¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |248|249|250|251|252|253|254|Интиҳо|

 

§58. ЗАБОН, МАКТАБ ВА ИЛМИ ҲИНДИЁН

 

ЗАБОН. Аврупоиёни истилога? дар Америка бо қабилаю кавмхои хар кадом дорои забони худ вохӯрданд. Ба фикри онҳо дар забОнҳои сершумори ҳиндуён низоме вуҷуд надорад. Вале баъд аз омӯзиши ҳаматарафаи забонҳои гуногуни онҳо олимони забоншинос ба хулоса омаданд, ки дар забону лаҳчаҳои қабилаҳои ҳиндуёни Америка бо ҳамдигар хешию монандие вуҷуд дорад.

Қабилаҳои ҳиндуёни Америка ба шаш оилаи асосии забонҳо - алтанку накаш, хоке-сиу, неута, надене, уто-науа ва эскимосу алеут ҳарф мезаданд.

Вале дар минтақаҳои алоҳидаи Америка гурӯҳҳон нисбатан хурдтари забонҳои дигар ҳам вуҷуд доштанд. Масалан, дар Юкатан забони майя. дар Чапал забонҳои лакондон, селтал ва сотсил, дар Табаско забони чаптал, дар Гватемала забонҳои какчикел, сутухил. киче, кекчи, покомам. поконти, мам, агусток,

 

Расми 205. Нақши муқариас. "Анҷумани мутафаккирон иштирокчиён дар даст бо китобҳо тасвир ёфтаанд.

 

-248-

 

Расми 206. Дастнависи иерогяифӣ.  Фарҳанги Майяҳо.

хакалтек ва ишал вуҷуд доштанд. Дар Америкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳам забону лахҷаҳои зиёди дигар мавҷуд буданд. Онҳо иихоят кам бошанд ҳам, ба ҳамон шаш оилаи забонҳои дар боло зикрёфта робита доштанд.

МАКТАБ. Аз таърихи дунёи қадим иттилоъ доред, ки дар давлатҳои Америка мактабҳои таҳсилоти умумӣ низоми фанҳои таълимӣ ва усулҳои таълими онҳо аз мактабҳои Олами Кӯҳна фарқ мекард.

Масалан, америкоиҳои асримиёнагӣ дар таълиму тарбиян хонандагони мактабхои таҳсштоти умумӣ ва донишҷӯёни макотиби олӣ ба сурудхонии оммавй ва таълими он ба талабагону донишҷӯён аҳамияти калон медоданд. Ҳангоми иҷрои сурудҳо мардуми сершумори тамошобин ҳузур дошта метавонисг.

Расми 207. Таълимоти фалсафии америкоёни қадим ва асрҳои миёна дар бораи дугунагии дониш.

Дар чунин мавридҳо намояндагони ҳокимият низ ҳозир буданд.

Дар мамлакати Инкҳо вазифаи роҳбарии давлат, артиш ва дин ба ӯҳдаи намояндагони амалдорони баландмартаба вогузор буд. Маълум аст, ки чунин вазифаҳои масъулиятнокро одамони бесавод ва чаласавод ба ҷо оварда наметаонистанд. Аз ин рӯ, хулоса ба, миён меояд, ки инкҳо низоми мактабу маорифи хуби худро доштаанд.           

Муассисаҳои таълимии онҳо “Ечай уаси” ва “Акла уаси” ном доштанд. Таълимгоҳҳои           “Ечай уаси” барои таълими фарзандони ашроф муқарар гардида буданд. Дар он ҷо роҳбарони ояндаи

 

-249-

 

Расми 208. Хаттот. Аз девори "Ибодатгоҳи Иавиштаҷотҳо ".

сиёсию харбӣ ва рӯҳонии мамлакат тайёр карда мешуданд. Яке аз чунин мактабҳо дар Кускои наздикии Қасри Инки Роки воқеъ гардида буд. Инки Роки худ асосгузори ин мактаб буд. Дастпарварони яониш- гохи Инки Роки маълумоти олӣ гирифта, аз он чумла забони барюи инкҳо умумиро, ки "руне сими" ном дошт, аз худ мекарданд.

Дар "Акла уаси" духтарони зеботарини мамлакат таълим ва тарбия мегириф ганд. Онҳо мисли роҳибаҳо аз оламн беруна маҳрум буда. худро танҳо ба хизмати дин, Инк, ё Кой ва ба никоҳ бо намояндагони ашрофи императорй тайёр мекарданд.

Сарвари ҳар як "Акла уаси" Мо- дар Куна ё худ "Модари Олӣ" буд. Чунин мактабҳо дар марказҳои ҳамаи вилоятҳо вуҷуд доштанд. Мактабн Наска калонтарини онҳо ба шумор мерафт. Дар ин мактаб шароити мусоиди таълиму тарбия барои 1500 нафар донишчӯйдухтарон ва муаллимахои онҳо фароҳам оварда шуда буд. Барои ба "акла", яъне ба сафи донишҷӯёни ин донишгоҳ дохил шудан шарти асосӣ дониш нею зебо будани духтарони довталаб муҳим буд.

Ҳангоми ҷангҳои истилогаронаи испаниҳо қабилаи Ирокезҳо талафоти калон дод. Дар ҳайати конфедератсияи Ирокезҳо қабилаи черокҳо калонтарин буда, дар ин ҷанги нобаробар қариб пурра нест карда шуд. Ин қабила шахсиятҳои боистеъдод дошт. Яке аз онҳоро Саквойя меномиданд. Ӯ алифбоеро тахия намуд, ки аз чиҳати фарогирии овозу ҳарфҳо аз алифбои аврупоиҳо ҳеҷ мондание надошт. Бо шарофати ин алифбо черокҳо соҳиби мактабу маорифи худ шуданд.

Сарфн назар аз ин, як қисми қабилаҳон хурди хиндиёни Америка ҳанӯз ҳам алифбо ва мактабҳои худро надоштанд.

ИЛМ. Маданияти баланди ҳиндиёни Амернка бе илми пешкадам пеш рафта наметавоннст. Илмҳои ситорашиносй, риезй, хандаса ва тиб аз илмҳон дигари онҳо пеш рафта буданд.

 

-250-


 

Ситорашиносони сапотекҳо тақсимҳои 260 ва 365-рӯзаро кор карда, баромада буданд. Солро ба фаслҳо тақсим карда, вақти баробаршавии шабу рӯз ва дар нуқтаи баландтарини худ будани Офтобро бо осонӣ муайян карда метавонистанд.

Дар миёнаҳои асри VII Анҷумани ситорашиносони коҳинони майя. сапотекҳо ва шаҳрҳои соҳилҳои халиҷи Мексика ва Теотнуакан дар маҳаллаи Шочикалко баргузор гардид. Анчумани мазкур як навъ кунгураи байналхалқии илмй буд, ки ҳамоҳангсозии таквимхои гуногуни ҳиндуёнро ба ҷо овард.

Астекҳо чун қабилаҳои дигари Америкаи Шимолӣ ва Марказӣ аз ду тақвим истифода мебурданд. Таквими аввал маро- симню муқаддаси иборат аз 260 рӯз ва тақвими дуюм шамсии иборат аз 365 рӯз буд.

Илми ситорашиносии хиндиён бе илми риёзию ҳандасаи бонизому дақиқ пеш рафта намставонист. Аҷибаш он аст, ки низоми риёзии майяхо ва халқхои дигари хиндуи Америка то як дараҷа ба риёзиёти Ҳиндустони қадим ва аввали асрҳои миёна

Расми 209. Пораи расмҳо аэ "Кодекси НитталФарҳанги Миштекҳо.

 

-251-

 

монанд буд. Риёзиёти Ҳиндустонро арабҳо қабул карда, баъд аз он аврупоиёнро баҳравар кунонданд. Низоми риёзиёти худро ҳиндустониён дар асри VII ба вуҷуд оварда буданд. Валс ҳиндиёни Америка бошанд, аз ин низом се аср пештар - аз асри IV милодӣ боз истифода мебурданд.

Олимони риёзишиноси ҳиндиёни Америка он вақт низоми дахиҳою бистиҳоро кор карда баромада, дастраси илму фарҳанги мамлакатхои Америка гардонданд. Онҳо аломати "0"-ро ихтироъ карданд ва ба ракамҳо ҳамроҳ намуда, онҳоро даҳҳо ва бистҳо маротиба ва ададҳои то беинтиҳо бузургро зиёд мекарданд, ки дар ҳисобҳои ситорашиносй истифода бурда мешуданд.

Дар низоми даҳиҳо мо ракамҳои аз 1 то 9 ва "0"-ро истнфода мебарем. Дар низоми ҳисобн майяҳо се унсур мавҷуд аст - нуқта, хат ва сифр. Ихтироъи аломати "0" дар он давран аз мо хеле дур илми риёзии Майяро ба зинаи баландтарини таракқиёт баровард.

Тибби сапотекхо пайдоиши касалихоро ба таьсири бевоситаи гармй, намнокӣ ва хунукӣ алоқаманд меҳисобид. Табибонн онҳо барои табобати касалиҳо аз гиёҳҳои шифобахш, гӯшти ҳайвонот ва обҳои маъданй истифода мебурданд.

Илми инкҳо низ хеле пеш рафт. Зироатпарварй аз ҷумлаи илмҳои пешрафтатарнни инкҳо ба ҳисоб мерафт. Дар империяи Инк ҷӯйе канда шуда буд, ки дарозии он 750 км буд. Низоми обёрӣ ва зироатпарварии инкҳоро дар давран нав муҳандисон ва заминшиносони ИМА омӯхта, дар нёлоти гуногуни ин мамлакат самаранок истифода бурданд.

Заминшиносони Инк роҳҳои пешгирӣ кардани камҳосилии заминҳои киштро медонистанд. Масалан, онҳо заминро аввал шудгор карда, ба он пору андохта, мулдате дам медоданд. Баъд дар ин Замин кишт мекарданд. Зироатҳои алоҳидаро аз ҷойхои дигар оварда, ба шароити иклими маҳаллй мутобиқ мегардонданд, масалан, маис ва картошкаро.

Асоси тамоми илми Инкро низоми хоси риёзии Онҳо ташкил мекард. Ин низом "кину" ном дошта, аз бандҳои гуногунранги гирехдор иборат буд. Гиреҳҳои "кину"-ро хар кас бастаю "хонда" намегавонист. Барои ин кор мутахассисони махсус тайёр карда мешуданд.

Аз тариқи ин низом дар доираи даҳиҳо ҳисоб карда мешуд, яъне "кину" асоси оморй ҳам ба шумор мерафт. "Кину" ахбороти дигарро низ дар бар гирифта буд. Он воситаи дар хотир нигоҳ

 

-252-

 

Расми 210. Расмҳои водии Иаска.

доштани воқеаҳои муҳим буд. Ҳар як гиреҳи "кину" маънои оморию риёзӣ ва ахбороти таърихй дошт. Китоби "Тафсир"-и Горсиласа дар асоси донишҳои дар гиреххои "кину" инъикосёфта тахия шудааст.

АСРОРИ НАСКА. Яке аз марказхои бузурги бостонии Перуи Ҷанубии водии Наска мебошад. Омӯзиши он соли 1901 оғоз ёфтааст. Водии Наска аз соҳил 80 км дуртар воқеъ гардида, онро аз соҳил биёбон ҷудо мекунад. Дар ин ҷо, дар замони мавҷудияти давлати Ҷавин иншоотҳои бузурги меъморӣ, ба мисли нбодатхонаҳо ва аҳромҳо сохта шудаанд.

Заргарону кулолгарон, мусаввирону наққошон, бофандагон ва ҳайкалтарошони Наска низ аз худ ёдгориҳои беназир бокӣ гузоштаанд. Валс як ёдгории мӯъҷизанок ва  пурасроре, ки хиндиён дар ин ҷо офаридаанд, дар ҷаҳон ҳамто надошт. Он дар бораи сатҳи баланди илми ситорашиносӣ, риёзй ва ҳандасаи инкҳо шаҳодат медод. Дар ин водӣ дар масоҳати калон ҳазорҳо километри мураббаъи биёбон хатхои барашон тахминан 60-70 км ва дарознашон ҳам қариб ҳамин қадар кашида (канда) шудаанд, ки онҳо қисматҳои нақшаи муштаракро ташкил мекарданд.

Олимони сохаҳои гуногуни илм, аз он ҷумла бостоншиносон, ситорашиносон. риёзишиносон ва илоҳиётшиносон ин нақшаро ҳам дар замин ва ҳам тавассути тайёра аз ҳаво омӯхта, онро аккосй ҳам кардаанд. Гурӯҳи олимон тахмин мекунанд, ки гӯё хиндиён нақшаи Наскаро барои роҳгумкардагон сохтаанд. Дигарон бар он ақидаанд, ки он моҳияти ситорашиносӣ дорад.

 

-253-

 

Вақтҳои охир як қисми олимои чунин мешуморанд, ки ин харитаи роҳ ба сӯи Офтоб мебошад. Бо дарназардошти он, ки хиндиёни Инк Офтобро ҳамчун яке аз худохои асосӣ медонистанд, пас ин зҳтимол ба ҳакиқат наздик аст. Ба ҳар ҳол олимон тадқики асрори нақшаи Наскаро идома медиҳанд.

Дар Аризона низ чунин тасвироти дар рӯи замин офари- дашуда вуҷуд дорад. Дар бораи мақсадҳои ин нақша низ дар бай- ни олимон фикрҳои гуногун мавҷуданд. Он вақт дур нест, ки олн- мон асрори тасвироти Наска ва Аризонаро кашф хоҳанд кард.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО                                                                

1.      Дар бораи забонҳои ҳиндиёни Америка чиҳоро медэнед?

2.      Дар Америкаи асримиёнагй кадом хел мактабҳо вуҷуд доштанд?

3.      "Ечай уаси" ва "Акла уаси" чӣ ғуна мактаб буданд?

4.      Дар бораи мактабҳои духтаронаи "Акла уаси" нақл кунед.

5.      Саквойя барои кадом кораш машҳур аст?

6.      Дар Америкаи замони ҳиндиён кадом илмҳо тараққР карда буданд?

7.      Риёзиёти Ҳиндустон аз риёзиёти ҳиндиёни Америка оё ягон фарқ дашт?

8.      Дер бораи илми тибби ҳиндиён чӣ гуфта метавонед?

9.      Дар бораи асрори нақшаи Наска маълумот диҳед.

 

-254-

Гузариш ба саҳифаи |248|249|250|251|252|253|254|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz