¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

Гузариш ба саҳифаи |28|29|30|31|32|Интиҳо|

 

§6. ҲИНДУСТОНИ ПАРОКАНДА

 

ДАВЛАТИ ЯШОДХАРМАН. Аз мавзӯи 3 "Давлати Ҳайтолиён" ба шумо маълум гардид, ки ин давлат дар асри V ба яке аз давлатҳои пуриқтидортарини ҳамонвақтаи ҷаҳон табдил ёфт. Сосониён барин давлати пурзӯр борҳо аз он шикаст хӯрда буд. Дар нимаи дуюми ин аср Ҳайтолиён ба забти Ҳиндустон даст заданд. Давлати Гупгҳо дар зери зарбаҳои пайдарпаи Ҳайто- лиёни кӯчманчӣ таназзул ёфта, дар оғози асри VI аз байн рафт. Давлати Ҳайтолиён дар рафти ишғолкунӣ қисмати шимолии Ҳиндусгонро ба харобазор табдил дод.

Дар ин давраи мушкил шахсони ватанпарвари Ҳиндустон халқи ҳиндуро ба муборизаи зидди истилогарони ҳайтолӣ даъват намуданд. Яке аз чунин шахсон роҷа Яшодхарман буд. Ӯ лашкар ҷамъ намуда, онро хуб мусаллаҳ карда, бар зидди Ҳайтолиён бурд. Яшодхарман соли 530 тавонист, ки ғуннҳои сафед, яъне Ҳайтолиёнро торумор кунад. Баъди торумори Ҳайтолиён Яшодхарман ба сулолаи Гуптҳо итоат накарда, худаш унвони махароҷаро қабул кард. Ба ӯ муяссар шуд, ки танҳо як қисми собиқ давлати Гуптҳоро ба худ тобеъ кунад. Давлати ташкилкардаи Яшодхарман тахминан 70 сол умр дидааст.

Расми 14. Ҳайкали биринҷии олиҳаи ҳиндуен.

ДАВЛАТИ ХАРШИ. Дар оғози асри VII Харши ном роҷаи яке аз вилоятҳои Канауҷа бо номи худ давлатеро ташкил намуда, баъдтар қариб тамоми Ҳиндустони Шимолиро ишғол кард.

Давлати ташкилкардаи Харши дар водии дарёи Ганг, Панҷоби Шарқӣ ва то халиҷи Банголаро фаро гирифт. Ба Харши инчунин вилоятҳои Ҳиндустони Марказӣ тобеъ шуданд. Харши қаламрави қариб 40 вилоятро ба давлати худ ҳамроҳ ва ҳокимони онҳоро ба худ тобеъ намуд.

Вале империяи ташкилкардаи Харши ҳам дуру дароз умр надид. Роҷаҳои алоҳида ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Харши мустақилият ба даст оварда, минбаъд   ба ҳокимияти марказӣ итоат намекарданд. Баъди вафоти Харши Ҳиндустон ба давлатҳои хурди сершумор тақсим ва пароканда шуд. Ин давлатчаҳо бар зидди истилогарони хориҷӣ муқобилияг нишон дода наметавонистанд.

 

 -28-

 

Дар тӯли асрҳои VIII-Х Ҳиндустон дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Гарчанде, ки ин вақт шаҳри Канауҷа пойтахти Ҳиндустон буд, вале махароҷахои он аз ӯҳдаи муггаҳид кардани давлатчаҳои Ҳиндустон набаромаданд. Қариб ҳамаи махароҷаҳои Ҳиндустон ба ҷои он ки муттаҳид шуда, бар зидди қабилаю давлатҳои аҷнабии таҷовузкор мубориза баранд, ба ҷангҳои байниҳамдигарӣ машғул буданд.

ҲАМЛАИ АРАБҲО БА ҲИНДУСТОН. Арабҳо барои паҳн намуданн дини ислом дар тӯли асри VII ва аввали асри VIII давлатҳои зиёдро ишғол намуданд. Баъди гирифтани Эрони аҳди Сосониён ва Афғонистон онҳо ба сарҳадҳои Ҳиндустон наздик шуданд.

Уммавиён вазифаи забти Ҳиндустонро ба ӯҳдаи Муҳаммад ибни Қосим ном лашкаркаши араб вогузор карданд. Ӯ метавонист ба Ҳиндустон ё аз тарафи хушкӣ ва аз тарафи баҳр ба воситаи халиҷи Форсу уқёнуси Ҳинд зада дарояд. Ҳар ду роҳи ҳуҷум ҳам мувофиқ буданд. Муҳаммад ибни Қосим соли 722 бо лашкари худ аз Басра баромада, дере нагузашта Синди Ҳиндустонро забт кард. Минбаъд арабҳо ҳуҷуми худро дар Ҳиндустон идома дода натавонистанд. Баъди якчанд даҳсола арабҳо аз Ҳиндустон пеш карда шуданд.

Арабҳо дини исломро дар тамоми Ҳиндустон паҳн карда натавоннстанд. Ҳиндуҳо исломро ҳамчун дини истилогарон шуморида, аксарияташон ин динро рад карданд ва пайрави дини миллии худ - буддоия мондан гирифтанд.

ҲАМЛАИ ТУРКҲО БА ҲИНДУСТОН. Охирҳои асри X давлати эронию туркии Ғазнавиён ташкил ёфт, ки пойтахташ Ғазна буд. Шоҳи давлати Ғазнавиён Султон Маҳмуд қаламрави Эрони Шарқӣ ва Афғонистонро ба давлати худ муттаҳид карда, баъд барои лашкаркашӣ ба Ҳиндустон тайёрӣ дид. Ӯ дар тӯли 32 соли ҳукмрониаш ба Ҳиндусгон 17 маротиба лашкар кашидааст. Дар натиҷа шаҳру деҳоти Ҳиндустонн Шимолӣ талаю тороҷ карда шуда, даҳҳо ҳазор ҳиндуҳо асир афтоданд. Корвонҳои сершумори Ғазнавиён борҳои тиллою нуқра ва сангҳои қимматбаҳоро аз Ҳиндустон ба шаҳри Ғазна меоварданд, ки бештари онҳо аз ибодатхонаҳои буддоии ин кишвар ғорат шуда буданд.

 

 -29-

 

Бо қувваи косибону ҳунармандони асири ҳиндустонӣ ва тавассути ғановати ғоратшуда дар шаҳри Ғазна қасрҳои боҳашамат сохта, зебу зинат дода мешуданд. Баъзеи ин биноҳои боҳашаматро косибону ҳунармандони аз Ҳиндустон бо зурӣ овардашуда сохтаанд.

Дар охирҳои ҳукмронии Султон Маҳмуд давлати Ғазнавиён дар Ҳиндустон то соҳилҳои дарёи Ганг доман паҳн намуд.

Дар натиҷаи истилогариҳои Ғазнавиён ва идораи қисматҳои истилошуда теъдоде аз ашхоси эрониҳою тоҷикон, паштуҳою туркҳо ва халқхои дигар дар шимоли Ҳиндустон сокин шуданд. Аҳолии зиёди маҳаллии Шимолу Ғарби Ҳиндустон дини исломро қабул кард.

Соли 1175 Муҳаммади Ғурӣ (Ғазнаро яке аз шоҳони давлати тоҷикии Ғуриён ишғол карда буд) ба Ҳиндустон зада даромада, вилояти Панҷобро ба даст даровард. Баъди соли 1206 вафот кардани Муҳаммади Ғурӣ вориси ӯ - Қутбиддини Ойбек қаламрави зери ҳокимияти худро аз Ғазна ҷудо карда, дар шимолии Ҳиндустон давлати мустақилеро ташкил кард, ки пойтахташ Деҳлӣ шуд. Давлати нав номи Султонии Деҳлиро гирифт.

ВАЗЪИ ЧАМОАҲОИ ДЕҲА ВА ИДОРАИ ОНҲО. Парокандагии Ҳиндустон барои ҳарчӣ тезтар гузаштан ба ҷомеаи феодалӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар шимоли Ҳиндустон баъд аз барҳам хӯрдани давлати Гуптҳо ва давлатҳои Яшодхарману Харши даҳҳо давлатҳои наве ташкил ёфтанд, ки ҳокимони онҳо заминдорони калон буда, ҷамоаҳои деҳотро ба тобеияти худ дароварда буданд.

Дар рушди заминдории феодалии Ҳиндусгон ибодатгоҳҳои дини ҳиндуия низ хизмати бузург кардаанд. Коҳинони ҳиндуия замини зиёд доштанд ва масоҳати онро сол то сол васеъ мегардонданд. Ибодатхонаҳои алоҳида дар ихтиёри худ то 1000 ва баъзан то 1500 деҳаҳои хурду калон доштанд. Кишоварзони ҷамоаи деҳотӣ қисми ҳосили заминро ба ибодатхонаҳое медоданд. ки замини иҷора аз они онҳо буд.

Ҷамоаҳои деҳоти давлатҳои Ҳиндустон аз тарафи ашхоси интихобӣ идора карда мешуданд. Вале назорат аз болои онҳо дар дасти ҳоким ва ашхоси аз тарафи ӯ таъиншуда сурат мегирифт.

 

-30-

 

 

 

ИНТИХОБИ ВАРАЙЯМ

(КУМИТАИ ДЕҲА)

(навиштаҷоти соли 918)

Хушбахти! Гулгулшукуфӣ! Соли 12 (идора) ҷаноби Паракесаривармана (унвони ҳоким Парантанаи I), ки Мадураро ишғол намудааст, мо, аьзоённ маҷлиси Уттарамару - Чатурведнманталам (номн деҳа), бо ҳамроҳии Паттанур - Муванда валан (унвон), ки тибқи амри шоҳ дар байни мо ҳузур дорад... қарори зерин оид ба интихоби кумитаҳо аз имсол сар карда ва ҳар сол, аниқаш "кумитаи солона", "кумитаи боғот" ва "кумитан обанборҳо"-ро қабул кардем.

(Дар деҳа) 30 кудумбу (аз афташ гурӯҳи оилаҳои бо ҳам хеш дар назар дошта шудааст) мавҷуд аст. Аъзоёни ҳар яки ин 30 кудумбу бояд ҷамъ шуда, дар чиптаҳои махсуси қуръаги номи он (сокин)-ҳоеро нависанд, ки чоряк майдон доранд, ки аз он андоз ситонида мешавад, дар хонаҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар қитъаҳои худи онҳо сохта шудаанд...

(Баъд аз чипта-қуръаҳо) аз ҳар як кӯча ҷамъ карда мешавад ва писарбачае, ки алҳол аломатҳоро фарқ карда наметавонад, онҳоро аз (ягон хел зарф ва ё халта) дарун паси ҳам берун меорад. Ҳамин тариқ, аз ҳар як кӯча якнафарӣ интихоб карда шавад. 12 нафар (ҳамин хел интихобкардашуда) "кумитаи боғот"-ро ташкил менамояд. Одамоне, ки дар шаш чипта-қуръаи боқимонда сабт шудаанд, "кумитаи обанборҳо"-ро ташкил мекунанд.

Се кумитае, ки бо роҳи берун овардани 30 чипта-қуръа интнхоб шудаанд, бигузор вазифаҳои худро 360 рӯз (дар як сол) пурра иҷро намоянд...                          -

(Эзоҳот: шарҳи баъзе ибораю номҳои дар қаес овардаро муаллиф Т. Зиёее додааст)

 

 

 

ЛУҒАТ

Махароҷа - номи мансаб, ки ба ҳоким ва ҳатто ба шоҳ баробар аст.

Вассал - тобеъ; пайрав; хизматгор.

Уммавиён - сулолаи халифаҳои араб, ки дар Хилофати Араб аз соли 661 то соли 750 ҳукмронӣ кардааст.

Дини ҳиндуия - дар асрҳои VI-VII ташаккул ёфтааст. он аз дини қадими ҳинду бараҳмания - буддоия, ки ҳанӯз дар асри V п.а.м. ба вуҷуд омадааст, сарчашма мегирад.

Ҷомеаи ашрофӣ - муродифи мафҳуми ҷомеаи феодалӣ буда, ҷомеаеро дар назар дорад, ки нерӯи асосии он заминдорони калон, яъне мулкдорон буданд.

 

-31-

 

  САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.                  Давлати Гуптҳо чӣ тавр барҳам хӯрд?

2.                  Харши кай ва чӣ тавр империяи худро таъсис дод?

3.                  Бо кадом сабаб давлати Харши барҳам хӯрд?

4.                  Парокандагии Ҳиндустонро шарҳ диҳед.

5.                  Дар бораи истилогариҳои арабҳо дар Ҳиндусгон нақл кунед.

6.                  Арабҳо бо сардории Муҳаммад ибни Қосим кай ва чӣ тавр Ҳиндустонро забт кардаанд?

7.                  Дар бораи лашкаркашиҳои Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ҳиндустон чиҳо медонед?

8.                  Муҳаммади Ғурӣ кадом музоотҳои Ҳиндустонро забт кард?

9.                  Султонии Деҳлӣ кай ва чӣ тавр таъсис ёфт?

10.              Дар ҳаёти ҷамоаҳои деҳоти Ҳиндустон чӣ тағйирот ба амал омаданд?

Барои ёфтани ҷавоб аз сарчашма ҳам истифода баред.

 

-32-

Гузариш ба саҳифаи |28|29|30|31|32|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz