини таърихи башарро инъикос менамояд. Дар ин китоб бо халқу давлатҳое вомехӯред, ки нисбат ба халқу давлатҳои дунёи қадим дар марҳалаи баландтари пешрафт қарор доштанд.

Давлатҳои асримиёнагиро феодалӣ ном мебаранд, чунки дар онҳо ҳокимияти подшоҳӣ, королӣ, императорӣ ва ё султонӣ меросию мутлақ буда, ашрофон соҳибони асосии замину дороии дигар буданд. Сохти феодалӣ дар ҳар як давлати асримиёнагӣ ғайр аз нишонаӣои умумӣ хусусиятҳои хоси худро дошт, ки ба онҳо ҳангоми омӯзиши китоби дарсӣ шинос мешавед.

Дар ин қисмати таърихи умумӣ ба давлатҳои машҳурн асрҳои миёна диққатн калон дода шудааст. Онҳо симои воқеии ин давраро муайян намудаанд. Дар байни ин кишварҳо: Сосониён, Ҳайтолиён, Ҳоқонии Турк, давлати Франк, империяи Карли Кабир, империяи Византия, Хилофати Араб, Сомониён, давлатҳои Чин, Ҳиндустон, Ғазнавиён, Хоразмшоҳон, Ғуриён, империяи Муғул, Англия, Олмон, Русия, империяи Темур ва Темуриён, Султонии Туркҳои Усмонӣ ва давлатҳои Америка ҳастанд.

Дар китоби дарсӣ ба шумо оид ба муносибатҳои байни- ҳамдигарии давлатҳои асримиёнагӣ, идораи давлат, масъалаҳои ҷанг ва сулҳ, рушди кишоварзӣ, касбу ҳунар, тиҷорат, ба вучуд омадани олоти нави меҳнат, корхонаҳо ва пешрафти илму фарҳанг маводи фаровон пешниҳод карда шудааст.

Хуллас, таърихи асрҳои миёнаро омӯхта, Шумо аз он ҷиҳатҳои гуногуни ҷомеаи асри миёнаро дарёфта, донишу малака ва ҷаҳонбинии худро васеъ хоҳед кард.

 

-3-  

  Ба қафо

Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz