¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

Гузариш ба саҳифаи |5|6|7|8|9|10|11|Интиҳо|

 

Боби I. МАМЛАКАТҲОИ ШАРҚ ДАР АСРҲОИ IIIII

§1-2. ДАВЛАТИ СОСОНИЁН

 

ТАЪСИСЁБИИ ДАВЛАТИ СОСОНИЁН. Аз таърихи дунёи қадим дар ёд доред, ки баъд аз парокандашавии империяи Искандари Мақдунӣ дар қисмати шарқии он якчанд давлатҳои мустақил ташкил ёфтанд, ки дар байни онҳо калонтаринаш Порт буд. Ба қаламрави ин давлати пуриқтидору паҳновар лашкари рим тез-тез ҳамла карда, онро хароб ва заиф мегардонд. Ҷангҳои дуру дароз бар зидди таҷовузкорони римӣ қабилаҳои югҷӣ ва низову харҳашаҳои дохилии сулолаи Аршакиён давлати Портро аз байн бурданд. Ардашери I Бобакон, ки ҳокими вилояти Истахр буд, соли 224 Аршакии охирнн - Артабони V-ро шикаст дода, дар Форс ба ҳокимият соҳиб шуд. Давлати нав ташкилкардаи Ардашер номи давлати Сосониёнро гирифт.

Бобои Ардашери I Сосон ном дошта, коҳини маъбади зардуштии Анаҳита буд. Номи сулолаи Сосониён ва давлати Сосониён аз номи бобои Ардашери I пайдо шудааст.

Ардашери I Бобакон баъди чанде ҳокимияти худро қариб дар тамоми Форс паҳн карда, соли 226 ба тахти подшоҳии давлати Сосониён нишаст.

Ардашер худро шоҳаншоҳи давлати Сосониён меномид. Ӯ барои васеъ ва мустаҳкам кардани мамлакат ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ додааст. Ба Ардашери Бобакон муяссар шуд, ки тамоми мулкҳои собиқ давлати Портро ба даст дарорад. Инчунин Мод, Озарбойҷон, Синстон, Хуросон ва як қисми Арманистонро ишғол намуда, ба давлати худ ҳамроҳ кунад. Ба Ардашери I Бобакон ва вориси ӯ Шопури I лозим омад, ки бар зидди империяи Рим мубориза баранд. Шопури I оқибат ба лашкари Рим ишкаст дода, ҳатто императори он - Валерианро асир гирифт.

ИДОРА ВА ХОҶАГИИ ДАВЛАТИ СОСОНИЁН. Шоҳҳои Сосониён дар мамлакат ҳокимияти номахдуд дошта, давлати худро аввал аз шаҳри Тахти Ҷамшед ва баъд аз шаҳри Тайсафун истода идора мекарданд.

Мамлакат ба 18 сатрапӣ, яъне вилоят тақсим шуда, онҳоро ҳокимони аз тарафи шоҳ таъйинкарда идора мекарданд. 

-5-  

 

Ҳокимони вилоятҳо пурра тобеи шоҳ буданд. Давлат аз таҷовузи мамлакатҳои хориҷӣ тавассути артиши пурзӯр ҳифз карда мешуд. Дар идора кардани соҳаҳои гуногуни мамлакат мансабдорони зиёд истифода бурда мешуданд.

Сосониён ба масъалаи ҷамъоварии андозҳо аз аҳолӣ диққати ҷиддӣ медоданд. Ин корро ҳайати сершумори андозгундорон иҷро менамуданд. Дар давлати Сосониён косибӣ ва кишоварзӣ тараққӣ карда буд, ки он сабаб дошт. Эрон дар чорроҳаи тиҷоратӣ воқеъ гардида буд. Дар шаҳрҳои мамлакат маҳсулоти баландсифати косибӣ истеҳсол карда мешуд. Эрон дар он замон бо абрешим, газвор, моҳут, қолин, зарфҳои сафолӣ ва маснуоти заргарии худ машҳур буд. Тоҷирони сосонӣ ин молҳоро ба хориҷи кишвар бароварда, аз фурӯши он даромади калон мегирифтанд, ки як қисми ин маблағ ба хазинаи давлатӣ низ ворид мегардид.

ҲАРАКАТИ МОНАВИЯ. Сарфи назар аз пешрафти хоҷагӣ дар нимаи дуюмн асри III аҳволи кишоварзони эронӣ хеле вазнин буд. Ба онҳо лозим меомад, ки ба давлат андозхои гуногуни зиёд бидиҳанд. Ба ин аҳвол гирифтор шудани кишоварзон бо гуноҳи амалдорон низ ба амал меомад. Онҳо бо ҳар роҳу восита аз кишоварзон андози зиёд меситониданд. Аҳли меҳнат аз вазъи вазнини худ норозӣ буд. Аз ҳамин сабаб дар мамлакат ҳаракати халқии зидди табақаҳои доро вусъат ёфт. Ба яке аз чунин ҳаракатҳо Монӣ ном шахс роҳбарӣ мекард. Монӣ аслан аз Байнаннаҳрайн буд. Ӯ бо дар назардошти таълимоти дини зардуштӣ дар бораи муборизаи зиддиҳамдигарии ду қувва - Ҳурмуз - нерӯи некхоҳ ва Аҳри- ман - нерӯи бадхоҳ, тартиботи мавҷудаи ҷомеаи Сосониёнро зери танқиди сахт гирифт. Монӣ дини давлатии зардуштия ва урфу одатҳои мавҷудаи барои халқ зарарнокро рад намуда, зидди боигарӣ ва коҳинони зардушгӣ баромад мекард.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Рисми 1. Шоҳ Хусрави I дар майдони набард.

 

-6-

 

Ӯ кӯшиш ба харҷ медод, ки дар асоси динҳои зардуштияю буддоия дини наверо ба вуҷуд оварад, ки ба манфиати халқи заҳматкаш бошад.

Монӣ мардумро ба муборизаи фаъолонаи зидди табақаҳои доро даъват намекард. Ӯ бар он ақида буд, ки инсон бояд аз зиндагии бошукӯҳ даст кашида, хоксорона умр ба сар барад, аз пайи андӯхти сарвату мол нашавад ва дар ин роҳ пуртоқат бошад. Маҳз ба ҳамин восита кас ба мақсадҳои хеш ноил шуда метавонад.

Монӣ ба мақсадаш расида натавонист. Бо амри шоҳ ӯро ба зиндон партофта, соли 276 қатл карданд. Ин қатл холе ваҳшиёна буд. Баҳроми I фармуд, ки аз тани Монии зинда пӯсташро кананд.

ҲУКМРОНИИ ШОПУРИ II. ЯЗДИГУРДИ I ВА ПИРӮЗ. Сарфи назар аз чидду ҷаҳди Ардашери Бобакон, Шопури I ва Баҳроми I давлати Сосониён он қадар пурзӯр набуд. Вале дар давраи ҳукмронии Шопури II - солҳои 309-379 он рӯ ба тараққӣ ниход. Ҳудудҳои давлати Сосониён ҳам дар самти ғарб ва ҳам дар самти шарқ васеътар шуданд. Дар давраи шоҳигарии Яздигурди I (солхои 399-420) низ давлати Сосониёи дар рушду нумӯь буд. Дар мамлакат шаҳрҳо ободу зебо шуда, шаҳрҳои нав бунёд ёфтанд. Дар ин давра ба давлати Сосониён тохтутози лашкари Рим ва кӯчманчиён қать гардид. Вале дар дохили давлат оромию ваҳдати умумихалқӣ вуҷуд надошт. Дар музофотҳои гуногуни он ва алалхусус дар Қафқозу Осиёи Марказӣ бар зидди шоҳони сосонӣ шӯришҳо ба амал меомаданд. Мақсади шӯришҳо беҳбудии зиндагии аҳолии камбағал буд.

Расми 2. Харобаҳои кӯшки Марв. Асрҳои VI-VII.

 

-7-  

 

Ин шӯришҳо дар замони ҳукмронии Пирӯз бештар сар мезаданд. Шӯришчиён ҳатто шоҳу шоҳзодаҳои Сосониёнро асир ва ё гаравгон мегирифтанд. Аз он ҷумла, боре худи Пирӯз ҳам гаравгони шӯришгарон шуда буд.

ҲАРАКАТИ МАЗДАКИЯ. Ҳаракати Маздакия ба замони ҳукмронии Кайқубодшоҳ (солҳои 488-531) рост омад. Ба ин ҳаракат Маздак роҳбарӣ мекард. Унвони ҳаракат аз номи роҳбараш пайдо шудааст. Асосгузори ин ҳаракати халқӣ ибни Хурроӣ буд, ки дар нимаи дуюми асри V умр ба сар бурдааст. Маздак шогирди ӯ буд.

Ақидаҳои Маздак ба халқ фаҳмо буданд. Ӯ мегуфт, ки ҳуқуқи азалии ҳамаи одамон баробар аст. Бинобар ҳамин сабаб нобаробарии сарватдорону камбағалонро барҳам задан мебояд. Маздак ва ҷонибдорони ӯ ба мардум мегуфтанд, ки парвардигор неъматҳоро барои ҳама баробар офаридааст. Бинобар ин мардум онҳоро бояд дар байни худ боинсофона тақсим кунанд. Вале теъдоде аз одамон бо ин роҳ нарафта, бо фиребу найранг дорои молу мулк ва сарвати зиёд шудаанд. Аз ҳамин сабаб пайравони Маздак мегуфтанд, ки онҳо моли мардуми дороро бо зӯрӣ кашида гирифта, ба одамони камбағал тақсим карда медиҳанд, то ки ҳамаи онҳо баробар зиндагӣ кунанд.

Маздакиён мегуфтанд, ки натанҳо одамкушӣ, балки куштани чорво низ гуноҳи азим аст. Вале баҳри мубориза бар зидди нерӯи зишт одамкушӣ равост. Бо ин ақида онҳо гуфтанӣ буданд, ки куштани одамони бою сарватманд равост. Дар зери таъсири ин ғояҳо сафи маздакиён сол то сол зиёд шуда, ба қувваи пурзӯре табдил ёфт. Ин буд, ки маздакибни шӯришбардошта дар пойтахти Эрон ва шаҳру маҳалхои дигари мамлакат молу мулки бойҳоро кашида гирифта, дар байни мардуми камбағал тақсим карданд. Қисми ашхоси сарватманд ба қатл расонида шуда, қисми ҷонбасаломатбурдаи онҳо аз тарси марг ба хориҷи кишвар фирор кард. Кайқубодшоҳ аз маздакиён сахт тарсида, эълон намуд, ки ҷонибдори онҳо аст. Барои ин кирдораш аъёну ашроф ӯро аз тахти подшоҳӣ афтонда, ба ҷои ӯ писарашро шинонданд. Онҳо Кайқубодшоҳро ба зиндон партофтанд, вале дере нагузашта, ӯ аз он ҷо гурехта, ба назди шоҳи Ҳайтолиён рафт. Шоҳи Ҳайтолиён, ки падарарӯси Кайқубодшоҳ буд, ваьда дод, ки ба ӯ ёрӣ мерасонад, то ки аз нав ба тахту тоҷи давлати     Сосониён     соҳиб     шавад. Ва   ҳамин    тавр      ҳам    шуд. Баъди аз нав ба

 

-8-

 

тахти подшоҳӣ нишастан Кайқубод бо фиребу найранг роҳбари шӯриш Маздак ва баъзе роҳбарони дигари маздакиёнро дастгир намуда, ваҳшиёна ба қатл расонд. Дар сар то сари мамлакат ҳазорон нафар пайравони Маздакро қир кард. Баъд аз вафоти Кайқубодшох Хусрави I, ки душмани ашадии маздакиён буд, ба тахти подшоҳӣ нишаста, бар зидди онҳо муборизаро давом дод.

ҲУКМРОНИИ ХУСРАВИ I АНӮШЕРВОН. Хусрави I дар Эрони замони Сосониён муддати дуру дароз - аз соли 531 то соли 579 ҳукмронӣ кардааст. Давраи ҳукмронии ӯ давлати Сосониён марҳалаи равнақи худро аз сар мегузаронд. Аз ҳамин сабаб обрӯи ин шоҳ дар байни халқи Эрон ниҳоят баланд шуд. Беҳуда нест, ки ӯро "Анӯшервон", яъне "абадзинда" меномаданд.

Хусрави I Анӯшервон шоҳи оқилу доно буд. Ӯ дар мамлакат ислоҳот гузаронда, хуб дарк мекард, ки низоми андозситонӣ аз замин беадолатона аст. Барои ҳамин бояд андози замин кам карда шавад. Бо фармони шоҳ рӯйхати заминҳо мураттаб карда шуд. Минбаъд амалдорони андозситон ба саҳроҳои киштзори ғалла рафта, ҳосилнокии онҳоро пеш аз ҷамъоварӣ, бевосита дар ҷояш муайян мекарданд. Бо ҳамин усул низоми пардохти андоз дар сар то сари мамлакат ба тартиб дароварда шуд. Акнун амалдорони давлатӣ тибқи нишондодҳои ислоҳот андозн сарикасиро соле як маротиба дар доираи мӯҳлатҳои муқарраркардашуда ғун мекарданд. Рӯҳониён, сарбозон ва амалдорони давлатӣ аз пардохти андоз озод буданд.

Шоҳ барои пешрафти тиҷорат ҳарҷониба кӯмак мерасонс. Дар идораҳои молиявии давлати Сосониён тоҷирон ва судхӯрони сершумор кор мекарданд. Хусрави I ин ашхосро ба вазифаҳои давлатӣ таъйин карда, таҷрибаи онҳоро истифода мебурд.

Барои пешрафти соҳаи асосии хоҷагӣ - кишоварзӣ Хусрави I чораҳои самаранок меандешид. Дар мамлакат бо амри ӯ ҷӯйҳо, обанборҳо. дарғотҳо ва иншоотҳои дигари обёрӣ сохта шуданд. Бо ин роҳ майдонҳои кишти зироатҳои обӣ афзуданд.

Хусрави I Анӯшервон ба илму фарҳанг рағбати калон дошт. Ӯ ба арбобони ин соҳа ғамхорӣ зоҳир мекард. Ҳатто ба як файласуфи византиягӣ, ки ӯро император Юстиниани I аз мамлакат пеш карда буд, паноҳгоҳ дода, баҳри идомаи корҳои илмиаш шароити зарурӣ фароҳам овард.

Бо амри Анӯшервон таърихнигорон солномаи воқеаҳои муҳимми таърихии давлати Сосоннёнро мураттаб сохтанд.

 

-9-

 

Тарҷумонҳо асарҳои сершумори адабии юнонию суриягиро ба забони эронӣ тарҷума карданд. Тахмнн меравад, ки маҳз дар замони ҳукмронии Хусрави I Анӯшервон маҷмӯаи форсии "Ҳазор афсона" тавлид ёфтааст. ки дар асоси он баъдтар арабҳо маҷмӯаи машҳури "Ҳазору як шаб"-ро тартиб додаанд.

Хусрави I Анӯшервон дар тӯли ҳукмронии қариб 50-солаи худ бар зидди давлатҳои ҳамсоя ҷанг кардааст. Ҷангҳои бештари Анӯшервон бар зидди Византия буд. Дар натиҷаи ин ҷангҳо Хусрави I Анӯшервон Антиохияро забт карда, аҳолии онро асир гирифта, барои сукунат ба назди шаҳри Тайсафун меорад. ки мардум баъд он маҳалро "Антиохияи Хусрав" номгузорӣ кардаанд. Хусрави I соли 562 бо Византия ба мӯҳлати 50 сол сулҳ баст. Вале баъди якчанд сол ӯ аҳдшиканона пораеро аз қаламрави Византия ишғол кард. Ин иқдоми Анӯшервон барои дар байни давлати Сосониён ва империяи Византия аз нав сар задани ҷанг баҳона шуд. Ҷанги мазкур танҳо баъд аз вафоти Хусрави I Анӯшервон қатъ гардид. Дар қисмати шарқии мамлакат Хусрави I бар зидди қабилаҳои туркии кӯчманчии сокини миёнаҷои дарёҳои Аму ва Сир ҷанг карда, ғалаба ба даст овардааст.

Хуллас, дар замони ҳукмронни Хусрави I Анӯшервон давлати Сосониён ба империяи пуриқтидор табдил ёфт.

РӮ БА ТАНАЗЗУЛ НИҲОДАНИ ДАВЛАТИ СОСОНИЁН. Баъд аз вафоти Хусрави I Анӯшервон давлати Сосониён рӯ ба таназзул ниҳод. Ҳокимони вилоятҳои алоҳида мунтазам шӯриш мебардоштанд. Яке аз ҳамин шӯришҳо соли 590 бо роҳбарии Баҳроми Чӯбина ба амал омадааст. Хусрави II маҷбур шуд, ки аз императори Византия ёрӣ пурсад.

Расми 3. Харобаҳои Сиистон

 

-10-

 

Баъди шикасти ин шӯриш дар байнн Эрон ва Византня созишномаи сулҳ баста шуд, ки мувофиқи он як қнсми ғарбии Қафқоз ба Византия гузашт.

Баъди танаффуси начандон зиёде дар байни Византия ва Эрони Сосонӣ ҷангҳо аз нав оғоз ёфта, гоҳ ба фоидаи як тараф ва гоҳ ба фоидаи тарафи дигар анҷом меёфтанд. Ниҳоят, соли 623 императори Византия Ираклий ба ҳуҷуми қатъии зидди Сосониён гузашта, ба пойтахти Эрон шаҳри Тайсафун назднк шуд. Хавфи Тайсафунро ишғол кардани византиягиҳо ба миён омад. Аз бемуваффакиятии ҳукмронии Хусрави II ва шикасти ӯ аз Византия дар мамлакат норозигии мардум афзуд. Аз ин вазъ истифода бурда, ашрофони маъруф писари Хусрави II Қубоди II-ро шохи нав эълон карданд. Писар ба муқобили падар лашкар кашида, ӯро асир гирифта, ба қатл расонд. Баъди чанде Қубоди II ба лашкари Византия шикаст дод ва императори он аз шоҳи Сосониён сулҳ пурсид. Қубоди II бо Византия сулҳ баст, ки мувофиқи он ҳамаи заминҳои қаблан аз дастдодаи Сосониён баргардонида шуданд. Вале ин ғалаба пеши роҳи таназзули минбаъдаи давлати Сосониёнро гирифта натавонист.

 

ЛУҒАТ

Коҳин - роҳбари динӣ.

Шоҳаншоҳ - подшоҳи шоҳҳо ва ҳокимони вилояту мулкҳо. Ҳокимияти мутлақ - чунин ҳокимияте, ки дар мамлакат ягона аст, масалан, шоҳ, султон, император ва амсоли инҳо. Ислоҳот - чораест, ки тавассути он вазъи идораи давлатӣ, хоҷагӣ, тиҷорат ва аҳволи мардум беҳтар карда мешавад. Ислоҳот ба вазъи фарҳанг ҳам таъсири мусбат расонда метавонад. Баъзан ислоҳот аҳволи мамлакатро боз ҳам бадтар мегардонад.

Судхӯрон - одамонеанд, ки ба мардум ва ё давлат пул қарз дода, баъди мӯҳлати муайян аз қарздор пулашонро бо фоидааш меситонанд. Судхӯрон имрӯз ҳам ҳастанд.

 

   САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Давлати Сосониён дар куҷо ва кай таъсис ёфтааст?

  2. Асосгузори давлати Сосониён кӣ буд? Чаро ин давлати эронӣ "Давлати Сосониён" ном гирифтааст?

  3. Давлати Сосониён чӣ тавр идора карда мешуд?

  4. Роҳбари ҳаракати Монавия кӣ буд?

  5. Давлати Сосониёни замони ҳукмронии Шопури II, Яздигурди I ва Пирӯзро шарҳ диҳед.

  6. Дар бораи ақидаҳои Маздак нақл кунед.

  7. Чаро Кафқубодшоҳ ҷонибдори маздакиён шуд?

  8. Кайқубодшоҳ чӣ тавр аз нав ба тахти подшоҳии давлати Сосониён соҳиб шуд?

  9. Ислоҳоти Хусрави I Анӯшервонро шарҳ диҳед.

  10. Хусрави I Анӯшервон ба илму фарҳанг чӣ гуна муносибат мекард?

  11. Дар бораи таназзули давлати Сосониён чиҳо гуфта метавонед?

 

-11-

Гузариш ба саҳифаи |5|6|7|8|9|10|11|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz