¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |129|130|131|132|Интиҳо|

 

§28. ДАВЛАТҲОИ СЛАВЯНӢ

 

МАСКУНШАВИИ СЛАВЯНҲО. Славянҳо аз замони қадим дар Аврупои Марказӣ ва шарқтари қабилаҳои олмонӣ мезистанд. Дар давраи муҳоҷирати азими халқҳо славянҳо дар поёноби дарёи Днепр, дар шарқ то баҳри Балтика, дар шимол то Дарёи Дунай ва дар ҷануб то баҳри Сиёҳ паҳн гардида буданд.

Славянҳо дар давраи аввали асрҳои миёна ба се гурӯҳи бузург - славянҳои ғарбӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ тақсим шуда буданд. Ба славянҳои ғарбӣ чехҳо, словакҳо, лаҳҳо ва қабилаҳои славянии назди Балтика тааллуқ доштанд. Ба славянҳои шарқӣ русҳо, украинҳо, белорусҳо ва ба славянҳои ҷанубӣ булғорҳо, сербҳо, хорватҳо ва словенҳо мансуб буданд.

 

-129-

 

Расми 93. Олоти

меҳнат ва ашёҳои славянӣ.

ДАВЛАТИ БУЛҒОРИСТОН. Давлатдории славянҳои ҷанубӣ дар асри V оғоз гардида буд. Дар байни давлатҳои нахустини феодалӣ Булғористон аз ҳама пурқувваттар ба ҳисоб мерафт ва дар таърих бо номи "шоҳигарии аввали булғор" машҳур аст. "Шоҳигарии аввали булғор" соли 409 таъсис ёфта, соли 1018 аз байн рафтааст. Яъне ин давлати славянӣ тахминан 350 сол арзи вуҷуд дошт.

То миёнаҳои асри IX Булғористон ба яке аз давлатҳои пурқуввати Аврупо табдил ёфт. Соли 866 - дар замони ҳукмронии княз Борис дини масеҳӣ дини давлатии Булғористон эълон шуд. Ҷорӣ шудани дини масеҳӣ раванди феодаликунонии ҷамъияти Булғористонро тезонид. Дар ибтидои асри X дар Булғористон ду шакли моликият бар замин - калисоӣ ва дунявӣ ҳукмрон гашт.

Муфлису тобеъшавии деҳқонон афзуда, сохти феодалӣ пурра муқаррар гардид. Дар ин давра шоҳигарии аввали Булғористон ба авҷи тараққиёти худ расид.

МОРАВИЯИ БУЗУРГ. Иттиҳодияи давлатии славянҳои ғарбӣ дар ибтидои асри V ба вуҷуд омад. Ин давлат бо дасти Само ном шахс дар ҳудуди Чехия бунёд шуда, солҳои 623-658 арзи вуҷуд дошт. Дар асри X қабилаҳои славянҳои ғарбӣ иттиҳоди бузурге ташкил карданд, ки дар таърих бо номи давлати Моравияи Бузург маъруф аст. Ба ҳайати он Чехия, Моравия, Словакия ва Лужитси дохил буданд. Моравияи Бузург давлати пурқувваттарини Аврупои асри IX ба шумор мерафт.

Давраи гулгулшукуфии Моравияи Бузург ба замони ҳукм ронии шоҳи дуюми он Ростислав рост омадааст. Дар аҳди рӯҳониёни олмонӣ кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, то ки ба ҷамоаи славянӣ дини масеҳиро ҷорӣ кунанд. Худи Ростислав феодалҳои славянӣ низ ба хотири бештар ба худ тобеъ гардонидани мардум розӣ буданд, ки онҳо динро қабул кунанд.
 

 -130-

 

Расми 94. Алифбои барвақтаи славянӣ - глаголитса ва кириллитса.

 

-131-

 

Азбаски роҳбарони Моравияи Бузург забони папа ва дини масеҳиро намефаҳмиданд, аз усқуфи бузурги Константинопол ва императори Рим хоҳиш карданд, ки он таблиғотгарони дини масеҳиро, ки забони славяниро медонанд, ба сарзамини славянҳо фиристанд, то ки ин динро бо забони модарии онҳо таблиғ кунанд.

Дар соли 863 Византия намояндагони дини масеҳиро бо сарварии бародарон Кирилл ва Мефодий ба Моравияи Бузург фиристод. Онҳо китоби динии масеҳиро ба забони славянӣ тарҷума ва дар миёни омма паҳн мекарданд. Бародарон инчунин дар асоси хати юнонӣ алифбои нави славяниро тартиб доданд, ки минбаъд бо номи хати "кириллӣ" машҳур шуд. Ташкил шудани калисои мустақили славянӣ, ки дигар ба калисои олмонӣ эҳтиёҷ надошт, мустақилияти Моравияи Бузургро мустаҳкам сохт.

Соли 894 баъд аз марги шоҳи охирини бузург - Святополк дар байни фарзандони ӯ ва феодалон мубориза барои тоҷу тахт авҷ гирифт. Аз ин вазъият истифода бурда, феодалҳои олмонӣ дар қаламрави  славянҳо бештар ҷойгир шуданд. Соли 906 як қисми ин давлати пошхӯрдаистодаро қабилаҳои маҷорй тасарруф карданд. Дар қисмати дигарн он давлати Чехия ба вуҷуд омад. Идораи давлатӣ, сохти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳантии Чехия ба давлатҳои мутараққин Аврупо монанд буд. Дар ҳамон давра қабилаҳои дигари славянҳои қарбилаҳҳо низ ба давлатдории худ оғоз намуданд.

ЛУҒАТ

Княз – ҳоким, унвони фахрии меросӣ ё инъомшуда.

Лаҳистон - Полша.

Архиепископ - сарусқуф, яке аз пешвоёни масеҳиён.

Ҳаёти иктисодӣ - хоҷагидории моддӣ.

Ҳаёти иҷтимоӣ - зисту зиндагонии халқ.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.    Се гурӯҳи қабилаҳои славяниро номбар кунед.

2.    Давлати славянии Булғористон кай таъсис ёфт ва сарвари онро чӣ тавр ном мебурданд?

3.    Давлати Моравияи Бузург кай таъсис ёфт ва чӣ тавр идора карда мешуд?

4.    Дар бораи Святололк чиҳо медонед?

5.    Дар бораи Чехия маълумот диҳед.

6.    Кирилл ва Мефодий кистанд?
 

-132-

Гузариш ба саҳифаи |129|130|131|132|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz