¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |126|127|128|129|Интиҳо|

 

§27. ИМПЕРИЯИ КАРЛИ КАБИР

 

КАРЛИ КАБИР. Шоҳигарии Франкро солҳои 768-814 шоҳ Карли Кабир идора мекард. Карли Кабир марди қоматбаланд, боқувват ва пуртоқат буд. Дар васфи ӯ сурудҳо эҷод кардаанд. Солноманависон корнамоӣ, хирадмандӣ ва адолатпарварии ӯро васф мекарданд.

Карли Кабир шоҳи ҷанговару далер буда, ба кишварҳои ҳамсоя бештар аз 50 маротиба лашкар кашида, ҳудудҳои давлати Франкро васеъ мекунад. Дар солҳои аввали ҳукмронии Карли Кабир ашрофон дар вилоятҳои асосии давлати Франк соҳиби заминҳои зиёд гардиданд. Онҳо ба ҳар восита мехостанд, ки мулкҳои худро васеъ намуда, дар ихтиёрашон шумораи зиёди деҳқононро дошта бошанд.

ДАВЛАТИ ФЕОДАЛӢ. Соли 751 дар муносибатҳои заминдорӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омад. Ин падида дар натиҷаи аз ҷониби ашрофон тасарруф кардани замин ва тобеъ гардонидани деҳқонони озод ба амал омад. Тобеъшавии деҳқонон дар оғози асри VIII, вусъатёбии ин зуҳурот боиси аз байн рафтани деҳқонони озод шуд.

Расми 89. Карли Кабир.

Дар натиҷа ду табақаи ба ҳам зидди ҷамъиятӣ - заминдорони калон ва деҳқонони тобеъро ба миён овард. Ин тамоил дар навбати худ ба муҳоҷиршавии қисме аз деҳқонон ва косибон сабаб шуд. Қисми дигари деҳқонон аз баҳри ҳама чиз гузашта, то дами марг ба тоату ибодат машғул гарднданд, то ки роҳиб ном гиранд. Ҳамин тариқ, шумораи роҳибон рӯз то рӯз меафзуд. Онҳо дайрҳо бунёд мекарданд. Роҳибон қасам ёд карда, дар дайрҳо то охири умр гӯшанишиниро мақсади ҳаётии худ медонистанд.

ҶАНГ БО ИТАЛИЯ ВА ИСПАНИЯ. Карли Кабир соли 774 нахустин бор ба Италия лашкар кашид ва баъди ин пайваста ба он ҷо лашкаркашиҳои худро идома дод. Оқибат шоҳигарии Лангобардияи воқеъ дар шимолии Италияро тобеъи худ гардонд. Лангобардия аввалин давлати ғайрифранкӣ буд, ки тобеъи давлати
 

-126-

 

Расми 90. Қароргоҳи Карли Кабир.

Франк шуд. Карли Кабир худро "шоҳи франкҳо ва лангобардиҳо" эълон дошт. Забону фарҳанги онҳо аз якдигар фарқе надоштанд.

Азбаски амалиётҳои ҳарбии Карли Кабир дар самти Италия ба пирӯзӣ анҷомиданд, ӯ азм кард, ки Испанияи исломиро низ тасарруф намояд. Ҳуҷуми нахустини Карл дар самти Испания Соли 778 ба вукӯъ пайваст, ки он ба нокомӣ анҷом ёфт. Мусулмонони Испания чандин маротиба бар зидди франкҳо бархостанд. Соли 801 франкҳо Барселонаро, ки дар дасти арабҳо буд, соҳиб шуданд. Баъди чанде аксар қисматҳои шарқии Испания ба зери ҳокимияти  франкҳо дохил карда шуданд. То охири асри IX нуфузи франкҳо дар мулкҳои тобеъкардаи испанӣ хеле афзуд.

Расми 91. Артиши асрсавори франк.

Карли Кабир бар зидди қабилаҳои  саксҳо ҷангида, пирӯзӣ ба даст оварда, онҳоро тобеъи худ гардонд. Бояд гуфт, ки қабилаҳои саксӣ дар сатҳи пасти тараққиёти ҷамъиятӣ қарор доштанд, ҳатто аз сохти авлодӣ берун буданд. Карли Кабир бо фишору таздид саксҳоро маҷбур намуд, ки дини масеҳӣ ва муносибатҳои  нави заминдориро қабул намоянд. Ӯ ҳокимияти давлати худро дар байни дарёҳои Рейну Элба ва вилояти Бавария низ паҳн намуд.

Карли Кабир баъди музаффарият бар кишвари саксҳо соли 800 ба шаҳри Рим дохил шуда,                                                                                        

 

-127-

            

Расми 92. Гуронидани ҷанговари Франк.

худро императори тамоми кишварҳои ишғолкардааш номид.

Карли Кабир чун император давлатҳо ва қавму халқҳои зиёдро тобеъ намуда, бо ҳамин дар Аврупо нуфузи калон пайдо кард. Ҳокимони баъзе минтақаҳои дигар дар симои ӯ муҳофизи марзу буми худро медиданд. Аз ин рӯ, бо вай ҳар гуна шартномаҳои дӯстиву ҳамкорӣ мебастанд. Карли Кабир заминҳои зиёдро ба ҳарбиёни онҳо тӯҳфа мекард. Заминҳое, ки барои адои хизмати ҳарбӣ дода мешуданд, феод ва соҳибони онҳоро феодал меномиданд.

ПОШХӮРИИ ИМПЕРИЯИ ФРАНКҲО. ПАРОКАНДАГИ ФЕОДАЛӢ. Бо мурури замон империяи таъсисдодаи Карли Кабир рӯ ба таназзул ниҳод. Яке аз сабабҳои рӯ ба таназзул ниҳодани империяи Франк дар он сукунат доштани халқу қавмҳои гуногун буд. Парокандагии империя дар давраи ҳукмронии писари Карли Кабир Людовик, ки бо лақаби Парҳезкор машҳур буд, авҷ гирифт. Империя дар байни чор фарзанди Людвиг тақсим карда шуд. Ҳар як шоҳзода худро ҳокими мутлақ ҳисобида, бо дастгирии ҳокимони тобеъи худ ба муқобили бародараш мубориза мебурд. Баъди марги Людовик мубориза дар байни бародарон боз ҳам бештар авҷ гирифт. Бародарон соли 843 дар шаҳри Верден империяи таъсисдодаи Карли Кабирро дар байни худ аз нав тақсим карданд. Дар натиҷаи тақсимот се давлати мустақил - Фаронса (дар қисми ғарбӣ), Олмон (дар қисмати Шарқӣ) ва Италия (дар қисми ҷанубӣ) ба вуҷуд омаданд.

Дар ибтидои асри X парокандагӣ тамоми ҳудудҳои императорни Франкро фаро гирифт. Дар қаламрави  империя ҳафт давлати мустақили феодалӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳар яке аз ин давлатҳо аз мулкҳои зиёди ҷудогона иборат буданд. Заминдороне буданд, ки қудраташон аз шоҳ бештар буда, ба худсарию бетартибиҳо роҳ медоданд.
 

-128-

 

 

ҶАНГИ КАРЛ БО ҚАБИЛАҲОИ  САКСҲО

Соли 783 шоҳ бо лашкари сершумор роҳи Саксонияро пеш гирифт ва бо саксҳои шӯришгар ба ҷанг даромад.

Соли 796 Карл бо ду писараш ба Саксония омада, шаҳру деҳоти шӯришбардоштаро оташ зад.

Саксҳои бисёреро ҳамроҳи зану фарзандонашон асир гирифта, дар вилоятҳои гуногуни империя сокин кунонида, заминҳои онҳоро ба ускуфҳо, роҳибҳо ва графҳо тақсим намуд.

 

ЛУҒАТ

Роҳиб - хизматгузори калисо.

Аббат - падари рӯҳонӣ.

Феодал - заминдор.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.    Карли Кабир чӣ хел шахс буд ва ӯ кадом солҳо ҳукмронӣ кардааст?

2.    Шоҳии Франк чӣ гуна давлат буд?

3.    Киҳоро заминдорони калони озод ва деҳҳонони тобеъ меномиданд?

4.    Италия аз тарафи империяи Франк кай забт карда шуд?

5.    Испания аз тарафи империяи Франк кай забт карда шуд?

6.    Империяи Франк кай таъсис ёфт?

7.    Сабабҳои пошхӯрии империяи Франкро баён кунед.

8.    Парокандагии феодалӣ дар империяи Франк кай ва чӣ гуна сурат гирифт?


 

-129-

Гузариш ба саҳифаи |126|127|128|129|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz