¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |133|134|Интиҳо|

 

§29. РУСИ КИЕВ

 

ТАЪСИСИ РУСИ КИЕВ. Вазъияти славянҳои шарқӣ - русҳо, украинҳо ва белорусҳо нисбат ба славянҳои ғарбиву ҷанубӣ фарқ мекард. Давлатдории мутамаркази славянҳои шарқи дертар сурат гирифт. Дар охири асри IX князи Новгород - Олег шаҳри Киевро ишғол намуда, онро ба пойтахти Руси қадим табдил дод.

Расми 95.

Князхонум Олга

Шоҳони аввалини Руси Киев, ки бо номи князҳо ёд мешаванд, боҷу хироҷи давлатиро аз аҳолӣ худашон ҷамъоварӣ мекарданд. Ҳирси князҳоро дар ҷамъоварии боҷу хироҷ ҳадду канор надошт. Мардум аз князҳо ба дод омада, бар зидди онҳо шӯриш мебардоштанд. Бо ҳамин сабаб князи Руси Киев Игор, ки бераҳмона такроран аз аҳолӣ боҷу хироҷ ситонданӣ буд, аз дасти древлянҳо кушта шуд. Баъд зани ӯ Олга ба тахти Руси Киев нишаст ва интиқоми шавҳарашро бо воситаи қатли омми древлянҳо ва сӯзондани хонаҳои онҳо гирифт.

Дар замони ҳукмронии писари Игор ва Олга - княз Святослав ҳудуди давлати Рус аз ҳисоби заминҳои ишғолӣ васеъ шуд. Ӯ булғорҳои Волга, шоҳигарии Хазар ва Булғористони Дунайро забт намуд. Императори Византия аз густариши давлати Святослав ба воҳима афтода, ба муқобили ӯ лашкари фаровон чамъ кард ва дар иттифоқ бо печенегҳо ба муқобили Святослав лашкар кашид. Дар ин ҷанг Святослав аз дасти печенегҳо кушта шуд ва ба ҷои ӯ писараш Владимир княз шуд.

Владимир соли 988 дини масеҳиро қабул кард ва раъияташро маҷбур сохт, ки ин Динро қабул кунанд. Ӯ дини масеҳиро Давлатӣ эълон кард.

КНЯЗ ЯРОСЛАВ МУДРИЙ. Писари Владимир Ярослав Мудрий дар Рус солҳои 1019-1054 ҳукмронӣ намудааст. Ба Ярослав муяссар гардид, ки давлати Русро хеле мустаҳкам созад. Қабилаҳои печенегҳоро пурра торумор намуд. Дар замони ҳукмронии худ ӯ дар соҳили дарёи Волга

 

-133-

 

Расми 96. Княз Ярослав

шаҳри наверо бо номи Ярославл сохта шуд. Рус дар давраи ҳукмронии Ярослав Мудрий ба яке аз давлатҳои бузургтарини Аврупо таблил ёфт. Дар заминҳои меросии княз ва феодалҳо меҳнати арзони деҳконон истифода бурда мешуд. Дар давраи ҳукмронии  Ярослав Мудрий дар давлати Рус муносибатҳои феодалӣ пурра барқаррор шуданд.

АҚИҚАТИ РУС". Дар замони ҳукмронии Ярослав Мудрий дар Рус қонун  гузории хаттӣ ҷорӣ гардид, ки он бо номи "Ҳакикати Рус" дар маҷмӯае гирд оварда шуд. Дар асоси ин қонун    63 ҷои касоси хунӣ қариб барои ҳамаи кушторҳо - одамкушӣ ё ҳайвонкушӣ танҳо ҷарима ситонда мешуд. Чунин қонунгузорӣ дар он давра барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ пешравии бузург шуморида шуд. "Ҳакикати Рус" дар ин сарзамин сохти феодалиро устувор гардонд.

Баъд аз вафоти Ярослав Мудрий дар Рус парокандагиву ҷангҳои феодалӣ оғоз шуданд. Норозигии деҳқонон аз феодалон авҷ гирифт. Солҳои 1068 ва 1113 дар Киев ошӯбҳои деҳқонон ва камбағалони шаҳр сар заданд. Феодалҳо ба хотири ҳимояи молу ҷони худ набераи императори Византия Константин Владимир Мономахро соли 1113 ба тахти Киев шинонданд. Дар давраи ҳукмронии Владимир Мономах Руси Киев бори дигар қувват гирифт, вале он муваққатӣ буд. Дар асри XII Руси Киев ба князигариҳои алоҳида тақсим шуд. Парокандагии феодалӣ дар Рус то асри XV давом кард.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.    Давлати Руси Киев кай таъсис ёфт?

2.    Дини масеҳӣ дар Рус кай ба дини давлатӣ табдил ёфт.

3.    Дини масеҳӣ дар муттаҳид кардани Рус кадом вазифаро иҷро кардааст?

4.   Ярослав Мудрий кӣ буд?

5.  Дар бораи ислоҳоти Ярослав Мудрий маълумот диҳед.

6.    Владимир Мономах кай ба сари тахти Руси Киев нишаст ва барои мустаҳкам кардани давлат чӣ чораҳо андешид?
 

-134-

 

Гузариш ба саҳифаи |133|134|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz