¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

Гузариш ба саҳифаи |66|67|68|69|70|71|72|73|Интиҳо|

 

§14-15. ХИЛОФАТИ АББОСИЁН

 

Расми 34. Манории масҷид дар Кийруан (Тунис. асри IX).

ШӮРИШИ АБӮМУСЛИМ. Дар замони таназзули ҳокимияти  сулолаи Уммавиён ҳаракати озодихоҳонаи халқхои хилофат авҷ гирифт. Қариб сар то сари онро шӯришҳо фаро гирифтанд. Шӯриши калонтарин дар Хуросон ба амал омад, ки сардори он Абӯмуслим буд.

Шӯриши Абӯмуслим соли 747 дар Марв оғоз ёфтааст. Бо даъвати ӯ мардуми Эрони Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ ба муқобили ҳокимияти сулолаи Уммавиён бархостанд. Баъдтар шӯриш Эрони Ғарбӣ ва Ироқро низ фаро гирифт. Халифаи Димишқ Марвони II ба ноиби Хуросон Наср ибни Сайёр супориш дод, ки аз ҳисоби мардуми арабу эронӣ лашкар чамъ карда, шӯриши Абӯмуслимро, ки акнун барон тахту тоҷи Уммавиён хатарнок шуда буд. торумор кунад. Вале зӯри ӯ ба ин кор нарасид. Баръакс, ҷангро бохта, маҷбур шуд, ки пойтахти Хуросон шаҳри Марвро тарк карда, бо боқимондаҳои лашкар ба Нишопур равад, то ки аз нав аскар ҷамъ карда, бар зидди Абӯмуслим муборизаро давом диҳад.

Аз нақшан ибни Сайёр бохабар шуда, Абӯмуслим бо сардории яке аз фармондеҳони беҳтарини худ бар зидди ӯ лашкар

 

-66-

фиристонд. Қӯшуни фиристодаи Абӯмуслим дере нагузашта дар Нишопур лашкари халифаро торумор кард. Уммавиён гарчанде тамоми қувваашонро ғун карда, як маротиба ба шӯришчиён зарба заданд, лекин аз ин зиёд кори дигаре карда натавонистанд. Абӯмуслим баъди ин шикаст лашкарашро боз ҳам зиёдтару боқувваттар карда, ба ҳуҷуми ҳалкунандаи зидди Марвони II раҳсипор шуд. Марвони II хост, ки лашкари Сурияро бар зидди Абӯмуслим истифода барад, вале вай нисбат ба худи ӯ душманона муносибат кард. Марвони II дар Сурия ба муроде ноил нашуда, ба Миср раҳсипор шуд, вале фармондеҳи Абӯмуслим - Абдуллоҳ ибни Алӣ бо лашкари калон ӯро думболагирӣ карда, то Миср рафт. Дар ин ҷо лашкари халифа ба бадкирдороне муттаҳам шуда, обрӯяш рехт. Халифа дар амал бе лашкар монда, хост ки ба Мағриб фирор кунад, вале дастгир ва қатл карда шуд.

ТАЪСИСИ ХИЛОФАТИ АББОСИЁН. Аз ғалаба бар Марво ни II на шӯришчиён, балки Абулаббос истифода бурда, ба тахти Хилофати Бағдод нишаст ва асосгузори сулолаи нави халифаҳои араб шуд. Бо амри Аббос аъзоёни хонадони Уммавиён нест карда шуданд. Аз ин сулола танҳо як нафар - Абдураҳмон ҷон ба саломат бурда, ба Испания гурехт ва соли 756 худро амири Андалус эълон кард.Аз куштори Аббос Абӯмуслим ҳам наҷот сфга нашионись Ба ҷои он ки ба Абӯмуслим барои шикаст додани Марвони II миннатдорӣ изҳор кунад, халифаи нав ӯро ба зиндон партофта, баъди чанде қатл кард.

Расми 35. Масҷиди Умар - "Кубат-ас-Саҳро".

 

-67-

 

Халифаҳои сулолаи нав аз амаки Муҳаммад пайғамбар - Аббос оғоз ёфтааст. Яъне, чун авлоди Алӣ ибни Абӯтолиб Абулаббос ба хонадони пайғамбари Аллоҳ мансуб буд.

Аббос аз ғазаби Марвони II тарсида, дар Куфа пинҳон шуд. Баъди дар назди мардуми Куфа савганд ёд кардан Абулаббос ба шаҳри Анбар рафта, қароргоҳи худро ташкил намуд. Ба ин ҷо аз тамоми гӯшаю канори хилофат хешу табори ӯ ҷамъ омада, иброз доштанд, ки омадаанд, то ки ба халифаи нав итоат кунанд. Абулаббос 4 сол ҳукмронӣ карда, соли 754 дар синни 30-солагӣ вафот кард. Ҳангоми беморӣ Абулаббос бародари худ Абӯҷаъфарро вориси тахту тоҷи Аббосиён эълон кард. Баъди ба тахт нишастан халифаи нав номи "Мансур"-ро гирифт, ки маънояш "ғолиб" мебошад.

ШАҲРИ БАҒДОД. Бағдод аввал "Мадина-ас-салом", яънс "Хонаи сулҳ ва некӯкорй" ном дошт. Ин шаҳрро халифа Мансур соли 762 дар ҷои деҳаи "суқ Бағдод". яъне "бозори Бағдод" бунёд кардааст. Номи Хилофати Бағдод аз номи пойтахти сулолаи Аббосиён гирифта шудааст.

Бағдод дар соҳили рости дарёи Даҷла, шимолтари ҷӯйи калони Сарат, ки ин дарёро ба дарёи Фурот мепайваст, бунёд гардид. Барои сохтани шаҳри Бағдод бо амри Мансур мардуми Байнаннаҳрайн, Ироқ ва ҳатто Сурияю Эрон иҷборан ҷалб карда шуда буданд. Шумораи онҳо 100 ҳазор нафарро ташкил мекард. Соли оянда хазина ва идораҳои давлатии Аббосиён аз Куфа ба Бағдод кӯчонида шуданд. Сохтмони шаҳри Бағдод соли 766 анҷом ёфт. Атрофи Бағдодро ду девори гирди қалъа иҳота мекард. Баъди девор хандаки чуқури сероб мавҷуд буд.

Дар қисмати марказии шаҳр қасри халифа ҷойгир буд, ки он бо девори дохилӣ иҳота карда шуда буд. Ин қасрро "Дарвозаҳои тиллоӣ" ё "Гумбази сабз" меномиданд, зеро боми толори тоҷу тахти халифа гумбази калони ҷилодор дошт. Дар шафати қаср масҷид сохта шуда буд. Аз қалъа каме дуртар идораҳои давлатӣ, хобгоҳи горд, ҳарами оилавии халифа ва амалдорони давлатӣ ҷойгир буданд. Зиндон аз қасри халифа каме дуртар воқеъ буд. Шаҳр чор дарвоза дошт - дарвозаи Басра, дарвозаи Хуросон, дарвозаи Сурия ва дарвозаи Куфа. Роҳҳои баромад аз ин дарвозаҳо аз маркази шаҳр оғоз ёфта буданд.

Шаҳри Бағдод дар асри IX ба яке аз шаҳрҳои калонтарини тиҷоратию ҳунармандӣ табдил ёфта, тарафи чапи дарёи Даҷларо

 

-68-

 

низ дар бар гирифта, ба маркази асосии маданию маъмурии Хилофат мубаддал гардид. Тамоми Хилофати бузург аз тарафи халифаҳои Аббосиён аз ҳамин шаҳр идора карда мешуд.

ШӮРИШИ МУҚАННАЪ. Шӯриши Муқаннаъ дар Мовароуннаҳр соли 776 оғоз ёфта, то соли 783 давом кардааст. Ин ҳаракати оммавиро "шӯриши сафедҷомагон" номидаанд. Аз арабӣ тарҷумаи "Муқаннаъ" ҳамин маъниро дорад.

Муқаннаъ дар аввал ҳам муқобили Абӯмуслим ва ҳам муқобили Аббос буд. Бо сабаби таблиғоти зидди Аббосиён Муқаннаъро халифа Мансур дар Марв дастгир карда, ба яке аз зиндонҳои Бағдод партофт. Вале ӯ дере нагузашта, аз он ҷо гурехта, ба Марв баргашт. Баъд аз Марв ба Мовароуннаҳр омада, мардумро ба муборизаи зидди арабҳо даъват намуд.

Дар ғоибии Муқаннаъ дар Мовароуннаҳр "шӯриши сафедҷомагон" васеъ паҳн шуда, қисми зиёди водиҳои Қашкадарё ва Зарафшонро фаро гирифт. Дере нагузашта шӯриш ба Бухоро ҳам омад.

Сабаби дар зери парчами Муқаннаъ муттаҳидшавии мардуми Мовароуннаҳр он буд, ки баъди омадани арабҳо мардуми меҳнаткаш озодии худро аз даст доданд. Арабҳо кишоварзон ва ҳунармандонро бо андозҳои миёншикан қашшоқ карданд. Ғайр аз ин, арабҳо аҳолии Мовароуннаҳрро дар сохтмони иншоотҳои бинокорӣ, кандани ҷӯй, роҳҳо ва корҳои дигари ҷамъиятӣ бепул истифода мебурданд.

Муқаннаъ ба Осиёи Марказӣ омада, ба тобеонаш фармуд, ки дар кӯҳи Санам қалъаи мустаҳкам созанд. Ин фармони Муқаннаъ бо тезӣ иҷро карда шуд.

Расми 36. Марокаш ва заминҳои ба он ҳамсоя. Харитаи асри XV-и аврупоӣ. 

-69-

 

Халифа Маҳдӣ, ки дар Нишопур буд, ба муқобили Муқаннаъ артиш сершумору пурзӯри худро сафарбар кард. Халифа ба Нишопур барои он омад, ки дар мубориза бар зидди Муқаннаъ шахсан роҳбарӣ кунад. Маҳдӣ аксарияти фармондеҳони артишро барои беҷуръатию ноӯҳдабароӣ аз вазифа сабукдӯш карда, ба ҷои Онҳо дигаронро таъйин намуд. Сарфи назар аз ин дар ибтидо ӯ шӯриши "сафедҷомагон"-ро пахш карда натавонист. Ба Маҳдӣ лозим омад, ки барои ин кор 7 сол сарф кунад. Дар муҳорибаи охирин ҳам шӯришчиён қалъаи худро каҳрамонона муҳофизат мекарданд, гарчанде ки лашкари халифа аз онҳо чандин маротиба зиёд буд.

Вақте ки Лашкари халифа қалъаро фатҳ мекунад. Муқаннаъ заҳр хӯрда, мемирад. Шӯриши "сафедҷомагон" шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ, дар Мовароуннаҳр умри ҳокимияти  Аббосиён боз якчанд дахсолаи дигар дароз шуд.

Расми  37. Нақшу нигори маиораи мисҷиди ал-Ҳаким дар Қоҳири.

ИДОРАИ ХИЛОФАТИ АББОСИЁН. Хилофати Бағдод давлати исломӣ буд. Мувофиқи қонунҳои мазҳаби суннӣ халифаи Аббосиён вазифаи имом ва амир, яъне ҳокимияти  динӣ ва дунявии хилофатро дар ихтиёри худ дошт. Халифа ҳамчун сарвари мусулмонон, ворис ва муовини Муҳаммад пайғамбар ва ҳатто намояндаи Аллоҳ дар Замин, аз ин рӯ, соҳиби олии тамоми Замин ва боигариҳои дигари мамлакат ба шумор мерафт. Ҳокимияти халифа номаҳдуд, яъне мутлақ  буд. Табақаи болоии ин мутлақиятро аъзоёни сулола ва наздикони дигари халифа ташкил менамуданд. Ноибони халифа дар внлоятхо аз тарафи халифа таъйин карда мешуданд ва танҳо ба ӯ итоат мекарданд.

Азхудкунии андозҳо  аз тарафи ноибони халифа кирдори ғайриқонуни шуморида шуда, гунаҳкор ба ҷазои сахт гирифтор карда мешуд.

Ашрофони араб танҳо хилофатро идора карда наметавонистанд. Нуфузи ашхоси маъруфи эронӣ то андозае баланд буд, ки халифаҳо маҷбур шуданд хилофатро бо ҳамроҳии онҳо идора кунанд.

Мансури Аббосӣ номҳои мақомоти ҳокимияти марказӣ ва тарзи идоракунии хилофатро мисли Сосониён ташкил намуд.

 

-70-

 

Доир ба соҳаҳои алоҳида вазоратҳо мавҷуд буданд. Ба вазоратҳо вазирон роҳбарӣ мекарданд. Дар зарфи ним аср ин вазифаҳоро асосан аъзоёни сулолаи Бармакиҳои Эрон иҷро менамуданд. Яке аз вазирон сарвазир шуд. Ӯ ёрдамчии аввали халифа ба ҳисоб мерафт. Сарвазир дар ихтиёри худ дастгоҳи идораи молия, артиш ва муассисаи назорати давлатиро дошт. Сарвазир инчунин мӯҳри халифаро ихтиёрдори мекард. Ҳамчун сохибн мӯҳр сарвазир тамоми ҳокимияти  олиро ба худ тобеъ карда буд. Ба амру фармонҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари аз ҷониби халифа ба даст расида мӯҳр мемонд. Барои ба санадҳо пахш кардани мӯҳр аз халифа иҷозат намепурсид Ашроф ва амалдорони эронӣ ҳамин тариқ, тавассути Бармакиҳо халифаро дар зери назорати худ нигоҳ медоштанд.

Халифа Ҳорунаррашид (786-809) Бармакиҳоро аз ҳокимият маҳрум ва як қисми онҳоро қатл кард. Вале аъзоёни ин сулола боз муддати дуру дароз ба халифаҳои Аббосиён ва давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, Ғазнавнён ва Салчуқиён дар вазифаҳои гуногуни баланди давлатӣ хизмат кардаанд.

БАРҲАМ ХӮРДАНИ ХИЛОФАТИ АББОСИЁН. Аббосиён ҳудудҳои империяи ташкилкардаи Уммавиёнро ҳанӯз аз аввали ҳукмронии худ дар дасташон нигоҳ дошта натавонистанд. Барҳамхӯрии Хилофати Бағдод аз қисмати ғарбии он оғоз ёфт. Андалусия ба ҳайати Хилофати Бағдод дохил нашуд. Дар ин вилоят Абдурраҳмон, ки аз таъқиби Аббосиён ба ин ҷо фирор карда буд, Хилофати Қурдобаро ташкил намуд. Дар охирҳои

Расми 38. Масҷиди каяон дар Кайруан (Тунис). Асри X.

 

-71-

 

асри VIII Мағриб ҳам аз хилофат ҷудо шуд. Онро имоми шиъа Идрис забт карда, ба сулолаи мустақили Идрисҳо асос гузошт. Соли 800 ноиби Мағриб Иброҳим Ибни Ағлаб Африқои Шимолиро ҷудо карда, подшоҳи он шуд. Қисмати боқимондаи Хилофати Араб то муддати муайян дар ҳайати Хилофати Бағдод монд. Аз байн қариб боз 200 сол сипарӣ шуд. Дар тӯли ин давра дар тамоми гӯшаю канорҳои Хилофати Бағдод бар зидди истибдоди Аббосиён ҳаракатҳои халқӣ ба амал омаданд. Ҳаракати хуррамиҳо ва зинҷҳо калонтарини онҳо буда, ҳокимияти Хилофати Аббосиёнро боз ҳам заифтар гардонд. Вилоятҳо ҳам аз тобеияти халифаҳо мебаромаданд. Давлатҳое, ки як вақтҳо аз тарафи Уммавиён забт карда шуда буданд, аз ҳайати Хилофати Бағдод баромада, давлатҳои соҳибистиқлолро ташкил менамуданд.

Дар миёнаҳои асри IX Мисри ҳам истиқлолият ба даст овард. Аз Хилофати Бағдод аввал Хуросон ва сипас Эрони Ғарбӣ ҷудо шуд. Дар Мовароуннаҳр ва Хуросон аввал давлатҳои  Тоҳириён ва Саффориён ва баъд давлати Сомониён тавлид ёфт. Дар Фурот давлати мустақили Мосул таъсис гардид. Дар нимаи дуюми асри X дар Эрони Шарқӣ ва як қисми Афғонистон давлати туркию эронии Ғазнавиён ташкил ёфт. Дар миёнаҳои ин аср дар ихтиёри халифаҳои Аббосиён Арабистон ва як қисми Байнаннахрайни атрофи шаҳри Бағдод монду халос.

Соли 1055 Бағдодро туркҳои салҷуқӣ ишғол карданд. Намояндаи туркҳо Туғрулбек худро султони ин давлати нав эълон кард. Баъди ин дар дасти халифаҳо танҳо вазифаи роҳбарӣ ба дини ислом монду бас. Халифаҳо пойтахти худро ба Самарра кӯчониданд. Халифаҳои аббоси то соли 1258, яъне то ба ин ҷо омадани истилогарони Муғулсарварии дини исломро ба ӯҳда доштанд.

 

НАМУДҲОИ ЗАМИНДОРИ ДАР ХИЛОФАТИ

АРАБ ДАР АСРИ XI

Тамоми замин ба чор намуд тақсим мешавад.

Намуди якум - заминҳое, ки мусулмонҳо ба кор андохтаанд. Ин Замини ушр (даҳяки хосили ин заминҳоро арабҳои мусулмон ба давлат месупориданд) мебошад ва ба он хироҷ (андоз ба замин андохта мешавад. Ин андоз аз онҳое ситонида мешуд, ки ба  арабҳо тобеъ шуда бошанд ҳам, дини худро аз даст надодаанд. - Шарҳи Т. Зиёее) андохтан манъ аст...

Намуди дуюм – Заминҳое, ки соҳибонашон дини исломро қабул карда, онҳоро бо ҳамин роҳ аз даст надодаанд...

Намуди сеюм - заминҳое, ки аз бединҳо бо зӯри яроқ кашида гирифта шудаанд...

Намуди чорум - заминҳое, ки бединҳо оид ба онҳо қарордод ба имзо расонидаанд, намуди махсуси замин аст, ки ба он хироҷ андохта мешавад...

Хироҷ чӣ дар сурати қабули ислом ва чӣ дар мавриди пайдо намудани пуштибон тағйирнопазир аст. Ин заминҳоро фурӯхтан мумкин нест, чунки мақоми мулкҳои вақфро доранд...

 

 

-72-

 

ЛУҒАТ

Ҳаракати озодихоҳона - халқҳои мустамлика ва тобеъ барои озодӣ ва истиқлолияти давлатӣ мубориза мебаранд.

Мағриб - маънояш "ғарб" буда,  арабҳо Африқои Шимолиро, ки қисмати ғарбии хилофатро ташкил мекард, ҳамин тавр мено миданд.

Масҷид - ҷои ибодати мусулмонҳо.

Мовароуннаҳр - калимаи арабӣ буда, маънояш "он тарафи дарё" аст (он тарафи дарёи Аму дар назар дошта шудааст).

Давлати исломӣ - чунин мамлакатеро меноманд, ки ислом дини давлатии он аст.

Боҷ - аз фурӯши мол ситонида мешавад (намуди андоз).

 Хироҷ - аз истифодаи замин ситонида мешавад (намуди андоз).

Сарвазир - вазири асосӣ, сардори вазирон.

 Салҷуқ - пешвои яке аз қабилаҳои туркӣ.

Султонӣ - сохти яке аз намудҳои давлати исломӣ, ки онро Султон идора мекунад.          

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.         Абӯмуслим чаро шӯриш бардошт?

2.         Муборизаи шӯришчиён бар зидди халифа Марвони II чӣ дод?

3.         Абулаббос кай ва чӣ тавр дар Хилофати Араб ба сари ҳокимият омад?

4.         Дар бораи бунёди шаҳри Бағдод маълумот диҳед.

5.         Номи "Хилофати Бағдод" аз куҷо пайдо шудааст?

6.         Шӯриши Муқаннаъ кай ва дар куҷо оғоз шудааст?

7.         Рафти шикасти шӯриши Муқаннаъро шарҳ диҳед.

8.         Чаро шӯриши Муқаннаъ "шӯриши сафедҷомагон" ном гирифтааст?

9.         Дар бораи идораи Хилофати Аббосиён чиҳо медонед?

10.     Дар бораи сулолаи Бармакиҳо чӣ суханҳои нек гуфта метавонед?

11.                  Дар замони ҳукмронии  Уммавиён кадом музофотҳо мустақилият ба даст дароварданд?

12.                  Дар замони ҳукмронии Аббосиён чӣ?

13.                  Хилофати Аббосиён кай ва аз тарафи кадом давлат барҳам дода шудааст?

 

 -73-

Гузариш ба саҳифаи |66|67|68|69|70|71|72|73|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

Хуҷанд 2010©

Тӯрахонов М. И. ФХДТТ

turakhonov@rambler.ru

Сайт управляется системой uCoz