¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |166|167|168|169|Интиҳо|

 

§38. ЧИН ДАР АҲДИ СУЛОЛАИ МИН

 

БА САРИ ҲОКИМИЯТ ОМАДАНИ СУЛОЛАИ МИН. Чи тавре ки дар мавзӯи гузашта гуфта шуд, яке аз саркардагони артиши шӯришчиёни "Салласурхон"-и деҳқонии Чин, ки Чжу Юан-чжан ном дошт, соли 1368 ба тахти императории Чин нишаст. Бо ҳамин дар Чин салтанати сулолаи императорони Юанхо ба охир расида, давраи салтанати сулолаи нав, ки "Мин" ном гирифтааст, оғоз ёфт. Ин сулола дар Чин то соли 1644 ҳукмронӣ кардааст.

Расми 129. Манораи

ҳусни аждаҳор.

Пойтахти императорони Мин аввал шаҳри Нанкин буд, вале дере нагузашта он ба шаҳри Янтсзин кӯчонида шуд. Ин шаҳр холо Пекин ном дорад.

ИДОРАИ СУЛОЛАИ МИН. Бо сабаби он ки сулолаи Мнн аз байни деҳқонон баромада буд, императорони аввали он давлатро тарзе идора мекарданд, ки аҳволи оммаи заҳматкашонро беҳтар кунанд. Бо мақсади тақсими баробар рӯйхати хироҷ аз нав таҳия карда шуд. Бо шарофати мусодираи заминхои ашрофони муғул шумораи деҳконони давлатӣ хеле афзуд. Император борҳо дар бораи аз эътибор соқит кардани андозҳои деҳқонон ва косибон фармон баровард. Барои васеъ кардани заминҳои кишти обӣ дар охирҳои асри XIV - аввали

асри XV корҳои обёрикунӣ вусъат ёфтанд. Дар мамлакат даҳҳо обанбору ҷӯйҳо канда шуданд. Чжу Юан-чжан рушди косибнро ҳавасманд карда, ҳаҷми андози косибонро сабуктар кард.

Дар баробари ин дигар гуниҳо дар Чин заминдории калон боқӣ монд, гарчанде ки дар аввал он каме маҳдуд карда шуд. Лашкаркашон низ барои хизмати ҳарбӣ аз давлат замин мегирифтанд, хусусан онҳое, ки масоҳати бузурги заминҳои кишту чарогоҳҳоро аз они худ карда буданд. Ин заминҳо барои таъмини дарбори император ва шоҳзодаҳо истифода бурда мешуданд. Чжу Юан-чжан 20 писар дошт. Онҳо дар мансабҳои олии давлатӣ хизмат карда, дар як вақт заминдорони калонтарин ҳам буданд.

 

-166-

 

ПАЙДОИШИ МАНУФАКТУРА Дар асрҳои ХIVV дар Чин корхонаҳои аввалини саноатm - мануфахтураҳо пайдо шуданд. Ин корхонаҳо матоъҳои абрешимӣ ва пахтагӣ мебофтанд, когаз. Чиниворй ва лок истехсол мекарданд. Саноати кӯҳии иборат аз мануфактураҳои истеҳсоли тилло, нуқра, мис, оҳан, намак ва ғайра иборат буд. Саноати бинокорӣ бошад, ба муваффақияти калон ноил шуд. Дар шаҳрҳои Пекин, Нанкин, Кантон ва ғайра қасрҳо, ибодатхонаҳо, манораҳо, пулхо, қалъа ва иншоотҳои бинокории дигар сохта шуданд. Онд ба баъзе соҳаҳои мануфактураҳои калон, аз он ҷумла мануфактураҳои давлатин истеҳсоли абрешим, чиниворӣ ва ғайра низ сохта шуданд.

ЛАШКАРКАШИҲОИ МИНҲО. Император Чжу Юан-чжан ва императорони дигари Мннҳо баъди мустаҳкам кардани ҳокимияти худ барои вусъати ҳудудҳои Чин ба лашкаркашиҳо даст заданд. Императори аввалини сулолаи Минҳо ҳокимияти худро дар Корея ва Тибет таҳким бахшид. Ворисони ӯ ҳокимияти Мин- ҳоро бар Аннам ҳам паҳн карда, баъд чандин маротиба ба Индонезия, Ҳиндучин ва Малакка лашкар кашиданд. Баъзе сардорони ин мампакатхо ҳокимияти императорони Чинро эътироф карданд. Барои чиниён шароити мусоид фароҳам омад, ки ба Ҳиндучин ва Индонезия барои зиндагии муқимӣ кӯч банданд.

Расми 130. Паррапдагон

дар буттазори бамбукӣ

нишаспишнд.

Дар нимаи аввали асри XV лашкаркашии императорони сулолаи Минҳо натанҳо ба мамлакатҳои Шарқ, инчунин ба соҳилҳои шарқин китъаи Африқо низ сурат гирифтанд. Муҳорибаҳое, ки дар зери роҳбариии амирулбаҳр Чжен Хэ сурат гирифтанд, аз иқтидори бузурги ҳарбии Чини замони салтанати сулолаи Минҳо шаҳодат медиҳанд.

Дар асри XVI вазъият тағйир ёфт. Акиун императорони Мин маҷбур буданд, ки аз ҳамлаю истилои мамлакатхои дигар ба дифоъи сархадҳои давлати худ гуэаранд. Аз тарафи Ғарб ба Чин муғулҳо таҳдид мекарданд. Соли 1550 яке аз ворисони Чингизхон бо лашкари бузург ба Пекин зада даромада, онро оташ зад. Дар солҳои 60-ум Чин бар зидди таҷовузи Ҷопон

 

-167-


 

мубориза бурд. Ба Минҳо муяссар гардад, ки ба самурайҳои Ҷопон зарбаи сахт зада, дар охирҳои асри XVI онҳоро аз Чин дур кунанд.

ОҒОЗИ РОБИТАИ АВРУПОИҲО БА ЧИН. Кашфиётҳои бузурги ҷуғрофии асрҳои XV ва XVI роҳи аврупоиҳоро ба Чин низ кушоданд. Ба соҳилҳои Чин аввалин шуда, киштиҳои Португалия лангар партофта, якчаид маҳаллаҳои мустамликавӣ бино карданд. Вале солҳои 50-уми асри XVI ин маҳаллаҳо аз тарафи ахолии маҳаллӣ нест карда шуданд. Ба ҳар ҳол баъди ҷидду ҷаҳди зиёд ба португалихо муяссар шуд, дар Макаон воқеъ дар ҷанубтари Кантон пораи заминеро иҷора гиранд. Онҳо худро дар ии ҷо мустахкам карда, онро дар Шарқ, муддати дароз ба марказ (сарой)-и тиҷоратии худ табдил доданд.

Ҳукумати Минҳо ба хориҷиён иҷозат намедод, ки ба Чин ворид шуда, ба тиҷорат машғул шаванд ва ё корхона созанд.

ЗАИФШАВИИ ҲОКИМИЯТИ СУЛОЛАИ МИН. Дар охирҳои асри XVI - аввали асри XVII сулолаи Мин тамоман заиф шуд.

Вазъи хориҷии Чин низ бад шуд. Тахминан соли 1606 қабилаҳои манҷурин сокини ҳавзаи дарёи Сунгарии шимолии Чин муттаҳид шуда, давлати худро ташкил намуданд. Соли 1625 манҷурҳо Мукден ва қариб тамоми нимҷазираи Ляодунро ишғол намуданд. Баъди якчанд сол Корся низ тобеи манҷурхо шуд. Дар ин давра тохтутози манчурҳо ба музофотҳои шимоли Чин ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфт. Императорҳои сулолаи Минҳо дигар қудрате надоштанд, ки ба истилогарони манҷурӣ ҷавоби сазовор гардонанд.

ЛУҒАТ

Мин - Чжу Юан-чжан бо ҳамин тахаллус ба тахти императории Чин нишаст.

Мануфактура - корхонаест, ки дар он ҷо дар байни кормандон тақсимоти меҳнат вуҷуд дорад, дар чунин корхона даҳҳо ва ҳатто садҳо одамон кор мекунанд.

Маҳаллаҳои мустамликавӣ - дар чунин ҷойҳо хориҷиён, яъне мустамликачиён кору зиндагӣ мекарданд.

Манҷурҳо - номи қабилаҳое, ки дар Манҷурия сукунат доштанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.       Сулолаи Минҳо дар Чин кай ба сари ҳокимият омад?

2.       Бигӯед, ки Минҳо Чинро чӣ тавр идора мекарданд?

3.       Дар бораи мануфактураҳои Чин чиҳо гуфта метзвонед?

 

-168-


 

4.       Робитаҳои аввалини аврупоиҳо бо Чин кай ва чӣ тавр сурат гирифтанд?

5.       Исбот кунед, ки дар охирҳои асри XVI- оғози асри XVII ҳокимият ва давлати Минҳо заиф шуда буд

 

-169-

 

Гузариш ба саҳифаи |166|167|168|169|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz