¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

БА ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ

ТАЪРИХ

Ҳамкасбони гиромӣ!

Китоби дарсии таърихи асрҳои миёна, мутобиқи барномаи таълими таърихи умумии нашри соли 2002 таълиф гардидааст. Мо. муаллифон, мехостем таваҷҷӯҳи шуморо ба як хусусияти ин китоби дарсӣ ҷалб намоем.

Ба шумо маълум аст, ки дар таърихи асрҳон миёна давлату давлатдории мардуми форсизабон, аз он ҷумла, халқи тоҷик дорои мақоми баланд мебошад. Аз ин сабаб, дар сурати дар китоби дарсии таърихи асрҳои миёна инъикос накардани таърихи индавраинаи халқи тоҷик курси таърихи умумӣ аз як ҷузъи муҳимтарини худ маҳрум мешуд. Аз ин рӯ, тибқи усули робитаи байни ду курси таърих маводи курсҳои таърихи умумӣ ва таърихи халқи тоҷики асрҳои миёнаро китоби мазкур дар ҳамгироӣ ҷо ба ҷо кардем. Ин усул имконият медиҳад, ки хонандагон нақши давлатҳои форсу тоҷикро дар таърихи башар хуб дарк карда, оид ба таърихи асрҳои миёнаи ҷаҳон дониши тому вокеъӣ пайдо намоянд.

Ба Шумо ва ба шогирдони Шумо дар таълим ва омӯзиши таърихи асрҳои миёна барор мехоҳем.

Муаллифон


-4-

  Ба қафо

  Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz