¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |227|228|229|230|231|Интиҳо|

 

§54. ПАҲНШАВИИ ҲАРАКАТИ ИСЛОҲОТХОҲӢ

 

Расми 184. Мартин Лютер.

АВҶГИРИИ ХАРАКАТИ ИСЛОҲОТХОҲӢ. Даъвати Мартин Лютер ба муқобили авфномафурӯшии калисои католокӣ дар байни халқҳои гуногуни мамлакатҳои Аврупо бо тезӣ паҳн гарднд. Дар сарчашмае гуфта мешавад, ки ин даъват "дар зарфи чор ҳафта дар сар то сари мамлакати масеҳиён паҳн гардид”. Акнун ҳаракати ислоҳотхоҳӣ на фақат дар Олмон, балки дар дигар кишвархои Аврупо низ авҷ гирифт. Обрӯй ва эътибори калисои католикӣ рӯз то рӯз заиф мешуд. Дар ҳама ҷо ходимони динро масхара мекарданд. Расмҳои хаҷвии Папаю рӯҳониёнро чоп мекарданд.

Тарафдорони ислоҳоти калисоро протестант (эътирозгар) ва калисои навро протестантӣ меномиданд.

 

-227-


 

Расми 185. Мардум бутҳои зебу зиннати католикиро несту нобуд мекунанд.

 

Князҳои Олмони Шимолӣ дар мулкҳояшон ислоҳоти калисоиро мувофиқи тавсияи Мартин Лютер доир намуданд. Онҳо дайрҳоро баста. заминҳои калисоро кашида мегирифтанд. Қукуки князҳо номаҳдуд гардид. Онҳо акиун ба калисои дар мулкашонбуда низ роҳбарӣ мекарданд. Калисои протестантиро калисои лютсрӣ мегуфтанд.

Расми 186. Жан Калвин - асосгузори мазҳаби протестантӣ.

Маъракаҳои динии серхароҷот, парастиши авлиёҳо ва идҳои сершумори динӣ барҳам хӯрдаад. Яъне, калисо арзонтар шуд. Намояндагони дини масеҳӣ ба мардуми ноогоҳ талқин мекарданд, ки акнун бояд ба князҳо итоат кунанд.

Дар кишварҳои дигари Аврупо, ба монанди Англия. Дания ва Шветсия ислоҳоти калисоро королҳо бо дастгирии ашрофон гузаронданд. Заминҳои аз калисо мусодирашуда ба дасти ашрофон гузаштанд. Императорҳо бошанд, дар ин кишварҳо сардори калисо гардиданд.

 

КАЛИСОИ КАЛВИНӢ. Гузаронидани ислоҳоти калисо дар Швейтсария ва Нидерланд аз тарафи ашрофони бонуфуз амалӣ гардид.

Дар Швейсария ба ислоҳоти калисои католикӣ Жан Калвини фаронсавӣ роҳбарӣ мекард. Ӯ аз таъқиби католикҳо гурехта, калисои ташкилкардаи худро «калвинӣ» ном гузошт.

 

-228-


 

 

Расми 187. Манзараи мурофиаи суди инквизитсия,

ки мулҳидонро аз тариқи аутодаф ба қатл ҳукм карда,

баъд дар оташ месӯзонад.

 

Даъвати Жан Калвии ба пайравонаш аз он иборат буд, ки ҳар чӣ бештар сарват чамъ кунанд. Мувофиқи таълимоти ӯ шахсони сарватманд "назаркардаи худо" мебошанд ва бихишт ҷои Онҳост. Кори касе барор нагирад, ба ғазаби худо гирифтор мешавад. Камбағалон бояд ба тақдири талхи худ тан диҳанд. Калвин судхӯрй ва ғуломдориро дар кишварҳои тобеъ (мустамлика) ҳақ медонист.

Жан Калвин ва пайравони ӯ пӯшидани либосҳои зебо ва айшу ишратро манъ карда буданд. Онҳо мехнат карданро бештар талқин мекарданд. Калвинчиён дар шаҳри Женева бароииҷрои қоидахои нави дини

Расми 188. Игнатий Лойола Оинномаи "Ҷамъияти Исо " ё худ "Ордени Иезуитҳо"-ро ба Паги/и Рим Павели III месупорад.

 масеҳӣ ба шаҳриён назоратро пурзӯр карданд.

Таълимоти Жан Калвинро дар аксар мамлакатҳои Аврупо пазируфтанд.

ҶАМЪИЯТИ ИЕЗУИТҲО. Папаи Рим дар муборизаи зидди ислохотхоҳон чораҳои ҷавобӣ меҷуст. Ӯ соли 1540 "Ҷамъияти Исо" ё худ "Ордени Иезуитҳо"-ро таъсис кард, то ки тавасути он бар зидди ислоҳотхоҳон бераҳмона мубориза барад. Асосгузори ин ҷамъият ашрофи испанӣ Игна-

 

-229-


тий Лойола буд. Папа эълон кард, ки иезуитҳо бояд мардуми гумроҳро ба калисо баргардонанд. Дар ҷамъияти иезуитҳо интизоми сахти ҳарбӣ ҳукмфармо буд. Ба ҷамъият генерал сардор
ӣ мекарду, ки ӯ танҳо тобеи Папа буд. Аъзоёни қатории ҷамъият амри генералро бечуну чаро иҷро мекарданд. Дар дастуруламали ҷамъият омадааст, ки "агар калисо чизи сафедро сиёҳ гуяд, мо ҳам бояд онро фавран сиёҳ гӯем". Яъне, иезуитҳо иҷро кунандагони бевоситаи супоришҳои Папаи Рим буданд.

Иезуитҳо аз дигар роҳибон бо он фарқ мекарданд, ки соҳиби дайр набуданд. Онҳо аслан либосҳои муқаррарӣ пӯшида, аз ҳар гуна макру ҳила истифода мебурданд. Ба ин восита мехостанд, ки ба боварии шоҳону вазирон, аъёну ашроф сазовор шуда, онҳоро ба зери таъсири худ дароранд. Агар ҳокиме муқобили Папа мебаромад, ӯро қатл менамуданд. Аъзои ҷамъияти иезуитҳо чунин мешумориданд, ки барои манфиати калисо ҳар гуна ҷиноят содир кардан, ҳатто одам куштан низ равост.

Дар муборизаи зидди ислоҳотхоҳон Папаро императори Олмон ва каролҳои Испанияю Лаҳистон дастгирӣ мекарданд.

АВҶИ ИНКВИЗИТСИЯ. Инквизитсия дидаю дониста, дар Испания ба бедодгарии зиёд роҳ дод. Дар гулхан сӯзондани мулҳидон "аутодаф" ном гирифта буд. Қатли мулҳидон дар майдони марказии шаҳр, дар ҳузури издиҳоми калони одамон ва бо

Расми 189. Манзараи куштори Шаби Варфолемей.

 

-230-

 

иштироки корол ва аъёну ашроф мегузашт. Иезуитҳо бар зидди навиштаҷотҳои зидди Папа ва калисои масеҳӣ мубориза мебурд. Ӯ рӯйхати китобҳоеро чоп кард, ки мутолиаашон манъ карда шуда буд.

Ислоҳотҳоҳон ба ҷазоҳои мудҳиш гирифтор карда мешуданд. Масалан, дар Фаронса протестантҳо бе ягон гуноҳ ба қатл расонида мешуданд. Пешвоёни протестантҳоро ба ҳилаю найранг ба Париж, ба тӯйи хоҳари корол даъват карданд. Католикҳои мусаллаҳ дар дарҳои манзилҳои протестантҳо бо салибчаҳои сафед нишона монданд. Дар як шаби 24-уми августи соли 1572 - дар шаби иди Варфоломейи Муқаддас садои ҷангӯлаҳои яке аз калисои Париж танинандоз шуд. Дар баробари шунидани садои зангӯла католикҳо ба манзилҳои дарҳояшон нишонадор зада даромада ба куштори протестантҳо даст заданд. Католикҳо нафақат худи протестантҳо, инчунин занону кӯдакони онҳоро низ кушта, аз тирезаҳо ба роҳи сангфарш мепартофтанд. Чунин куштори оммавӣ дар Фаронса зиёда аз ду ҳафта давом кард, ки дар натиҷаи он қариб 30-ҳазор кас қатл гардид. Ин куштори мудҳиш ва бераҳмона дар таърих бо ноии "Шаби Варфоломей" маълум аст.

Папаи Рим ин кушокушии "Шаби Варфоломей"-ро маъқул дониста, фармуд, ки ба хотири он медал сикка зананд.

Ба калисои католикӣ муяссар гардид, ки ҳаракати ислоҳотхоҳонро дар Лаҳистон, Италия, Олмон то як дараҷа фурӯ нишонанд.

ЛУҒАТ

Иезуит - ҷамъияти зоҳидони ашаддии католикии Рим, риёкор, мунофик, маккор.

 Аутодаф - усули аз тарафи Иедуитҳо қатл кардани мулҳидон.

Варфоломей - яке аз бузургони масеҳӣ.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.      Дар мамлакатхои Аврупо ҳаракати ислоҳотхоҳӣ барои чӣ ба миён омад?

2.      Таълимоти ислоҳотхоҳии Мартин Лютерро баён кунед.

3.      Ислоҳоти калисои масеҳӣ дар Швеӣсария чӣ натиҷа дод?

4.      Калвин ва пайравони ӯ оид ба калисои масеҳӣ чӣ ақида доштанд?

5.      Дар бораи Иезуитҳо маълумот диҳед.

6.      Папаи Рим барои пахши ҳаракати ислоҳотхоҳон чӣ тадбирҳо андешид?


-231-

Гузариш ба саҳифаи |227|228|229|230|231|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz