¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

 

 

Гузариш ба саҳифаи |272|273|274|275|276|277|278|Интиҳо|

 

Боби VII. МАМЛАКАТҲОИ АФРИҚО

§62. ПЕШРАФТИ МАМЛАКАТҲОИ АФРИҚО

ДАР АСРҲОИ МИЁНА

 

АФРИҚОИ ШИМОЛӢ. Дар асрҳои миёиа аксар давлатҳои Африқо бо сабабҳои гуногун аз давлатҳон Осиё ва Аврупо дар сатҳи пасттари тарақкиёт қарор гирифта буданд.

Дар асри VII халифаҳои Араб қисмати Шимолӣ ва шимолу шарқни қитъаи Африқоро забт карда. дар ин ҷо ҳокимияти худро барпо ва дини исломро паҳн намуданд. Ба ҳайати Хилофати Араб Миср. мамлакатҳои Мағриби Араб ва баъзе мамлакатхои дигари ин минтақахо дохил шуданд. Тобенят ба Хилофати Араб ба пешрафти давлатҳои  Африқои Шимолӣ ва Шимолу Шарқӣ мусоидат карданд. Ин буд, ки идоран давлатӣ, хоҷагидорй ва илму фарханги Онҳо рӯ ба пешравй ниҳоданд. Баъди барҳам хӯрдани Хилофати Бағдод музофотҳои Африқоии он озодй ба даст оварданд.

Расми 228.

Ҳайкалчаи

биринҷии

сарволиди

авлод.

Лекин нн озодӣ танҳо то асри XV давом кард.

Пас аз таъсисёбй ва пурзӯршавй империяи Туркҳои Усмонй, ки зикраш дар мавзӯи 45-46 рафт, дар баробари тохтугоз ба самтхои дигар ба забти Хилофати Араб низ даст заданд. Ҳамин тариқ, музофотҳои Хилофат, ки дар шимол ва шимолу шарқии Афрнқо вакеъ буданд, ба ҳайати  империяи Усмониён дохил гардиданд.

Тобсияти қисматн зиёди қаламравн Африқои Шимолӣ ва Шимолу Шарқӣ ба Туркҳои Усмонй то соли 1918 давом кард.

СУДОНИ ҒАРБӢ. Мафхуми "Судон" аз ибораи арабии "Билод ас-Судон", яъне "Мамлакати Сиёххо" ба миён омадааст. Дар асрҳои миёна дар ҳавзаи дарёҳои Сенегал ва Нигер давлатҳои пурзӯри феодАлӣ, аз он ҷумла Гана. Малӣ ва Сеиегал мавҷуд буданд.

Гана дар асрҳои VII-VIII таъсис ёфта, дар се асрн оянда ба авҷи тараққиёти худ расид. Дар асри XIII Гана ҳамчун давлати фсодАлӣ маълум буд. Аз ин давра сар карда. Ганан Ҷанубӣ, ки

 

-272-

 

Расми 229. Тасвири наиояндаи ниёгон. Конго.

Малӣ ном дошт, рӯ ба тараққй менихад. Дар ин бора эпосҳо дар бораи Сундн ва Манса Мусо шаходат медиҳанд. Ин шоҳҳои дар Гана дар нимаи дуюми асри XIV ҳукмронӣ кардаанд. Дар ин давра қаламрави МалЯ то соҳилҳои уқёнуси Атлантика доман паҳн кард. Сабабгори асосии гулгулшукуфии МАлӣ фурӯши тилло, намак ва маснуоти ороишй буд.

Дар охирҳои асри XIV Малӣ рӯ ба таназзул ниҳод ва ҳокимият дар он ба давлати Сонга гузашт. Давраи пурик- тидори ин давлат ба солҳои 1454- 1492, ки ба ҳукмронии Сони Алӣ росг меояд ва солҳои 1493-1528, ки ба ҳукмронии Муҳаммад Туре мувофиқат мекуиад, рост омадааст. Ин вақт Сонга яке аз давлатҳои пурзӯртарини Судон ба шумор мерафт. Чн тавре ки сарчашмаҳои арабӣ шаҳодат медиҳанд, Сонга мамлакати сераҳолии дорои деҳаҳои сершумори бо ҳамдигар наздих воқеъбуда ба шумор мерафт.

Расми 230. Муҷассамаи модари ҳоким.

Дар ин давра Сонга аз чумлаи марказҳои калонтарини иқтисодию фархангии мусулмонй маҳсуб мешуд. Масалан, дар шаҳри Томбукту яке аз донишгоҳҳои калонтарнни нс- ломй фаъолият мекард, ки он берун аз ҳудудҳои Африқо ҳам маълуму машҳур буд.

Дар асрҳои миёна дар наздикии кӯли Чад давлатҳои зиёд мавҷуд буданд, ки дар байни онҳо Канем ном давлат пурзӯртар буд. Он дар асри IX таъсис ёфта, то асри XIII қаламрави бузургро дар бар гирифта, ба маркази муҳимми тиҷоратию фарҳангй мубаддал гардид. Баъдтар ин давлат Борну ном мегирад. Давраи гулгулшукуфии Борну ба солҳои 1570-1603, ки он вақт Идриси III Ҳукумронӣ карда буд, рост омадааст.             

 

-273-

    

Расми 321. Ниқоб аз устухони оҷ. Бенин. Асри XVI.

АФРИҚОИ ШАРҚӢ. Дар асрҳои IX- XII дар болооби дарёи Нил. Африқои Ғарбӣ ва Шарқи давлатҳои  Бганда, Буноро, Торо. Анколе. Карагва ва Кизиба, дар гарбии Угандаи нмрӯза Руанда ва Урунди вуҷуд доштанд.

Дар асрҳои Х-ХУ1 дар соҳилхои шарқии Афрнко якчанд давлати араб мавҷуд буд. Дар асрн XV - аввали асрн XVI Онҳоро лортугалихо забт карданд. Халқхои мусулмони ин лавлатхо дар тӯли қариб 100 сол бар зидди мустамлн- кадорони португалӣ мубориза бурда, ннхоят ба озодй муваффак шуданд. Танхо Мозамбик дар нхтиёри Португалия монду халос.

АФРИҚО И ҶАНУБӢ. Са йёхон и португАлӣ ҳанӯз дар охирҳои асри XV ба соҳилхои ҷанубин Африқо рафта расида, ин ҷоро "Днмогаи Умед" но.миданл. Дар асрҳои УШ-ХУ дар сохнлхои Замбезй давлати Мономотала вуҷуд дошт, ки он аз номи хокими ин давлат ба миён омадааст. Шоҳхои Мономотала бо давлатҳои  соҳили Африқои Шарқӣ муносибатҳои  тиҷоратӣ доштанд. Тоҷирони Мономотала аз ин қаламрав гузашта, ба давлатҳои  Осиёк Ҷанубу Шарқн ва Чин рафта. доду гирифт мекарданд. Дар Мономотала истехсоли мис.

 

Расми 232. Ҳайкалчаҳои ду паланги аз

устухони оҷ. Бенин. Асри XVI.

 

-274-

 

Расми 233. Сурати ҳоким. Нигерия. Асри XII.

оҳан ва тилло хуб ба роҳ монда шуда, зироатпарварии обӣ низ пеш рафта буд. Онҳо ба хазинаи мамлакат мабла- ғи калон ворид месохтанд. Португали- хо кӯшнши забти Мономоталаро карданд. вале сахт шикаст хӯрда, аз бахри он гузаштанд. Дар асри XVIII дар натиҷаи муборизаи дохнлии ҳокимони марказию маҳаллй Мономотала ба чор давлат тақсим шуд.

ҶАЗИРАИ МАДАГАСКАР. Аз наза- ри хайатн кавмй ахолни ҷазиран Мадагаскар аз ахолии қисмати хушкин Африқо фарқ мекард. Ахолии ин чазира ба қабилахои малай хеш буда, забонашон ба гурӯҳи забОнҳон индонезиягй тааллук дорад. Он вақт қисми камн ахолии Мадагаскарро банту. суахилӣ ва арабҳо ташкил мекарданд. Фарханги мардуми ҷазира ба хусусиятҳои фарханги мардуми ҷанубу шарқии Осиё монандй дошт.

Пайдоиши давлат дар Мадагаскар тахминан ба асри XIV рост омадааст.

Расми 234. Вайронаҳои масҷид. Ҳабашисто. Асри XIII

Вале давлатҳои онвақтаи Мадагаскар хурд-хурд буданд. Дар асрҳои ХVI-ХVII бошаддавлатҳои калонтар ба вуҷуд омаданд - дар соҳилҳои гарбии Мадагаскар Сакалавхо, дар шарқи чазира Бетсимизарнка ва дар маркази чазнра Бетсилей. Дере нггузашта давлати Имерина пурзӯр мешавад. Давлатҳои  дигарн чазира дар атрофи Имерина муттаҳид мешаванд, ки дар натиҷаи ин давлати феодалии пурзӯре тавлнд мсёбад. Вале дар охирҳои асри XVII дар Имернна парокандагии феодАлӣ оғоз меёбад.

Аврупоиённ аввалине, ки ба Мадагаскар сар дароварданд, португалиҳо буданд. Экспедитсияи Кабрали порту-

 

-275-

 

Расми 235. Калисои зеризаминӣ дар Ламбэл. Ҳабашистон.

Асри XII.

галӣ, ки ба Ҳиндустон раҳсипор буд, соли 1500 дар соҳили Мадагаскар лангар партофт. Барои ҳукмронӣ дар уқёнуси Ҳинд Англия. Фаронса, Голландня ва Португалия байни ҳамдигар мубориза мебурданд. Окибат ба Фаронса муяссар гардид, ки дар уқёнуси Ҳинд мавқеи худро мустаҳкам карда, Мадагаскарро ҳам ба даст дарорад. Соли 1642 экспеднтсияи Жан Прони ба сохтмони истеҳкоми Форт- Дофин. воқеъ дар ҷанубии чазира хипгги аввалинро гузошт.

Соли 1664 ширкати фаронсавии "Ост-Индия" таъсис ёфт, ки яке аз вазифахои асосии он истифодаи сарватҳои ҷазираи Мадагаскар буд.

Расми 236. Ҳайкали биринҷии сарбози найнавоз. Бенин.

СОМАЛӢ Дар нимчазираи Сомалӣ ва соҳилҳои бахри Сурх халқиятҳои ғалла  ва сомАлӣ, дар кӯҳсори Аббесин бошад, халқиятҳои амхара, татра ва халқиятҳои дигар сукунат доютанд.

Султониҳои нимҷазираи Сомали, ки ҳанӯз дар миёнахои асри XVII таъсис ёфта буданд, дар асрн XVIII рӯ ба таназзул оварданд. Ин буд, ки му- зофотхои Могадишо, Мерка ва Брова ба Зимбабве гузаштанд.

ҲАБАШИСТОН. Дар гарбтари Сомали Ҳабашистон воқеъ гардидааст. Дар асри XVI он ба давлати феодАлӣ табдил ёфт. Заминдории Ҳабашистони ин давраина дар ду шакл ташаккул ёфтааст - заминдории меросии феодалон, ки "рест" ном дошт ва заминдорие, ки аз моликияти хусусии феодалони калон ба миён омада буд. Моликияти охиринро мерос гузоштан, фурӯхтан ва тӯҳфа кардан мумкин буд.

 

-276-

 

Расми 237. Қасри император дар Гондэр. Хабашистон. Асри XVI.

 Ғайр аз ин, дар Ҳабашистон Заминҳое буданд, ки "гулт" номида мешуданд. Ин заминҳо барои хизмати давлатӣ дода ва ё тӯҳфа карда мешуданд.

Дар Ҳабашистон ғуломдорй вуҷуд допгг ва он дар пешрафти иқтисоди мамлакат дорои мақоми баланд буд.

Туркҳои Усмонн дар оғози асри XVI ба Ҳабашистон ҳуҷум карданд, вале онҳоро португалиҳо зада гардонданд. Баъдтар аз Ҳабашистон худи португалиҳо ҳам пеш карда шуданд.

Дар асрҳои ХVIIVIII дар байни ҳокимони феодалии вилоятҳои Ҳабашистон низоъ ва ҷангҳои тӯлонӣ ба амал омаданд. Дар натиҷаи онҳо мамлакат рӯ ба таназзул ниход.

* * *

Дар асрҳои XVII-XIX давлатҳои Африқо мавриди забткориҳои мустамликавии Британияи Кабир, Фаронса, Португалия, Голландия, Испания, Олмон, Италия ва Белгия қарор гирифтанд. Дар бораи ҷараёни забткориҳои ин давлатҳо дар синфи 7-ум маълумот хоҳед гирифт.

 

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.        Чаро пешрафти давлатҳои Африқо танҳо дар қисматҳои алоҳидаи он ба амал меомаданд?

2.        Арабҳо кадом қисматҳои Африқоро забт карданд?

3.        Султонҳои Туркҳои Усмонй бо давлатҳои араби африқоӣ чӣ муносибат доштанд?

4.        Дар бораи Судони Ғарбӣ маълумот диҳед.

5.        Дар бораи Малӣ маълумот диҳед.

 

-277-

 

6.        Кадом давлатҳои Африқои шарқиро медонед?

7.        Дар бораи ташаккули давлати Мономотала чиҳо медонед?

8.        Дар ҷазираи Мадагаскар кадом халқияту давлатҳо вуҷуд доштанд?

9.        Барои ишғоли ҷазираи Мадагаскар кадом давлатҳо талош мекарданд?

10.    Мадагаскарро кадом давлат ба худ тобеъ кард?

11.    Дар бораи Ҳабашистон маълумот диҳед.

12.    Ҳолати умумии давлатҳои Африқоии асрҳои миёна ва оғози давраи навро чӣ хел дарёфтед?

 

Расми 238. Ҷуғрофҳои асримиёнигӣ хиритаи ҷаҳонро

 чунин тасвир намудаанд.


 

-278-

Гузариш ба саҳифаи |272|273|274|275|276|277|278|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz