¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

Гузариш ба саҳифаи |22|23|24|25|26|27|Интиҳо|

 

§ 5. ДАВЛАТИ ГУПТҲО

 

ТАЪСИСЁБИИ ДАВЛАТИ ГУПТҲО. Дар асри III ва оғози асри IV дар Ҳиндустон давлатҳои хурд-хурди сершумор мавҷуд буданд. Онҳоро роҷаҳое, ки ба дастаи бараҳманҳо такя менамуданд, роҳбарӣ мекарданд. Яке аз чунин роҷаҳои Ҳиндустони Шимолӣ Чандрагуптаи I (320-340) шоҳ-роҷаҳои дигари ин ҷоро мағлуб карда, дар водии дарёи Ганг давлати Гуптҳоро ташкил намуд.

      

-22-  

 

Давлати Гуптҳо дар аҳди Самудрагупта (340-380) ва Чандрагуптаи II (380-414) поёноби Гангро то резишгоҳи он ва паҳнкӯҳи Даканро то дарёи Норбад дар бар гирифта, пойтахташ шаҳри Паталипутра буд. Ин давлат кариб 300 сол вуҷуд дошт.

Муносибатҳои шоҳони Гуптҳо бо давлати Сосониёни Эрон хуб буд. Ин давлат ҳудудҳои шимолии Ҳиндустонро аз тохтутози давлагҳои хориҷӣ муҳофизат мекард.

СОХТИ ДАВЛАТӢ. Давлати Гуптҳо дар ин давра ҳанӯз нишонаҳои давлатӣ гуломдории Ҳиндустони қадимро нигоҳ медошт. Ғуломон дар корҳои гуногун - сохтани иншоотҳои обёрӣ. сохтмон, кишоварзӣ, ба сифати хизматгор ва канизҳои хонагӣ васеъ истифода бурда мешуданд. Бозорҳои гуломфурӯшӣ дар давлати Гуптҳо бисёр буданд. Ғуломонро ба ин бозорҳо барои фурӯш аз Осиё ва Африқо меоварданд. Сарфи назар аз ин дар Ҳиндустони замони Гуптҳо сохти ғуломдорӣ ҷои худро мунтазам ба ҷамоаи феодалӣ медод.

ҶАМОАИ ДЕҲОТИИ ГУПТҲО. Дар баробари низоми ғулом- дории Ҳиндустон дар замони Гуптҳо дар ин ҷо ҷамоаи деҳотӣ вуҷуд дошт, ки он ба ғуломдорӣ асос наёфта буд. Ҷамоаи деҳотии Гуптҳо дорои низом ва қоидаҳои худ буд.

Ҳар як деҳа майдони кишт ва чарогоҳ дошт. Ба деҳа сарвар ва якчанд амалдори дигар сарварӣ мекард. Ҷамоаи деҳа аз даҳҳо ва баъзан садҳо оила иборат буд. Ҷамоаи деҳа гурӯҳи заҳматкашоне буд, ки аъзоёни он ба косибӣ ва кишоварзӣ машғул буданд. Ин ҷамоа имконият фароҳам меовард, ки дар давлати Гуптҳо сохти ғуломдорӣ барҳам зада шавад.

Расми 9. Ибодатхона дар ҷанубу шарқии Ҳиндустон.

 

-23-  

 

Расми 10. Ибодатхона дар Орио. со.ҳилҳои шарқии Ҳиндустон.

ғуломдорӣ барҳам зада шавад. Сабабаш он буд, ки дар хоҷагиҳои дорои истифодаи меҳнати ғуломон самараи кори онҳо паст буд. Лекин ҷамоаҳои деҳа дар ин масъала намуна буданд. Барои ҳамин ҳам ғуломдорон ғуломонро ҳарчӣ бештар озод карда, ба онҳо қитъаи заминро иҷора медоданд.

Подшоҳ ннз нн вақт аз меҳнати гуломон кам истнфода мебурдагӣ шуд. Қисми зиёди замннҳон худро ӯ ҳам акнун ба иҷора мсдодагӣ шуд. Дар баробари ин дар худи ҷамоахои деҳот тағйирот ба амал меомаданд. Олоти меҳнат такмил дода шуда, истеҳсолоти кишоварзиро сермаҳсултар мегардонд.

Расми 11.

Қутбманори асри XIII. Деҳлӣ.

Оилаҳои калон ба оилаҳои хурдтар тақсим мешуданд. Қитъаҳои калонтари замин дар байни аъзоёни чунин оилаҳо тақсим карда мешуданд. Як қисми аъзоёни ҷамоа муфлис мешуд. Онҳо аз ашхоси бой ва ё осудаҳол қарздор шуда, тобеи ингуна одамон мегардиданд.

Аз байни аъзоёни ҷамоаи деҳа табақаҳои доро, осудаҳол ва камбағал ба вуҷуд меомаданд. Ҳамаи ин ба хоҷагии ғуломдорӣ хотима бахшида, ҷомеаи феодалиро ба вуҷуд меовард.

ТАБАҚАҲОИ ҲИНДУСТОН. Ҳамаи аҳолии давлати Гуптҳо аз чиҳати ҳуқуқҳои худ дар як мақом набуд. Дар он чор табақаи асосии Ҳиндустони қадим вуҷуд дошт: 1) Бараҳманҳо табақаи коҳинони динӣ буданд. Ҳуқуқҳои аъзоёни табақаи бараҳманҳо нисбат ба се табақаи дигари аз он поинтар баланд буд.
 

-24-

 

2) Табакаи кшатрихо аз хизматчиёни харбӣ иборат буда, хукукхои аъзоёни он аз ҳуқукхои аъзоёни табакаи барахманхо пасттар, лекин аз ду табақан аз кшатрихо пасттар баландтар буданд. 3) Вайшихо табақан сеюмро ташкил мекарданд. Ба ин табака аҳли захмат - кишоварзон, ҳунармандон ва тоҷирон дохил буданд. Ҳуқуқҳои аъзоёни ин табақа аз ҳуқуқхои аъзоёни табакаи шудра. ки охирин ба шумор мерафт, баландтар буданд. 4) Шудра табакаи пасттарнн ба шумор мерафт ва аъзоённ он беҳуқуқтарин буда, корҳои аз ҳама ношояму ифлос ва камарзиштаринро иҷро мекарданд.

Дар Ҳиндустон махдудиятҳои ҳуқуқии табақахо дар зери назоратн махсус буданд. Намояндагони ҳар кадом табақа ба намояндагони табакаҳои аз худ боло ва ё поён хонадор шуда наметавонисганд. Махдудиятҳои дигари табақавӣ низ вуҷуд доштанд. Вайронкунандагони сохти табақавй ба ҷазоҳон сахт гирифтор карда мешуданд.

Чор табакаи ин ҷо номбаркардашуда маънои онро надорад, ки дар Ҳиндустони онвакта ҳамин кадар табака мавҷуд буданд. Табакахои дигар ҳам буданд. Ҳатто дар дохили ҳар як табақа табақахои боз ҳам хурдтар вучуд доштанд.

 

ПЕШРАФТИ МАДАНИЯТИ ГУПТҲО

САНЪАТИ МЕЪМОРӢ ВА РАССОМӢ. Дар давраи ҳукмронии Гуптҳо санъати меъмории қадими анъанавии ибодатгоҳу касрсозӣ пеш рафт. Дар тӯли зиёда аз 10 асри охир аксарияти ёдгориҳои меъмории давраи мазкури Ҳиндустон дар натиҷаи тохтутози истилогарони хориҷӣ несту нобуд карда шуданд. Онҳое, ки боқӣ монданд, дорои санъати баланди меъморӣ буда, тамошояшон касро ба ваҷд меоварад. Масалан, ибодатхонаҳои Эллора ва Аҷанта, ки дар дохили камару харсангҳои кӯҳмонанди яклухт канда шудаанд, ҳамин хел мебошанд. Дар дохили ибодатгоҳхои мазкур тасвироти пайкараҳои зиёди асотирии қадими ҳиндию буддой мавҷуд будаид. Дсворҳои ин биноҳо бо расмхон кандакорикардашудаи гуногун оро дода шудаанд.

 

-25-

 

Рассомои ва устоҳо дар коркарди маъдан маҳорати баланд пайдо карда буданд. Дар Деҳлӣ то ҳол сутунҳои тавассути кафшер тайёркардаи зебо, гарчанде ки дар тӯли асрҳои зиёд дар зери таъсири шуъоҳои офтоби сӯзон ва борон буданд, вайрон нашудаанд.

ИЛМ. Дар давраи ҳукмронии Гуптҳо илми Ҳиндустон муваффақиятҳои бузург ба даст оварда буд. Баъзе олимони онвақтаи Ҳиндустон натанҳо дар дохили мамлакат, балки дар давлатҳои аз Ҳиндустон хеле дур ҳам маъмулу машҳур буданд. Дар байни чунин олимон Арябхату, Варахамихару ва Брахматунту мақоми хоса доштанд. Онҳо дар асрҳои У-У1 зиндагӣ кардаанд. Бояд гуфт, ки он вақт дар Ҳиндустон тиб ва табобат асосан ба гиёҳҳои шифобахш сурат мегирифт.

АДАБИЁТ. Адабиёти давраи Гуптҳои Ҳиндустон бо адибони барҷастааш машҳур аст. Дар байни онҳо шоир Калидаса ҳам буд. Ӯ дар охири асри IV - аввали асри V ҳаёт ба сар бурдааст. Калидаса муаллифи якчанд достони калони қаҳрамонӣ ва драман асотирию таърихӣ будааст. Драмаи "Шакунталаи эътирофшуда" аз беҳтарин асари Калидаса буда, дар он образи зани ҳиндуе ннъикос ёфтааст, ки ҳамагуна монеаҳои сари роҳашро бартараф карда, ба мақсадҳои инсониаш расида тавонистааст. Ин асар дар Ғарб танҳо соли 1789 маълум гардида, таваҷҷӯҳи

Расми 13. Ибодатгоҳи дар ғори мавзеи Аҷанти кандашуда. Асрҳои V-VI.

 

-26-

 

мардуми Аврупои ҳамонвақтаро ба адабиёти Ҳиндустони қадим ба вуҷуд овардааст. Алҳол асари номбурда ва асарҳои дигари Калидаса ба забонҳои асосии ҷаҳон тарҷума шудаанд.

БАРҲАМХӮРИИ ДАВЛАТИ ГУПТҲО. Соли барҳамхӯрии давлати Гуптҳо ба мо маълум нест. Он ба огози асрн VI рост ома- дааст. Дар охирҳои асри V давлати Гуптҳо рӯ ба таназзул ниҳода буд. Аз тарафи дигар, дар наздикии Гуптҳо чандин давлати пурзӯр мавҷуд буд, аз он ҷумла Сосониён, Ҳайтолиён ва Хоқонин Турк. Дар замоне, ки давлати Гуптҳо пеш намерафт, давлатҳои номбурда давраи тараққиёти худро аз сар мегузарониданд ва махсусан давлати Ҳайтолиён. Маҳз ҳамин давлат дар нимаи дуюми асри V муқовимати давлати Сосониёнро бартараф карда, ба Ҳиндустон зада медарояд. Ҳамин тавр, давлати Ҳайтолиён давлати Гуптҳоро забт карда, ба мавҷудияти он хотима гузоштааст.

ЛУҒАТ

Кастаҳо - маънои табақаи аҳолиро дорад, ҳар кадоми онҳо дорои ҳуқуқҳои муайян буданд.

Роҷаҳо - ашрофони ҳиндуро ҳамин тавр ном мебурданд.

Ҷамоаи деҳа - сохти дастаҷамъии сокинони деҳа ва ташкили меҳнати онҳо, ки худидорашаванда аст.

Иҷораи замин - заминдор ба деҳқонон заминашро ба иҷора дода, қисми муайяни ҳосили онро гирифта, қисми боқимондааш дар ихтиёри иҷорагир мемонад.

Ҷомеаи феодалӣ - ҷомеае, ки дар он мақоми мулкдорон-ашрофон дар ҷои аввал аст, онҳо соҳибони асосии замин мебошанд.

Ибодатхона - ҷое, ки пайравони ин ва ё он дин ибодат мекунанд.

 Достони каҳрамонӣ - дар он ягон шахс ва  ё воқеа васф карда мешавад.

Драмаи асотирӣ - таърихӣ - дар он воқеаҳои таърихию ривоятҳо ба таври ҳаяҷонбахш инъикос гардидаанд.

 

    САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Давлати Гуптҳо дар Ҳиндустон кай ва чӣ тавр таъсис ёфтааст?

  2. Дар бораи сохти давлати Гуптҳо чй гуфта метавонед?

  3. Ҷамоаи деҳотии Гуптҳоро шарҳ диҳед.

  4. Ҳар яки чор табақаи ҳиндуро таҳлил карда, ҳуқуқҳои аъзоёни онҳоро муайян кунед.

  5. Дар бораи рушди маданияти замони Гуптҳо бо ҳамдигар баҳсу мунозира 1сунед.

  6. Дар бораи шоири ҳинду Калидаса чиҳо медонед?

  7. Давлати Гуптҳо каӣ ва чӣ тавр барҳам хӯрдааст?

-27-

Гузариш ба саҳифаи |22|23|24|25|26|27|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz