¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |162|163|164|165|Интиҳо|

 

§37. ЧИН ДАР АҲДИ СУЛОЛАИ ЮАНҲО

 

ЧИН ДАР АВВАЛИ ҲУКМРОНИИ ЮАНҲО. Чи тавре ки қаблаи дар мавзӯъҳои бахшида ба Чину Муғул зикр гардида буд, хони муғулхо Хубилай Чинро ишғол карда, соли 1279 худро дар он ҷо император эълон иамуд ва бо ҳамин ба сулолаи нави императорони сулолаи Юанҳои муғулу чинӣ асос гузошт.

Чинро истило кардани муғулҳо барои Чин ниҳоят вазиин афтид. Муғулҳо заминҳои корами онро аз кор бароварда, шаҳру деҳоташро ғорат карданд. Истилои муғулҳо махсусан ба кишоварзии Чин зарбаи сахт зад.

 

-162-

 

Бо сабаби он ки Юанҳо доимо дар мухорибаҳо буданд, аз мардуми маҳаллӣ ғайр аз андозхои расмии қонунӣ маблағ ва хӯроквории иловагӣ ситонида, аспҳояшонро барои артиш мусодира мекарданд.

Қисми асосии лашкари Юанҳоро муғулҳо ташкил мекарданд, вале аҳолии маҳаллӣ низ ба лашкар сафарбар карда мешуд. Ин аскарон дар корҳои хизматрасонӣ, аз қабили боркашонӣ, заминканӣ, хӯрокпазӣ, ҷомашӯй, либосдӯзӣ ва ғайра истифода бурда мешуданд.

Дар натиҷаи истилои муғул аҳолии косиби шаҳрҳои Чин низ дар ҳамон ҳолате монд, ки кишоварзон қарор доштанд. Муғулҳо аксарияти косибонро ба ғулом табдил дода, як қисми онҳоро аз Чин берун бурданд, то ки ҳангоми лашкаркашӣ ба дигар мамлакатҳо ба лашкарҳои онҳо хизмат расонанд.

Дар Чин косибони баландихтисос оид ба сохтану истифодаи манҷаниқ бисёр буданд. Муғулҳо онҳоро ҳамроҳи худ ба лашкаркашиҳо бурда, дар гирифтани шаҳру қалъаҳо истифода мебурданд.

Расми 127. Ҳайкали олиҳаи дарозумрӣ.

ЗАМИНДОРӢ. Дар Чин ҳанӯз дар замони ҳукмронии сулолаи Сун заминдории хусусӣ афзуд" Дар асрҳои ХI-ХII мулкҳои хусусие ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо деҳқонони тобеи иҷоракор меҳнат мекарданд. Дар замони ҳукмронии  муғулҳо чунин заминдори идома ёфта, боз ҳам васеътар шуд. Сабабаш он буд, ки ашрофони муғул ба ин ҷо омада, аксарияти заминҳои чиннҳоро ба даст дароварда, ба моликияти хусусии худ табдил дода буданд.

Заминҳои дайрҳои буддоӣ низ зиёд шуданд. Дар баробари ин аҳволи деҳқонон аз пештара ҳам вазнинтар шуд. Ин қабил кишоварзон акнун пурра ба деҳқонони тобеъ табдил ёфтанд.

Дар кишоварзӣ зуҳуроти манфии ҷомеа ба расмият медаромаданд. Масалан, деҳқонон озодона фурӯхта мешуданд. Теъдоди андозҳо ва ҳар гуна уҳдадориҳои дигари деҳқонон зиёд карда шуданд.

КОСИБӢ. То омадани муғулҳо дар ин косибӣ ривоҷу равнақ ёфта буд.    

 

-163-

 

Расми 128. Тасвири пирамард.

Косибон асосан дар шаҳрхо сукунат доштанд. Муғулҳои доимо дар лашкаркашихо буда ба маҳсулоти истехсолкардаи Онҳо эҳтиёҷи калон доштанд. Ба ин маҳсулэт дар хориҷа ҳам бисёр ниёзмандон буданд. Муғулҳо аз косибон низ андози калон меситонланд. Ғайр аз ин, як қисми маҳсулоти косибиро мусодира карда, ба Муғилистон мефиристонданд.

Императорони сулолаи Юанҳо барои пешрафти косибӣ диққати калон медоданд. Косибӣ ба онҳо имконият медод, ки аз савдои дохилӣ ва хориҷӣ ба хазинаи давлатӣ маблағи  калон ворид созанд.

ТИҶОРАТИ ЧИН. Қаблан Чин бо давлатҳои дурдаст алоқае надошт. Баъди истилои Муғулон бо давлату халқҳои дурдасттарини империяи Муғул низ робитаи қавӣ пайдо намуд. Гап дар бораи он меравад, ки Чингизхон ва писару наберагони ӯ дар тӯли даҳсолаҳо давлатҳои зиёди Осиёю Аврупоро ишғол намуданд. Тоҷирони чинӣ аз ин истифода бурда, молҳои худро бе мамоният ба ин кишварҳо бе пардохти боҷ бурда фурӯхта метавонистанд. Дар бозорҳои Чин тоҷирони сершумори Эрон, Осиёи Марказӣ, мамлакатҳои Араб, Ҳиндустон ва кишварҳои дигари ҷаҳон пайдо шуда, доду гирифт мекарданд. Сайёҳи машҳури Венгтсияи Италия Марко Поло, ки он вақт ба Чин сафар карда буд, нақл мекунад, ки аз Чин ба хориҷа бароварданн махсулотн абрешим, чиниворӣ, оҳанӣ ва мисӣ "ба тамоми гӯшаю канори чаҳон" сурат гирифта буд.

Сарфи назар аз ин, аз пешравии хоҷагию тиҷорати Чин аслсан муғулҳо баҳравар мешуданд.

ИНТИҲОИ ҲУКМРОНИИ МҒУЛҲО ДАР ЧИН. Дар тӯли  ҳукмронии қариб 100-солаи сулолаи Юанҳо муборизаи зидди халқи Чин бар зидди истилогарони муғул қатъ нагардида буд. Барои барҳам задани ҳукмронии муғулҳо чандин маротиба сӯйкасдҳои дарборӣ низ ба амал омаданд.

Соли 1351 дар музофотҳои Хэнан ва Шандун шӯриши "Салласурхон" ба амал омад, ки онро "Савсани Сафед" ном созмон омода карда буд. "Сапласурхон" ҳатто пойтахти императорони Юанҳо - шаҳри Янтсзи (он баъд Пекин ном мегирад)-ро ишғол намуданд.

 

-164-

 

Дар солҳои 60-умин асри XIV шӯришҳои зидди муғулҳо қариб дар ҳамаи музофотҳои Чин ба амал омаданд. Деҳқонон қувваи асосии ин муборизаҳо буданд. Соли 1368 яке аз пешвоёни лашкари озодибахши деҳконӣ, ки Чжу Юан-чжан ном дошт, ба тахти императори Чин шинонда шуд.

 

ҶАНГ БО ЧЖАН ШИ-ЧЭП

ВА ИШҒОЛИ ШАҲРИ ИСИН

Соли усюй (1358), моҳи 10-ум, дар рӯзи тсзянсюн Сюй Да ва Шао Жун (лашкаркашони Чжу Юан-чжан. - Шарҳи Т. Зиёев) Исинро ишғол карданд. Қабл аз ин император Чжу Юан-чжан элчӣ фиристонд, то ки 7 ба Сюй Да ва дигарон гӯяд: "Исин шаҳри хурд бошад ҳам, хуб мустаҳкам карда шудааст, бинобар ҳамин онро ишғол кардан кори осон нест. Мегӯянд, ки дар ғарб шаҳр ба кӯли Тайху пайвастааст".

Чжан Ши-чзн, бегуфтутӯ, аз ҳамин роҳ озуқа хоҳад овард агар лашкар пеши роҳеро, ки озуқа меоваранд, бигирад, пас лашкари дар шаҳрбуда бс хӯрокворӣ азоб мекашад ва забти шаҳр имконпазир мегардад. Аз ин рӯ, Сию Да ва дигарон роҳи сӯи Тайхуро бурида, қувваҳоро муттаҳид ва барқосо ба шаҳр ҳамла оварда, онро ишғол намуданд.

 

ЛУҒАТ

Манҷаниқ - як намуди силоҳи вазнини аз чӯбу оҳан сохта шудаест, ки тирҳои вазнин дорад ва тааассути онҳо девори шаҳрҳо ва қалъаю қасрҳо вайрон карда мвшаванд.

Дарбор - қароргоҳи шоҳ, султон, халифа, император, дастгоҳи идораи роҳбари давлат.

Маосюй - дар Чини қадим ва асрҳои миёна ҳар як сол ном дошт, маосюй ва усюй номҳои соли 1358 мебошанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҚО

1.         Муғулҳо дар аввали ҳукмрониашон Чинро ба кадом ҳолат гирифтор намуданд?

2.         Дар бораи лашкари Юанҳо чиҳо медонед?

3.         Дар бораи вазъи кишоварзӣ ва косибии Чин далелҳо биёред.

4.     Вазъи тиҷорати чиниҳоро шарҳ диҳед.

5.         Дар бораи шӯриши "Салласурхон'" нақл кунед.

6.    Ҳукмронии сулолаи императорони Юанҳо каӣ ба охир расид?
 

-165-

 

Гузариш ба саҳифаи |162|163|164|165|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz