¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

Гузариш ба саҳифаи |32|33|34|35|Интиҳо|

 

§7. ИМПЕРИЯИ СУЙ

 

ПАРОКАНДАГИИ ЧИН. Дар асрҳои V-VI Чин давраи парокандагии худро аз сар мегузаронд. Ин вақт қабилаҳои муғул ва турк, ки дар шимолу ғарби Чин сукунат доштанд, ба дохили Чин ба масофаи хеле дур даромада, хоҷагӣ ва маданняти мамлакатро хароб карданд. Дар зери фишор ва ҳамлаҳои пайдарпаи қабилаҳои бодиянишин давлатҳои калони Чин барҳам хӯрда, ба ҷои онҳо давлатҳои хурд-хурди сершумори камқувват ба вуҷуд омаданд. Сарвари бнсёрии онҳо пешвоёни кабилаҳои номбурдаи истилогар буданд. Дар байни ин давлатҳо Вэйи Шимолӣ калонтарин буд. Пойтахти он Лоян ном дошт. Ин давлат, ки империяи Сун ном дорад, солҳои 386-584 арзи вуҷуд кардаст.

Расми 15. Парваршии шолӣ.

 

-32-

 

Дар ин давра қисматҳои шимолӣ ва ҷанубии Чинро сулолаҳои номдор идора мекарданд. Барои ҳамин ҳам таърихи асрҳои V ва VI Чинро замони "сулолаҳои шимолӣ ва ҷанубӣ" номгузорӣ кардаанд. Аз ин бармеояд, ки мақоми аввал дар мавҷудияти ин давраи Чин дар дасти ҳамин сулолаҳо будааст.

ЗАМИНДОРӢ. Ҳуҷуми қабилаҳои бодиянишин дар Чин сохти ғуломдориро барҳам надода бошад ҳам, ба дар ҳол ба он зарбаи сахт зад. Дар натиҷаи ин теъдоди деҳқонони озод, аз он ҷумла аз ҳисоби бодиянишинони дар Чин сокиншуда афзуд. Дар давлати Вэй заминдории қитьагии давлатӣ ташаккул ёфт. Аз рӯи ин низом замин дар байни аъзоёни коршоями оилаҳо бо дарназардошти андозпардозӣ аз замин ва косибӣ тақсим карда шуда буд.

Андозҳо дар шакли аслӣ - маҳсулот ва ё пулӣ ситонида мешуданд. Ҷамъоварии андоз марказонида шуда, ба хазинаи давлат тобеъ буд. Дар ҳамин давра заминҳои феодалии ашрофони чинӣ ба вуҷуд омаданд, ки онҳо "чжуанюон" номида мешуданд.

Дар баробари пешрафти заминдорӣ боқимондаҳои урфу одатҳои авлодӣ маҳфуз монда буданд. Ин зуҳурот дар Чин муддати дуру дароз давом кардааст. Масалан, дар асрҳои X ва XI кишоварзони тобеъ худро "фарзандон ва хешони хурдакак"-и хӯҷаинони худ мешумориданд.

Рас.ми 16. Косибон абрешим мебофанд.

Дар Чини онвақта дайрҳои буддоӣ низ замин доштанд. Дар ин заминҳо рӯҳониёни буддоӣ кор карда, ризқу рӯзии худро меёфтанд.

ТАШКИЛЁБИИ ИМПЕРИЯИ СУЙ. Баъди парокандашавии Чин дар ҳудудҳои он давлати калонтарин - Вэйи Шимолӣ буд. Вэй қариб 200 сол вуҷуд дошта бошад ҳам, ба он муяссар нагардид, ки ба давлати пуриқтидор табдил ёфта, ба худ давлатчаҳои сершумори дигари Чинро тобеъ кунад. Дар тӯли ин ду аср дар Чин давлати дигари пурқуввате пайдо нашуд, ки Чини парокандаро муттаҳид созад.

Кӯшиши аввалини муттаҳидкунии давлатҳои парокандаи Чинро сулолаи Суй кардааст. Асосгузори ин сулола Янтсзян буд, ки ӯро Вэнди низ ном мебурданд. Ин шахс фармондехи дастаи калони лашкари яке аз сулолаҳои шимолӣ буд.

Янтсзян қарор дод, ки мақсадашро ба сарбозонаш фаҳмонад. Шояд онҳо ӯро дастгирӣ кунанд. Хушбахтона, аскаронаш ӯро дастгирӣ карданд. Янтсзян аввал қаламрави зери ҳокимияти сулолаеро, ки ба он хизмат мекард, ишғолнамуда, баъд ба вассъ кардани ҳудуди ишғолнамудаи худ шурӯъ кард.

 

-33-

 

Ӯ дастаҳои низомии шоҳу ҳокимони давлатчаҳои зиёди Чинро мағлуб сохта, заминҳои онҳоро ба давлати худ ҳамроҳ намуд. Ҳамин тариқ, то соли 589 Янтсзян тамоми шимол ва ҷануби Чинро забт карда, империяи Суйро таъсис дод.

ИҚТИДОРИ ИМПЕРИЯИ СУЙ. Аъзоёни сулолаи Суй баҳри нигоҳ доштани иктидори хоҷагӣ, ҳарбӣ, ҳунармандию косибӣ ва тиҷорати империяи худ кӯшиши зиёд ба харҷ доданд ва то як дараҷа ба мақсадҳои хеш ноил ҳам шуданд.

Шабакаи обёрикунии Чин аз нав барқарор ва васеъ карда шуд. Дар аввалҳои асри VII, ҳангоме ки императорони дуюми ин сулола - Ян Гуан ё Ян-ди салтанат меронданд, Ҷӯйи Бузург кофта шуд, ки он дарёҳои Хуанхэ ва Янтсзиро бо ҳам пайваст. Ин ҷӯй аз бузургтарин ҷӯйҳое буд, ки инсоният дар ягон давру замон канда бошад. Ҷӯйи Бузурги Чин қариб 1000 километр дарозӣ дошт. Дар сохтмони ин ҷӯй дар як вақт то 1 миллион нафар одам кор мекард.

Давраи ҳукмронии Ян Гуан хеле самаранок буда, ба афзоиши иқтидори империяи Суй мусоидат намуд. Вале нн давраи рушди империя кӯтоҳмуадат баромад. Давраи гул-гулшукуфии империяи Суй дар баробари вафоти Ян Гуан анҷом ёфта, давраи таназзули он фаро расид.

БАРҲАМХӮРИИ ИМПЕРИЯИ СУЙ. Империяи Суйи ташкилкардаи Янтсзян умри дароз надид. Дар як давлат дар ҳолати муттаҳидӣ нигоҳ доштани шимол ва ҷануби Чин кори осон набуд. Ҳукумати марказии Суй имконият надошт, ки аз болои тамоми музофотҳои мамлакат назорати саҳти доимӣ ҷорӣ кунад. Дар музофотҳо ҳокимият асосан дар дасти ашрофи маҳаллӣ буд. Ғайр аз ин ба империяи Суй аз тарафи Ғарб қабилаҳои турк тез-тез ҳамла карда, онро талаю тороҷ камуда, музофотҳои алоҳидаро ба зери тасарруфи худ медароварданд. Тохтутози қабилаҳои турк ба Чин сол то сол пурзӯртар мегардид.

Сарфи назар аз ин ҳолати Чин, императорҳои сулолаи Суй ба забти кишварҳои дигар машғул буданд. Ин кор нерӯи бузурги одамӣ ва маблағи зиёдро тақозо мекард. Хароҷоти беандоза калони ҷангҳои истилогаронаи империя ва аз тохтутози қабилаҳои туркӣ дифоъ кардани мамлакат таназзули империяи Суйро тезонид. Боре ҳукумати Суй хост, ки Кореяи дар шарқи Чин ҳамҳудудбударо ишғол кунад, вале он бебарор анҷом ёфт. Ин бебарорӣ обрӯю эътибори сулолаи Суйро қатъиян резонд.

 

-34-

 

Ин буд, ки музофотҳои зиёди Чин аз зери тобеияти ин сулола баромаданд. Ба ҳокимияти марказӣ дигар ягон музофот итоат намекард.

Дар чуннн вазъият соли 618 яке аз ҳокимони Чини Шимолу Ғарбӣ - Ли Юэн ё худ Гаотси, ки аслан турктабор буд, ҳокимиятро дар империя ба даст дароварда, бо ҳамин ба ҳукмронии  сулолаи нав, ки Тан ном дошт, асос гузошт.

ЛУҒАТ

Заминдории китъагӣ - он заминҳое, ки давлатӣ буданд ва ба деҳқонон пора-пора муваққатан ба иҷора дода мешуданд.

Кишоварзони тобеъ онқое, ки дар заминҳои хӯҷаинонашон кор карда, ҳуқуқи иваз кардани хӯҷаини худро надоштанд.

Дайрҳои буддоӣ - ибодатгоҳҳои дини буддоия, ки сокинони он дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекунанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.    Парокандагии Чини асрҳои V ва VI-ро шарҳ диҳед.

2.      Лоян пойтахти кадом давлати Чин буд?

3.      Дар бораи заминдории Чини давраи парокандагии он чиҳо гуфта метавонед?

4.      Дайрҳои буддоӣ чӣ хел муассиса буданд?

5.      Давлати Суй кай ва чӣ тавр таъсис ёфта буд?

6.      Дар бораи асосгузори сулолаи Суй - Янтсзян чиҳо медонед?

7.      Янтсзян куҷоҳоро ба империяи худ ҳамроҳ кард?

8.      Дар бораи канда шудани Ҷӯйи Бузурги Чин дар байни дарёҳои Хуанхэ ва Янтсзи нақл кунед.

9.      Ба империяи Суй кадом қабилаҳои бодиянишин ҳамла карданд?

10.  Империяи Суй кай ва чӣ тавр барҳам хӯрд? Онро кӣ соҳибӣ кард?

 

-35-

Гузариш ба саҳифаи |32|33|34|35|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz