¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |259|260|261|262|263|264|265|266|Интиҳо|

 

§60. АДАБИЁТ ВА ТЕАТРИ ҲИНДИЁН

 

Расми 217. Ниқоби Кайюга.

АДАБИЁТ. Дар байни ҳиндиён шаклу намуд ва жанрҳои гуногуни адабиёти бадеӣ вуҷуд доштанд. Қисса-эпос яке аз онҳо мебошад. Ба жанри мазкур асари "Попол-Вух" мансуб аст. Дар он киссаҳои гуногуни ҷолиб инъикос ёфтаанд. Яке аз онҳо дар бораи пайдоиши оламу одам нақл мекунад.

"Ҳама чиз дар ҳолати номаълумй вуҷуд дсшт, ҳама чиз хунук, ҳама чиз сокит, ҳама чкз беҳаракат, оромӣ ва фазои осмон холӣ буд...

...На одам буд, иа ҳайвонот, иа парранда, на моҳй, на харҷанг, на дарахт, на санг, на гор, на дара, на алаф, на ҷангал; танҳо осмон вуҷуд дошт.

Рӯи замин ҳанӯз паидо нашуда буд. Танҳо баҳри хунук ва фазои бузурги кайхон вуҷуд дошт.

Ҳанӯз ҳеҷ чизи пайвастшаванда набуд, ягон чизи барангезандаи гавго набуд. Ягон чиз набуд, ки ҳаракат кунад, ё ки ларзад, ё ки дар осмон гулгула андозад.

Ягон чизе набуд, ки вуҷуд дошта бошад, чизе, ки ҳастй бошад танҳо оби хунук, баҳри ороми ягона вуҷуд дошт. Ягон чизи дигар вуҷуд надошт.

Дар торикӣ, шабонгох танҳо беҳаракатй, танҳо хомӯшӣ ҳукмфармо буд".   

 

-259-


 

Расми 218. Ниқоби тиллоӣ  аз Монте-Албане.

Ёдгории дигари адабиёти қисса-эпоси ҳиндиён. ки аз қаби- лаи Какчикели то давраи мо ра- сидааст, "Анналҳо" мебошад. Дар он дар бораи такдири ду қаҳрамони асар, ки Гагавис ва Сактенаух ном доранд, сухан ме- равад. Ба порае аз он таваҷҷӯҳ кунед.

"Чунин гуфтааст: аз ҷониби Шарқ ба Тула (Тулан) омадаанд, аз соҳили дигари баҳр ва омадан.п ба Тулан. то ки асосгузор ва тавлидкунандагонн волидони мо шаванд.

Баъд ба соҳили баҳр омаданд.

Дар он чо ҳамаи қабилаҳо ҷамъ омаданд ва ҷанговарон дар соҳили баҳр. Вақте ки онро диданд, қалбашонро воҳима зер кард. Усуле вуҷуд надорад. ки аз он гуза- ранд. "Ҳеҷ кас ҳаргиз баҳрро убур накардааст" - гуфтанд байни худ ҳамаи сарбозонн ҳафт қабила... Ва гуфтанд ниёгони Гагавис ва Сактехаух:

"Мо ба шумо мегӯем! Даст ба кор занед, бародарони мо! Мо на барои он омадем, ки дар соҳил азоб кашем ва натавонем ватанамонро бубинем, мо мебинем, мо сарбозони ҳафт қабила. Ҷуръат менамоем. ки ҳамин лаҳза убур кунем".

Инро гуфта. ҳамон лаҳза қалбҳои онҳоро фараҳ фаро гирифт... Ҳамин тариқ, қатори дуру дарозеро ташкил намуда, аз қумистон гузаштанд, то он ҷое, ки чуқурй ва болои баҳр намудор шуд... Он вақт ба пеш рафта, аз болои кум гузаштаанд: онҳое. ки дар охири қатор истода буданд, ҳангоми ба бахр даромадани онҳо мо аллакай ба соҳили дигари он расида будем".

Дар ин кисса дар бораи аз ким-куҷои Аврупо, Осиё ва ё Африқо ба қитъаи Америка гузаштани аввалин ҳафт қабила сухан меравад. Бисёрихо тахмин мекунанд, ки дар бораи аз Чукотка ба Аляска гузаштани ачдодони ҳиндуёни Америка сухан меравад.

Жанри дигари адабиётн бадеии ҳиндуёни Америка асотирҳо мебошад. Пораеро ин ҷо аз чунин осори адабӣ меорем, ки аз

 

-260-


"Попол-Вух" гирифта шудааст. Он дар бораи ҷуворимакка аст, ки
ҳиндиён онро "Модар - сарчашмаи Ҳаёт мешумориданд".

Дар ин асотир гуфта мешавад, ки олиҳа Иш Мукане маис (ҷуворимакка) ёфт ва аз он ҷисм ва хуни чор одами аввал офарида шуд. Айнан: "Ва суғутаҳои ҷуворимаккахои зард ва сафедро орд карда, Шмукане нӯҳ нӯшокӣ тайёр кард, аз онҳо хӯрок, қувва ва ҷисм тавлид ёфт, аз ҷуворимакка бозувон ва қувваи одам офарида шуданд.

Баъди ин онҳо бо маслихат дар бораи офарида шудани модар ва падари нахустини мо оғоз намуданд; ҷисми онҳоро танхо аз ҷуворимаккаи зарду сафед офариданд. Аз ҳамири ҷуворимакка Онҳо дасту пойҳои одамро сохтанд. Танҳо ҳамири орди ҷуворимакка барои ҷисми падарони нахустинамон истифода бурда шуд ва чор нафаре, ки офарида шуданд".

Жанри ёддоштҳо низ дар адабиёти бадеии хиндиён вомехӯрад. Мо метавонем чунин се китобро аз жанри мазкур ном барем:

Расми 219. Саҳифаҳо аз дастнависи асари адабии ҳиндиён.

 "Солиомаи Мексика" ва "Солиомаи Мешикайотл", ки онҳоро Ал- варадо Тесосомак ном хиндй навиштааст. Ӯ дар маъмурияти режими мустамликадории Идпания ҳамчун амалдор хизмат мекард. "Таърихи читимакҳо"-ро Алба Иштлилшочита навиш- тааст, ки худ аслан аз Тескоко буд.

Ин муаллифон асарҳои худро дар асоси фолклор таълиф намудаанд. "Сол- номаи худро ҳамон тавре таълиф намудам, ки дар ипергаментҳо"-н худ наклу тасдик кардаю мусаввирй намудаанд, тавре ки дар замони қадим зиндагӣ кар- даанд - бобоҳо ва бибиҳои мо, бобои бобоҳо ва модар- калони бибихо, ниёгони мо нақл кардаанд", - мегӯяд Алварадо Тессоман.

Алба Иштлилшочита асари худро асосан дар асоси маълумоти бойго-

 

-261-

 

Расми 220. Раққосаи ҷавони Майя.

ниҳои шаҳри Тескоко таълиф намудааст.

Ин асарҳо дар охирҳои асрн XVI аввали асри XVII навишта шудаанд.

То ихтироъи алифбо ода- мон, аз он ҷумла, дар Америка донишхоро тавассути аломат- ҳо ифода мекарданд ва аз насл ба насл мерос мегузоштакд, Ҳамин тавр ёдгориҳон адабн- ёти хаттии ҳиндисн ҳам киссаҳо, ҳам сурудхои механ- парастӣ ва ҳам достонҳои ли- рикӣ, ривоятҳо, киссахо ва ҳам асотирҳо, то асрҳои миёна ва то замонн мо омада расидаанд. Ин "матнҳо" аз расмҳо иборатанд, ки онҳоро "адабиёти мусаввар" номидан мумкмн аст. Муҳаккиқони аврупоӣ ва амсрикой ин китобҳоро "кодексҳо" ном бурдаанд. Дар бораи ин жанрн адабиёт аллакай дар мавзӯи 63 нақл карда шуда буд.

Кодексҳо суханн адабиро таиассути расмҳои паси ҳам образнок додаанд, чи тавре ки дар замонн мо наворн кино қариб ҳамин тавр сабт карда мешавад. Аз ин кодексҳо намунаеро ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш менамосм. Муайян кунед, ки дар он\о дар бораи чӣ сухан меравад.

ТЕАТР ВА ДРАМАҲО. Театри асримиёнагии хиндиён аз пешрафти давлат ва фарханги Онҳо шаходат медиҳад. Дар ин бора далелҳои бисёр овардан мумкин аст. Яке аз онҳо дар дарборн шоҳи империяи астекҳо - Мактакусамо (солҳои ҳукмронаш - 1440-1469) фаъолият мекард. Дар ҳайати ин театр актёрҳо, варзишгарон, жонглёрҳо ва мусиқанавозон фаъолият мекарданд.

Ҳиндиён дар театрҳои худ асарҳои жанри таърихнро ҳам ба саҳна мегузоштанд. Яке аз асарҳои машҳурашон драмаи фоҷиавии "Рабинал-Ачи"-ро ба саҳна гузошта шуд. Аврупоиҳо Америкаро забт карда, ҳиндиёнро аз театри бузургашон маҳрум сохтанд. Биноан онҳо маҷбур шуданд, ки "Рабинал-Ачи"-ро дар хотирашон нигоҳ доранд ва аз як насл ба насли дигар қисса намуда, мерос гузоранд.

 

-262-


 

Дар солҳои зулми мустамликавй ин асар пъесаи "театри махфӣ" шуд. Баъд аз 300 соли ба зулми мустамликавй гирифтор шудани ҳиндиён яке аз фарзандони онҳо Брагомо Сиё соли 1851 бори аввал "Рабинал-Ачи" бо забони киче ба рӯи когаз овард. Баъди 6 сол "Рабинал-Ачи" бо забони фаронсавӣ тарчума ва чоп карда шуд. Соли 1955 бо чидду ҷаҳдн Пажӯҳишгоҳи хиндишиносии Гватемала фоҷиаи "Рабииал-Ачи" дар фестивали театрие намоиш дода шуд.

Асоси гоявин фоҷиаро ҷанги байни ду ҳокими ду давлати хиндиён ташкил мекунад. Дар ин чаиг персонажҳои сершумор хузур доранд. Драма саршор аз унсурҳои урфу одат ва зътиқодҳои динии ҳиндиён аст.

Намоишнома аз рақси низомии Ачи аз Рабинал (номи деҳаесг дар Гватемала) оғоз ёфта, онро хори иборат аз 20 ҷанговар, 12 уқоб ва 12 юзи ало (ягуар) ҳамовозй мекунад.

Расми 221. Найнаваз.

 Дар ҳамин лаҳза Ачи киче бо даъвати Ачи аз Рабинал раксро катъ карда, ба ҷанги тан ба тан омода мешавад. Набард оғоз меёбад ва он бо манзараи ба асорат афтодани Ачи киче анҷом мепазирад,

Сахиаи дуюм дар қасри Рабинал доир мегардад. Ачи ба ҳоким иброз медорад, ки каси халқи Рабииалро ранҷонида, дастгир шудааст.

"Ин мард бо мо сенздаҳ бор ду- воздаҳрӯзй, сенздаҳ бор бистшабй дар набард буд... Осмон ӯро ба мо медиҳад, Замин ӯро ба мо дода, дар рӯ ба рӯи теги найзаи ман ва зарбаи сипари ман мегузорад".

Саҳнаи сеюм тамошобинонро боз ҳам ба майдони набард меорад. Ачи кичеи басташуда аз Ачи Рабинал шарти хатарнокро гӯш мекунад. Ҷавоби ӯ низ мардонаю сазовор буд. Ӯ аз тӯхфаҳои пеш- ниҳодшуда даст кашида, ба такдири худ тан медиҳад.

"Ана силоҳи ман барои маро бо ду зону шинонқдан, вақте ки дар даромадгохи -деворхои баланди

 

-263-


 

Расми 222.  Мусиқачии нуқрагин.

қасри бузург пайдо мешавам. Хоҳиши ягоиаи ман - ин ба таназзул рӯ ба рӯ гардидани бузургии хокимии ту, давлати ту мебошад. Хоҳиши ягонаи ман гардану рӯятро захмдор, ба хок яксон кардани қалъаю деворҳо мебо- шад".

Дар саҳнаи чорум асирро ба қаср- қалъаи Хобтох меоранд. Дар он ҷо ӯ чунин нутқ эрод мекунад: "Акиун бо кӯҳҳои худ, водиҳои худ видоъ кун, зеро дар ҳамин чо ҳалоқ мешавй, дар Ҳамин ҷо нест мешавй, дар зери ҳамин осмон, дар ҳамин замин!"

Аз такдираш, ки ӯро ба марг дучор кард, пушаймон нест. Ӯ пеш аз он, ки бимирад, мехоҳад подоши хиёнаташро бигирад. Видоъ ба ҷашни бошукӯҳ мубаддал мегардад. Асир аз ҷоми хоким, ки аз косахонаи сар сохта шуда буд, менӯшад ва сухани ситезадору даҳшатноке эрод мекунад, ки ҳозирин аз бузургии даҳшатангези ба марг маҳкумшуда сахт метарсанд:

"Ин ҷоми чист? Ин косаи чист? Вале он чӣ ки дар назди худ мебинам - ин косахонаи сари бобои ман, ин косахонаи сари падари ман аст! Мефармоянд, ки косахонаи сари маро наққошй кунанд! Вақте ки зурётҳои ман аз кӯҳҳои ман, аз водиҳои ман меоянд, то ки панҷ доман какаои оддй ва панҷ доман қаҳваи яккачин аз кӯҳҳои ман бароваранд, Онҳо мепурсанд: "Ин косахонаи сари бобои ман, ин косахонаи сари падари ман аст? Ҳамин хел мегӯянд зурёдҳои ман - ҳам пагоҳй ва ҳам шабонгоҳ. Бигир, устухони дасти маро ҳам, то ки аз он ба кадуи аз пораҳои филиз пуркарда даста бисозй. Бигузор, вай дар болои деворҳои баланди қасри бузург чун барк битаркад..."

Баъди ба итмом расидани нутқи худ ба мутрибон муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки онҳо "Марши Бузург" ва "Марши Кӯчакп-и кӯҳнаи ӯро иҷро намоянд, то ки замину осмон ба ларча дароянд.

Хдмин тариқ, фоҷиа давом меёбад ва ниҳоят Ачи дар назди марг наҳаросида, ҳамчун қаҳрамон халок мегардад.

 

-264-


 

Фарҷоми фоҷеа аз тариқи иҷро кардани хори Укобхо ва Юзи Ало садо медихад: "Эй Уқобон! Эй Юзони Ало! Биравед ва қарзи худро ба ҷо биёред. Бигузор, дандОнҳои шумо, нохунҳои шумо дар як замон маро пора-пора кунанд, чунки ман марди шуҷоъ будам, ки аз кӯҳҳо ба водиҳои худ фуромадам!"

Инкҳо низ дорои санъати баланди драмавии худ буданд. Актёрҳо ё худ масхарабозони театри Инкҳо ба "лямаляма", "айячуку", "саукачику", "пукисколе" ва ба гурӯҳҳои дигар вобаста ба жанри нақши онҳо тақсим мешуданд. Театри Инкҳо "Театри Тауантисуйю" ном гирифта буд. Он дорои ду жанри аз ҳамдигар фарқкунанда "Узнику" ва "Арануай" буд. Жанри аввал голибан моҳияти таърихй дошта, аз қиссаҳо дар бораи шоҳҳо ва пешвоёни бузурги империя иборат буд. Қаҳрамони асосии асарҳои ин жанр персонаже буд, ки ӯ аллакай роҳи ҳаёти худро тай намудааст. Иҷро иамудани накши онҳоеро, ки алҳол дар қайди ҳаётанд, мамнӯъ буд.

Жанри "Арануай" доираҳои васеътари ҳаёти хиндуёни Инкро дар бар мегирифт, "Араунад" бештар ба мазхака монанд буд. Аз "Уанику" онро танхо тавассути суруду мусиқияш фарқ мекарданд.

Якчанд асари драмавии дигари инкҳоро ҳам мисол овардан мумкин аст, ки дар байни Онҳо "Улянте", "Фочиа ва фавти Атауалпа", "Олянтай" ва "Қиссахо дар бораи Олянтай" ҳастанд.

Мазмуни мухтасари яке аз онҳо - "Олянтай"-ро ин ҷо меорем. Патакучек, ки ба авлоди ашрофи музофоте тааллуқ дошта ва ба сокинони ашрофи Куско ягон муносибате надошт, мехост, ки ба духтари худи Инк хонадор шавад. Инк бошад, фарзанди Офтоб буд. Биноан мумкин набуд, ки дар рагҳои фараандони ӯ ҳуни авлоди дигаре чорй бошад, ки ба ягон зурёти Офтоб мутааллик нест.

Ҳамин тариқ, Олянтай ва Кайлур - "нёсте", "шоҳдухтар" дахлнопазирии ахлоқи диниро вайрон карда, бо ҳам никоҳ карданд ва аз онҳо бо номи Има Сумак духтар таваллуд мешавад. Пачакучек онҳоро барои шикастани муқаддасот ҷазо дода, хоҳари худро ба ҳабси якумра ва Оллнтайро ба қатл ҳукм мекунад. Вале Олянтай лашкар ҷамъ карда, бар зидди Инк шӯриш мебардорад. Драма бо он анҷом меёбад, ки дар ин ҷанг Печакутек ҳалок гардида, Олянтай ба тахти подшоҳии Тупак менишинад ва Кайлурро аз ҳабс халос карда, ба муроду мақсад мерасад.

 

-265-

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.      Мазмуни қиссаро дар бораи пайдоиши оламу одам, ки дар "Попул- Вух" оварда шудааст. баен кунед.

2.      Дар "Анналҳо" ривоят дар бораи дар Америка паӣдо шудани ҳафт қабила чӣ тавр шарҳ дода шудааст?

3.      Ҳиндуён мувофиқи ривоятҳои адабй дар бораи пайдоиши инсон чӣ хел ак,ида доштаанд?

4.      Кадом асарҳои адабиёти бадеии ҳиндиёнро медонед? 5 Дар бораи театри ҳиндиён чиҳо медонед?

5.      Кодексҳо чӣ ғуна китоб буданд?

6.      Дар бораи драмаи "Рабинал-Ачӣ" фикри худро баён кунед.

7.      Дар эамони нав "Ргбинал-Ачи" кай ба намоиш гузошта шуд?

 

-266-

Гузариш ба саҳифаи |259|260|261|262|263|264|265|266|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz