¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |143|144|145|146|Интиҳо|

 

§32. ВИЗАНТИЯ

 

Расми 111.

Сарбози

византиягӣ.

Империяи Шарқии Рим соли 395 ҳамчун давлати мустақил арзи ҳастӣ кард. Дар давраҳои қадим пойтахташ Византия ном дошт, баъд онро империяи Византия ё Византия ном мебурданд. Византиягиҳо давлати худро империяи Рим ва худро римӣ меномиданд.

ВИЗАНТИЯ ВА АРАБҲО. Дар оғоз империяи Византия аз нимҷазираи Балкан. Осиёи Хурд ва Миср иборат буд.

Дар Византия шаҳрҳои сераҳолии Констан тинопол, Александрия, Антиохия, Байтулмуқаддас ва шаҳрҳои нисбатан хурдтар вуҷуд доштанд. Константинополро "пули тиллоӣ"-и миёни Машрику Мағриб меномиданд. Аз ҳудуди он ду роҳи муҳимми тиҷоратӣ мегузашт: роҳи хушкӣ аз Аврупо ба Осиё ва роҳи обӣ аз дарёи Мадитарона ба баҳри Сиёҳ." Тоҷирони Византия аз шароити хуби табиӣ оқилона истифода намуда, риштаҳои муҳимми тиҷоратиро, чӣ дар мамолики Шарқ ва чӣ дар мамлакатҳои Ғарб дар ихтиёр доштанд.

Арабҳо қисмати ҷануби империяи Византияро ишғол намуда, бо ҳамин Сурия ва Мисрро аз якдигар ҷудо сохтанд. Баъди ин Византия танҳо Осиёи Хурд ва ҷанубии нимҷазираи Балканро зери итоат нигоҳ медошт. Аксарияти аҳолии боқимондаи давлати Византия славянҳо буданд.

 

-143-


 

ШӮРИШИ ФОМАИ СЛАВЯНӢ. Тараққиёти замиидории калон ва дар баробари ои тобеъшавии деҳқонони озод боиси дар байни феодалони калон бо номи "динатҳо" ("зӯрҳо") ва деҳқонони муфлисшуда - пенетҳо ("муфлисон") зиддият ба амал омад.

Соли 821 дар Осиёи Хурд ҷунбнши халқӣ сар зад. Ин воқеа дар таърих бо номи Шӯриши Фомаи Славянӣ маълум аст. Дар атрофи Фома асосан мардуми славянӣ, арманӣ, лазӣ ва қавмҳои дигар гирд омада буданд. Дар ин шӯриш деҳқонон асосан камбағалони шаҳр ва ғуломон иштирок кардаанд. Яъне, қувваи асосии шӯришро табақаи заҳматкаш ташкил мекард. Шӯришчиён шиорҳои диниро дуюмдараҷа медонистанд. Дар асрҳои миёна чунин падида бе иштироки дин ва рӯҳониён хеле кам руҳ медод. Фома, ки шахси зираку доно буд, ба тезӣ аз ҳисоби шӯришчиён лашкар созмон дода, онро бо яроқҳои гуногун мусаллаҳ намуд.

Лашкари Фома пойтахти Внзантня - Константинополро қариб як сол муҳосира кард. Император Михаили II (820-829) бо мадади давлатҳои ҳамсоя шӯришро пахш карда, Фомаро асир гирифта, ба қатл расонд.

Расми 112. Киштии византиягӣ.

Баъди пахши шӯриш давлат маҷбур шуд, ки зулму истибдоди аҳли меҳнатро камтар сохта, феодалонро ба муттаҳидӣ даъват намояд.

Вале ин тадбир пеши роҳи қиёми халқро гирифта натавонист. Дар нимаи дуюми асри IX павликианҳо шӯриш бардоштанд. Ин шӯришро император Василии I Мақдунӣ пахш кард. Бо вуҷуди ин муборизаи павликианҳо катъ нагардид.

Соли 982 дар Осиёи Хурд бо сарварии Василий шӯриши дигар ба амал омад, вале дере нагузашта, нерӯҳои император ӯро дастгир намуда, дастҳояшро буриданд. Василий аз роҳи пешгирифтааш қафо нагашта, барои худ дастҳои мисинсохт фармуд. Аз ҳамин сабаб ӯ бо лақаби Василии Мисиндаст машҳур шуд. Баъди муборизаи дуру дароз ба Василийи I

 

-144-


 

Расми 113. Аяексеи I Комнин.

Мақдунӣ муяссар гардид, ки Мисиндастро дастгир намуда, дар майдонн марказии шаҳри Константинопол сӯзонад.

ПАРОКАНДАШАВИИ ИМПЕРИЯИ ВИЗАНТИЯ. Миёнаи асри XI ба давраи муборизаи байни феодалон ва оғози парокандагии сиёсии Византия рост омад. Дар Византия паси ҳам панҷ император ҳукмронӣ кард. Ин вақт империя аз тарафи шимолу шарқ ба ҳуҷуми қабилаҳои печенегҳо ва туркҳои салҷукӣ гирифтор шуд. Султони салҷуқӣ Алпарслон ҳангоми муҳорибаи назди Монсикарт на танҳо лашкари Византияро шикаст дод, балки император Романи IV Диогенро ҳам ба асирӣ гирифт.

Аз тарафи Ғарб нормандҳо бо сардории Роберт Гюискар заминҳои дар Италия будаи Византияро ишғол намуда, такягоҳи асосии император - шаҳри Бариро забт карданд. Ин вақт хавфи аз байн рафтани Византня пеш омад. Феодалон оқибати парокандагии Византияро пайхас намуда, роҳи муттаҳидшавии худро пеш гирифтанд. Ҳамин тавр, дар атрофи сулолаи Комнин муттаҳидшавии аъёну атрофи Византия шурӯъ шуд. Ба асосгузори ин сулола Алексеи I Комнин муяссар гардид, ки муборизаи дохилии байни феодалонро хомӯш созад.

Расми 114. Коса. Зарфи косибони византиягӣ.

Дар мулкҳои тобеи Византия - Фракия. Мақдуния ва Булғористон ба муқобили Византия шӯришҳо сар заданд. Нормандҳо бошад ҳар чи бештар ба дохили империя сар дароварда, ба лашкари император пай дар пай зарбаҳои ҳалокатовар мезаданд. Туркҳо низ ба қисматҳои ғарбии Осиёи Хурд сар дароварда, мақсади муҳосира кардани Константинополро доштанд.

Охири Соли 1182 Андроники I Комнин, ки аз хешовандони дури сулолаи Комнин буд, дар шаҳри Константинопол ба шӯришчиён такя карда, ба тахти императории Византия нишаст. Ӯ бо дарназардошти вазъи таназзули мамлакат як қатор фармонҳо интишор

 

-145-

 

кард. Инчунин баҳри рушди тиҷорату ҳунармандӣ дар Византия шароит фароҳам овард.

Ашрофони византияги аз сиёсати Андроник норозӣ шуда, дар Италия паноҳ бурда ва бо ҳамроҳии иттифоқчиёни италнягӣ ба қатл расонданд. Баъди ин воқеа ба сари қудрат сулолаи нав - Ангелҳо омад. Дар асрҳои XIII-XV Византия қудрати пешинаашро аз даст дода, ба султонии Туркҳои Усмонӣ тобеъ мегардад.

ЛУҒАТ

Динат - зӯр.

 Пенет - муфлисон.

Сиёсат ё сиёсӣ - илм дар бораи идоракунии давлат .

     САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.    Империяи Шарқии Рим аз кай боз арзи вуҷуд кардааст?

2.    Мақоми Византия ва арабҳоро дар Осиёи Хурд муайян кунед.

3.    Арабҳо куҷоҳоро аз империяи Византия кашида гирифтанд?

4.   Сабабҳои шӯриши Фомаи Славянӣ кадомҳоянд?

5.    Соли 982 бо сардории кӣ шӯриш ба амал омад?

6.    Бо кадом сабаб империяи Византия пароканда гардид?

 

-146-

 

Гузариш ба саҳифаи |143|144|145|146|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz