¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |204|205|206|207|Интиҳо|

 

§48. АНГЛИЯ

 

ЗАБТИ НОРМАНДИЯ. Соли 1006 герсоги Нормандия Вилгелм пойтахти Англия - шаҳри Лондонро забт кард ва бо номи Вилгелми Забткор маъруф гардид. Англосаксхо дар тӯли чандин сол ба муқобнли нормандҳо мубориза бурданд. Деҳқонони озоди Англияи Шимолӣ низ дар муддати начандон тӯлонӣ дар

 

-204-

 

муқовимати нормандҳо қарор доштанд. Вале Вилгелми Забткор чандин деҳаи деҳқононро оташ зада, бештари аҳолиашро кушт, ки дар натиҷаи ин дар зарфи як чанд сол ин сарзамин беодам монд.

ОҚИБАТҲОИ ЗАБТКОРӢ. Вилгелм баъди ғалаба заминҳои феодалонро кашида гирифта, дар байни ритсарҳои худ тақсим кард. Ритсарҳо бошанд, дар музофотҳо заминҳои серҳосили зиёдро кашида гирифтанд, вале Онҳо монанди герсогу графҳои фаронсавӣ бузург набуданд. Заминдорони калони англис бевосита тобеъи Вилгелм монданд.

Дар давраи ҳукмронии меросхӯрони Вилгелм заминдорони англис зиёда аз даҳ сол муқовимат намуда, дар натиҷа мустақил ва соҳиби унвону заминҳои зиёд гардиданд. Тиҷорат барои Англия аҳамияти калон пайдо намуд. Аз ин рӯ, муносибатҳои  тиҷоратӣ дар ин мамлакат муттаснл рушду нумӯъ карданд. Пойтахти Англия - шаҳри Лондон ба маркази муҳимми калони тиҷоратии мамлакат табдил ёфт.

Расми 158. Дохили қасри готии Вестминстер. Англия. Асри XV.

Деҳқонони камбағал ба муқобили заминдорон ба мубориза бархостанд, вале шикаст хӯрданд. Як қисми онҳо аз зери дасти хӯҷаинонашон гурехтанд, қисми дигарашон дар ҷангалҳои ба корол тааллуқдошта шикорчӣ шуда, бо номи "тирандозони озод" машҳур гардиданд. Мардум дар ҳаққи онҳо достонҳо меофариданд. Яке аз онҳо қаҳрамони дӯстдоштаи мардуми оддӣ Робин Гуд буд.

Дар Англия аз байни рӯҳониёни камбағал воизони халқӣ баромада, додрасҳои ришвахӯри королӣ, хасисии усқуфҳо ва бераҳмиҳои заминдоронро танқиду масхара менамуданд. Дар байни мардум воизи халқӣ Ҷон Болл эҳтироми зиёде пайдо карда, баробарии одамонро талқин мекард. Ҷон Болл тарафдори ба деҳқонон додани замин буд. Рӯҳониён Ҷон Боллро чандин маротиба аз калисо дур сохта, хабс ҳам карданд. Ӯ тавассути мактубҳояш деҳқононро ба шӯриш даъват мекард.

 

-205-

 

Расми 159. Викингҳо кишти месозанд.

ОҒОЗИ ШӮРИШ. Моҳи майи соли 1381 дехқонони якчанд деҳаи қисмати шимолии Лондон одамонеро, ки аидоз чамъоварӣ менамуданд, пеш карданд. Дар як муддати кӯтоҳ шӯриш қисмати зиёди мамлакатро фаро гирифт. Шӯришчиён бо табар, шоха ва камон мусаллаҳ гардида, мулкҳои заминдоронро ғорат менамуданд. Сарварии шӯришро ҳунарманди деҳотӣ Уотт Тайлер ба ӯҳда дошт. Ӯ шахси зираку доно буда, дар Ҷанги Садсола низ ширкат варзида буд. Уотт Тайлер дар дастаҳои деҳқонон тартибу низомро ҷорӣ намуд. Ӯ дар байнн шӯришчиён сазовари ҳурмату эҳтиром гардид. Деҳқонон савганд ёд карданд, ки ҳама гуна қонун   ӯ фармонҳои Уотт Тайлерро иҷро  хоҳанд кард. Ба шӯришчиён муяссар гардид, ки Ҷон Боллро аз ҳабсхона озод намуда, яке аз сарварони шӯриш таъйин кунанд.

ШӮРИШГАРОН ДАР ЛОНДОН. Бо фармони шаҳрдорон дарвозаҳои шаҳр ба рӯи шӯришчиён баста шуд. Валс мардуми оддии шаҳр дарвозаҳоро кушода, шӯришчиёнро пешвоз гирифтанд.

Шӯришчиён дохили шаҳр гардиданд. Корол бо чанд нафари наздикаш дар қалъаи Тауэр пинҳон шуд. Шӯришчиён қалъаро муҳосира намуда, таҳдид карданд, ки пинҳоншудагонро қатл хоҳанд кард. Ричарди II чаҳордаҳсола розигии вохӯрданро бо

 

Расми 160. Англисҳо ба баҳр мебароянд.

 

-206-

 

Расми 161. Қалъа дар Эдинбург - пойтахти қадимаи Шотландия.

 

шӯришчиён дод. Ҳангоми вохӯрӣ шӯришчиён ба корол талабҳои худро пешниҳод карданд. Яке аз талабҳои онҳо барҳам задани тобеияти шахсӣ буд. Дар баробари ин, онҳо аз корол талаб карданд, ки барои замин маблағи  начандонт зиёд пардохта шавад. Корол ваъда дод, ки талабҳои шӯришчиёнро иҷро мекунад. Қисми зиёди шӯришчиён ба ваъдаҳои корол бовар карда, шаҳри Лондонро тарк намуданд, вале қисми бештари шӯришчиён бо сардории Уотт Тайлер дар пойтахт монданд, то ки корол талабҳояшонро иҷро намояд. Шӯришчиён талабҳои нав низ пешниҳод намуданд, аз он ҷумла, ба ҷамоа баргардондани ҷангалҳо, аз усқуфон баргардонидани заминҳо ва дар байни деҳқонон тақсим кардани онҳо. Корол ба ваъдааш вафо карда, ба гуфтушунид розӣ шуд ва ҳангоми гуфтушунид бо амри ӯ сарвари шӯришчиён қатл карда шуд. Шӯришчиёни бесарвармонда чӣ кор карданашонро надониста, дере нагузашта шикаст хӯрданд.

Заминдорон ба дехқонони шӯришгар ҷазохои мудҳишро раво диданд. Садҳо шӯришгарон қатл карда шуданд. Ҷон Боллро низ куштанд. Корол Ричарди II бо фармони худ ҳамагуна гузаштҳои дар ҳаққи деҳқонон хардаашро бекор кард. Сарфи назар аз ин, соли 1381 ҳама гуна меҳнати бемузд бекор карда шуда, барои камбағалон қонунҳои сабуктар қабул гардиданд. Дар тӯли асри XV қариб ҳамаи деҳқонони Англия озод шуданд.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.    Забткориҳои Вилгелми Норманӣ бо чӣ анҷом ёфт?

2.    Сабабҳои шӯриши деҳқонон бо сарварии Уотт Тайлер кадомҳоянд?

3.    Ҷон Болл кист?

4.    Шӯриши Лондон бо чӣ анҷом пазируфт?

5.  Корол бо шӯришчиён чӣ хел муносибат кард?
 

-207-

Гузариш ба саҳифаи |204|205|206|207|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz