¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |254|255|256|257|258|259|Интиҳо|

 

§59. НИШОНАҲОИ ТАСВИРИ ЗИНДАГИИ ҲИНДУЁН

 

Дар бораи зиндагии ҳиндиён маълумотхои зиеде мавҷуданд. Вале ёдгорихои меъморй, рассомй, сару либос ва ба варзиш шугл варзидани онҳо аз нишонаҳои дигар пурарзиштаранд.

МЕЪМОРӢ. Бостоншиносон даҳҳо ва садҳо иншоотҳои меъмории давраҳои гуногунн таърихи давлатдории ҳиндиёнро кашф карда ва мавриди тадқиқ қарор додаанд. Онҳо дорои усулҳои хоси меъмории ҳнндиёни Америка - зебою мӯхташам ва дилкаш офарида шудаанд. Аз чумлаи ин ёдгориҳо шаҳри Харсангии воқеъ дар Меса-Вердебуда, Шаҳри камарии Мурдан Мактесумаи воқеъ дар Аризонаи Марказӣ, шачри Анасазии Меса-Всрде, Аҳроми Эл-Тахинаи Веракрус, Қасри Кесал Папалагни Теотиуакан, нбодатхонаи Сарбозони Тула, Акропол ва ибодатхонаи Навиштаҷоти Майя, харобахои шаҳри Тулуми Юкатан ва Моҳтоби шаҳри Теотиуакан, ахроми Афсунгари

 

-254-


Расми 211. Полези шинокунандаи Ҳиндуён

(дар Гватемалаи ҳозира).

 

Ушмал, ибодатхонаи Рио-Асул, девору пойгохҳои Мачу-Пикчу ва боз даҳҳо шоҳкориҳои дигари меъмории ҳиндиёнро метавон номбар кард. Онҳо натанҳо иншоотҳои меъморӣ, балки усули зиндагӣ ва тафаккури мардуми ҳиндуи Америкаро ифода мекунанд.

 

Вале аҳромҳои астеку майяҳо қасро бештар ба ҳайрат меоваранд. Онҳо ба аҳромҳои Мисрн қадим хеле монанданд. Тамошои ин аҳромҳо гузопггани чунин саволро такозо дорад: Магар меъморони аҳромсози Америка ин ҳунарро аз аҳромсозони Миср омӯхта бошанд? Ба ин савол ҳанӯз илм ва олимон ҷавоби аник надодаанд.

Мутаассифона, мо имконият надорем, ки дар як ёдгории меъмории ҳиндиёнро ба таври муфассал шарҳ диҳем. Барои нсботи бузургй, ҳашамат ва нотакрории дастранчҳои бинокорони ҳиндиёни Америка ду акси онҳоро ба таваҷҷӯхи шумо пешкаш менамоем, то ки дар бораи онҳо тасаввуроти дуруст пайдо намоед ва бо ҳамдарсону устодони худ мубодилаи афкор доир кунед.

САНЪАТИ ТАСВИРӢ. Миштекҳо дар санъат, алалхусус санъати тасвирй ба муваффакиятҳои беназир ноил гардида буданд. Онҳо дорои усулу мактаби хоси рассомй буданд. Дар ин бора кодексҳо - китобҳои мусаввир шаҳодат медиҳанд. Чанде аз ин китобҳо "Нуттал", "Бодли", "Селден", "Виндобоненси" ва "Коломбанс" ном гирифтаанд. Қар кадоми онҳо аз ҷиҳати ҳаҷм (дарозӣ)гуногунанд.

 

-255-


 

Расми 212. Мусиқачӣ, ки дар  намуди одам - зарф иньикос ёфтааст.

Масалан, Кодекси "Нуттел" 11 метр дарозй дошта, дар пӯсти гавазн бо аломатҳо - расмҳо "навишта" шуда, чун дар шакли "гармошка" (асбоби мусиқй) 44 маротиба катъ карда шудааст, яъне 88 варак дорад. Расмҳои ин кодекс дорои снфати баланди рассомй, дар ҳолати ҳаракат, пурмазмун ва бо назокаг эҷод шудаанд.

Кодексҳо дар баробари асари адабӣ ва бадеӣ ҳуҷҷати таърихшач ҳам буда, дар бораи шаҷараи симо, ҷараёни таърихӣ, амалиётҳои ҷангӣ, ҳаёти инсон, ҳайвонот, олотҳои меҳнат, сару либос, ашёҳон ороишӣ ва ғайран ҳиндиён маълумот медиҳанд.

Тасвирот дар бораи зиндагии ҳиндиён тавассути гулдӯзиҳои зебою дилкаш ва дорои мазмунн баланл низ нҷро карда шудаанд. Пораи матоъҳои аз як мақбара ёфтшуда дар ин бора гувоҳӣ медихъҳад. Дар рӯи ои образҳои асотирӣ хеле хуб инъикос гардидаанд.

 

Расми 213. Туббозӣ.

 

-256-

 

Расми 214. Туббозии мурофиавӣ.

 

Муссавирону хунармандони Америка дар тасвири зиндагӣ танхо аз хона ва рангҳо истифода набурда, маводи дигарро низ ба кор мебурданд. Дар ин кор пари паррандагон, пашм, мӯй, сангҳои рангоранги кимматбахо ва ғайраро истифода мекарданд.

Расми 215. Ҷодугар.

 Тасвироти хиндиён натанхо дар матоъ, пӯст ва либосворӣ, балки дар деворхои иншоотҳои меъморй, манораҳо, ҳайкалҳо, асарҳои наққошй, зарфҳо, маснуоти заргарӣ, яроқу аслнҳа ва ғайра иньикос карда мешуданд. Ҳар кадоми Онҳо нотакрор буда, дар бораи тарзи зиндагӣ ва машғулияти ҳиндиён маълумот медиҳанд.

ВАРЗИШ. Мардуми ҳиндӣ баҳри фароғати хуш ва камолоти ҷисмонӣ ба варзиш низ машғул мешуданд. Дар ин бора то ба мо асарҳои санъат, аз он ҷумла, мусаввараю ҳайкалҳо ва иншоотҳои бузурги варзишӣ омада расидаанд. Чанд мисол меорем.

Хайкали писарбачаи 12-13-солаи варзишгар аз Талатилко ёфтшуда тахминан ба солҳои 1300-800 пеш аз милод рост меояд. Ӯ дар ҳолати ҷаҳиш ба ақиб ва бо пойҳо рост истодан тасвир ёфтааст. Барои иҷрои ин машқ ӯ бо тамоми қувваи бозуҳо ва бадан ба шаст ҳаракат кардааст.

 

-257-

 

Дар  чеҳраи писарбача ҳолати равонӣ, ғайрати ҷавонӣ ва маҳорати варзишгар ҳувайдост.

Тасвири дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳиндиёни Америка тӯббозиро хеле дӯст медоштаанд. Бостоншиносон аз Майя ду зарф ёфтаанд, ки дар онҳо ҳамин манзара инъикос гардидааст. Дар яке аз онҳо тӯббозии 4 нафар ашроф хеле гуворо дода шудааст. Дар зарфи дигар бошад, тӯббозон ҳамроҳ бо тамошобинон инъикос гардидаанд.

Ёдгории меъмории калоне, ки воқеъ дар шаҳри Копонии дорон 200-ҳазор нафар аҳолӣ аз варзишгоҳи бузурги туббозӣ иборат аст. Ин варзишгох майдони хуби тӯббозӣ, минбари дорои ҷойҳои зиёд барои тамошобинон ва биноҳои таъйиноти машқу мусобиқа ва истироҳату оббозии варзишгаронро дар бар мегирад.

САРУ ЛИБОС. Сару либоси ҳиндиёни Америка хеле зебо буда, нақшу нигор ва гулдӯзнҳояшон орому рангоранг ва дилкашанд.

Сару либос ва ашёҳои гуногуни рӯзгор, аз он ҷумла, куртаю эзор, доманҳо, халтачаҳои таъйиноти гуногун, ҳар гуна сабадҳо, зарфҳо ва ғайраро аз газвор, пар ва пашм тайёр мекарданд.

Сару либоси ҳиндиён дар ҳар гуна ашёҳои рӯзгор, ороиши қасрҳо, ибодатхонаҳо, аҳромҳо, кодексҳо ва хайкалҳо тасвир шудаанд. Нигори мазкур мувофиқи анъанаҳои либоспӯшӣ, урфу одатҳо ва шуури ҳиндиён сурат гирифтааст.

Чандто либоси ҳиндиёнро шумо дар ин расмҳо мебинед. Онҳоро мушоҳида карда бигӯед, ки кадом ҷиҳатҳояш ба сару либоси мардуми Ғарб ва Шарқи имрӯза монанд ҳастанд ва ё фарқ мекунанд.

 

Расми 216. Яке аз намуди куртаи ҳиндиён.

 

-258-

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.      Кадом ёдгориҳои меъмории ҳиндиёни Америкаро медонед?

2.      Дар бораи аҳромҳои Мисри қадим ва Америка фикри худро баён кунед.

3.      Кодексҳо чӣ ғуна китобанд?

4.      Зиндагии ҳиндиён дар кадом ашоҳо оа чӣ таор тасоир офтааст?

5.      Ҳайкали варэишгарро шарҳ диҳед.

6.      Расмҳои марбут ба тӯббозӣ ва варзишгоҳи шаҳри Копони дар бораи чӣ нақл мекунанд?

7.       Дар бораи сару либоси ҳиндиёни Америка чиҳо гуфта метавонед?

 

-259-

Гузариш ба саҳифаи |254|255|256|257|258|259|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz