¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |84|85|86|87|88|89|Интиҳо|

 

§18. ДАВЛАТИ САФФОРИЁН

 

 СУЛОЛАИ САФФОРИЁН. Асосгузори давлати Саффориён бародарон Яъқуб ва Амр мебошанд.

Падари Яъқуб ва Амр Лайс ном дошта, касбаш мисгар буд. Барои ҳамин ҳам ӯро аввал "Лайси Мисгар" ва баъд танҳо "Мисгар" ном мебурданд. Яъқуб ва Амрро писарони Мисгар номида, номи Лайс аз нстеъмол баромала, бо Ҳамин ин сулоларо "Саффориён" меномидагӣ шуданд.

 

-84-


Ҳукмронни сулолаи Саффориён хеле тӯлон
ӣ буда, аз Яздигурд оғоз ёфта буд ва ба он Баҳроми Гӯр. Яздигурд (ӯ насли сеюм аст), Фирӯз, Қубод, Хусрави Анӯшервон, Ҳурмуз, Хусрави Парвиз, Қубод, Ардашер, Кайхусрав, Моҳон, Ҳотам ва Муъаддил идома бахшидаанд. Саффориён сулолаи тоҷикӣ аст.

ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ САФФОРИЁН. Давлати Саффориён Хуросони Бузургро дар бар гирифта, пойтахташ шаҳри Сиистон буд. Тафсили таъсиси ин давлат чунин аст. Соли 851 Солеҳ ном шахс бар зидди Тоҳирнён шӯриш бардошта, Сиистонро ба даст медарорад. Яъқуб ибни Лайс ҳангоми ин шӯриш дар артиши ӯ хизмат мекард. Бинобар ҳамин сабаб Солеҳ ба бародарон Лайсҳо дар лашкараш вазифаҳои баландро дод. Онҳо бо ҳамроҳии Солеҳ дар чандин муҳорибаҳо ширкат варзида, дар ин роҳ соҳиби таҷрибаи бой шуданд. Аз байн чанд сол гузашг. Бо ким-кадом сабабе Яъқуб ва Амр бар зидди Солеҳ исён бардошга, ӯро аз ҳокимият маҳрум намуданд ва баъд аз Сиистон пеш карданд.

Яъқуб дар Сиистон ҳокимиятро ба даст дароварда, ба Бӯст бар зидди Солеҳ лашкар кашида, ӯро ба қатл расонд ва ин вилоятро ба Сиистон ҳамроҳ кард. Аз ин муваффақияти худ рӯҳбаланд шуда, Яъқуб ба Хуросон лашкар кашид ва Фушангу Ҳиротро ба даст даровард. Акнун дар Хуросон дигар касе пеши

Расми  47. Харитаи давлати Саффориён.

 

-85-


роҳи ӯро гирифта наметавонист. Соли 873 Яъқуб шаҳри Нишопурро ба даст дароварда, хонавода
и Тоҳириёнро асир гирифт ва ҳамин тавр давлати Тоҳириёнро аз байн бурд. Ҳамин сана соли таъсиси давлати Саффориён ба ҳисоб меравад.

МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИҲАМДИГАРИИ ХАЛИФА ВА ЯЪҚУБ. Аз давлати Тоҳириёнро барҳам зада, Хуросонро ба даст даровардани Яъқуб халифа Мӯътамид ба хашм омад ва ба Яъқуб лаънат хонд. Аз тарси он ки Яъқуб Мовароуннаҳрро ҳам забт накунад, халифа саросемавор онро ба идораи Наср нбни Аҳмади Сомонӣ супорид. Шояд Яъқуб барои он ба Мовароуннаҳр лашкар накашид, ки дар он ҷо намояндагони сулолаи дигари тоҷикӣ - Сомониён ба ҳукмронӣ оғоз карда буданд.

Давлати Саффориён дар муддати кӯтоҳ пурзӯр шуд. Халифа ҳис кард, ки Яъқуб ӯро аз тоҷу тахти хилофати Аббосиён маҳрум мекунад. Аз ҳамин сабаб маҷбур шуд ҳокимияти  Яъқубро дар қаламрави  ишғолкардааш эътироф кунад. Ба замми ин соли 873 бо хоҳиши том вилоятҳои Хуросон, Табаристон, Гургон, Форс, Кирмон ва Сиистонро низ ба Яъқуб супорид.

Расии 48. Сарфармондеҳи артиши Саффориён. Акс аз "Сиистоннома".

Сарфи назар аз ин некии Мӯътамид, Яъқуб аз нияти барҳам задани Хилофати Аббосиён даст накашид. Бо ҳамин мақсад соли 879 ба Бағдод лашкар кашид, вале дар роҳ бемор шуда, аз олам чашм пӯшид.

ДАВЛАТИ САФФОРИЁН ДАР АҲДИ АМР. Баъд аз вафоти Яъқуб ба тахти подшоҳии Саффориён додараш - Амр нишаст.

Ӯ ҳамон замон муносибатҳои давлати Саффориёнро бо халифа ба роҳи дӯстию рафоқат ва ҳамкорӣ ворид намуд. Мӯътамид аз ин рафтори Амр шод шуда, бори дигар давлати Саффориёнро ба расмият шинохт. Халифа ба Амр бовар карда, идораи вилоятҳои Форс, Кирмон, Исфаҳон, Кӯхистон, Гургон, Табаристон, Гур, Балх, Кобул, Сиистон, Синд ва Мовароуннаҳрро аз нав расман ба ӯ супорид.

Дар баробари ин халифа Амрро вазифадор кард, ки ба хазинаи Бағдод соле 20 миллион дирам хироҷ супорад.

Амр ибни Лайс Сомониёнро, ки халифа қаблан дар вилоятҳои Мовароуннаҳр ҳоким таъин карда буд, аз вазифа дур накарда, баръакс, бо онҳо ҳамкорӣ кард.

 

-86-

 

Расми 49. Аскари гурздори аҳди Саффориён. Акс аз "Сииспюннома"

Масалан. Наср ибни Аҳмади Сомониро ба ҷанги зидди курдҳо фиристод. Наср ин супоришро иҷро карда, Аҳмади Курдро асир гирифт. Баъди ин пирӯзӣ Наср супориши дигари Амрро низ иҷро кард. Ӯ аз номи Саффориён ба хазинаи хилофат 4 миллион дирам супорид. Баъди ин боварӣ ва эътиқоди Амр ба хонадони Сомониён боз ҳам афзуд. Ин буд, ки Амр идораи вилоятҳои Форсу Кирмонро ҳам то муддате ба Наср ибни Аҳмади Сомонӣ вогузор кард.

Аз муносибати хуби ду сулолаи тоҷикон - Саффориён ва Сомониён душманони онҳо дар ташвиш афтода, дар байни Амр ибни Лайси Саффорӣ ва халифа низоъ андохтанд. Дар натнҷа халифа Мӯътамид номи Амрро аз ҳокимии Хуросону Мовароуннаҳр хат зад. Амр фармуд, ки дар қаламрави давлаташ мусулмонон номи халифаро дигар дар хутба ба забон нагиранд. Халифа бар зидди Амр лашкар фиристод, вале шикаст хӯрд. Халифа маҷбур шуд, ки ҳокимияти ӯро аз нав эътироф кунад. Амр аз халифа Мовароуннаҳрро талаб кард. Лекин ин талаб ба халифа хуш наомад.

Халифа дид, ки Амр саркаш ва беэътимод аст ва барои ӯ Сомониёни тобеъ беҳтар намуданд. Барои ҳамин Хуросонро ҳам ба сулолаи Сомониён доданӣ шуд.

БАРҲАМ ХӮРДАНИ ДАВЛАТИ САФФОРНЁН. Халифа Исмоили Сомониро дастгирӣ кард. Ин буд, ки Исмоил ба муқобили Амр лашкар кашид. Қӯшунҳои Исмоил ва Амр дар шаҳри Балх рӯ ба рӯ шуданд. Дар ин муҳориба Исмоили Сомонӣ ғолиб баромада, Амрро асир гирифта, ба халифа супурд. Амр Соли 900 ё 902 дар зиндони халифа вафот кард.

Баъди вафоти Амр давлати Саффориён тамоман заиф шуд. Набераи Амр Тоҳир, ки ба тахти подшоҳии Саффорнён нишаст, қудрати аввалаи ин давлатро аз нав барқарор карда натавонист. Соли 908 Субкорӣ ном ғуломи Тоҳир ӯро бо ҳамроҳии бародараш асир гирифта, ба халифа супурд. Хамин тариқ, давлати Саффориён пурра аз байн рафт ва дар Хуросон ҳам ҳокимият ба дасти Сомониён гузашт.

 

-87-

 

 

ЗИКРИ ТОҲИР ИБНИ МУҲАММАД ИБНИ

АМР ИБНИ ЛАЙСИ САФФОР

 (Аз "Гулисгон")

Чун Амр ибни Лайс дар сарпанҷаи қазо асиру дастгир гашт, умарову аъёни давлати ӯ дар Сиистон Тоҳирро бар тахти подшоҳӣ нишонданд. Ва ӯ бо лашкаре гарон ба Форс рафта,  омили халифаро аз он ҷо берун карда, аз Форс мутаваҷҷеҳи Ахвоз шуд. Ва халифа Абдуллоҳ ибни Фатҳро бо ҳадоёву табрикот пеши Исмоили Сомонӣ фиристода, аз вай илтимоси лашкарӣ намуд, ки ба дафъи Тоҳир фиристод. Исмоил мактубе ба Тоҳир фиристод, мазмуни он, ки халифа Сиистонро ба ту дода, вазифа он, ки бадон савоб равӣ. Тоҳир чун бар мазмуни нома иттилоъ ёфт, роҳи Сиистон пеш гирифт.

Ва дар "Мунтазим" мазкур аст, ки Тоҳир ҳадоё назди Исмоил фиристода, илтимос намуд, ки аз халифа дархоҳад, то баъзе аз мамолики ободи аҷдодиашро бо муқотаъа ба ӯ диҳад. Исмоил ҳадоёи Тоҳирро қабул карда, расуле чиҳати мултамоси Тоҳир ба дорулхилофат фиристода, эълом дошт, ки Тоҳир чӣ тӯхфа фиристода. Халифа шафоъати Исмоили Сомонӣ қабул карда, пайғом дод, ки агар омиле аз уммоли мо сад аз он микдор, ки Тоҳир фиристода, ирсол доред, ризои мо бад-он макрун аст. Халифа ҷиҳати Тоҳир ҷомаи тиллодӯзӣ ва аҳднома фиристода. Тоҳир ба Шероз рафт.

 

 

ЛУҒАТ

Дирам - пули тиллоии хилофат.

Сарпанҷа - зӯрӣ.

Қазо - ҳукм кардан.

Савб - либос.

Иттилоъ - хабар.

Мунтазам - ба тартиб.

Муқотаъа - бо ҳамдигар қатъӣ алоқа кардан.

Расул – пайғамбар, набӣ, фиристода.

Дорулхилофат - пойтахти Хилофати Араб.

Пайғом - хушхабар.

Шафоъат - ёрмандӣ кардан.

Уммол - омил; восита.

Ирсол - фиристодан.

Макруҳ - нораво.

Аҳднома - шартнома; қарордод.


-88-

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.         Дар бораи сулолаи тоҷикии Саффориён маълумот диҳед.

2.         Яъқуб ибни Лайс дар Сиистон чӣ тавр ба сари ҳокимият омад?

3.          Давлати Саффориён каӣ таъсис ёфтааст?

4.         Баъди таъсиси давлати Саффориён муносибатҳои байни халифа ва Яъқуб чӣ тавр сурат гирифтаанд?

5.         Чаро халифа Мӯътамид вилоятҳои зиёди Хуросонро ба Яъқуб

6.         сулурд?

7.         Амр ибни Лайс давлати Саффориёнро чӣ тавр идора мекард?

8.         Муносибатҳои байни Амр ва Сомониён аввал дар кадом ҳолат

9.         буд?

10.     Доир ба барҳамхӯрии давлати Саффориён фикри худро баён кунед.

11.     Аз мазмуни сарчашма чӣ хулоса баровардед?

 

-89-

Гузариш ба саҳифаи |84|85|86|87|88|89|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz