¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |220|221|222|223|224|Интиҳо|

 

§52. МАДАНИЯТИ АВРУПОИ ҒАРБИ ДАР АСРҲОИ ХI-ХV

 

ОЛОТИ МЕҲНАТ ВА ИСТЕХСОЛОТ. Дар баробари ба вуҷуд омадаии давлатҳои марказиятнок дар шаҳрҳои онҳо олоти меҳнат ва усулҳои истеҳсол такмил меёфтанд. Пешрафти фарҳант ба ихтирои намудҳои нави олоти меҳнат шароит фароҳам меовард. Ҳатто баъзе намудҳои олоти меҳнати механикӣ низ ихтироъ карда шуданд.

Масалан, дар истеҳсоли маъдан ва коркарди он ҳунармандон аз муҳаррикҳои обӣ истифода мебурданд. Муҳаррикҳои бо об ҳаракаткунанда самаранокии кори косибонро ҳам аз ҷихати сифат ва ҳам аз ҷихати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот афзун гардонданд.

Дар як қатор минтақаҳои Аврупо дар маҷрои дарёҳои начандон калон обанборҳо месохтанд. Оби онҳоро дар вақти зарурӣ аз тариқи новаҳои махсус, ки аз ҷӯй ба он мерехт, ба парраҳои муҳаррики обӣ равона мекарданд. Муҳаррик бошад, бо тире ба механизми дигар пайваст карда шуда, дар баъзе мавридҳо ба тири курраи домнагӣ пайваст буд. Муҳаррик ба курра ҳавои гарм ворид мекард. Дар натиҷаи ҳосил шудани ҳарорати баланд дар курра маъдан гудохта мешуд. Баъд филизи тайёрро тавассути асбобҳои махсуси харротӣ ба шакли лозимӣ медароварданд. Барои ба баландӣ бардоштани муҳаррику борҳои вазнин асбоби борбардорӣ низ ихтироъ карда шуд.

ТЕХНИКАИ ҲАРБӢ. Оҳану чӯян ашёи зарурии истеҳсоли яроқи оташфишон буд. Дар асри XV барои фатҳи қалъаҳо аз тӯпҳои вазнин истифода бурда мешуданд. Яроқҳои оташфишони дастӣ низ такмил меёфтанд. Дар ибтидои асри XVI барои аскарҳои пиёданизом мушкет ихтироъ карда шуд, ки тири он дар масофаи 150-200 кадам ба нишон мерасид.

Паҳншавии аслиҳаи оташфншон дар кори ҳарбӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал овард. Акнун сарбоз аз масофаи дур душманро ба нишон гирифта, парронда метавонист. Қалъаҳои мустаҳкам низ барои фатҳ кардан дастрас гардиданд. Ритсарҳои савора ҷояшонро ба сарбозони бо ин аслиҳаи оташфишон мусаллаҳ доданд.

Дар асри XV киштии сабуки тезҳаракат низ сохта шуд, ки онро Кема (Каравелла) меномиданд. Ба воситаи он ба роҳи дур сафар кардан мумкин буд.

 

-220-


 

Расми 178. Гутенберг дастгоҳи чопкуниро ихтироь мекунад.

ИХТИРОИ КИТОБЧОПКУНӢ. Рушди ҳунармандӣ ва тиҷорат саводнокии мардуми сокини шаҳрхои Аврупоро тақозо мекард.

Аввал навиштани китобҳоро рӯҳониён ба ӯҳда доштанд. Бо мурури замон дар шаҳрҳо устохонаҳои чопи китобҳо пайдо шуданд. Пас аз ин китобҳоро рӯйнавис низ мекарданд. Китобхонаҳо бошанд на фақат дар калисою дайрҳо, инчунин дар донишгоҳҳо қасри шоҳ ва хонаи мансабдорону сарватмандон низ пайдо шуданд.

Дар асри XIV дар Аврупо китобҳои дастнавис талаботи мардумро конеъ гардонда наметавонист. Устоҳо аз чӯб ва мис нақши ҳарфхоро бурида, тайёр мекарданд. Ин кор захмат ва вақти зиёдро талаб мекард. Барои ҳамин устоҳо усули осони чопи китобро ҷустуҷӯ мекарданд.

Соли 1445 Иоганн Гутенберги олмонӣ дастгоҳи китобчопкуниро ихтироъ кард. Дар натиҷаи заҳмати зиёд ӯ рехтани ҳарфҳои алоҳида (литери)-ро кашф намуд. Ба воситаи он сатрҳо ва саҳифахо ҳуруфчинӣ мешуданд. Гутенберг дастгоҳи чопкуниро ихтироъ карда, соли 1450 тавасути он аввалин китобро чоп кард. Аз он давра сар карда, китобчопкунӣ дар Аврупо паҳн шуд. То охирн асри XV дар 1100 чопхонаи мамлакатҳои Аврупо 40 ҳазор номгӯи китоб бо теъдоди 25 миллион нусха рӯйи чопро диданд. Китобҳо бо чандин забони халқҳои Аврупо оид ба донишҳои гуногуни адабӣ ва илмӣ чоп мешуданд.

Китобчопкунӣ яке аз беҳтарин дастовардҳои тамаддуни асримиёнагии инсоният аст. Маҳз тавассути чопи китоб донишхои сохахои гуногуни илмӣ ва фархангӣ пахн гардида, то ба наслҳои оянда омада расиданд.

САЁҲАТИ МАРКО ПОЛО. Аврупоиён баъди лашкаркашиҳои салибӣ ба ҷаҳон бо чашми дигар нигаристанд. Аз он ҷумла, кишварҳое, ки дар масофаи хеле дур воқеъ гардида буданд, диққати онҳоро бештар ҷалб намуданд.

 

-221-


Аз сӯи дигар, сайё
ҳон кишварҳои зиёди дар масофаи хеле дур вокеъбударо тамошо карда, бо таассуроти тоза ба ватан бармегаштанд. Масалан, тоҷир ва сайёҳи машҳури венетснягӣ Марко Поло дар тӯли 25 соли асри XIII кишварҳои Шарқи Дурро омӯхта, аз худ китобҳои аҷоиберо боқӣ гузоштааст.

Марко Поло якчанд сол дар Чин умр ба сар бурдааст. Ӯ шахси боғайрату лаёқатманд буд. Бо ҳамин сабаб ба императори Чин маъқул шуд. Марко Поло супоришҳои императорро бо сифати баланд иҷро мекард, барои ҳамнн император идоракунии яке аз музофотҳоро ба ӯ месупорад. Марко Поло ба воситаи роҳи обӣ ба ватанаш - Италия баргашт ва китоберо дар бораи зиндагӣ ва урфу одатҳои мардуми Осиё навишт. Ин асар "Китоби Марко Полои номгузорӣ карда шудааст. Он Солҳои тӯлонӣ барои тртиб додани харитаҳо мавридн истифода қарор дошт.

ПЕШРАФТИ МАОРИФ. Таҳаввулоти иктисодию иҷтимоӣ, тиҷорат ва низоми давлатдорӣ фардҳои соҳибмаърифатро такозо дошт. Аз ин рӯ, дар шаҳрҳо мактабҳо кушода мешуданд. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба шогирдон хондану навиштанро ёд дода, асосҳои илми забону адабиёт, таъриху чуғрофия ва ҳисобу табиатшиносиро меомӯзониданд.

Дар асри ХШ дар баъзе мамлакатҳои Аврупо аввалин мактабҳои олӣ - донишгоҳҳо ҳам таъсис ёфтанд. Донишгоҳҳо асосан дар шаҳрҳое бунёд меёфтанд, ки шумораи аҳолияшон бнсёр бошад. Дарсҳо дар нн донишгоҳҳо бо забони лотинӣ сурат

Расми 179. Донишҷӯён ҳангоми машғулият. Асри XIV.

 

-222-

 

Расми 180. Ситорагиинос, риёзиётшинос ва хатот.

мегирифтанд. Дар донишгоҳҳо факултаҳо таъсис дода шуда буданд. Машғулиятҳоро омӯзгорон, магистрҳо ва ё профессорон мегузаронданд. Донишҷӯён бошанд, ҷойҳои асосин лексияҳоро менавиштанд. Мубоҳисаи донишҷӯёну омӯзгорон донишу малакаи онҳоро мукаммал мегардониданд.

Дар асри XV дар Аврупо 65 донишгоҳ мавҷуд буд. Донишгоҳҳои Париж (Фаронса), Болония (Италия), Оксфорд (Англия), Прага (Чехия), Краков (Лаҳистон) аз ҷумлаи машҳуртарини онҳо буданд.

ИЛМ. Мувофиқи таълимоти дини масеҳӣ худованд асрори табиатро барои инсон дастнорас гардондааст. Ҳодисаҳон олам бо хости худо ба амал меоянд. Илоҳиётшиносони масеҳӣ ба ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият аҳамияти ҷиддӣ надода. ба саволҳояшон ҷавобҳои тайёрро аз "Инҷил" меҷустанд. Сарфи назар аз ин таълимот, дар асрҳои миёна мардуми маърифатдӯсти Аврупо худашон табиатро омӯхта, донишҳои зарурӣ пайдо карда, онро дар зиндагиашон истифода мебурданд. Ҳамин тариқ дар асоси донишҳои қаблии инсоният донишҳои гуногуни соҳавӣ пайдо шуда, ташаккул ёфтанд, ки аз амалия ба даст омадаанд ва аксарияти онҳо хилофи таълимоти калисои масеҳӣ буданд. Масалан, кишоварзон дар мавриди коркарди замин илми нуҷумро истифода мебурданд, косибон бошанд, хосияти маводи корӣ - маъдан, филизот ва ғайраро меомӯхтанд ва ё усулҳои баланд бардоштани сифати маҳсулотро кор карда, ба ин васила маснуоти косибии баландсифат тайёр мекарданд.

Дар марҳалаи охирини асрҳои миёна як зумра олимони забардасти аврупоӣ ба камол расиданд. Яке аз онҳо профессори донишгоҳҳои Оксфорди Англия ва Парижи Фаронса Роҷер Бэкон буд. Ба андешаи Р. Бэкон мақсади илм омӯзиши табиат ва ба хизмати инсон додани он мебошаа. Бэкон худаш бо моддаҳои гуногун таҷриба гузаронда, ба кашфиёту ихтирооти муҳим муваффақ шуда буд.

 

-223-


 

Расми 181. Петрарки дар утоқи кории худ.

ТАВЛИДИ МАДАНИЯТИ ЭҲЁ - РЕНЕСАНС. Дар охирҳои асри XIV - аввали асри XV дар Италия маданияте тавлид ёфт, ки онро Эҳё номидаанд. Маълум аст, ки маданияти Эҳё аз тамаддунҳои Хилофати Араб ва Сомониён сарчашма гирифтааст. Маданияти Эҳё ба Италия ва баъд ба давлатҳои дигари Аврупо ҳамон вақте ворид гардид, ки калисои католикӣ ва Папаи Рим бар зидди ҳама гуна донишҳое, ки ба қолабҳои ин дин мувофиқат намекард, муборизаи шадид мебурд. Сарфи назар аз ин, аҳли тараккихоҳ ва инсондӯсти Аврупо, аз он чумла, намояндагони пешқадами маориф, илм, адабиёт, санъат ва шахсиятҳои сиёсӣ рӯ ба маданияти пешқадами Юнон ва Рими қадим оварданд. Онро омӯхта, аз нав эҳё карда, дар байни мардум паҳн менамудаанд. Дар баробари ин асарҳое эҷод мекарданд, ки онҳо мағз андар мағз аз ғояҳои инсондӯсгӣ саршор буданд. Дар ин давра ва асрҳои ХVVII маданияти Эҳё дар мамлакатҳои пешкадами Аврупо гул-гул шукуфт. Он ба майдони таърих шахсиятҳои машҳурро овард, ки дар байни онҳо Эразм Ротгердамский, Томас Мор, Алберти, Петрарки, Леонардо да Винчи, Боттичелли, Титсиан, Микеланджело, Рафаэл ва дигарон ҳастанд. Ин шахсиятҳо ва шахсиятҳои дигар, ки онҳо хеле зиёданд, дар соҳаи маданият воқеан инқилоб ба амал оварданд. Ғояи асосӣ дар асарҳои онҳо инсон мебошад. Ин мутафаккирон маҳз инсонро васф мекарданд.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО                                                                             

1.        Дар Аврупо кадом намудҳои техника ихтироъ карда шуданд?

2.        Усули нави маъданкоркунии аврупоиёнро баён кунед.

3.        Дастгоҳи китобчопкуниро кӣ ихтироъ кардааст?

4.        Аҳамияти китобчолкунӣ аз чӣ иборат буд?

5.        Дар бораи мактабу маорифи мамлакатҳои Аврупо маълумот диҳед.

6.        Р. Бэкон вазифаи илмро дар чӣ мебинад?
 

-224-

Гузариш ба саҳифаи |220|221|222|223|224|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz