¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |173|174|175|176|177|Интиҳо|

 

§40. ДАВЛАТИ ТЕМУР

 

Дар охирҳои асри XIII империяи бузурги Чингизхон ба якчанд давлати мустақил тақсим шуд. Дар Осиёи Марказӣ, ки аҷдодони писари дуюми Чингизхон - Чағатой ҳукмронӣ мекарданд, дар навбати худ дар асри XVI ба якчанд қисм тақсим шуданд. Ҳафтруд ва Туркистони Шарқӣ давлати махсус - Муғулистонро ташкил намуданд. Дар Мовароуннаҳр нишонҳои давлати нав ба вуҷуд омаданд. Солҳои 60-ум дар поёноби дарёҳои Сир ва Аму давлати мустақили Хоразм бо марказаш шаҳри Урганҷ аз нав ташкил ёфт.

Дар байни хонҳои Муғулистон ва Мовароуннахр барои ҳокимият ва заминҳо доимо мубориза мерафт.

Расми 134. Гури Амир

Темур  дар Самарқамд.

 Асри XV

 Қабилаҳои муғулу турки чорводори бодиянишини Осиёи Марказӣ ба зиндагии муқимӣ ва кишоварзӣ мегузаштанд. Дар баробари ин омезиши муғулу туркҳо бо халқи маҳаллӣ сурат мегирифт. Самарканд ба маркази мубориза бар зидди зӯроварии хонҳои Муғулистон табдил ёфта буд.

ТЕМУР ДАР МУБОРИЗА БАРОИ ҲОКИМИЯТ. Аслу насаби Темур аз қабилаи муғулии барлос буд. Ин қабила дар Мовароуннахр аз оғози асри XIV зиндагӣ мекард. Барлосҳо монанди қабнлақои дигари муғулӣ бо қабилаҳои туркӣ омезиш               ёфта, забон ва урфу одатҳои худро гум карда буданд. Темур низ аз қабили ҳамин муғулҳо буд.

Соли 1361 Темур аллакай ҳамчун фармондеҳи номии дастаи калони мусаллаҳи аз ҷумлаи аъзоёни қабилаҳои барлосҳо ва қабилаҳои дигар ташкилкарда маълум буд. Темур ба хизмати хони Муғулистон Туғлуқ-Темур дохил шуда, ба ӯ дар ишғоли Самарқанд ёрӣ расонд. Хдмчун мукофот барои хизматаш Туглуқ-Темур ӯро ҳокими шаҳри Кеш таъйин намуд.

 

-173-


 

Вале Темур ба ин вазифа қаноат накарда, ба хизмати амири Балх - Ҳусейн рафт. Ҳусейн душманни Туғлуқ-Темур буд. Онҳо якҷоя шуда, бар зидди Туғлук-Темур ҷанг карданд, вале шикаст хӯрданд. Баъди тайёрии ҳаматарафа ба Темур ва Ҳусейн муяссар шуд, ки Мовароуннаҳрро аз дасти Туғлуқ-Темур кашида гиранд. Вале соли оянда аз муғулҳо боз ҳам шикаст хӯрда, маҷбур шуданд, ки ба Балх фирор кунанд. Ҳамон сол дар яке аз муҳорибаҳо Темур аз пояш тир хӯрд. Аз ҳамин вақт сар карда, ӯ номи "Темурланг"-ро мегирад.

ШӮРИШИ САРБАДОРОН. Соли 1365-1366 дар Самарқанд бар зидди Туғлуқ-Темур шӯриши Сарбадорон сар мезанад, ки ба он Мавлонозода ном донишҷӯи яке аз мадрасаҳои шаҳр роҳбарӣ мекард. Ба Сарбадорон муяссар шуд, ки муғулҳоро аз Самарқанд пеш карда, ҳокимиятро ба даст дароранд. Сарварии Самарқанд ва гирду атрофи он ба ихтиёри Мавлонозода, Абӯбакр ва Хурдаки Бухороӣ гузашт. Муғулҳо хостанд, ки ба Самарқанд ногахон ҳамла оварда, Сарбадоронро торумор кунанд, вале шикаст хӯрданд. Баъди ин Сарбадорон ҳокимияти худро бо тезӣ дар тамоми Мовароуннаҳр паҳн кардан гирифтанд. Аз ин лаҳзаи муносиб Темлф ва Ҳусейн истифода бурданд.

БА ҲОКИМИЯТ СОҲИБ ШУДАНИ ТЕМУР. Ҳусейн ва Темур бо роҳи фиребу найранг аз Балх ба Самарқанд меоянд. Ҳамин тавр бо фиреб роҳбарони шӯриши Сарбадоронро дастгир ва қатл карданд. Онҳо танҳо Мавлонозодаро зинда дар зиндон нигоҳ медоштанд. Дар давлати дар Мовароуннаҳр ташкилкардаи Сарбадорон Темур ва Ҳусейн ҳукмрон шуданд, вале амир Ҳусейн дар мақоми аввал буд. Ба чунин мартаба Темур розй шуда наметавонист. Барои ҳамин ӯ лаҳзаи мувофиқ мекофт, то ки ҳокими ягонаи Мовароуннахр шавад. Дере нагузашта барои ҳокимият дар байни онҳо зиддият ба амал омад ва он ба задухӯрди мусаллаҳона мубаддал гардид. Соли 1370 Темур дар яке аз задухӯрдҳо аскарони Ҳусейнро торумор карда, худи ӯро асир гирифт ва баъд ӯро ба қатл расонда, худро амири Мовароуннаҳр эълон кард. Ҳамин тавр, давлати Темур ба вуҷуд омад.

ЗАБТКОРИҲОИ ТЕМУР. Темур ба ҳукмронии  танҳо Самарқанд қаноат намекард, аввал ҳокимияти худро дар Мовароуннаҳр мустаҳкам кард ва баъд соли 1372 ба поёноби дарёҳои Аму ва Сир - ба Хоразм лашкар кашид. Пас аз лашкаркашии 5-ум соли 1388 ӯ Хоразм ва пойтахти он шаҳри Урганҷро, ки дар

 

-174-

 

Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ маркази калонтарини тиҷоратӣ буд, фатҳ намуда, ба хок яксон кард. Темур аҳолии ин шаҳрро бо зӯрӣ ба Самарқанд кӯчонда, фармуд, ки шаҳри урганҷро вайрону хароб ва баъд шудгор карда, ҷав коранд.

Баъди ба даст овардани Хоразм Темур дар тӯли чандин соли дигар бар зидди Тӯхтамиш мубориза бурд. Тӯхтамиш аввал хони Урдаи Сафед ва баъд хони Урдаи Тиллоӣ буд. Дар натиҷаи се лашкаркашӣ (солҳои 1389, 1391 ва 1395) Темур ниҳоят Урдаи Тиллоиро торумор кард. Дар рафти ин лашкаркашиҳо шаҳрҳои калони Урдаи Тиллоӣ - Сарой Берке ва Ахитархонро оташ зад. Тобистони соли 1395 аз ҷануб ба сарзамини Рус ҳам зада даромада, то шаҳри Елетс расида, ба шаҳри Маскав таҳдид кард. Вале ӯро аз раъйаш танҳо хабари нооромии Осиёи Марказӣ гардонд.

Дар солҳои 80 ва 90-уми асри XIV Темур ба Эрон, Байнаннаҳрайн ва давлатҳои дигар ҳам лашкар кашид. Ӯ тавонист, ки аввал Хуросон, Афғонистон ва Қафқозро забт намуда, баъд Ҳиндустонро ишғол намояд. Дар рафти ин лашкаркашӣ Темур шаҳри Деҳлиро ғорат кард. Дар оғози асри XV Байнаннаҳрайн ҳам ба Темур таслим шуд. Пас аз ин лашкаркашии худро дар самти Сурияю Осиёи Хурд давом дода,

Расми 135. Харитаи шоҳаншоҳии Темур.

 

-175-


 

Расми 136. Мақбараи Бибихонум.

Соли 1402 артиши яке аз лашкаркашони бузургтарнни замон - султони Турк Боязидро торумор карда, худи ӯро асир гирифт.

 

Баъди лашкаркашии бомуваффақияти бисёрсолаи худ Темур бо ғанимати бузург ва шаъну шарафи беандоза баланд ба Самарқанд баргашт. Ӯ ба ин забткориҳои худ ҳам конеъ нашуд. Баъди тайёрии начандон зиёд Темур ба Чин лашкар кашид. Вале соли 1405 ногаҳон дар Утрор вафот кард.

 

ЗОЛИМИИ ТЕМУР. Темур дар таърих яке аз шахсиятҳои золимтарин маҳсуб мешавад.

Расми 137. Темур.

Чанд мисол меорем. Ҳангоми лашкаркашӣ ба Эрон бо фармони Темур сари 70 ҳазор одами осоишта аз тан ҷудо карда шуда ва аз сари онҳо манора сохта шудааст. Соли 1398 Темур дар Ҳиндустон фармуд, ки 100 ҳазор асир қатл кардашавад. Сабаби асосин ин амр он буд, ки ба ҷои дур бурдани асирон мушкил будааст. Дар шаҳри Бағдод танҳо дар як рӯз 90 ҳазор кас қатл карда шудааст. Ҳангоми зуҳур ёфтани кӯшиши камтарини муқовимат Темур мефармуд, ки чунин одамон зинда гӯронда шаванд. Мардуми шаҳри Сабзавори Хуросонро низ ҳамин тавр ҷазо дод. Фармуд, ки аз одамони зинда девор созанд. Бо фармони Темур баъди чанде дар ин шаҳр аз ҷасади одамон ва хишт девори васеъ ва баланд сохтанд. Ин далелҳо дар бораи бераҳмию золимии Темур шаҳодат медиҳад.

 

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.    Осиёи Марказӣ ва аҳолии онро дар арафаи таъсиси давлати Темур чӣ хел дарёфтед?

2.    Сабаби ба амири Балх забон як кардани Темурро баён кунед.

3.    Шӯриши Сарбадорони Самарқандро тавсиф кунед.

 

-176-

 

4.    Темур ва Ҳусейн чӣ тавр ҳокимиятро аз дасти Мавлонозода ва ҳамсафони ӯ ба даст дароварданд?

5.    Дар бораи лашкаркашиҳои Темур нақл кунед.

6.    Дар бораи золимии Темур далелҳо биёред.

7.    Темур кай ва дар куҷо вафот кардааст?

 

-177-

 

Гузариш ба саҳифаи |173|174|175|176|177|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz