¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |146|147|148|149|150|151|Интиҳо|

 

Боби III. МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁ ДАР АСРҲОИ ХIII-ХVI

 § 33-34. ДАВЛАТИ МУҒУЛ

 

ҚАБИЛАҲОИ МУҒУЛ. Қабилаҳои бодиянишини муғулдар асри XII дар қаламрави Муғулистон, Манҷурия ва Сибири Шарқӣ сокин буданд. Машғулияти асосии онҳо чорводорӣ буд. Муғулҳо дар он замон ҳанӯз дар марҳалаи сохти авлодӣ қарор доштанд. Қабилаи муғулро пешвои он идора мекард. Дини ин қабилаҳо парастиши ниёгон буд.

Дар нимаи дуюми асри XII - аввали асри XIII ҷамоаҳои авлодии муғулҳо барҳам хӯрда, аз байни онҳо оилаҳои бой пайдо шуданд, ки онҳоро нойонҳо ва баҳодурҳо меномиданд. Нойонҳо дастаҳои мусаллаҳ доштанд. Якчанд ӯрда муттаҳид шуда, иттиҳоди ӯрдаҳоро ташкил менамуд, ки ба он хон сарварӣ мекард.

 

-146-

 

 

Расми 115. Харобаҳои девори Бухоро.

Ашрофони қабилаҳо баъди муддате дар анҷуманҳои махсус - қурултойхо ҷамъ омада, хони худро интихоб мекарданд, масъалаҳои ҷанг ва сулҳро ҳал менамуданд ва ҳатто баъзе нойонҳо ва хонҳои гунаҳгорро муҳокима мекарданд.

ТАЪСИСЁБИИ ДАВЛАТИ МУҒУЛ. То оғози асри XIII қабилаҳои муғулхонҳои худро дошта бошанд ҳам, дар парокандагӣ зиндагӣ мекарданд. Темучин ном яке аз хонҳои муғул, ки дар минтақаи байни дарёҳои Амур ва сарҳадҳои шимолии Чин зиндагӣ мекард, қабилаҳои парокандаи муғулро муттаҳид сохт. Темучин соли 1206 дар қурултой, ки дар водии дарёи онон баргузор гардид, худро хони бузург эълон карда, унвони Чингизхон, яъне Хони Бузургро гирифт.

Муғулҳо барои ба даст овардани ғанимати ҳарбӣ хоҳони лашкаркашӣ ба давлатҳои дигар буданд. Онҳо бо дарназардошти ҳаёти бодиянишинон аспсавори моҳир буданд. Халқҳои зироаткор дар муқобили лашкари аспсавори муғулҳо муқобилат карда наметавонистанд. Муғулҳо силоҳи ҷангиро аз мамлакати ҳамсояашон - Чин мегирифтанд ва санъати ҷангро низ аз чиниҳо омӯхта буданд. Масалан, онҳо чун чиниҳо дар ҷангҳо аз манҷаниқ истифода бурда, қалъаҳоро бо осонӣ фатҳ мекарданд.

ЛАШКАРКАШИҲОИ ЧИНГИЗХОН. Чингизхон баъд аз тасарруфи тамоми Муғулистон барои забти давлатҳои ҳамсоя тайёрӣ дид. Ӯ аввал халқҳои сокини Сибири Ҷанубиро ба худ тобеъ кард, ки дар байни онҳо бурятҳо, ёқутҳо, қиргизҳо ва халқҳои дигар буданд. Баъди соли 1211 ба Чини Шимолӣ лашкар кашид. Вале ба ӯ муяссар шуд танҳо як қисми Чинро забт кунад. Чингизхон дар назди худ вазифа гузошт, ки аввал давлати Хоразмшоҳонро забт кунад. Лашкаркашии Чингизхон ба Осиёи Марказӣ аз соли 1219 то соли 1223 давом кард. Дар ин солҳо ӯ Давлати паҳновари Хоразмшоҳонро забт кард, ки он ғайр аз худи

 

-147-

 

Расми 116. Чингизхон - чеҳраи хунини таърих.

Хоразм Эрони Шарқӣ, Бухоро ва Афгоннстонро низ дар бар мегирифт.

Чингизхон нисбат ба мамлакатҳо ва халқхои нстилошуда ваҳшиёна рафтор мекард. Мардуми Бухоро, Самарканд, Урганҷ, Хуҷанд, Марв ва баъзе шаҳру музофотҳои дигар, ки муқобилият нишон медоданд, бераҳ- мона кир карда шуданд. Ӯ танҳо косибони гулдастро накушта, ба ғулом табдил медод ва аз ҳунари онҳо истифода мебурд. Муғулҳо ҳама чизи хубу кимматбахоро аз онн худ мекарданд. Иншоотҳои обёрӣ - обанбору ҷӯйҳоро вайрон мекарданд. Масалан, чӯйи калонеро, ки дар водин Мургоби Марв канда шуда буд. хароб карданд.

Лашкари муғулҳо ба ишғолн давлати Хоразмшоҳон қонеъ нашуда, лашкаркашин худро кад-қадн баҳри Хазар давом дод. Баъдан ба Қафкоз гузашта, аз самти Дарбанд ба ҷонибн дарёи Дон равон шуд. Вале соли 1223 дар наздикин дарёчаи Калка бо лашкари Рус, ки ба ёрии кипчоқҳо омада буданд. вохӯрданд. Дар ин ҷо муғулҳо ба лашкари муттаҳидаи қипчоқҳою русҳо шикаст доданд. Ба ғалаба нигоҳ накарда, он вақт муғулҳо лашкаркашии худро дар ин самт давом надоданд.

ИДОРДИ ДАВЛАТИ ЧИНГИЗХОН. Ҳанӯз то вафоти Чингизхон давлати ташкилкардаи ӯ масоҳати бузургеро ташкил карда буд - дар Шарқ то соҳилҳои баҳри Охот, дар Ғарб то соҳилҳои баҳри Хазар тул мекашнд. Ба давлати Чингизхон Муғулистон. Чини Шимолӣ. Осиёи Марказӣ, Сибири Ҷанубӣ ва қисми Қафкоз дохил буд. Пойтахти Муғулистон шаҳри Қарақорум буд. Он дар соҳили дарёи Орхон воқеъ гашта, ба қалъаи ҳарбӣ монанд буд.

Империяи Чингизхон ҳарбӣ буда, ба таври ҳарбӣ идора карда мешуд. Ташкили артиш ва ҷамъоварии андозро Чингизхон ва ёваронаш аз вазифаҳои асосиии худ ҳисоб мекарданд. Ҳатто тақсимоти маъмурии мамлакат аз рӯи нишонаҳои ҳарбӣ ба туманхо тақсим шуда буд. Муғулҳо "туман" гуфта, дастаи "10-ҳазорнафара"-и аскаронро меномиданд. Лашкари 10-ҳазорнафара ба "ҳазорҳо" ва ҳазорҳо ба "саднафариҳо", саднафариҳо ба

 

-148-

 

"даҳнафари" тақсим карда шуда буданд. Музофотҳои маъмури ва вилоятҳоро низ "туман" меномиданд.

ТАҚСИМИ ДАВЛАТИ МУҒУЛ. Ҳанӯз пеш аз вафоташ Чингизхон писарони худро ба қурултой даъват карда, империяи бузурги Муғулро дар байни онҳо тақсим кард. Чингизхон ба писари дуюмаш - Чағатой қисмати аз дарёи Аму дар Шарқии Осиёи Марказӣ воқеъбударо дод. Ба писари сеюм - Уқтой унвони Хони Бузург ва худи Муғулистону Чини Шимолиро дод. Қисмати ғарби Осиёи Марказӣ, Эрони Шарқӣ ва Ҳиндустони Шимолӣ ба писари чорум - Тулӯъ супорида шуд. Писари калонии Чингизхон - Ҷӯчӣ хангоми тақсими мамлакат ногаҳон вафот кард. Барои ҳамин ҳиссаи ӯро писараш Боту гирифт. Ин қисматҳои империяи Чингизхон "улусҳо" ном гирифтанд. Ин ном ба номи соҳиби онҳо пайваста шуда, дар натиҷа номҳои "Улуси Чағатой", "Улуси Уқтой", "Улуси Тулӯъ" ва "Улуси Ботухон" пайдо шуданд.

Расми 117. Чингизхон ва аҳли дарбори ӯ.

ЗАБТКОРИҲОИ БОТУХОН. Яке аз лашкаркашони номии чингизиён Ботухон буд. Ӯ солҳои 1235-1242 дар Аврупо қаламрави бузург аз он ҷумлаи Рус, сарзамини сукунати булғорхо, қипчоқҳо ва халқҳои дигарро, ки дар поёноби дарёҳои Волгаю Дон сукунат доштанд, ишғол кард. Муғулҳо лашкаркашии фотеҳонаи худро дар Аврупои Шарқӣ давом дода, Маҷористон, Чехия, қисми Лаҳистон, Сербия ва Булғористонро низ забт карданд. Дар рафти ин лашкаркашиҳо Ботухон ҳазорон нафар одамони бегуноҳро сар бурида, шаҳру деҳаҳои ободу зеборо ба харобазор табдил дод. Мардуми маҳаллӣ ба муғулҳо тобеъ гардида, ба истилогарон андозҳои миёншикан месупориданд.

Лашкари Ботухон соли 1241 ба Силезия зада даромада, лашкари муштараки Лаҳистону ритсарҳои немисро торумор кард. Вале ритсарҳои Чехияю Моравия дар наздикии Оломоутс лашкари Бо- тухонро шикаст доданд. Бо ҳамин

 

-149-

 

Расми 118. Сарбози аспсавири муғул.

лашкаркашии Ботухон ба Аврупо ба охир расид.

ЗАБТКОРИҲОИ МУҒУЛҲОИ ДАР ШАРҚ. Дар Осиёи Марказӣ ва Хуросон забткориҳои муғулҳоро набераи Чингизхон - писари Тулӯъ - Ҳалоку идома медод. Ба ӯ солҳои 50-ум ва 60-уми асри XIII муяссар шуд, ки Эрон, Байнаннаҳрайн ва Сурияро ба даст дарорад. Соли 1258 Ҳалоку пойтахти Хилофати Араб - шаҳри Бағдодро фатҳ кард.

Бағдод қасрҳои бузурги бо тиллою нуқра ва сангҳои қимматбаҳо зебу зинатдодашуда, шоҳкориҳои бузурги бадеӣ, китобхонаҳои калон ва ғайра дошт. Муғулҳо ин шаҳри шӯҳратманро ғорат карда, ба хок яксон намуданд. Гузашта аз ин, зуриёти Аббосиён - халифа Мустасимро буғӣ карда куштанд, гарчанде ки ӯ танҳо пешвои дини ислом буду халос.

Чи тавре, ки дар боло гуфта шуд, муғулҳо Чинро ҳанӯз соли 1211 забт карда буданд. Дар солҳои 70-ми асри XIII Онҳо аз нав ба забти Чин шурӯъ карданд. Ин кор ба ӯҳдаи писари дигари Уқтой, бародари Ҳалоку - Хубилай афтод. Ӯ тамоми Чинро ишғол карда, соли 1279 дар ин ҷо император шуд. Пекин пойтахти ин давлат буд.

Ҳамин тариқ, Хубилай дар Чин бо номи Юнъан асосгузори сулолаи императорҳои муғулу чинӣ шуд.

 

ИРОҚУ ХУРОСОНРО ИШҒОЛ

КАРДАНИ УҚТОЙ

Ва ин лашкар... то ҳаволии Мадинаи ислом - Бағдодро наҳб карданд ва чанд карат аз ҳазрати амирулмӯъминин ап-Мустансир... ба дафъи тойифаи муғул ва лашкарҳои куффор мулуки ислом бо ҳашамҳои аҷам ва турк ва араб номзад шуд ва бо куффор қитолу чиҳоди бисёр карданд ва дар ҳама авқот фатҳи нусрат Лашкари исломро буд. Ба ҳеҷ ваҷҳ дар он аҳд лашкари куффор бар атрофи ҳаволии дорулхилофа даст наёфтанд.

 

 

-150-

 

Ва Ҷурмоғунн малъун, ки лашкаркаши куффори муғулбуд, дар ҳудуди Қум... мақом сохт ва баъзеро ба тарафи Форсу Кирмон бидавониданд.

Атобск Абӯбакари Форс, ки подшоҳи он билод буд ва бародари ҳоҷиб Буроқи Хитой, ки фармондеҳи Кавоширу Кирмон шуда буд, ба тариқи сулҳ бо лашкари муғул бисохтанд ва мол муайян карданд, ки ҳар сол бирасонанд. Ва ду мамлакат - Форсу Кирмон ором гирифтанд ва лашкари куффори муғулба саломат бимонанд ва боқӣ ҷумла шаҳрҳои Ироқу Озарбойҷон ва Табаристон хароб шуд... .

ЛУҒАТ

Нуйим - нойонҳо.

Билод - вилоят; минтақа.

Наҳб - тороҷ; ғорат; яғмо; дуздӣ.

Таҳрир - навиштан.

Мадина - шаҳр; шаҳри зебо.

Куффор - кофирон.

Мулук - заминҳо; мулкҳо.

Малъун - лаънатзада; рондашуда; лаънатӣ.

Мақом - ҷой ва маҳалли сукунат ва иқомати мардум, ҳамчун шаҳр, деҳа.

   САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.    Қабилаҳои муғул дар асри XII дар куҷоҳо сукунат доштанд?

2. Нойонҳо, баҳодурҳо ва хонҳо киҳо буданд?

3. Давлати Муғул кай ва чӣ тавр таъсис ёфтааст?

4. Давлат Муғул чӣ тавр идора карда мешуд?

5.Дар бораи забткориҳои аввалини Чингизхон маълумот диҳед.

6. Чингизхон ба халқ мамлакатҳои тобеъкаадашуда чӣ хел муносибат мекард?

7. Муғулҳо дар Шарқ кадом давлатҳоро ишғол карданд?

8. Дар бораи лашкаркашиҳои Ҳалоку ва Хубилай чиҳоро медонед?

 

-151-

 

Гузариш ба саҳифаи |146|147|148|149|150|151|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

Хуҷанд 2010©

Тӯрахонов М. И. ФХДТТ

turakhonov@rambler.ru

Сайт управляется системой uCoz