¤ Саҳифаи аслӣ
¤ Рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи асрҳои миёна

Гузариш ба саҳифаи |49|50|51|52|Интиҳо|

 

§11. ПАЙДО ШУДАНИ ДИНИ ИСЛОМ

 

Дини ислом дар нимҷазираи Арабистон ба вуҷуд омадааст. Дар арафаи зуҳури ислом дар он ҷо Қабилаҳои  араби муқимӣ ва бодиянишин сукунат дошта, ҳар кадом пайрави худоҳои сершумори қабилавии худ буда, аз ҳамин сабаб, дар доираи як мамлакат муттаҳид шуда наметавонистанд. Барои дар як давлат муттаҳид сохтани қабилаҳои араб дин ва худои яккаю ягона лозим буд.

Асосгузори дини нав Муҳаммад (с) пайғамбар (570-632) мебошад.

ИҚДОМИ МУҲАММАД (С) ПАЙҒАМБАР. Ҳар як қабилаи араб дар ҳудудхои муайян ва аз ҳамдигар ҷудо сукунат дошта, онҳоро пешвоён - шайхҳо ва сайидҳо ҳамчун шоҳ идора мекарданд. Қурайшихо яке аз ҳамин ғуна қабилаҳои бонуфузи арабҳои Макка ба ҳисоб мерафтанд. Муҳаммад(с) пайғамбар аз ҳамин қабила буд.

Муҳаммад (с) аввал чӯпон буда, баъд касби худро дигар карда, ба тиҷорат машғул шуд ва соли 610 ба таблиғи дини нав - ислом оғоз намуд.

Муҳаммад (с) ба туфайли пешниҳодоти инсондӯстонаи худ боиси таваҷҷӯҳи қабилаи Қурайшиҳо ва Қабилаҳои  дигари араби Макка гардид. Ӯ тамоми зуҳуроти ахлоқи манфиро ба зери танқиди сахт гирифта, одаму одамгариро таблиғ мекард. Ба мардум мефаҳмонд, ки судхӯрон мардумфиребӣ карда, даромади ҳарому бе дарди миён ба даст медароранд. Муҳаммад (с) пешниҳод кард, ки ҳар кас бояд даҳяки даромади худро ба бечораю бенавоён садақа кунад. Ӯ инчунин муқобили ҷангҳои байни авлоду қабилаҳо баромада, талаб кард, ки онҳо абадӣ қатъ

 

-49-

 

карда шаванд. Дар байни арабҳо ҳанӯз қассоси хунӣ вуҷуд дошт. Манъи ин анъанаи манфиро низ тақозо намуд. Пайғамбари ислом инчунин ҷонибдори муттаҳид шудани авлоду қабилаҳои араб будани худро иброз дошт.

Дар аввал ба суханони Муҳаммад (с) пайғамбар одамон ниҳоят кам гӯш медоданд. Ҳатто ба ӯ таҳдиди куштан ҳам карданд. Аз ин рӯ. Муҳаммад (с) муддате дар яке аз ғорҳои кӯҳи воқеъ дар наздикии Макка паноҳ бурд. Баъд ба Макка омада, иброз дошт, ки ба ӯ аз Худованд дар бораи дини ислом пайғом расид. Тибқи ин пайғом ба мардуми Макка пешниҳод кард, ки онҳо аз дину худоҳои авлодию қабилавии худ даст кашида, ба Худованди яккаю ягона имон оваранд ва дини исломро қабул намоянд.

ЯККАХУДОӢ. Муҳаммад (с) пайғамбар аввалин шуда аз бисёрхудоӣ даст кашид ва ба худои яккаю ягона - Аллоҳ эътикод пайдо намуд. Ӯ эълон кард, ки Аллоҳ худои яккаю ягонаи кайҳону тамоми олам мебошад.

Қабилаҳои араб, ки ба бисёрхудоӣ одат карда буданд. худои яккаю ягона ва дини исломро якбора қабул накарданд. Ғайр аз ин дар Арабистон ва махсусан, дар Макка дар байни арабҳо пайравони динҳои яҳудия ва масеҳият низ кам набуданд. Муҳаммад (с) пайғамбар ин вазъро ба назар гирифта, пайғамбарони яҳудия ва масеҳиятро ҳам пайғамбарони мусулмонҳо эълон карда, худро пайғамбари охирин номид. Пайравони динҳои номбурда сол то сол ба дини ислом бештар эътиқод пайдо мекардагӣ шуданд. Барои боз ҳам зиёдтар ба тарафи худ кашидани пайравони динҳои яҳудияю масеҳият ӯ як кори хеле муҳими дигарро низ ба ҷо овард. Мардуми пайрави ин ду дини ба Байтулмуқаддас (Иерусалим) рафту омад дошта онро муқаддас медонистанд, чунки динҳои яҳудия ва масеҳият дар ҳамин ҷо пайдо шудаанд. Муҳаммад (с) ҳаминро ба инобат гирифта, ин шаҳрро "Байтулмуқаддас" номид, яъне ин шаҳр барои мусулмонҳо низ муқаддас шуд. Ин иқдом ба пайравони динҳои яҳудию масеҳият хуш омад ва бисёрии Онҳо низ дини исломро қабул карданд. Ҳамин тариқ, шумораи мусулмонон дар Макка меафзуд. Дар ин шаҳр Муҳаммад (с) ва дини ислом муқобилони бисёр ҳам доштанд.

ҲИҶРАТИ МУҲАММАД (С) ПАЙҒАМБАР. Дар аввал ашрофи қабилаҳои араб ба иқдоми Муҳаммад (с) пайғамбар ба назари нобоварона ва ҳатто душманона нигариста, аз дину худоҳои сершумори

 

-50-

 

 авлодию қабилавии худ даст намекашиданд. Чи тавре ки гуфта шуд, қурайшиҳо ҳатто Муҳаммад (с) пайғамбар ва пайравони ӯро куштанӣ ҳам буданд. Барои ҳамин ӯ соли 622 маҷбур шуд, ки аз Макка ба шаҳри дигари арабии Ясриб сафар, яъне ҳиҷрат кунад, ки ин сафар дар таърихи дини ислом ҳамчун "ҳиҷрат"-и Муҳаммад (с) пайғамбар аз Макка ба Мадина машҳур аст.

Баъди ба Ясриб ҳиҷрат кардани Муҳаммад (с) дар он ҷо обрӯю эътибори ӯ ва дини ислом боз ҳам баландтар шуд. Шаҳри Ясриб номи "Мадина ан-Набӣ", яъне "шаҳри Пайғамбар"-ро гирифт. Соли ҳиҷрати Муҳаммад (с) бошад, оғози зуҳури дини ислом ва солшумории нав - солшумории мусулмонии хиҷрӣ (шамсӣ ва қамарӣ) муқаррар гардид. Соли 2005 мувофиқи солшумории ҳиҷрии шамсӣ соли 1383-1384 ва мувофиқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ соли 1422-1423 мебошад.

Дар Мадина ба Муҳаммад (с) пайғамбар муяссар шуд, ки мардуми зиёдро ба дини ислом ҷалб намоял.

Расми 23. Бодавиён ҳангоми лашкаркашӣ.

Баъди чанде ӯ бо ҳамроҳии ёронаш ба Макка лашкар кашида, онро ҳам ба худ тобеъ кард. Ашрофони қурайшиҳои Макка илоҷи дигар наёфта, ба Муҳаммад (с) пайғамбар таслим шуда, дар баробари ин иброз доштанд, ки Муҳаммад (с) се талаби онҳоро иҷро кунад: 1) Шаҳри Макка маркази дини ислом бошад. 2) Хонаи Каъба ва Санги Сиёҳ муқаддасоти ислом эълон карда шаванд. 3) Зиёрати Макка, ё худ адои маросими ҳаҷ барои ҳар як мусулмон ҳатмӣ гардад.Пайғамбари ислом ин пешниҳодоти қурайшиҳоро қабул кард. Баъди ин қурайшихо ва қабилахои дигари Макка дини исломро қабул карданд. Дини исломро қабул кардани мардуми Макка ғалабаи муҳимтарини Муҳаммад ва ёрони ӯ буд. Аз ин вақт сар карда дини ислом мунтазам ба тамоми нимҷазираи Арабистон паҳн шудан мегирад.

МОҲИЯТИ ДИНИ ИСЛОМ. Китоби муқаддаси дини ислом "Қуръон" мебошад, ки маънояш "Китоби хониш" аст. Дар ин китоб арзишҳои ахлоқӣ ва тамоми суннатҳои дигари дини ислом бо забони арабӣ инъикос гардидаанд. Таваҷҷӯҳ намоед ба як чанд нишондодҳои "Қуръон".
 

-51-

 

Худованд Офаридгори инсон ва тамоми мавҷудоти олам аст. Одамон ва халқҳо мувофиқи сарнавишти аз ҷониби Парвардигор барои онҳо муқарраркардашуда зиндагӣ мекунанд. Дар охири замон одамонро Қиёмат интизор аст. Он рӯз ҳама фавтадагон аз гӯрҳо бархоста, дар бораи кирдорҳои баду неки ҳангоми дар қайди ҳаёт содиркардаи худ ҳисобот медиҳанд. Онҳое, ки дар ин дунё корҳои бад содир кардаанд, ба Дӯзах меафтанд ва онҳое, ки некӯкор буданд, ба Биҳишт мушарраф гардонида мешаванд. Барои он ки шахс ба Дӯзах наафтад, бояд дар ин дунё ба Худованди яккаю ягона эътиқод дошта бошад, ҳаёти сазовор ба сар барад, касеро накушад ва наранҷонад, дуздӣ накунад ва дурӯғ нагӯяд, бо раҳму шафқат бошад, хуллас, корҳои барои инсони комил ҳарому ношоямро накунад.

Мусулмон бояд панҷ рукни муҳимми исломро иҷро намояд: 1) Калимаи шаҳодатро ба забон орад. 2) Ҳар рӯз панҷ маротиба намоз гузорад. 3) Дар моҳи Рамазон рӯзаро адо намояд. 4) Ба бечорагону дармондагон дасти ёрӣ дароз кунад. 5) Дар умри худ ақалан як маротиба ба зиёрати Каъба биравад.

Қонун  ҳои ислом дар маҷмӯъ шариат ном доранд. Дар шариат тамоми меъёрҳои кирдору рафтор ва усули зиндагии мусулмонон инъикос гардидаанд. Шариат барои вайронкунандагони он ҷазоҳо пешбинӣ карда, дар нигаҳдории покизагии ахлоқи мардуми мусулмон мақоми бузургро касб кардааст. Мусулмонҳо ҳаракат мекунанд, ки қонун  ҳои шариатро нашикананд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.                  Арабистони арафаи зуҳури исломро дар кадом ҳолат дарёфтед?

2.                  Аз харита нимҷазираи Арабистонро ёбед.

3.                  Асосгузори дини ислом кӣ буд?

4.                  Дини ислом аз динҳои қабилаҳои араб чӣ фарқ дошт?

5.                  Чаро Муҳаммад (с) пайғамбар муддате дар кӯҳ зиндагӣ кард?

6.                  Муҳаммад (с) ба қабилаи қурайши араб чӣ пешниҳод кард?

7.                  Пайғамбари ислом кай ва чаро аз Макка ба Мадина сафар кард?

8.                  Чаро Муҳаммад (с) яккахудоиро барои арабҳо тарғиб мекард?

9.                  Солшумории ҳиҷриро шарҳ диҳед.

10.              Дар бораи Иерусалим ва Байтулмуқаддас чиро медонед?

11.              Бигӯед, ки мардуми Макка дини исломро бо кадом шартҳо қабул карданд?

12.              Муҳаммад пайғамбар барои ба дини ислом баргардондани пайравони динҳои яҳудия ва масеҳият чӣ кор кард?
 

13.              Китоби муқаддаси дини ислом чӣ ном дорад? Дар он чӣ инъикос гардидааст?

14.              Моҳияти асосии дини исломро шарҳ диҳед.

 

 -52-

Гузариш ба саҳифаи |49|50|51|52|Ибтидо|

Ба қафо

     Гузариш ба банди (§)

Ба пеш

 

ФХДТТ ©2010

Сайт управляется системой uCoz