¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |89|90|91|92|93|94|Интиҳо|

 

§19. ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН

 

СУЛОЛАИ СОМОНИЁН.  Ин сулола чун сулолаҳои дигари тоҷикии Бармакиён, Тоҳириён ва Саффориён таърихи дуру дароз дорад. Сарчашмаҳои таърихӣ шаҷараи Сомониёнро то ба замони мо расонидаанд.

Дуруст аст, ки Сомонхудотро асосгузори сулолаи Сомониён ном мебаранд. Ӯ дар нимаи аввали асри VIII умр ба сар бурда, аслан тоҷик мебошад. Вале ин сулола ачдодони пеш аз Сомонхудоти худро ҳам дар хотир дорад. Он аз Баҳроми Чӯбина оғоз ёфта, баъд авлодони ӯ Тамусоб, Нуш ва Хомито, ки падари Сомонхудот буд, ҳаёт ба сар бурдаанд. Маҳз дар замони зиндагии Сомонхудот ва писару набераҳои Асад сулолаи Сомониён номдор шудааст.

 

 ИҚТИБОСҲО АЗ "ТАЪРИХИ ТАБАРӢ"

"Дар насаби Сомонхудот гуфтаанд, ки ӯ аз авлоди Баҳроми Чӯбина аст. Ва ибтидои давлати он ҷамоъат дар замони хилофати Маъмун воқеъ шуд..."

"Чун Асад ибни Абдулло ал-Қасрӣ амири Хуросон шуд ва ба Хуросон омад ва ҳамон ҷо буд, то аз дунё бирафт, дар соли саду бист (738). Ва овардаанд, ки марде накӯкор буд ва чавонмард ва дили ӯ бад-он ҷониб нигарон, ки хонадонҳои бузурги қадимро тимор кардӣ ва мардумони асилро некӯ доштӣ, ҳам аз араб ва ҳам

 

-89-

 

Расми 50. Муҷассамаи Яъқуби Лайс дар Италия. Акс аз "Сиистоннома ".

аз аҷам. Ва чун Сомонхудот, ки зидди эшон буд, аз Балх бигрехт ва ба наздики вай омад ба Марв, вайро икроме кард ва ҳикоят кард ва душманони ӯро каҳр кард ва Балхро боз ба вай дод. Сомонхудот ба дасти вай имон овард".

Табарӣ дар бораи сабабҳои Сомонхудот ном гирифтани ин шахсро дар китоби худ чунин овардааст:

"Ва ӯро Сомонхудот бад-он сабаб хонанд, ки деҳа бино кардааст ва онро Сомон ном кардааст, ӯро ба он ном хондаанд. Чунон ки амири Бухороро Бухорхудот (хонанд)".

Сомонхудот ба хотири дӯстии самимона ба Асад ибни Абдуллоҳи Қасрии ноиби халифа дар Хуросон писари худро Асад ном гузошт. Асад низ ба халифа ва ноиби ӯ дар Хуросон содиқ буд. Дар оғози асри IX Асади Сомонӣ аз ҷониби халифа Ҳорунаррашид бар зидди Рофеъ ибни Лайс ҷанг карда, тахту тоҷи халифаро аз вожгуншавӣ наҷот дод. Баъди ин хонадони Аббосиён бо Асади Сомонхудот дӯсти қарин шуд. Вақте ки Маъмун ба тахти хилофат нишаст, ба ноиби худ дар Хуросон - Ғуссан ибни Аббод фармуд, ки вилоятҳои Мовароуннаҳр ва як қисми Хуросонро ба писарони Асад тақсим карда диҳад. Ҳамин тариқ, Нӯҳ ҳокими Самарқанд, Аҳмад ҳокими Фарғона, Яҳё ҳокими Чочу Истаравшан ва Илёс ҳокими Ҳирот таъин гардиданд.

Писарони Асад ибни Сомонхудот дар вилоятҳои номбурда дар замонн салтанати Тоҳнриён ҳам ҳукмронӣ карда, ба ҷои Ғуссан акнун ба Тоҳириён тобеъ буданд.

ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН. Тоҳириён идораи Самарқандро баъд аз вафоти Нӯҳ ба Аҳмад супориданд. Ахмад 9 писар дошт – Наср, Яъқуб, Ҳомид, Исмоил, Асад, Иброҳим, Исҳоқ, Яҳё ва Мансур. Баъд аз вафоти Аҳмад халифа Насрро ҳамчун сарвари хонадони Сомониён шинохта, ба ӯ ҳукмронии вилоятҳои Самарқанду Фарғонаро супурд.

 

-90-

 

Расми 51. Хиритаи давлати Сомоииён

 қабл аз таъсиси давлати шоҳаниюҳӣ.

Баъди соли 873 дар Хуросон ба сари ҳокимият омадани Саффориён халифа бо сабабҳои аллакай ба шумо маълум 25 июни соли 874 ҳокимияти  тамоми Моваро уннаҳрро ба ихтиёри Насри Сомонӣ вогузошт. Пеш аз ин дар Бухоро воқеае ба вуқӯъ пайваст. ки он барои ин қарордоди халифа сабаб шуд. Вақте ки Хуросон ба дасти Саффориён гузашт, дар Бухоро беҳокимиятӣ ва бенизомӣ ба миён омад. Ба замми ин, гурӯҳи калони мусаллаҳе аз Хоразм ба Бухоро ҳамла оварда, онро талаю тороҷ кард. Бухороиён Насрро ба ёрӣ даъват карданд. Ба ӯ муяссар шуд, ки ба хоразмиён шикаст дода, дар Бухоро тартибу низоми қатъӣ ҷорӣ намояд.

Писари Аҳмад Исмоил ин вақт волии Бухоро буд. Ӯ рӯз то рӯз пурқувваттар мешуд. Вақте фаро расид, ки Исмоил дигар ба хазинаи бародари худ - Наср хироҷ намедодагӣ шуд. Маҳз бо ҳамин сабаб солҳои 885-888 дар байни бародарон якчанд маротиба бархӯрдҳои мусаллаҳона ба амал омада, оқибат онҳо ба сулҳу дӯстӣ ва бародарии байниҳамдигарӣ муваффақ шуданд.

 

 

Расми 52. Девори кӯҳнаи Бухоро.

 

-91-


Расми 53. Вайронаҳои Тошқургон (яилояпш Балх).

 Амир Наср 21 августи соли 892 аз дунё даргузашт. Бо фармони халифа Исмоили Сомонӣ сарвари хонадони Сомониён эътироф гардид. Ӯ баҳори соли 893 бо амри халифа ҳокими Мовароуннаҳр таъйин карда шуд.

 

 ИҚТИБОСҲО АЗ "ТАЪРИХИ БУХОРО"

"Ва амир Наср ва баъди ӯ ба чаҳор сол вафот ёфт, ҳафт рӯз монда буд ва моҳи ҷимодиу-л-аввал дар соли дувисту хафтоду нӯҳ (21 августи соли 892) ва амир Исмоилро халифа кард бар ҷумлаи аъмоли Мовароуннаҳр ва бародари дигар ва писари хешро ба фармони ӯ кард..."

"Ва чун амир Наср аз дунё бирафт, амир Исмоил аз Бухоро ба Самарқанд рафт ва мулк рост кард ва писари ӯ - Аҳмад нбни Насрро халифаи худ бинишонид. Ва вай аз он ҷо ғазв пеш гирифт. Ва амир Исмоил ба Бухоро омада буд, бист сол то он гоҳ, ки бародар аз дунё бирафт ва ҷумлаи Мовароуннаҳр ба вай дод".

   

Расми 54. Мақбараи Абулфазл дар Сарахс. Асри XII.

 

-92-

 

 

Рисми 55. Мақбараи Мир Сайид Баҳром

дар Кармина. А сри X.

"Ва чун хабари вафоти амир Наср ба амирулмӯъминини Мӯътамид биллоҳ расид, маншури амали Мовароуннаҳр ба амир Исмоил бидод, дар моҳи муҳаррам ба таърихи дувисту ҳаштод (баҳори соли 893). Ва вай ба ҳамин таърих ба ҳарб ба Тироз рафт ва бисёр ранҷ дид. Ва ба охир амири Тироз берун омад ва ислом овард бо бисёр дехқонон ва Тироз кушода шуд. Ва калисиёи бузургро масҷиду ҷомеъ карданд. Ва ба номи амирулмӯъминин Мӯътамид биллоҳ хутба бихонданд".

"Ва амир Исмоил бо бисёр ғанимат ба Бухоро омад. Ва ҳафт сол подшоҳӣ кард ва амири Мовороуннаҳр буд..."

Дар аввал пойтахти давлати Сомониён шаҳри Самарқанд буд. Дар оғози ҳукумронии худ Исмоил заминҳои туркинишинро аз Тирози турк ишғол намуда, то 10 ҳазор туркро асир гирифта ба Самарқанд овард. Баъд пойтахтро ба шаҳри Бухоро кӯчонид.

Соли 899 Исмоили Сомонӣ бар зидди Амруи Лайси Саффорӣ ба Хуросон лашкар кашида, лашкарашро торумор кард ва худашро асир гирнфта, ба халифа супорид. Ба ивази ин корнамоӣ халифа Исмоилро ҳокими Хуросону Мовороуннаҳр таъйин кард. Ҳамон сол оғози мавҷудияти давлати Сомониён ба ҳисоб мерафт.

 

ЛУҒАТ

Тимор - ғам; андӯҳ; ғусса.

Волӣ - ҳокими вилоят.

Ҷимодиу-л-аввал - номи моҳ.

Ғазв - ҷанг; ҳарб; разм дар роҳи дин.

Амирулмӯъминин - тахаллуси халифаҳо, мартабаи халифа.

Биллоҳ - қасам ба худо.

Маншур - нашркардашуда; интишорёфта; паҳнкардашуда.
 

-93-

 

Хутба - қироат кардани оят; ҳадису насиҳат дар намози ҷумъа ва идҳо, ки дар он номи халифа ва подшоҳи вақт низ ба забон гирифта мешавад.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.   Сомонхудот кӣ буд?

2.   Дар бораи сулолаи Сомониён чиҳо медонед?

3.   Сомонхудот ба ноиби халифа чӣ робита дошт?

4.   Писарони Асадро ном баред.

5.   Тоҳириён ва Саффориён бо Сомониён чӣ тавр муносибат мекарданд?

6.   Чаро халифа бештар на ба Саффориён, балки ба Сомониён боварӣ дошт?

7.   Дар бораи Насри Сомонӣ маълумот диҳед.

8.   Исмоили Сомонӣ дар Мовароуннаҳр кай ва чӣ тавр ба сари ҳокимият омад?

9.   Давлати Сомониён кадом сол таъсис ефтааст?

 

-94-

Гузариш ба саҳифаи |89|90|91|92|93|94|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz