¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |169|170|171|172|Интиҳо|

 

§39. ТАЪСИСЁБИИ ДАВЛАТИ МУТТАҲИДАИ ҶОПОН

 

ВАЗЪИ ҶОПОН ПЕШ АЗ МУТТАҲИДШАВӢ. Дар асрҳои XIII-XV Ҷопон дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Сёгунҳо ба муттаҳидшавии мамлакат муваффақ шуда натавонистанд. Музофотҳо қариб беист бо ҳамдигар ҷанг мекарданд. Ин ҳолат ба вазъи зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонд. Деҳқонон на як бору ду бор бар зидди истисмори табакахон ҳукмрон шӯриш бардоштаанд.

Расми 132.

Самурайҳои Ҷопон.

Яке аз чунин шӯришҳо соли 1428 дар наздикин шаҳри Киото сар зада, баъд дар музофотҳои дигари Ҷопонн Миёна паҳн шуд. Шиори шӯришгарон "Нест бод самурайҳо!" буд. Ин шӯриш ҳанӯз пурра катъ нагардида, баъди 13 сол шӯриши нав ба амал омад. Дар нимаи дуюми асри XV низ чунин шӯришҳо мунтазам ба амал меомадавд. Ба замми ин, дар солҳон 50-ум ва 60-уми асри XV дар Ҷопон гуруснагӣ шуд. Дар натиҷаи он танҳо дар як шаҳри Киото 80 ҳазор нафар одамон ҳалок гардид.

Дар баробари дар сатҳи паст қарор доштани аҳволи кишоварзон дар Ҷопон кӯҳканӣ, косибӣ ва савдо пеш рафт. Кӯҳканон дар ҳаҷми хсле зиёд оҳан. мис, тилло ва нукра истеҳсол менамудавд. Косибон шамшерҳои хушсифаттарин тайёр мекардавд. Ҳар сол аз Ҷопон ба хориҷа даҳҳо ҳазор шамшер бароварда мешуд. Тоҷирони ҷопонӣ дар хориҷа танҳо дар як соли 1483 67 ҳазор адад чунин силоҳ фурӯхтаавд.

Тоҷирони ҷопонӣ молҳои худро ба Корея, Чин, Тайван, ҷазираҳои Филиппин, Ветнам ва Сиам бурда мефурӯхтанд.
 

-169-

 

Бо сабаби ривоҷикосибию тиҷорат дар Ҷопон бандарҳои калони дорои даҳҳо ҳазор нафар аҳолӣ бунёд мешуданд. Сакаи, Хиого, Хаката ва Нагасаки аз ҷумлаи чунин шаҳрҳо буданд.

ТАЪСИСЁБИИ ДАВЛАТИ МУТТАҲИДАИ ҶОПОН. Чи тавре ки айён гашт, зарурати муттаҳид кардани мамлакат ба миён омада буд. Ин корро танҳо ашрофони калони бо мадади лашкарҳои самурайҳо ва дастгирии шаҳрҳо такя мекардагӣ иҷро карда метавонистанд.

Чунин шахс Ода Набунага буд. Ӯ аввалин шуда, барои муттаҳид сохтани Ҷопон якчанд ҳокими соҳибистиклолро торумор карда, худи сёгунро низ аз ҳокимият маҳрум сохт.

Набунага аз ҳисоби самурайҳо ва дехқонон дастаи пурзӯре ташкил намуда, онро бо силоҳи оташфишони хориҷӣ мусаллаҳ намуд. Ба Набунага муяссар шуд, ки артишҳои ҳокимони саркашро торумор намуда, дар Ҷопон ҳокимияти диктаторӣ ҷорӣ кунад. Ҳокимияти диктатории ӯ аз соли 1568 то соли 1582 давом кард. Набунага барои пешрафти тиҷорат кӯшиши зиёд сарф намуд. Савдоро дар тамоми Ҷопон озод ва сарҳадҳои гумрукии дохилиро бекор кард. Дар мамлакат роҳҳои бисёр сохт ва усули ҷамъовари андозро ба низом даровард.

Расми 131. Ҳайкалчаҳои чӯбини маросимии даосҳо

ИДОМАИ МУТТАҲИДКУНИИ ҶОПОН. Набунага Ҷопонро пурра муттаҳид карда натавонист. Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани худ ӯ аз 66 музофот танҳо 30 музофоти мамлакатро ба зери итоати худ дароварда буд. Баъд аз вафоташ ҳокимият ба ҳамсафи ӯ Тайетоми Хидзеси гузашт. Ӯ аслан деҳқон буда, дар лашкари Набунага ҳамчун аскар хизмат мекард.

Хидзеси кори Набунагиро идома дод. Ба ӯ муяссар шуд, ки ба истиқлолияти чазираҳои Сикоку ва Кюсю хотима бахшида, баъд бомуваффақият ба шимоли мамлакат - ба ҷазираи Хонсю лашкар кашад. Хидзеси дар он ҷо барои бунёди шаҳри Осака санги аввалинро гузошт, ки он баъдтар ба бандари калонтарини Ҷопон табдил ёфт.

 

-170-

 

ЛАШКАРКАШИИ ХИДЗЕСИ БА КОРЕЯ. Хидзеси дар назди худ вазифа гузошт, ки Корея, Манҷурия, Тайван ва ҷазираҳои филиппинро ишғол намуда, баъд ба забти Чин шурӯъ кунад. Барои ҳамин ӯ дар тӯли якчанд сол лашкари 300-ҳазорнафараи дорои флоти пурзӯрро ташкил намуда, баҳори соли 1592 ба Корея лашкар кашид. Ҳукумати Корея борои рафъи таҷовузи Ҷопон тайёр набуд. Лашкари Корея дере нагузашта, дар наздики шаҳри Сеул торумор карда шуд. Имлератор ва дигар ҳукуматдорон аз пойтахт фирор карданд. Чин Кореяи тобеи худро пуштибонӣ карда натавонист.

Халқи беҳукуматмондаи Корея ба ҳаракати партизанӣ оғоз намуд. Онҳо ба дастаҳои артиши дар маҳалҳо парокандабуда ҳамроҳ шуда, пеши роҳи истилогаронро гирифтанд. Ба ин қувваи муштарак сарфармондеҳи флоти Корея Ли Сун Син роҳбарӣ мекард. Ӯ ба артиши истилогарони Ҷопон чандин маротиба паси ҳам зарба зад. Флоти Ҷопон шикаст хӯрд. Артиши Чин ҳам ба ёрии кореягиҳо омад. Душман ба муқобилати артиши муттаҳидаи Кореяю Чин тоб овара натавониста, ақибнишинӣ кард. Шаҳри Сеул аз истилогарон озод карда шуд. Вале ин вақт фармондеҳи артиши муттаҳида аз фаъолии халқ тарсида, бо императори Ҷопон Хидзеси гуфтушунидро оғоз кард. Ба муқобили Ли Сун Син дасисаҳо низ оғоз ёфтанд. Ӯ ҳатто аз вазифааш сабукдӯш карда шуд. Вале лашкарҳои Кореяю Чин аз Ҷопониҳо сахт шикаст хӯрданд. Барои ҳамин император маҷбур шуд, ки Ли Сун Синро аз нав сарфармондеҳи лашкар таъин кунад. Қӯшунҳои муттаҳидаи Чину Корея аввал дар наздикии Сеул ва баъд дар наздикии Норянчжина лашкарҳои Ҷопонро шикаст дод.

Соли 1614 вориси тахту тоҷи Хидзеси - Иеясу Токугава бо Корея ва Чин дар бораи ба Корея даъвогар набудани Ҷопон созишнома имзо кард. Ҳамин тариқ, нақшаи император Хидзеси амалӣ нагардид.

БАРПОШАВИИ РЕЖИМИ ТОКУГАВА. Соли 1598 дар Ҷопон ҳокимият ба дасти ҳамсафи Хидзеси - Иеясу Токугава мегузарад. Ӯ низ аз ҳокимони калонтарини феодалӣ ва роҳбари музофотҳои шарқӣ буд. Токугава дар Эдо қалъаи мустаҳкамкардашуда дошт.

Токугава соли 1603 худро сёгун эълон намуд. Ӯ асосгузори сулолаи нави императорони Ҷопон буд. Иеясу Токугава режими худро дар Ҷопон пурра муқаррар карда натавониста, аз дунё чашм пӯшид.

 

-171-

 

Танҳо дар замони ҳукмронии сёгуни сеюми ин хонадон - Иемитсу Токугава дар Ҷопон режими сулолаи Токугава бо пуррагӣ муқаррар карда шуд.

Дар бораи сёгунҳои хонадони Токугава шумо муфассалтар дар синфи 7-ум маълумот хоҳед гирифт.

 

ҲУКМРОНИИ МИНОМОТО ЁРИТОМО

Оэ Хиромото (барои Миномото Ёритомо) лоиҳаи зеринро таҳия кард.

"Феълан низоъи бузург бори нахуст пахш карда шуд ва аҳолии Конто худро ором хис карда, дар шахси идораи сайёри ҳарбӣ такягоҳи худро дарёфт, вале лаънатзадагони чуръатнок дар ҳар ҷо дамашонро гирифта, пинҳон шудаанд. Вақте ки онҳо сар мебардоранд, торумор карда хоҳанд шуд...

...Агар имрӯз нақшаи амалиёт мураттаб сохта шавад, пас аз дар ҳамон вилоятҳо таъин намудани шахсони ба ҳукумат тобеъ чораи беҳтаре нест. Дар мулкҳои хусусӣ (сёэн) бошад, сардорони мулкҳо таъин карда мешаванд. Ба ҳамаи онҳо супориш дода мешавад, ки дар маҳалҳои масъули худ исёнгаронро таъкибу дастгир намуда... дар мамлакат оромӣ фароҳам оваранд...

...Дар моҳи 7-уми (1191) амри император баромад, ки он ба Ёритомо (номи Мннамото) рутбан Сейи тайсёгун, яъне сарлашкарро барои пахшу мағлубкунин вахшихо додааст.

...Дар мохтоби 1-уми соли 4-ум (Кэнкю соли 1193) Ёритомо тартиби мансабҳои калонро барои ҳамаи лашкаркашон ва самурайҳо муқаррар намуд".

 

 САВОЛ ВА СУПОРИШҲО.

1.      Ҳолати пеш аз муттаҳидшавии Ҷопонро шарҳ диҳед,

2.      Давлати муггаҳидаи Ҷопонро кӣ ва чӣ тавр ташкил кард?

3.      Ода Нобунага кӣ буд? Ӯ барои пешрафти хоҷагию тиҷорати Ҷопон чӣ корҳо кардааст?

4.      Тайетоми Хидзеси барои муттаҳидкунии Ҷопон чӣ хизмат кардааст?

5.      Дар бораи лашкаркашии Ҷопон ба Корея нақл кунед

6.      Режими сулолаи Токугава дар Ҷопон кай ва чӣ тавр муқаррар гардид?

7.      Аз сарчашмаҳо чӣ фаҳмидед?

 

-172-

 

Гузариш ба саҳифаи |169|170|171|172|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz