¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |181|182|183|184|185|186|Интиҳо|

 

§42. СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ

 

ТАЪСИСИ СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва авлодони ӯ борҳо ба Ҳиндустон лашкар кашида, онро ғорат карда буданд. Баъди соли 1151 аз тарафи Ғуриён гирифта шудани шаҳри Ғазна Ғазнавиён ба Ҳиндустон фирор карданд. Дар Ғазна ҳокимият ба дасти Ғуриён гузашт.

Соли 1175 ҳокими Ғазна - Муҳаммади Ғурӣ ба Ҳиндустон лашкар кашида, музофоти Панҷобро ишғол намуд. Солҳои 90-уми асри XII ӯ минтақахои байни дарёҳои Ҷамнаю Ғанг ва музофоти Баиголаро ҳам забт кард.

Баъд аз он ки Муҳаммади Ғурӣ вафот кард, ҷои ӯро Қутбиддини Ойбек гирифта, алоқаашро аз Ғазна тамоман канд ва дар шимоли Хиндустон давлати соҳибистиқлол ташкил намуд.

 

-181-

 

Давлати навтаъсиси Қутбиддин ба худ номи "Султонии Деҳлӣ"- ро гирифта, дар асрҳои ХШ-ХУ яке аз давлатҳои калонтарини Шарқ буд.

Султонии Деҳлӣ дар ин давра васеъ шуд. Ба он ғайр аз Ҳиндустони Шимолӣ, инчунин Ҳиндустони Марказӣ ва аксарияти давлатҳои  паҳнкӯҳи Дакан низ дохил шуданд. Онҳоро султон Аловуддини Хилҷӣ забт карда буд. Султон Муҳаммади Туглак қариб тамоми Ҳиндустонро забт намуда, орзу дошт, ки Эрюн ва Чинро низ забт кунад. Султонии Деҳлӣ сарфи назар аз бузургии қаламрави худ пурзӯру марказиятнок набуд.

СОХТИ ДАВЛДТӢ. Султонии Деҳлӣ давлати феодалӣ буд. Тамоми заминҳо моликияти султон ҳисобида мешуданд. Шахсоне, ки аз ҷойҳои дигар омада, хизмати артишро ба ҷо меоварданд. аз султон замини муваққатӣ - "иқтоъ" мегирифтанд. Феодалҳои калони маҳаллӣ заминҳои меросӣ дошганд. Баъд аз вафоти онҳо замини меросӣ ба фарзандонашон мегузашт. Ин феодалҳо ннчунин музофотҳои худро идора карда, қариб тамоман мустақил буданд. Ба султон танхо як миқдори муайян андоз месупориданду бас. Феодалҳои миёна ва хурди ҳиндӣ ҳам заминҳои камтари меросӣ доштанд. Бо мурури замон омадагони баландмартаба низ соҳиби заминҳои меросӣ мешуданд.

Қисми заминҳо дар ихтиёри рӯҳониён, дайрҳо ва ибодатгоҳхои дини ҳиндуия, рӯҳониён ва масҷидҳои исломӣ буданд. Заминҳои муассисаҳои динӣ "вақф" номида мешуданд.
 

Расми 140. Тоҷмаҳал дар Агра, наздикии

шаҳри Деҳлӣ. Асри XVII.

 

-182-

 

Дар Султонии Деҳлӣ усули заминдорӣ ислом буд. Дар Султонии Деҳлӣ мисли пештара шумораи хоҷагиҳои дехконии ҷамоаҳо нисбат ба намудҳои дигари хоҷагидорӣ бартарӣ доштанд.

Заминдорони калон ба хоҷагиҳои худ бевосита машғул иамешуданд. Онҳо заминҳояшонро ба деҳқонон ба иҷора дода, аз онҳо ҳосили соф ва ё даромади пулӣ мегирифтанд.

Дар солҳои мавҷудияти Султонии Деҳлӣ дар Ҳиндустон шаҳрҳои бисёри нав бунёд шуданд. Дар ин шаҳрҳо одатан қароргоҳҳои султонҳою волиёни онҳо ҷойгир буданд. Яке аз чунин шаҳрҳо Деҳлӣ буд.

Шаҳрҳои ҷанубии Ҳиндустон бештар дар соҳилхои баҳрҳо бино ёфта буданд. Гоа, Калкута ва Бомбай аз ҳамин қабил шаҳрҳо мебошанд. Дар шимолии султонӣ низ шаҳрҳои калон ба мисли Агра, Панипат, Лоҳур ва Мултон мавҷуд буданд. Тоҷи- рони султонӣ аз ин бандару шаҳрҳо маснуоти зиёду гуногуни косибй ва пеш аз ҳама, газвору маҳсулоти аттории ҳиндиро муттасил ба бозорҳои мамлакатҳои Осиёю Аврупо ва Африқои Шимолӣ бурда мефурӯхтанд.

Pасми 141. Чархи Офтоб, ки тавассути он вақтро муайян мекарданд.

 Аз он мамлакатҳо ба Ҳиндустон асп, қалъагӣ, мис ва пулҳои тиллою нуқрагин меоварданд.

ОҒОЗИ ТАНАЗЗУЛИ СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ. Дар охирҳои асри XIV Султонии Деҳлӣ давлати марказиятнок набуд. Дар он ҷо давлатҳои  сершумори мусулмонию ҳинду беист бар зидди ҳамдигар ҷанг мекарданд. Султон ба муқобили ҳокимони музофотҳои Бангола, Синд, Орис ва Гуҷарат ҷанг карда, онҳоро ба хок яксон кард. Соли 1366 султон Фирӯз баъд аз пахши шӯрише, ки дар Гуҷарат сар зада буд, фармуд, ки мардуми маҳалҳои асосии шӯриш кир карда шаванд. Дар солҳои 70-ум ва 80-ум бошад, Султонии Деҳлӣ чунон заиф шуд, ки он дигар амнияти музофотҳоро таъмин карда наметавонист.

Дастаҳои алоҳидаи муғулҳо то ба шаҳрҳои калони султонӣ - Лоҳур ва Деҳлӣ омада расиданд.
 

-183-

 

ЛАШКАРКАШИИ ТЕМУР БА СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ. Темур аз вазъияти муносиб истифода бурда. тирамоҳи соли 1398 бо лашкари 120-ҳазориафараи худ ба Султонии Деҳлӣ ҳамла овард. Султон пеши роҳи лашкари бузурги Темурро гирифта натавонист. Баъд аз гирифтани Деҳлӣ Темур аз дарёи Ҳинд гузашт ва шаҳру деҳаҳои Панҷобрю паи ҳам гирифга, онҳоро талаю тороҷ мекард. Ӯ ба мусулмону ҳинду раҳм намекард, онҳоро ба қатл мерасонд. Пойтахти султонӣ - шаҳри Деҳлӣ талаю тороҷ карда шуд. Даҳҳо ҳазор сокинонн Деҳлӣ кушта шуданд. Қисми онҳо фирор карда, қисми дигар асир афтоданд. Косибон ва бинокоронн гулдасти Ҳиндустон зӯран ба Самарқанд фиристода шуданд. Темур баъди як сол бо ғанимати бузург ба Самарқанд баргашта, ба хотири ғалаба бар Султонии Деҳлӣ фармуд, ки дар ин шаҳр масҷиди бузурги ҷомеъ созанд.

СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ ДАР АСРИ XV. Темур Ҳиндустонро ғорату ба хок яксон карда, бо ин кирдори худ ба ҳокимияти бе ин ҳам таназзулёфтан Султонни Деҳлӣ зарбаи марговар зад. Темур дар назди худ мақсад нагузошта буд, ки Ҳиндустонро ба империяи бузургаш ҳамроҳ созад. Ӯ Ҳиндустонро ба ҳоли худ гузошт. Баъд аз рафтани Темур дар шимоли Ҳиндустон мубориза дар байни феодалҳои мусулмон ва ҳинду боз ҳам тезу тундтар шуд. Дигар на султон ва на ягон ҳокими дигари шимол ё ҷануб наметавонист Ҳиндустонро муттаҳид созад. Дар асл шимоли исломӣ ва ҷануби ҳиндуия дар муқобили ҳамдигар меистоданд.

Дар тӯли асри XV Султонии Деҳлӣ аллакай ҳамчун давлати бузург вуҷуд иадошт. Он яке аз давлатчаҳои қатории Ҳиндустон

 

Расмч 141. Нақши бурриши ибодатхона дар ҷазираи Ява.

 

-184-

 

ба шумор мерафт, сарфи иазар аз он ки ҳокими шаҳри Деҳлӣ мисяи пештара дорои унвони султонии бузурги Деҳлӣ буд. Давлати нисбатан калони ин минтақаи Ҳиндустон Бангола буд. Вале он ҳам дар Ҳиндустони Шимолӣ вазифаи ҳукмронро иҷро карда наметавонист. Дар чунин ҳолат Султонии Деҳлӣ ва тамоми Ҳиндустон дар назди ҳамлаҳои нави муғулу туркҳо тоб оварда натавонист.

БАРҲАМ ХӮРДАНИ СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ. Баъди аз тарафи Шайбониён барҳам задани давлати Темуриён намояндаи охирини ин сулола, вориси тахту тоҷ ва набераи Темур - Бобур соли 1526 бо лашкар ва ҷонибдорони худ роҳи Ҳиндустонро пеш гирифт.

Пеш аз ба Ҳиндустон ҳамла кардани Бобур Афғонистон ва як қисми Эрони Шарқӣ, шаҳрҳои Кобул ва Ғазнаро ба даст даровард.

Бобур аз ҳамин ҷо бо лашкари 20-ҳазорнафараи иборат аз туркҳо, тоҷикон ва пуштуҳо ба Ҳиндустони Шимолӣ лашкар кашид.

Дар Ҳиндустон муҳорибаи ҳалкунанда дар ҳамвории назди шаҳри Панипатаи воқеъ дар шимолтари Деҳлӣ 21 апрели соли 1526 ба амал омад. Дар ин муҳориба султони охирини Султонии Деҳлӣ - Иброҳими Лудӣ купгга шуд. Баъди ин Бобур Деҳлиро забт намуда, худро шоҳи Ҳиндустон эълон кард. Соли оянда ҳокимони музофотҳои мусулмон ва ҳинду лашкари 100 - ҳазорнафара ғун карда, бар зидди Бобур ба ҷанг даромаданд, вале дар муҳорибаи назди Канваги воқеъ дар наздикии шаҳри Агра торумор карда шуданд. Бо ҳамин Султонии Деҳлӣ барҳам хӯрд.

ЛУҒАТ

Иқтоъ - замине, ки султон ба шахси мансабдори давлатӣ барои хизматаш муваққатан медод.

Масҷиди ҷомеъ - масҷиде, ки дар он мусулмонҳо намози ҷумъаро мехонанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.      Султонии Деҳлӣ кай ва чӣ тавр таъсис ёфтааст?

2.      Ғуриён ба Султонии Деҳлӣ чӣ муносибат доштанд?

3.      Дар бораи хоҷагӣ, косибӣ, тиҷорат ва шаҳрҳои Султонии Деҳлӣ маълумот диҳед.

 

-185-

 

4.      Дар бораи ҷанги Темур ба муқобили Султонии Деҳлӣ нақл кунед.

5.      Исбот кунед. ки дар асри XV Султонии Деҳлӣ ба давлати заиф табдил ёфт.

6.      Султонии Деҳлӣ кай ва чӣ тавр барҳам хӯрдааст?

 

-186-

Гузариш ба саҳифаи |181|182|183|184|185|186|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz