¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |100|101|102|103|104|105|Интиҳо|

 

§20. ИҚТИДОРИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН

 

ИДОРАИ ДАВЛАТӢ. Давлати Сомониён феодалӣ, яъне ҷомеаи ашрофӣ буд. Сардори давлат амир ба ҳисоб мерафт. Ҳам ҳокимияти дунявӣ ва ҳам динӣ дар ихтиёри ӯ буд. Амир аз ҷумлаи шахсони маъруфу донишманд шӯрои маслнҳатӣ дошт, ки он ба ӯ тарзу усулҳои самараноки идораи мамлакатро маслиҳат медод.

Сомониён дастгоҳи пурзӯри боэътимоди марказию маҳаллии идораи давлатӣ доштанд, ки онро ҳукумат гуфтан ҷоиз аст. Ҳукумат аз девонҳои зерин иборат буд:

1.         Девони вазир ё хоҷиби бузург - ин девон ба ҳамаи девонҳои дигар роҳбарӣ мекард, аз ин рӯ, онро девони вазир меномиданд. Шахсе, ки ба ин девон роҳбарӣ мекард, мартабаи нахуствазирӣ ва фармондеҳии лашкарро дошт.

2.         Девони соҳиб-ул-барид - масъули идораи алоқа, яъне почтаро ба ӯҳда дошт, ки он асосан ба ҳукумат ва дарбори амир хизмат мекард.

3.         Девони муставфӣ - масъули корҳои марбут ба молия ва даромаду хароҷоти хазина.

4.         Девони амид-ул-мулк - масъули идораи корҳои дипломатӣ ва ҳуҷҷатгузорин давлатӣ.

 

-94-

 

Расми 56. Мақбараи Қулбус дар Гургон. Асри XI.

5.         Девонн мӯхтасиб - масъули корҳои хариду фурӯш, бозорҳо, сангу тарозу, тиҷорат, ҳунармандӣ ва танзими корҳои марбут ба ахлоқу зарурати дини ислом.

6.         Девони мушриф - назораткунандаи корҳои давлатӣ ва даромаду хароҷоти хазинаҳо.

7.         Девони соҳибушурот - масъули ҳамаи корҳои марбут ба роҳбарӣ ва таъминоти лашкар.

8.         Девони қозӣ - масъули корҳои судӣ ва риояи қонунҳои шариат.

9.         Девони мулкҳои давлатӣ - масъули корҳои марбут ба доронҳои давлатӣ.

10. Девони вақф - масъули масъалахои оид ба масҷидҳо ва молу мулки онҳо, аз ҷумла, заминҳои муассисаҳои динӣ.

Ҳоҷиби бузург, яъне сарвазир инчунин сарфармондеҳии лашкарро низ ба ӯҳда дошт. Вазифаи вазирро ҳамчун анъана намояндагони хонадонҳои маъруфу донишманди тоҷикӣ ба ӯҳда доштанд. Абдуллоҳи Ҷайҳонӣ, Абулфазли Балъамӣ ва Утбӣ аз ҷумлаи онҳое мебошанд, ки дар рушду нумӯъи давлати Сомониён хизмати бузург кардаанд.

Расми 57. Девори арки Бухоро.

 

-95-

 

СОХТОРИ МАЪМУРИИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН. Пойтахти давлати Сомониён шаҳри Бухоро буд. Ин давлат аз ду минтақаи калон иборат буд - Мовароуннаҳр ва Хуросон, вале ҳудудҳои алоҳидаи он аз ин минтақаҳо ҳам берунро дар бар мегирифт. Ҳардуи онҳо, дар навбати худ, аз вилоятҳои сершумор иборат буданд. Вилоятҳои Мовароуннаҳр бевосита ба ҳокимияти марказӣ итоат мекарданд. Лекин вилоятҳои Хуросон ба марказ ба воситаи шаҳри Нишопур тобеъ буданд. Яъне, Хуросон аз Шаҳри Нишопур идора мешуд.

ИҚТИДОРИ ХОҶАГӢ. Дар қаламрави давлати Сомониён кишоварзӣ, ҳунармандӣ, коркарди маъдан ва савдо ривоҷу равнақ ёфта, ба пешрафти тамоми соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа таъсири мусбат мерасонданд.

Кишоварзӣ. Дар аксарияти минтақаю вилоятҳои мамлакат ҷӯйҳои калону сершумор канда шуданд. Дар натнҷа дар кишвар зироат ва боғу токпарварии обӣ афзуд. Ба пешрафти кишоварзӣ шаклҳои гуногуни моликият бар замин низ кӯмак мерасонданд. Чунин шаклҳои заминдорӣ мавҷуд буданд: заминҳои давлатӣ, заминҳои хусусӣ, заминҳои мулкӣ, заминҳои вақф ва заминҳое, ки "иқта" ном доштанд. Намуди охирини заминдорӣ дар асри X ба вуҷуд омадааст. Ин заминҳо ба шахсоне дода мешуданд, ки дар вазифаи баланд ва миёнаи давлатӣ буданд.

Ҳунармандӣ. Пешрафти кишоварзӣ яке аз сабабҳои асосии рушду нумӯъи ҳунармандӣ шуд. Дар байни касбу ҳунарҳои гуногун бофандагӣ бештар тараққӣ кард. Бофандагони гулдаст моҳут, абрешим ва матоъҳои пахтагӣ бофта, ба бозорҳои дохилию хориҷӣ мебароварданд. Шаҳрҳои Бухорою Самарқанд ва Насафу Кеш марказҳои калонтарини бофандагии давлати Сомониён буданд.

Расми 58. Қӯшунҳои Мунтасири Сомонӣ баҳри барқароркунии

давлати Сомониён баъд аз суқути он.

 

-96-

 

Ҳар шаҳру минтақа бо молҳои сермасрифу баландсифати худ машҳур буд. Бухоро ғайр аз бофандагӣ бо фонусҳои мисию зарфҳои қалъагӣ, Самарқанд бо дегҳои мисию зину афзоли асп, Фарғонаю Исфиҷоб бо яроқу аслиҳа шӯҳрат доштанд. Дар Хуросон низ марказҳои ҳунармандӣ хеле бисёр буданд. Ба монанди Балх, Марв, Ҳирот, Нишопур ва шаҳрҳои дигар. Дар шаҳрҳои алоҳида дар баробари мавҷуд будани устохонаҳои ҳунармандӣ корхонаҳои калони ҳунармандӣ низ сохта шуда буданд, ки дар Аврупо онҳоро мануфактура меномиданд. Дар чуннн коргоҳҳо то 100 ва аз ин ҳам зиёд кормандон меҳнат мекарданд.

Сарватҳои зернзаминӣ. Дар замони ҳукмронии Сомониён аввал коркарди маъдан ривоҷу равнақ ёфт. Аз кӯҳҳои Помир нуқраю тилло ва сангҳои қиматбаҳо - лоҷувард, булури кӯҳӣ, ақиқ  ва лаъл истеҳсол карда мешуданд. Ашт бо намаки худ машҳур буд. Дар Истаравшан маъданҳои гуногун мавриди коркард қарор мегирифтанд. Дар кӯҳҳои Қарамазор кайҳо боз истеҳсоли нуқра ва дар Исфара истеҳсоли ангиштсанг ба роҳ монда шуда буд.

Аз маъдан ва сангҳои қимматбаҳо косибону ҳунармандони Мовароуннаҳру Хуросони замонн Сомониён даҳҳо намуд маснуоти ниёзи мардумро истеҳсол мекарданд.

Тиҷорат. Тиҷорати дохилӣ ва хориҷии давлати Сомониён низ тараққӣ кард. Дар сар то сари мамлакат марказҳои савдо ба вуҷуд омаданд. Дар назди ҳар як бозор корвонсаройҳои сершумор сохта шуда буданд, ки онҳо ба тоҷирону харидорон хизмат мекарданд. Дар қаламрави  давлати Сомониён дирамҳои хоразмӣ, мусаябӣ, муҳаммадӣ ва китрифӣ дар муомилот буданд.

 

Расми 59. Мақбараи Мунтасири Сомонӣ.

 

-97-

 

Саррофон асъори тоҷирони хориҷӣ ва дохилиро бо асъори зарурӣ иваз менамуданд.

Тоҷирони Мовароуннаҳру Хуросон бо корвонҳои бузурги тиҷоратии худ ба давлатҳои  хориҷӣ низ сафар карда, молҳояшонро мефурӯшанд ва барои бозори дохилии давлати Сомониён молҳои заруриро харида, бармегаштанд. Дар асрҳои IX-X тоҷирони сомонӣ молҳои худро ба аксарияти давлатҳои  Аврупои Шарқӣ, Шарқи Наздик ва давлатҳои Византия, Чин, Ҳиндустон, Руси, Киев ва давлату минтақаҳои дигари Осиё, Африқо ва Аврупо содир менамуданд.

ШАҲРҲОИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН. Бухоро баъди пойтахти давлати Сомониён шуданаш ба маркази бузургтарини маъмурӣ, ҳунармандӣ, косибӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва мактабу маориф табдил ёфт. Роҳу кӯчаҳои Бухоро сангфарш карда шуда, дар маркази он қасри амир, даҳҳо биноҳои ҷамъиятӣ ва мактабу мадрасаҳо қомат рост карда буданд. Дар ин ҷо идораҳои марказии девонҳо, хазинаи давлатӣ ва муассисаҳои дигари марказии давлати Сомониён воқеъ буданд.

Шаҳри дигари бузург ва ободу зебои давлати Сомониён Самарқанд дар чорроҳаи тиҷоратӣ воқеъ гардида буд. Ин шаҳр бо бозору корвонсаройҳо, новаҳои таъмини обу роҳҳои

 

Расми 60. Мақбараи Исмоили Сомонӣ. Асри X.

 

-98-

 

зеризаминӣ, биноҳои бисёрқабатаю ривоҷу равнақи касбу ҳунар ва мадрасаҳои худ машҳур буд.

Дар замони ҳукмронии  Сомониён Нишопур ба маркази калонтарнии маъмурию хунармандӣ, тиҷорат ва илму маорифи Хуросон табдил ёфт.

Дар ин лавра мисли шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Нишопур Шаҳрҳои дигари калони машҳур бисёр буданд. Марв, Балх, Ҳирот, Хуҷанд, Истаравшан ва Хулбук аз ҷумлаи чунин шаҳрҳо буданд. Ҳар яки онҳо дар пуриқтидор гардидани давлати Сомониён саҳми сазовор гузоштанд.

БАРҲАМ ХӮРДАНИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН. Амирони охирин сомонӣ барои нигоҳ доштани иқтидори давлати Сомониён коре накарданд. Онҳо ба низоъҳои дарборӣ машғул шуда, бехабар монданд, ки ҳам кишоварзию ҳам ҳунармандӣ ва ҳам тиҷорат таназзул кардааст. Лашкар аз назорати ҳоҷиби бузург баромад. Ба он ашхоси худхоҳ соҳиб шуданд. Хазинаи амир холӣ шуд. Низоми давлатдорӣ таназзул ёфт. Аз ин қабилахои туркии Қарохониён истифода бурда, соли 999 бо сардории Элокхон шаҳри Бухороро ба даст дароварданд ва ба мавҷудияти ин давлат хотима бахшиданд.

ЛУҒАТ

Девон - идораи давлатӣ; вазоратхонаҳо.

Соҳиб-ул-барид - соҳиби почта.

Муставфӣ - сармусоҳиб; сардафтардор; сардори аҳли девон.

Амид-ул-мулк - сардори бузурги корҳои дипломатӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ.

Мӯҳтасиб - назораткунандаи тартибу низом дар бозор ва қоидаҳои динӣ.

Мушриф - муфаттиш; назораткунанда. Соҳибушурот - сарвари лашкар.

Вақф мулке, ки ба масҷид, мадраса ва ғайра расман тааллуҳ дорад, онро харидан ва ё фурӯхтан мумкин нест.

Содир кардан - берун баровардан.  Ба хориҷа баровардан мол.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.    Сарвари давлати Сомониён кӣ буд? Ӯ кадом вазифаҳоро ба ӯҳда дошт?

2.    Дар бораи девонҳои давлати Сомониён маълумот диҳед.

3.    Ҳоҷиби бузург чӣ вазифаро иҷро мекард?

4.    Дар бораи таркиби девонҳо маълумот диҳед

5.    Даалати Сомониён аз кадом воҳидҳои маъмурӣ иборат буд?

 

-99-

 

6.    Намудҳои заминдории давлати Сомониёнро номбар кунед.

7.    Бо далелҳо иқтидори давлати Сомониёнро исбот кунед.

8.    Шаҳрҳои машҳур ва ободу зебои давлати Сомониёнро ном баред.

9.    Давлати Сомониён кай ва чӣ тавр барҳам хӯрд?

 

-100-

Гузариш ба саҳифаи |100|101|102|103|104|105|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz